ДомойНақди РасонаӣСе гузориш аз ҷамъоварии пиёз ва ҷаҳонишавии ҷомеа. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар...

Се гузориш аз ҷамъоварии пиёз ва ҷаҳонишавии ҷомеа. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 2 то 9 май

Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионӣ, ниҳоят масъалаи вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид. Аммо он ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои амният дар минтақа дар мулоқоти президентони Русия ва Тоҷикистон дар Москва садо дод. Ҳафтаи равон чӣ гуфтанду чӣ нишон доданд, — дар маводи омоданамудаи мо бихонед.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Барномаи ҷамъбастии ҳафта ба 9 май, рузи Ғалаба рост омад, аз ин сабаб дар сархати рӯйдодҳои ҳафта таҷлили ин ид ба назар гирифта шуд.

Хабарҳои расмии барнома дар оғоз ба мулоқоти президенти кишварамон бо намояндаи махсуси ШМА оид ба мусолиҳаи Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

Дар мулоқот вазъи имрӯза дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ баррасӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши дуввум аз боғи “Ғалаба”-и пойтахт субҳи 8 май дар арафаи иди Ғалаба сурат гирифт. Он рӯз президенти Тоҷикистон ба хотири таҷлили 76-умин солагарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузошт. Дар ин маросим ҳамчунин раисони ҳар ду палатаи  парламенти кишвар, сарвазири ҷумҳурӣ,  вазири мудофиа, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва намояндагони мақомоти гуногун ба пояи ёдбуди қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.

Худи ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Москва парвоз карда, бо президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот анҷом дод. Тарфаҳо масъалаҳои вобаста ба вазъи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Президенти кишвар бо ҳамтои русии худ дар атрофи рӯйдодҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон сӯҳбат анҷом дода таъкид намуданд, ки мушкилот бояд бо роҳи сулҳу музокирот ҳаллу фасл шавад. Инҷо бояд тазаккур дод, ки аз ибтидои ҳодисаҳои марзӣ ин масъала якумин бор дар телевизиони ватанӣ иникос гардид.

Гузориши дигар бевосита аз паради ҳарбӣ дар Майдони сурхи Москва нишон дода шуд, ки дар он президенти Тоҷикистон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок  намуданд.

Дар гузориш техникаи ҳарбии Россия ба намоиш гузошта шуда, рафти он зери мусиқии «Священная война» бематн чанд дақиқа тул кашид. Барои чӣ танзимгарони барнома маҳз ин мусиқиро барои гузориш истифода бурданд, номафҳум монд. Ҳангоми нишон додани қудрати низомии қушунҳои Россия оҳанги суруди фоҷиавӣ ба навор мувофиқ набуд.

Гуфтагӣ барин, ҳангоми гулчанбар гузоштани ду президент сурудҳои миллии ҳар ду ҷониб садо доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши дигар, ки журналисти барнома Маҳмадалӣ Сафар омода намуд, ба масъалаи рушди иқтисоди миллӣ тариқи саноатикунонии босуръати кишвар бахшида шуда буд. Номзади илмҳои иқтисодӣ Қутбиддин Муқимов бар он буд, ки дар кишвар рушди бараълои иқтисодӣ ҳис карда мешавад. Муаллифи шарҳи телевизионӣ рақамҳои зиёдеро мисол овард, масалан номбар кард, ки дар кишвар 300 корхонаи нави саноатӣ кушода шуда, дар умум соли гузашта беш аз 18 ҳазор корхонаву иншоотҳои иҷтимоӣ, табобатӣ, савдо ва ғайра ифтитоҳ гардиданд ва сатҳи камбизоатӣ ба маротиб кам  гардид. Аммо яке аз воситаҳои таъсирбахши телевизион ва дар умқи бинанда нишастани факту арқом онро ҷолиб нишон дода тавонистан аст. Номбар кардани факту арқом ҳанӯз маънои таъсирбахш гардидани гузоришро надорад.

Дар муқоиса бо ин шарҳ ё гузориш (номуайян монд, чунки ҳар ду унсурро дорост), гузориши аз вилояти Суғд пешкашшуда беҳтар буд. Муаллифон (номбар нашуд) ҳамаи факту рақами вобаста ба рушди иқтисодии вилоятро дар қолаби видеографика ғунҷонда, онро ба таври ҷолиб пешкаш намуданд. Маълум гардид, ки  дар вилоят соли гузашта 107 корхонаи саноатӣ таъсис шуда, 1570 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Дар баробари ин, камбудии асосии  гузориш дар он буд, ки дар сужети начандон калон се коршинос – Ҳасан Гадоев, Диловар Қозиев ва Шаҳбоз Ҷумъаев баромад намуда, маънии гапашон як буд: кушодани корхонаҳои саноатӣ барои таъмини бозори дохилӣ ва ивазкунандаи воридот шудани он ва бо ин роҳ иқтидори содиротии истеҳсолии мамлакатро тақвият бахшиданашон мусоидат мекунад.

Аҷиб аст, ки дар ҳар ду матлаб наворҳо аз кушодани корхонаи пластик ва истеҳсоли орд намоиш дода шуданд. Яъне такроран ду навори якхеларо тамошо кардем. Аз ин мебарояд, ё наворҳо дар бойгонии шӯъбаи ахбор каманд ё умуман, корхонаҳои саноатии амалкунандаи кишварамон камшуморанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Муаллиф Умед Мирализода дар бораи ҷаҳонишавии ҷомеа, бархӯрди арзишҳо ва тамаддунҳо дар шароити имрӯза сухан карда, бо истифода аз коршиносон, устоди ДМТ Сангин Гулов ва таҳлилгари сиёсӣ Абдулло Давлатзода зери таъсири технологияҳои  муосир  дигаршавии афкори ҷомеаро ёдрас намуданд.

Гузоришҳои дигар аз соҳаи кишоварзӣ буда, аввалӣ ба ҷамъоварии пиёз дар ноҳияи Ҷайҳун ва дуввумӣ, ба боғдорӣ, аниқаш пешгирӣ аз бемориҳои гуногун бахшида шуда буданд. Дар масъалаи гузориши охирин ҳаминро гуфтанием, ки чунин формати муфассал баён намудани мушкилоти соҳа ва пешгирии дарахтони мевадиҳанда  мавзӯи сирф соҳавист,  аз ин рӯ, беҳтар мебуд, онро тариқи барномаҳои кишоварзӣ пешкаш мекарданд. Охир барои тамошобини миёнаи тоҷикистонӣ донистани бемориҳои замбуруғии бактериявие, ки дарахтон зиёд ба он гирифтор мешаванд, аз қабили қутураки себ ё шилмравонӣ ва ё он, ки ҳашароте ба ном сипаргулаки калифорниягӣ, ки барги дарахтонро нест мекунад, он қадар ҷолиб нестанд. Ба ин масъала асосан боғдорон (ҳатто на ҳамаи кишоварзон) таваҷҷӯҳ мекунанд.

Ва дар охир гузорише дар масъалаи рушди сайёҳӣ тариқи кӯҳнавардӣ намоиш дода шуд, ки дар он ду коршинос баромад намуда, дар бораи роҳҳои ҷалб намудани хориҷиён ба кишвар ибрози ақида намуданд. Муаллифи  гузориш номаълум буд, аммо овозаш занона ва ному насаби коршиносон низ дар титр (зернавис) ишора карда нашуд, ҳарчанд якеаш шинос буд – Давлат Ҳабибов, мутахассиси варзидаи соҳаи туризми кишвар.  Дар гузориш зикр гардид, ки 12,5% сайёҳонро кӯҳнавардон ташкил  медиҳанд, ки ғолибан ба куҳҳои Помир ва Фон сафар мекунанд ва беҳтар мебуд, ки дар рушди ин самт таваҷҷӯҳ намоем.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Дар ин барнома низ чун дар “Тоҷикистон” гузоришҳо аз сафари президенти кишвар ба Москва, мулоқоташ бо президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иштироки президент дар маросими поси хотираи афсарону сарбозони тоҷик дар боғи “Ғалаба”-и пойтахт,  вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод пешкаш гардиданд, фақат ҷояшон тағйир дода шуда буд.

Гузориш аз Роғун такрори ҳафтаи пеш буд. Дар бахши кишоварзӣ гузориш аз ноҳияи Қубодиён дар бораи ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои дохилу хориҷи мамлакат интиқол додани ҳосил нишон дода шуд. Аҷиб аст, ки намояндаи ҳукумат, боғпарвар ва муаллиф ҳама як гапро паи ҳам такрор ба такрор гуфтанд, ки “тибқи супориши президент ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурдан лозим аст”.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Яке аз гузоришҳои беҳтарини ҳафта гузориши Ширинҷон Сафарзода аз минтақаи Кулоб аст, ки ба проблемаи соҳибкасб намудани ҷавонон бахшида шудааст. Муаллиф дар мисоли ду таълимгоҳ — литсеи касбӣ-техникии сохтмони ш. Кулоб ва литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Ҳамадонӣ мушкилоти имрӯзаи касбомӯзии ҷавононро нишон дода тавонист. Масалан, агар дар литсеи аввалӣ ба шумораи зиёди касбомӯзон, аз он ҷумла духтарон таъкид шуда бошад, дар мавриди дуюм аз ноҳияи Ҳамадонӣ дар дарсҳо иштирок накардани донишомӯзон ва ба талабот ҷавобгӯ набудани сару либоси онҳо зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. Инчунин, фанни технологияҳои муосирро нахондани донишҷӯён бо вуҷуди доштани компютерҳои нав ишора шуд.

Мавзӯъи гузориши охир ба масъалаи тақсими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба аҳолии ноҳияи Шаҳринав бахшида шуда буд, ки дар он яке аз баромадкунандагон ишора намуд, ки китоб на танҳо барои собиқадорон нест ва онро бояд ҳар фарди тоҷикистонӣ хонад.

Ҳафт рӯз” , ТВ Ҷаҳоннамо”

Шабакаи мазкур низ ба хабарҳои расмӣ 22 дақиқаи эфирашро бахшида, дар гузоришҳои  дигар масъалаи энергетика, омода намудани либоси мактабӣ дар Истаравшан,  ҷавонон ва интернетро баррасӣ намуд. Бояд зикр кард, ки дар шарҳи телевизионии ба хатари интернет бахшидаи Марҷонаи Сабзалӣ ғолибан наворҳои хориҷӣ истифода шуданд, ки зоҳиран аҳамияти мавзӯъро барои бинандаи тоҷик коста ва на он қадар ҷолиб мекунад.

Мутаассифона  (ё  хушбахтона?), ин шабака низ ба ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ таваҷҷӯҳ намуда, мавзӯъро Манучеҳри Ҷумъахон пайгирӣ намуд. Аз ҷиҳати бандубаст дар муқоиса бо гузоришҳои шабакаҳои дигар, ин мавод нисбатан беҳтар буд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ