Ҳафтаи сипаришуда мувофиқи анъана баъди ҳаррӯза гузоришҳои муфассали расмӣ барномаҳои ҷамъбастӣ бозҳам эфири худро ба сафари президенти кишвар ба Туркманистон бахшиданд, аммо ҳар шабака дар инъикоси матлаб хусусиятҳои хоси худро дошт: «Тоҷикистон» ғайриинтизор маводҳои дигарро низ пешниҳод намуд, «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» бошанд, баръакс, гузориши расмиро ба таври муфассал пахш намуданд.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Блоки хабарҳои расмӣ пурра ба сафари президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркманистон бахшида шуда буд, ки аз 3 то 6 август амалӣ гардид. Ҳамаи гузоришҳои омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар ба таври нақли пасикадрӣ хонда шуданд. Танҳо ҳангоми ба Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ супоридани “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз ҷои гузориш садои чаппакзании бардавом ба таври синхрон садо дод.
Блоки гузоришҳои иқтисодӣ аз шарҳи телевизионӣ оғоз гардид, ки ба ҳадафи чорӯми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бахшида шуда буд. Муаллиф дастовардҳои соҳаро тули 30 соли истиқлолияти кишвар муқоиса намуда, иброз дошт, ки шумораи он аз беш аз 1700 то 2300 расидааст.
Номзади илмҳои иқтисодӣ Бобоҷон Мирзозода бошад, чун дигар коршиносон бори дигар доир ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҳассосона суханронӣ намуда, масъалаи дар худи кишвар коркард намудани маҳсулоти хоми дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо ба миён гузошт.
Муаллиф бошад, дар баробари ин, масъалаи коркарди пахтаро баррасӣ намуда, изҳор дошт, ки барои коркарди он технологияи муосири инноватсиониро ба кор мондан зарур аст, то ҳиссаи кори дастӣ кам гардида, маҷмуи маҳсулоти сифатнокро ба даст орем. Ин суханонро мо тули 30 сол мешунавем ва ин ҷо ягон гапи нав нагуфтанд. Дар баробари ин, дар наворҳо фақат корхонаҳои саноатии вилояти Суғд такрор ба такрор нишон дода шуд.
Дар мисоли муқоисаи рақамҳои ҳаҷми фурӯши маҳсулот шореҳ бар он буд, ки бо номбар намудани миқдори умумии фоидаи корхонаҳо дастовардҳои соҳаро нишон диҳад. Дар асл бошад, аз 60 ҳазор сомонии соли 1992 (дар омади гап, он вақт пули миллӣ набуд ва бо рубл ҳисоб карда мешуд) то ба 3,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ба фурӯш рафтани маҳсулотро муқоиса намудан он қадар мувофиқи матлаб нест, чунки дар ин муддати тулонӣ иқтисодиёти кишвар чандин бор бо инфлятсия рӯ ба рӯ гардид.
Равзалӣ Амон аз вилояти Суғд масъалаи лоиҳаҳои татбиқшудаву татбиқшавандаи Ҳукумати кишварро дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд баррасӣ намуд.
Барои тақвияти фикраш журналист аз ҳамсуҳбатони зиёде аз қабили сардори раёсати амволи давлатӣ ва сармоягузории вилояти Суғд, роҳбари татбиқи лоиҳаи оби нушокӣ, директори КВД «Нақлиёти санитарӣ»-и ш. Хуҷанд ва ғайра истифода кард, ки асосан гапи муаллифро такрор мекарданд ва дастовардҳои вилоятро тӯли солҳои охир тавсиф менамуданд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳамсӯҳбатон танҳо барои муаррифии фаъолияти худ кӯшиш мекарданд. Масъалагузорӣ дар гузориши мазкур тамоман ҷо надошт, ҳарчанд дар наворҳо фаъолияти корхонаҳои саноатии хурд ва бузург ба намоиш гузошта шуда буд, тамошобин аз он ягон бардоште гирифта натавонист, чунки матлаб факту арқоми тақвиятбахш надошт. Ҳамааш умумигуӣ буд.
Гузоришҳои дигари барнома ба мавзуъи дарозумрӣ дар Тоҷикистон (муаллиф Манучеҳри Сулаймон) ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд бахшида шуда буданд. Дар гузориши аввал муаллиф дастовардҳои соҳаи геронтологияро дар кишвар тавсиф карда, иброз дошт, ки тӯли 20 соли охир умри миёнаи сокинони кишвар аз 62 то 75-солагӣ дароз карда шудааст ва тибқи далелҳои коршиносон ин ба шароити зисти онҳо — тарзи ҳаёти солим, ғизо, риояи гигиенаи шахсӣ ва экологияи хуб вобастагӣ доштааст. Ҳамсӯҳбати дигар, корманди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Сурайё Анварова иброз дошт, ки дар кишвар фавти кӯдакони то 5-сола 3 баробар кам гашта, ҳамаи ин дастовардҳо ба қабул гардидани Стратегияи-2030 вобастагӣ доранд, ки беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро ҳадафи асосии худ медонад. Бино бар гуфтаи коршинос, дар 15 соли оянда мумкин аст, мардуми кишвар ба ҳисоби миёна то 80 сол умр бинанд.
Дар муқоиса бо ин мавод муҳтавои гузориши охир, ки ба 10-солагии қабул гардидани қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» бахшида шуда буд, сусттар ба назар расид: наворҳо кам ва асосан бо умумигуӣ дар бораи тарбия ҷамъбаст шуда, дар наворҳо аз чӣ бошад, марказҳои интернетро батакрор намоиш медоданд. Дар ҳоле, ки аксарияти ҷавонон ва наврасони ҳозира вақти зиёди худро дар марказҳои дилхушӣ ва клубҳову дискотекаҳо мегузаронанд ва муаллифонро лозим буд, аз он ҷо низ наворҳоро омода намоянд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Барандаи доимии барнома Зубайдуллои Убайдулло дар оғози барнома ваъда дод, ки тамошобинонро бо ҷолибтарин хабарҳои ҳафтаи сипаришуда ошно месозад, аммо муҳтавои «Ҷамъбасти ҳафта» пурра ба сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон бахшида шуд. Қариб ҳамаи гузоришҳо аз матни пасикадрӣ иборат буда, дар наворҳо аввал маросими истиқболи бошукӯҳи Пешвои миллат дар шаҳри Ашхобод, сипас мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо дар музокироти сатҳи олӣ, қабул ва имзои 19 санадҳои нави ҳамкорӣ нишон дода шуданд. Пас аз он ҳар ду президент ба шаҳри Туркманбошӣ сафар намуда, дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.
Зимни ба президенти кишвари мо дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ супоридани нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баромади президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва миннатдории Эмомалӣ Раҳмонро пахш намуданд. Ба сарвари давлатамон чун нишони эҳтиром ҷомаи сурхи туркманӣ пӯшонида шуд.
Дар интиҳо аз баргузор гардидани Форуми иқтисодии кишварҳои Осиё Марказӣ, дар ҳошияи он баргузор гардидани намоишгоҳи маҳсулоти саноатии ин кишварҳо ва фестивали таомҳои миллӣ хабар дода шуда, ҳамаи матнҳо паси кадр хонда шуданд.
«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»
Дар муқоиса бо «Сафина» гузориши хадамоти матбуотии президенти кишвар, ки бо овози барандаи доимии «Ҳафт рӯз» Сафархуҷа Ризозода садо дод, хеле муфассал буд ва дар аксари гузоришҳо порчаҳои синхрониро истифода намуданд. Масалан, ҳангоми пешвозгирии меҳмони олиқадр гимни ҳар ду давлатро пурра шунавонданд, инчунин ҳангоми вохӯрии сарони давлатҳо баромади Бердимуҳаммадовро пурра намоиш доданд, ки кишвари моро меҳмоннавозу дӯст сифат намуд ва дар ҷавоб аз президенти мо барои сиёсати пешгирифтаи кишвараш баҳои мусбат гирифт. Дар маросими нишонсупорӣ низ баромадҳои ҳар ду сарони кишварҳоро пурра намоиш доданд.
Инчунин дар барномаи «Ҳафт рӯз» иштирокчиёни намоишгоҳи саноатӣ аз Тоҷикистон баромад намуданд. Яке ҷавонзан буду обҳои мусаффои ширкати «Сиёма»-ро таъриф намуд, марди калонсолтари беунвон бошад, маҳсулоти корхонаи «Зиркон» ва ширкати «Рухом»-ро муаррифӣ намуд. Дар маҷмуъ, гузориши муфассали шабакаи мазкур тӯли 80 дақиқа пахш гардид.
Бояд зикр намоем, ки ягон шабака масъалаи ҳаётан муҳим – аз нав мустаҳкам шудани муносибатҳои байни Тоҷикистону Туркманистонро тариқи имзои се санади заруртарин, аз он ҷумла, пешниҳоди тарофаҳои рақобатпазир барои интиқол ва транзити молу маҳсулот тавассути роҳи оҳан ва нақлиёти боркашро тавзеҳ надоданд, ҳол он, ки атрофи мавзуъ шарҳи хуби телевизиониро матраҳ кардан мумкин буд. Се сол боз муносибатҳои ҳар ду кишвар сард буданд ва аз ин сабаб Туркманистон монеи гузаштани мошинҳои борбар ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламраваш мешуд. Агар ягон нафаре аз журналистон дар ин бора, чуноне ки Радиои Озодӣ дар бораи муносибатҳои сарди ҷонибҳо шарҳи хубе омода мекард ва вазъияти пештара ва дурнамои муносибатҳои иқтисодии ояндаи ду кишварро таҳлил менамуд, иқдоми мазкур боиси таваҷҷуҳи бештари тамошобинон ба барнома мегардид.