ДомойНақди РасонаӣСулҳу суботу осоиштагӣ, ҷангҳои итилоотӣ ва «Ворух-Истиқлол». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои...

Сулҳу суботу осоиштагӣ, ҷангҳои итилоотӣ ва «Ворух-Истиқлол». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 25 апрел то 2 май

Ҳафтаи сипаришуда дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» масъалаҳои амнияти Афғонистон, пирузии дастаи “Истиқлол” ва ҳатто обшавии пиряхҳоро баррасӣ намуданд, аммо доир ба вазъияти муташанниҷ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Исфара, ҳатто як ишорае нашуд, гарчанде дар ин бора тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ хабар паҳн карданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Барнома чун анъана аз итилооти расмӣ оғоз шуд. Дар гузориши тулонии 8,5 дақиқаӣ хабар дода шуд, ки 26 апрел президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ бо иштироки кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором  дар шакли маҷозӣ иштирок намуда, дар бораи оқибатҳои пандемияи коронавирус ва таъсири он ба иқтисодиёти кишвар баромад намуд.

Пас аз номбар намудани иштирокдорони ҷаласа, гузоришгарон дар омади гап иброз намуданд, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемияи COVID-19 қарор дорад. Ва аз сабаби болоравии нархи хӯрокворӣ дар кишвар, ки ин гуна тамоюл дар саросари ҷаҳон ҷо дорад (махсус қайд гардид), мо ба дастгирии молиявӣ ниёз дорем.

Гузориши дигар ба баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Душанбе бахшида шуда, дар бораи вохӯрии президенти кишвар бо вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Дабири кулли СААД иттилоъ дод.

 

Дар мулоқот асосан масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аҷиб ин аст, ки он шабу рӯз вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ буда, задухурд ба амал омад, аммо дар ин бора шабакаи асосии кишвар ягон вокуниш нишон надод.

Ва гузориши расмии саввум ба маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки президенти кишвар, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда, дар он ҳисоботи як қатор роҳбарони вазоратҳои калидӣ шунида шуд.  Дар баробари аз ҷониби муаллиф хондани ин иттилоъ, дар навор беист танҳо толори маҷлис ва иштирокчиён нишон дода мешуданд.

Дар блоки хабарҳои иқтисодӣ гузориш аз сохтмони НБО Роғун пешкаш гардида, муаллифон аснои номбар намудани фаъолият дар нерӯгоҳ фаровон аз истилоҳоти соҳавӣ истифода карданд, ки гумон аст ба худи онҳо ва ба тамошобин фаҳмо бошад. Масалан, чун сухан атрофи васлу насби агрегатҳо рафт, гузоришгар қайд намуд, ки “дар коллекторҳои 1 ва 2 насбу васли АЖГ ва ПРА давом дорад” ё “селетатсияи пуркунанда фалон қадар метри мукаабро ташкил медиҳад” низ аз ҳамин қабиланд. Худатон қазоват кунед, агар тамошобин як шахси оддии деҳотӣ бошад, оё ба маънои ин истилоҳот меравад? Чунин менамояд, ки муаллифи гузориш ҳисоботи тахассусии коргоҳро хонда дод.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Анҷоми гузориш бо оҳанги мутантан хонда шуд (метавонед онро дар хона бо овози баланд чанд маротиба машқ намуда хонед) : “Имрӯз дар кохи нури Тоҷикистон ҳамаи сохтмончиён бо дарки баланди хештаншиносӣ корҳои сохтмониро бо сифати баланд анҷом медиҳанд, зеро онҳо хуб медонанд, ки таъмини рушди тамоми соҳаҳо аз ҳамин иншооти бузурги гидротехникии мамлакат вобастагии бузург дорад”. Беҳтар мебуд, ки муаллифон гузоришро аз ҷумлаҳои мутантан ва обшуста тоза карда, бо суханони соддаву нишонрас дар бораи иншоот маълумоти сареҳ медоданд.

Гузориши навбатии барнома аз фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе  сурат гирифта, шореҳи варзиш Раҳматшоҳи Обид аз баргаштани ҳайати дастаи футболи «Истиқлол” бо пирузӣ хабар дод. Дар гузориш иттилоъ доданд, ки  футболбозони тоҷик дар Арабистони Саудӣ шаш бозӣ гузаронида, се ғалаба ба даст оварда, ба даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои AFC-2021 баромаданд.

Аз дигар шабакаҳо низ гузориши ба ин монанд пахш гардид ва  дар ҳамааш яке аз мусоҳибон, бозингар Нуриддин Давронов самимона иброз дошт, ки дигарон ба ғалабаи онҳо бовар надоштанд, аммо худи футболбозон, ки боварӣ доштанд, дар мусобиқа пирӯз шуданд.

Як нуктаи аҷибе, ки дар рафти гузориш ба назар расид: ҳамин шабонарӯзе, ки даста ба Душанбе баргашт, дар марз вазъият ноором буд ва дар чунин лаҳзаи ҳассос дар сафи дигар пешвозгирандагон як плакат (шиоре) боло шуд, ки дар он бо ҳарфҳои калон навишта шуда, ки “Ворух — Истиқлол”. Ин аз ватандӯстии ҷавонони исфарагӣ далолат мекунад, ки ба вазъияти муташанниҷ нигоҳ накарда, барои пешвози тими дӯстдоштаашон ба фурӯдгоҳ омаданд.

FC Istiklol Dushanbe

Дар иртибот бо ин мавзӯъ, гузориши навбатии Маҳмуд Аҳмадзода ва Дилшод Юсуфӣ ба вазъи иншоотҳои варзишии вилояти Суғд бахшида шуда буд.  Дар қатори намояндаи расмӣ, мудири бахши варзиши раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Давронзода, як сокини одии ш. Хуҷанд Махфират Сангинова  иброз дошт, ки дар шаҳр 300 иншооти варзишӣ мавҷуд аст ва тӯли ҳар ҳафта дар он мусобиқаҳои гуногун баргузор мегарданд. Боиси тааҷуб аст, ки сокини оддӣ ҳамчун мутахассиси соҳа дар бораи мавзӯъ маълумот медиҳад.

Умуман, ин  гузориш аз ду қисм иборат буда, дар қисми дуюм хабарнигор аз набудани майдончаи варзиш ва шароити мусоид барои варзишгарон дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ изҳори нигаронӣ кард.

Хуб мебуд, ки гузоришро аз ҳамин қисми проблемадор  сар мекарданду дар охир бо он анҷом медоданд, он гоҳ таъсири маводи телевизионӣ дучанд мешуд.

Сулҳу субот ва осоиштагӣ. Аз чӣ бошад, ки мавзӯъи маводи ҳафтуми барнома ба ин масъала бахшида шуда буд. Журналист Зафари Қаюм бо коршинос Абдулло Давлатзода дар студия мусоҳиба кард. Коршинос  бо чанд ҷумлаи умумӣ, аз қабили “амнияту осоиштагӣ амнияти рушди кишвар аст” дар бораи мавзӯъи баррасишаванда ибрози назар намуд. Модоме ки ба чунин масъалаи ҳассос ва мураккаб даст заданд, беҳтар набуд онро дар мисоли вазъияти онрӯзаи марзҳои Исфара дида мебаромаданд?

Дар иртибот бо ин, журналист Зулфия Раҳимзода мавзӯъи  ҷангҳои иттилоотиро пайгирӣ намуда, бо забони равоншинос ҷавононро ҳушдор сохт, ки фирефтаи шахсони номаълум дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашаванд, чунки онҳо ақидаҳои худро ба шуури ҷавонон бор мекунанд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Ин шабака низ ахбори расмиро айнан чун дар Тоҷикистон пешниҳоди тамошобин  намуд.

Чун ҳарвақта гузоришҳои расмии тулонӣ ғолибан бе навор нишон дода шуда, аксарашро барандаи барнома Зубайдуллои Убайдулло хонда дод ва дар мавриди пахши наворҳо, ҳамаи онҳо якранг матраҳ шуда буданд.

Дар мобайни барнома гузориши Хоҷа Назриев аз ноҳияи Восеъ пахш шуд ва хушбахтона, қаҳрамон дошт. Ин нафар деҳқон Сафаралӣ Чиллаев  аз ҷамоати Абди Авазови ноҳияи Восеъ буд, ки шуразаминҳоро худаш тоза намуда, дар он обчакорӣ мекунад. Сужаи дигаре, ки ба парвариши қулфинай дар ноҳияи Вахш бахшида шуда буд, аслан такрори гузориши ҳафтаи сипаришуда мебошад.

Гузориши беҳтарини ҳафтаи сипаришударо хабарнигор Ширинҷон Сафарзода пешкаш намуд, ки дар он масъалаи таъмир ва ивазкунии компютерҳо дар мактабҳои минтақаи Кӯлоб бардошта шуд. Хуб аст, ки ба ин масъала диққати шахсони масъули соҳаи маориф ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷалб карда шуд, чунки дар доираи барномаи  давлатии компютеркунонии мактабҳо, вазъият дар ин ҷода нигаронкунанда аст.

Аксари компютерҳо, ки солҳост дар мактабҳо бе истифода хобидаанд, 10-15 сол пеш харидорӣ шуда, тамғаҳои Пентиум 1 ва 2, ки онҳоро аллакай дар ҳеч куҷо истифода намебаранд ва ба гуфтаи масъулин, барои таъмир намудани онҳо дастрас  намудани қисмҳои эҳтиётӣ мушкил аст. Чун сухан аз компютерҳои замонавӣ рафт, гуфта шуд, ки дар кадом мактабе (ном гирифта шуд), ки ба наздикӣ супориданд, аз 18 компютери насбгардида, 4-тоаш кор намекунанд. Ин гуфтаҳо бори дигар собит месозанд, ки ин намуди технологияҳо на барои омӯзонда, босавод намудани мактаббачагон, балки чун ашёи аёнӣ истифода  мешавад.

 “Ҳафт рӯз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”

Ин ҷо низ барномаро аз пахши хабарҳои расмӣ  шурӯъ карданд ва чун дар ду барномаи боло дар бобати иштироки сарвари давлат дар иҷлосияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар шакли маҷозӣ, баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Душанбе ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Ғайр аз ин, гузоришҳо аз мулоқоти президенти ҷумҳурӣ бо кадрҳои навтаъиншуда дар вазорату идораҳо, аз сафари кории Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба Ҷумҳурии Тотористон ва мулоқоти вай бо раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин пешкаши тамошобинон гардиданд. Гузоришҳои  блоки иқтисодӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва кам шудани масоҳати пиряхҳо бахшида шуда буд, ки онро Марҷонаи Сабзаалӣ пешниҳод намуд. Бо истинод аз директори маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмзода муаллиф бар он аст, ки гидроэнергетика барои рушди иқтисодии мамлакат таъсири мусбат мерасонад, чунки зарараш ба табиат камтар аст.

https://tatarstan.ru/

Дар гузорише, ки ба баргузории фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои кишвар «Парасту» бахшида шуда буд, муаллиф Саида Раҳимӣ мавзӯъи хубро интихоб карда бошад ҳам, аз ҷиҳати банду басти наворҳо ба хатогӣ роҳ додааст. Масалан, ӯ иттилоъ дод, ки фестивали имсола ба гиромидошти хотираи ҳунарманди нотакрори саҳнаи театру кинои тоҷик шодравон Ато Муҳаммадҷонов бахшида шудааст. Дар баробари ин, онҳо бо истифода аз баромади Тоҳир Мамадризоев, сармутахассиси раёсати санъати вазорати фарҳанги ҶТ, ки дар бораи худи чорабинӣ маълумот дод, яку якбора ба баёни зиндагиномаи актери саҳна  гузашта, пас боз дар бораи фестивал гап заданд ва гузариши бонизом аз як навор ба дигараш мушоҳида нашуд. Дар матни муаллиф низ ба xатогиҳо роҳ дода шуд. Масалан, ӯ мегӯяд, ки “Муҳаммадҷонов бидуни ягон маълумот надоштанаш баъди хатми мактаби миёна ба театр омад”. Охир, худи хатми мактаб нишонаи маълумоти миёна гирифтани қаҳрамон аст ва бояд дар ин ҷо аз маълумоти махсуси касбиаш ёдоварӣ мешуд.

Дар анҷоми барнома, баранда бо мо хайрухуш намуда, таъкид намуд, ки “чунин буд муҳтавои муҳимтарин таҳаввулоти як ҳафтаи ахир дар мамлакати мо”. Сад дареғ, ки на вазъияти муташанниҷи рӯзҳои 28-29 апрел дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва на қурбон шудани 13 нафар марзбонону аҳолии осоиштаи деҳоти Исфара ба қатори муҳимтарин рӯйдодҳои кишвар дохил карда нашуд ва ягон шабака ҳатто номашро нагирифт. Ин дар ҳолест, ки дар ҳамсоякишвар ба низои байнидавлатӣ характери фавқулодда дода, дар арсаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун аҳдшикан ном гирифта, дар ҷанги иттилоотӣ бар мо ғолиб омаданд.  Мо бошем, ҳануз дар хами як кӯчаем…

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ