ДомойНақди РасонаӣНазари мо ба вазъи Афғонистон ва пешниҳоди депутатҳо. Шарҳи барномаҳои ҷамъбастии...

Назари мо ба вазъи Афғонистон ва пешниҳоди депутатҳо. Шарҳи барномаҳои ҷамъбастии ҳафта аз 22 то 29 август

Ҳафтаи гузашта барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои асосии кишвар гузоришҳои махсуси омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистонро пешниҳод намуданд. Чун анъана он вақти зиёди эфирро гирифт, дар баробари ин, баъзе шабакаҳо кам ҳам бошад, маводи дигарро пешкаши тамошобинон гардонданд.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Ровии доимии барнома Фахриддини Муҳаммадюсуф  барномаро аз хабарҳои расмии сиёсӣ оғоз намуд. Дар аввал дар бораи таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамзамон Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) аст, гузаронидани иҷлосияи ғайринавбатии Шӯро дар шакли маҷозӣ хабар дода шуд. Чун ҳарвақта ҳангоми пахши чунин хабарҳо, ки аз утоқи кории президент намоиш дода мешавад, гап зиёд ва пурра аз канселяризмҳои ба хабари расмӣ хос иборат буд ва наворҳо бошад, якмаром. Дар чунин ҳолат беҳтар мебуд, ки муаллифон хабарро ба маротиб кутоҳтар намоянд.

Дар гузориши дуввум аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ хабар доданд. Бояд гуфт, ки ҳар ду мулоқоти президенти муҳтарам ба вазъияти кунунии Афғонистон бахшида шуда буданд. Дар пешсухани гузориши дуввум Фахриддини Муҳаммадюсуф оҳанги хуби гуфторро (мувофиқ ба жанри тафсир) интихоб кард, ки эҳсосӣ буд. Баъдтар маълум гардид, ки баранда бо чунин тарз мавқеи Ҳукумати кишварро баррасӣ намудааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

“Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард”, — аз ҷумла қайд гардид дар гузориш.

Дигар матолиби барнома ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буданд.

Масалан, яке аз гузоришҳои барнома аз ҷараёни супоридани мукофотҳои давлатӣ ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратии кишвар бахшида шуда, дар наворҳо аз дасти сарвари давлат гирифтани рутбаҳои баланди ҳарбӣ ва ҷоизаҳо намоиш дода шуд. Яке аз ҷолибтарин лаҳзаҳо бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар дар байни занон гирифтани рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” аз ҷониби сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати кишвар Барно Саидвализода мебошад.

Сипас дар бораи сафари кории президенти мамлакат ба ш. Турсунзода ва дар он ҷо ифтитоҳ намудани як қатор иншооти ҷашнӣ хабар доданд. Чунончи, гузоришгарон дар бораи кушодашавии корхонаи «Алюмин Проф», литсей-интернати шаҳри Турсунзода, мактаби кӯдаконаи санъат, боғи фарҳангу фароғатии шаҳр (бо кохи шоҳмотбозӣ ва амфитеатр), ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 ва ғайра  хабар доданд.  Гузоришҳо ҳарчанд аз номи журналистони барнома Нуриддини Қурбон, Садриддини Сироҷиддин, Самандар Искандарзода ва Муҳиддини Муҳаммаддовуд садо дода бошанд ҳам, матни омодакардаи хадамоти матбуотии президенти кишвар истифода шуд. Фарқ дар он буд, ки масалан, дар гузориши аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» пешниҳодгардида, навъи бодирингу помидорро (помидори киштшуда «Замира» ва «Муалла», инчунин бодиринг «Орзу» ва «Ғайрат») дар гузоришҳои расмии шабакаҳои “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо” номбар намуданд, дар “Тоҷикистон” бошад, аз ном гирифтанаш худдорӣ карданд.

Дар гузорише, ки дар он президент аз хоҷагиҳои деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуд, ягона синхронаш ҳангоми мулоқот бо ангурпарварон намоиш дода шуд, ки ба онҳо дар масъалаи парвариши ангур маслиҳатҳои муфид медод.

Сарвари давлат дар масъалаи зиёд намудани шумораи сардхонаҳо низ гап зад. Дар зимн бояд қайд кунем, ки ҳангоми дар наворҳо намоиш додани сардхонаҳо дохили иншоотро нишон надоданд, то ки эътимоднокии тамошобин зиёдтар гардад.

Пас аз ин, гузоришҳо аз ифтитоҳи комплекси агросаноатии мурғпарварии ҶДММ “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара ва ш. Душанбе, ки онро  Пешвои миллат бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ кушоданд, пешниҳод шуд. Дар гузориши аввал аз инкубатори корхонаи мурғпарварии “Мармарӣ” ҷузъиёти зиёд дар бораи раванди аз тухм баровардани чӯҷаҳо оварда шуд, ки барои барномаи иттилоотӣ — таҳлилӣ чандон мувофиқ нест. Чунин тарзи пешниҳоди мавзуъ асосан тариқи барномаҳои соҳавӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориши баъдӣ забҳхонаи комплекси агросаноатии ҶДММ “Мармарӣ” дар Душанбе нишон дода шуд. Намоиш додани наворҳои ҷараёни забҳро лаҳзаҳои ногувор гӯем, хато намeкунем. Ҳангоми хондани матни пасикадрӣ муаллифон махсус таъкид намуданд, ки забҳи парранда бо тарзи ҳалол сурат мегирад ва дар навор мурғҳоро ҳангоми ҷон кандан, қассоби доманаш пури хун ва деворҳои хунчаконро дидем, ки барои тамошобини ҳассос ва асабҳояш нозук дидани чунин манзара пайомади нохуш дорад. Аз ин сабаб мувофиқи меъёрҳои байналхалқии журналистика намоиш додани чунин наворҳо тибқи  ахлоқ нест ва дастандаркорони барнома (дар навбати аввал наворбардор) бояд ин нуктаро ба эътибор мегирифтанд.

Гузоришҳои дигар ба ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии “Композит Т.А.” ва корхонаи истеҳсоли яхмос “Эскимо Мастер”, инчунин  муаррифии автобусҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бахшида шуда буданд. Камбудии асосии наворгирандагон ҳангоми нишон додани ҷараёни кор дар он буд, ки онҳо раванди истеҳсоли маҳсулот, масалан, истеҳсоли қубурҳо ва бандубаст кардани автобусҳоро  нишон дода натавонистанд ва ба тамошобин чунин ба назар мерасад, ки ҳамаи ин намоишкорист.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҳол он ки, аз матни пасикадрӣ маълум гардид, ки дар мо ба таври озмоишӣ ҳатто истеҳсоли электробус низ ба роҳ монда шудааст.

Ва дар анҷоми барнома гузориши Худойдоди Раҷаб аз ноҳияи Шаҳритус пешниҳод гардид, ки омодагиҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии маҳаллиро ба ҷашни Истиқлоли миллӣ нишон медиҳад. Ҳамсуҳбатони зиёд – аз муовини раиси ноҳия сар карда то омузгорону хонандагон барои ифтитоҳи се мактаби нав дар деҳаҳои дурдаст миннатдории хешро барои дастгирӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намуданд.

Чунин ба назар мерасад, ки то ҷашни Истиқлол чунин гузоришҳои ҳисоботиро ҳоло бисёр хоҳем дид.

“Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ “Сафина”

Барномаи мазкур низ аз вокуниши президенти кишвар дар мулоқот бо намояндаи Ҳукумати Покистон оид ба вазъи Афғонистони ҳамсоя оғоз гардид. Аммо сарсухани баранда кӯтоҳтар ва оҳанги гапзаниаш мулоимтар ба назар расиданд.

Дигар ҳамаи гузоришҳо айнан чун дар барномаи “Тоҷикистон” аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар пешниҳод гардиданд ва ҳаҷми умумии эфир 1 соату 20 дақиқаро фаро гирифт.

 “Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”

Ин шабака низ гузоришҳои расмии  хадамоти матбуотии президентро пурра ва илова бар он ду гузориши расмии дигарро низ ба тамошобинон пешниҳод намуд.

Дар гузориши аввал аз мулоқоти  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ хабар дода шуд, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар самти татбиқи босамари лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»  муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми барнома бошад, аз ҷараёни баргузории конференсияи «Нақши парламент дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хабар дода шуд, ки ҳафтаи сипаришуда бо ибтикори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти кишвар баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориш ду маротиба порчаҳоро аз суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба таври синхрон пешкаш намуданд, ки ба иштирокчиёни конфронс дар бораи таърихи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл намуд.

Инчунин лаҳзаҳоеро аз баромадҳои ходими давлатӣ, собиқ вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва вакили ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоровро намоиш доданд. Аввалӣ гуфт, ки барои хизматҳои шоён дар истиқрори сулҳ ва лидери давлатҳои Осиёи Марказӣ будан президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд аъзоёни парлумон ба мукофоти Нобелӣ пешниҳод намоянд ва дигарӣ таклиф кард, ки ба Пешвои миллат барои заҳматҳои тули 30-соли Истиқлолият кардааш бояд дубора унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ