ДомойНақди РасонаӣТаҳхона, занони доирабадаст ва коргарони осорхона. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз...

Таҳхона, занони доирабадаст ва коргарони осорхона. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 24 то 31 октябр

Ҳафтаи сипаришуда се шабакаи асосии телевизионии кишвар аз сафари кории президент ба як қатор навоҳии вилояти Хатлон гузоришҳо пешниҳод намуданд. Давомнокии барномаҳо қариб 2,5 соатро ташкил намуд.

 “Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Барномаи итилоотии расмӣ бо гузориш аз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 октябр  таҳти раёсати президент, ҳамзамон раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд, оғоз гардид. Дар сужети 7-дақиқаина рафти ҷаласаро намоиш дода, дар бораи қабул гардидани бюҷети давлатӣ барои соли оянда хабар доданд.

Чун ҳарвақта гап зиёд буду наворҳо якранг, аз ин сабаб муаллифони сужет кӯшиш накарданд, ки аз номбар намудани ҳамаи лоиҳаҳои қонунҳо худдорӣ намоянд. Чунки таҷриба нишон медиҳад, ки пурра номбар кардани қонунҳо аз ду сар дар зеҳни тамошобин намешинад.

Дар гузориши дуввум дар бораи 26 октябр  иштирок ва баромад намудани президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои мавзуъии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим», ки ба шакли маҷозӣ гузашт, иттилоъ дода шуд.

Пас аз ин, ровии барнома санаи 27 октябр ба шаҳрҳои Бохтару Леваканти вилояти Хатлон бо сафари корӣ ташриф бурдани сарвари давлат хабар дод.

Дар наворҳо нишон доданд, ки чӣ гуна президенти муҳтарамро баъди ба замин нишастани чархбол дар фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар ботантана истиқбол мегиранд.

Нахуст, гузориш аз кушодашавии Маркази перинаталии вилояти Хатлон, сипас, аз мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз қабили «Мактаби хусусии инноватсионӣ» пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Бояд зикр намуд, ки дар ин нашри барнома барои таъкид намудани моҳияти иншоот, ба ғайри чароғонкунию сафолакпӯшонии саҳни бино, ки кори муқаррарии ҳар гуна корхона ё муасисса мебошад, таъкид намудани он, ки бино таҳхона низ дорад, зам шуд.

Ин иншооти таълимӣ низ аз рӯи гуфтаи муаллифон, “дорои таҳхона, 6 ошёна, 22 синфхона, 5 лаборатория” ва ғайра будааст.

Инчунин дар ин ва дигар гузоришҳо, масалан, аз ифтитоҳи мактаби рақами 16 низ номбар намудани кабинетҳои фаннӣ ба монанди “химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаи компютерӣ, китобхона, китобхонаи электронӣ, омодагии дифои ҳарбӣ ва амсоли ин” вақти зиёди эфир сарф шуд. Ҳарчанд дар ҳамаи мактабҳои кишвар, аз он ҷумла, хусусӣ, аз рӯи қоидаи таълим бояд чунин синфхонаҳои фаннӣ бошанд ва ин ягон факти ғайримуқаррарӣ нест, ки онро бояд махсус таъкид намоянд.

Инчунин, сарвари давлат коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаи ҶДММ “Баракати Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас гузоришҳо аз ифтитоҳи  иншооти тиббӣ пешкаш гардиданд: дар аввал сарвари давлат Маркази стоматологии вилояти Хатлон, сипас бинои нави Маркази тибби Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ин ҷо низ ду маротиба муаллифон вуҷуд доштани таҳхонаро махсус таъкид намуданд. Дар гузориши дуввум барҳақ, наворҳо намерасиданд, аз ин ин сабаб, муаллифон наворҳои аз маркази стоматология гирифтаро бори дигар истифода бурданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пас аз ин, президент ба ноҳияи Вахш сафар намуда, дар он ҷо бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Вахшро ифтитоҳ намуда, ба се оилаи хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуд.

Баъдан, гузоришҳо аз шаҳри Леваканти вилояти Хатлон пешниҳод гардида, дар бораи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани мактаби рақами 15 ва бинои литсейи касбии саноати кимиё пас аз таъмиру навсозӣ хабар дода шуд.

Таъкид гардид, ки ин муассисаи таълимӣ дар даврони шӯравӣ ҳамчун омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 40 шинохта шуда, дар он солҳои 1969-1971 бо ихтисоси челонгари барқӣ худи Ҷаноби Олӣ таҳсил намудааст.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмон ва ҷолиби гузориш ба синфхонаи худ омада паси мизи дарсӣ нишастани президент буд.

Таъкид гардид, ки корҳои сохтмону навсозии иншоот бе ҷалби маблағҳои буҷет бо саҳми соҳибкорон ва шахсони “бонангу номуси” шаҳри Левакант ва вилояти Хатлон амалӣ гардидааст, аммо номи ин шахсонро расонаӣ накарданд.

Инчунин худи ҳамон рӯз президент хоҷагии моҳипарварии «Фалҳобод» ва истироҳатгоҳро дар деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакант мавриди истифода қарор дода, чуноне ки аз наворҳо дида шуд, моҳиҳоро ба даруни ҳавзҳо сар доданд.

Дар  идомаи гузоришҳо рӯзи 28 октябр ба ноҳияи Дӯстӣ сафар намудани  президентро хабар доданд. Ҳамон рӯз якчанд иншооти маъмурию хизматрасонӣ, аз қабили  варзишгоҳи марказӣ, майдони Парчами давлатӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ ва Қасри фарҳанг, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бинои маъмурии сохторҳои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар ноҳияи Дӯстӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар деҳоти Ҷиликӯли ноҳия бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Абдураҳмони Ҷомӣ» шинос шуданд.

Баъди ин гузоришҳоро аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ намоиш доданд. Дар ин ҷо сарвари давлат бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ дар хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” шинос шуда, дар шаҳраки Балхӣ бинои нави осорхонаро кушод.

Дар матни пасикадрӣ гуфта шуд, ки “сарвари давлат ба коргарони осорхона дастур доданд”, ҳол он ки дар чунин муассисаи фарҳангӣ на коргарон, балки кормандон бояд кор кунанд. Коргар гуфта, асосан онеро дар назар доранд, ки дар корхона, махсусан корхонаи саноатӣ кор мекунад.

Ва коргари осорхона наметавонад, чуноне ки худи муалифон таъкид намуданд “мероси фарҳангиву таърихии ноҳияро ба ҷаҳониён ба  таври шоиста муаррифӣ намояд”.

Давоми эфир гузориш аз интиқоли хати оби нӯшокӣ ва ҷараёни татбиқи лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” пешниҳод шуда,  инчунин бо 150 ятимони кулл дидорбинӣ намудан ва дар таҷлили ҷашни Меҳргон иштирок кардану бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот анҷом додани сарвари давлат хабар доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Он рӯз инчунин бинои иловагии мактаби рақами 36 кушода шуд ва ғайриинтизор, номи Саидмуҳриддин Сайфов — соҳибкори ватандӯсте, ки биноро сохтааст, 4 маротиба дар эфир шунавонда шуд. Ин дар ҳолест, ки номи дигар соҳибкорону шахсони бонангу номуси ноҳия ё шаҳр дар гузоришҳо умуман гирифта намешавад.

Гузоришҳои охир аз ноҳияи Хуросон пешниҳод гардид. Дар ин ҷо президенти кишвар  биноҳои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист,  шуъбаи маориф ва маркази ҷавонон, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ,  бинои маъмурии деҳоти Фахробод ва майдончаи варзиширо ифтитоҳ намуда, аз қитъаи боғи нав дар хоҷагии фермерии «Асадулло» дидан намуд.

Инчунин марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди байналмилалии самти Душанбе — Бохтарро мавриди истифода қарор дода, дар ҳамин ҷо бо лоиҳаи сохтмони марҳилаи сеюми ин роҳ шинос гардид.

Дар нашри гузашта таъкид намудем, ки аксар вақт дар барномаҳои иттилоотӣ номи шарикони рушд гирифта намешавад. Хушбахтона, ин маротиба дар гузоришҳо номбар шуд, ки лоиҳаи роҳсозӣ  бо маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст ва маблағгузори марҳилаи сеюм Ҳукумати Ҷопон мебошад.

«Ҷамъбасти ҳафта»-и ТВ «Сафина» айнан чунин гузоришҳоро пешниҳод намуд.

Дар Ҳафт рӯз”( ТВ Ҷаҳоннамо”) бошад, тартиби гузоришҳо иваз шуда, синхронҳо зиёдтар истифода шуданд. Дар баъзе ҳолат баромаду шеърхонии кӯдакон чун гузариш аз кадр ба кадр барои матни пасинавор хизмат намуд.

Дар ноҳияи Балхӣ пиразане ва кӯдакони зиёде баромад намуданд ва дар Хуросон бошад, гурӯҳи занони доирабадаст сурудеро дар васфи сарвари давлат иҷро намуданд. Бо вуҷуди ин, хронометражи барномаҳои ду шабакаи аввал 2 соату 20 дақиқа -2 соату 16 дақиқа ва аз “Ҷаҳоннамо” бошад, 2 соату 26 дақиқаро ташкил кард.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ