ДомойНақди Расонаӣ«Аз алла то вобалам»: филме, ки Тоҷикистон онро хеле дер боз интизор...

«Аз алла то вобалам»: филме, ки Тоҷикистон онро хеле дер боз интизор буд

Пас аз нахустнамоиши филми мустанади  «Аз алла то вобалам» (Rhythms of Lost Time) -и коргардони тоҷик Аниса Собирӣ, ҳатто тамошобинони аз кинематография дурбуда дарк карданд, ки як воқеаи хеле муҳим рӯй додааст. Ҳоло филми 45-дақиқаӣ, ки Аниса сари он аз соли 2018 ба кор шурӯъ карда буд, ба фестивалҳои хориҷӣ сафар карда ба ҷамъоварии ҷоизаҳои арзанда оғоз мекунад. Аммо ба назар чунин мерасад, ки эътирофи асосӣ коргардонро дар хона интизор аст, вақте ки шумораи бештари ҳамватанонаш ин филмро тамошо хоҳанд кард.

«Новый репортёр» дар бораи ин филм чунин нақл мекунад.

Маддо мусиқии маросимист, ки тавассути оҳанги он тоҷикони кӯҳистон наздикони худро ба хок месупоранд. Он ба ҳеҷ оҳанги дигаре шабоҳат надорад ва на ҳама ҳатто дар худи Тоҷикистон онро медонанд. Ин оҳангҳо танҳо дар кӯҳҳои хеле баланд боқӣ мондаанд, ки сайёҳони хориҷӣ нисбат ба тоҷикони шаҳрнишин зуд –зуд ба он минтақаҳо сафар мекунанд. Ҳайати наворбардории Аниса Собирӣ чанд сол пештар дар ҷустуҷӯи анъанаҳои фаромӯшшуда  ба он ҷо сафар карда буданд. Натиҷаи сафари онҳо филми мустанади «Аз алла то вобалам» буд, ки дар он на танҳо маддо садо медиҳад, балки рақси маросими дафн низ намоиш дода мешавад. Иҷрокунандагони ҳам мусиқӣ ва ҳам рақс дар кадр  пайдо мешаванд, ҳарчанд ин гурӯҳи ҳунарпешагон дӯст надоранд, ки дар назари ҷомеа намоён бошанд. Ғайр аз ин,  дар филм ҳатто қисматҳое ҳастанд, ки ҳангоми ҷанозаи воқеӣ дар Панҷакент ба навор гирифта шудаанд. Розӣ кардани мардуми маҳаллӣ ва ҳатто бо бошандагони шимоли кишвар барои роҳ додани ҳайати наворбардорон ба хонаи худ дар чунин лаҳзаи муҳими ҳаёт бахти истисноӣ мебошад. Воқеан, мардум дар Тоҷикистон  дар кадр зоҳир шуданро дӯст намедоранд, махсусан дар вақти анҷом додани фаъолияти ҳаррӯзаи худ. Ҳангоми нахустнамоиш, тамошобинони кинотеатри Душанбе инро фавран пай бурданд ва Аниса дертар ба хабарнигорон тавзеҳ дод, ки ӯ тавонист ба сокинони маҳаллӣ зарурати сабт кардани урфу одатҳои азбайнравандаро расонад, ки шояд то насли оянда боқӣ намонанд.

Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам, қисми бештари ҷомеаи маҳаллӣ онҳоро бори аввал хоҳад дид.

Барои Аниса филми мазкур аввалин кори бузург нест, зеро се сол пеш ӯ филми бадеии «Фарёди танбур» -ро дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба навор гирифта, бо он ба беш аз 20 кишвар сафар кардааст. Каме дертар, вай ба Мактаби синамои Лондон (The London Film School) дохил шуд, шуъбаи коргардониро хатм карда, ба ватанаш баргашт ва кори нави худро муаррифӣ кард. Воқеъан, вай ҳангоми таҳсил дар Британияи Кабир дар бораи кори нави худ эълон карда буд. Ба гуфтаи худи Аниса, танҳо барои монтаж кардани ин филм даста зиёда аз як соли корӣ масраф кард ва замони масрафшуда барабас нарафт: ҳатто тамошобинони маҳаллӣ дар манзараҳои рангоранг ва ҷолиб на ҳамеша метавонанд кишвари худро бишиносанд.

«Аз алла то вобалам» — аз аввал то ба охир, ба таври бениҳоят зебо таҳияшуда, аз баъзе ҷиҳатҳо ҳатто филми дурахшон мебошад. Аммо он ороиш дода нашудааст, балки танҳо аз зовияи муносибтарин нишон дода шудааст. Дар филм занҳои ҷавони кӯҳистонӣ, ки себро  дар зери офтоби сӯзон барои хушк кардан мегузоранд ва қариб тамоми нишебиро бо худ мепӯшонанд, дар тан либосҳои ба сокинони деҳоти баландкӯҳ мувофиқ — пироҳанҳои оддӣ, калӯш, рӯймол, аммо якҷо бо меваҳо, дар пасманзараи алафи зард, ки тобистон сӯхтааст, дар зери осмони кабуд онҳо ба шоҳасари воқеӣ мубаддал мешаванд. Ҳамчунин аз  осмони бунафшранги ғуруб чашм кандан душвор аст, зеро пасманзар ба оташи азиме шабоҳат дорад, ки дар он одамон навакак рақс кардаанд ва ҳоло бошад, бидуни қатъ кардани сурудхонӣ ва навохтани асбобҳои мусиқии зарбӣ кадрро тарк мекунанд. Воқеан, онҳо дар филм на танҳо ҳангоми ҷаноза, балки дар тӯйҳо ҳам рақс кардаву суруд мехонанд. Зиндагии тоҷикони қадимро ҳамеша мусиқӣ ҳамроҳӣ мекард ва Аниса имкон медиҳад, ки садо додани он мисли даврҳои гузашта шунида шавад.

Албатта, «Аз алла то вобалам» барои иштирок дар ҷашнвора таҳия шудаст: муаллиф то ҳадди имкон аз маводи этнографӣ истифода мебарад ва бинандаи хориҷиро тавассути тасвирҳои зиндагии анъанавии деҳоти баландкӯҳи тоҷикон мафтун мекунад. Ҳатто садои пуштикадрӣ ҳарчанд бо забони тоҷикӣ бошад ҳам, вале ба шунавандагони хориҷӣ муроҷиат мекунад: «Шояд шумо ҳатто чунин кишварро надонед.» Аммо, хулосаҳои бармаҳал баровардан ва аз тарҳи пешбинишаванда дилгир шудан арзанда нест, зеро филми мазкур жарфои дугона дорад.

Аниса Собири

«Саёҳат ба  минтақаҳои дурдасттарини Тоҷикистон — як кишвари хурди на он қадар маъруфу машҳур, ки дар қаъри замини он охирин ангиштпораҳои фарҳанги қадимӣ фурӯзон аст»- гуфта мешавад дар зернависи филм. Ҳамчунин қаҳрамонони филм — навозандагон ва муаррихон дуруст будани ин суханро тасдиқ мекунанд.

«Мо қариб ҳама чизро аз даст додем, 90 дар сади тамоми меросро аз даст додем» — мегӯяд яке аз қаҳрамонони филм Ғуломшо Сафаров. «Мо дар замони Шӯравӣ анъанаҳои худро аз даст додем, зеро он вақт мо ҳама чизи нав месохтем», — шарҳ медиҳад қаҳрамони дигар, Маҳмадхоҷа Баҳоуддинов.

Дар филми «Аз алла то вобалам» тақрибан сюжет вуҷуд надорад, вале як қисса вуҷуд дорад: Лео Абраҳамс, навозандаи бритониёӣ 10 сол пеш мусиқии ҷаззоби маддоро шунида, навозандагонеро ҷустуҷӯ кард, ки ин оҳангро муддати тӯлонӣ иҷро мекунанд ва билохира ӯ ба Тоҷикистон сафар кард. Дар ин ҷо дар назди бритониёӣ як ҷаҳони ғайриоддии мардуми тоҷик бо фарҳанг ва анъанаҳои бостонии худ боз мешавад, ки меҳмон самимона аз он ба ваҷд меояд. Ниҳоят, ӯ бо сарояндаҳои маддо вохӯрда бо онҳо дар бораи абадият сӯҳбат мекунад ва иқрор мешавад, ки солҳои зиёд дар ҷустуҷӯи ин вохӯрӣ буд: «Ин мусиқӣ ва ҳатто бештар аз мусиқӣ аст, он мусиқии табиат аст, он мусиқии Худо аст. »

Эзоҳ барои акс: Тасвирҳо аз филм

Дар бораи он ки ин мусиқӣ воқеан фавқулодда аст,  бояд ҳатман хориҷӣ мегуфт: Мутаассифона, Тоҷикистон ба мисли аксарияти кишварҳои пасошӯравӣ ҳоло ҳам ба монанди “музофотӣ» ба тасдиқ намудани беназирии худ аз берун ниёз дорад. Воқеъбинона баҳо додани сарвати маънавии худ ҳанӯз имкон надорад. Шояд сабаб дар он аст, ки худро бе оина дидан ғайриимкон аст ва санъати мавҷуда, ки бояд маҳз ҳамин оина бошад, воқеиятро таҳриф мекунад.

«Дар баландтарин қуллаи кӯҳ ҷони ман барои ту гиря мекунад» — месароянд навозандагони маддо ва сюжети филм ба лавҳае (эпизод) гузариш мекунад, ки сокинони ҳамворӣ бешубҳа онро надидаанд. Дар хонаи помирӣ занону мардон дар назди марҳум нишастаанд, дастгоҳи камера оҳиста рӯи онҳоро ба навор мегирад, бинандагон метавонанд чашмони кабуд ва ҳам сабзи кӯҳистониҳо, пӯсти кафида ва нигоҳи аз ҳаёт дури онҳоро бубинанд. Рақси муқаддаси самоъро марде иҷро мекунад. Вай дар атрофи марҳум давр мезанад ва ҳар як ҳаракати ӯ дарди шадиди ҳамаи онҳое, ки наздикони худро аз даст медиҳанд, инъикос мекунад. Дар филм гуфта мешавад, ки  на танҳо мардуми Помир ё  водии фатҳнопазири Зарафшон ҳамин тавр бо наздикони худ видоъ мекардаанд, балки ҳатто сокинони Хуҷанд — пойтахти шимолии кишвар.

Ба тоҷиконе, ки ҳоло дар шаҳрҳо ва марказҳои бузург умр ба сар мебаранд, бовар кардан душвор аст. Тақрибан 15 сол, ҳангоми маросими дафн, онҳо наметавонанд ҳатто барои фавтидагон бо овози баланд гиря кунанд ё оши худоӣ барпо кунанд, то чӣ расад ба суруду рақс. Аз соли 2007 инҷониб дар ҷумҳурӣ давлат тасмим мегирад, ки одамон ҳангоми рӯйдодҳои муҳими ҳаёти худ чӣ кор карда метавонанд ва чӣ кор карда наметавонанд. Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳама расму оинҳои мардумиро танзим мекунад. Албатта, рақсу сурудхонӣ ҳангоми маросими дафн дар Тоҷикистон қариб ҳатто то қабули қонун қатъ шуда буд, аммо ин санад то ҳол саҳми худро дар аз байн бурдани боқимондаҳои урфу одатҳо мегузорад. Ва дар ин бора ҳам дар филм гуфта шудааст.

Эзоҳ барои акс: Тасвирҳо аз филм

Илова бар ин, ба ҷуз системаҳои сиёсии пешина ва қонуни мавҷуда, анъанаҳои Тоҷикистон рақибони хеле ҷиддитаре низ доранд. Масалан, дар ҷумҳурӣ баҳсҳо дар бораи он ҷой доранд, ки Наврӯз (анъанаи дигари қадимӣ) ба қонунҳои ислом то чӣ андоза мувофиқат мекунад. Албатта, мақомоти расмӣ  дар бораи чунин сӯҳбатҳо ҳатто шунидан намехоҳанд, аммо онҳо вуҷуд доранд. Ба хотири он, ки аҳолии маҳаллӣ, ки ба дин ба таври хеле ҳассос муносибат мекунанд, бо интихоби мушкил рӯбарӯ нашаванд, таҳиягарони муҳтавоҳои (контентҳои) давлатӣ дар ҳамон шабакаҳои телевизионӣ ҳар рӯз маҳсулоти ба васфи фарҳанг, урфу одатҳои маҳаллӣ бахшидашударо таҳия мекунанд. Вале ба аҳолӣ бовар кардан ба «тасвири» онҳо душвор аст: аввал, онҳо бештари вақтҳо ин корро бемаънӣ анҷом медиҳанд ва дувум, мавзӯи ин муҳтаво метавонад боиси ихтилоф дар фаҳмиш гардад: охир, аз як тараф, анъанаҳо манъ мекунанд ва аз тарафи дигар, мегӯянд, ки он мероси гаронбаҳост.

Тамошобинони маҳаллӣ ба Аниса Собирӣ ва дастаи ӯ бовар хоҳанд кард. Ягон сабабе вуҷуд надорад, ки ин тавр нашавад. Ҳатто бо дарназардошти он, ки аксарияти аҳолии шаҳр, шояд, дар бораи маддо чизе надонанд, вале назми ин мусиқӣ то ҳол барояшон наздику азиз ба назар мерасад, ки ба рӯҳ пайвастааст. Мумкин аст, ин эҳсосот тавонад онҳоро ба ҳаяҷон оварад ва аввал ба огоҳӣ ва сипас ба эҳёи арзишҳои гумшуда оварда расонад. Вале танҳо ба маънои аслӣ баргаштан ба сарчашмаҳо набуда, балки офаридани як чизи нав, ки ба монанди маддо ва самоъ дар қадим ба ҷаҳони муосир ба таври органикӣ  мутобиқ хоҳад шуд.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ