ДомойНақди РасонаӣРӯзи Конститутсия, пианинонавозӣ дар Хуросон ва оши палави “кӯҳна”. Шарҳи барномаҳои хабарии...

Рӯзи Конститутсия, пианинонавозӣ дар Хуросон ва оши палави “кӯҳна”. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 31 октябр то 7 ноябр

Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии кишвар моро бо гуногунрангии мавод ва кӯтоҳ намудани вақти эфир хурсанд намуданд. Гузоришҳои ТВ “Сафина” ҷолиб буда, ҳатто маводи танқидӣ низ доштанд, ки дер боз дар барномаҳои ҷамъбастӣ роҳандозӣ нашуда буд.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Барнома аз ахбори расмӣ оғоз гардида, дар гузориши аввали 8 дақиқаина  суханронии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар фазои маҷозӣ сурат гирифт, пурра пешниҳод гардид.

Сипас  гузориш аз машварати кории сарвари давлат бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ нишон дода шуда, бори дигар атрофи ба таври кофӣ захира кардану истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокворӣ ва худдорӣ намудан аз маъракаҳои серхароҷот ҳушдор дода шуд.

Гузориши расмии дигар дар бобати аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кардани президент хабар дод.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Шарҳи сиёсии журналист Умед Мирализода атрофи сиёсати «дарҳои боз»-и Тоҷикистон ва дипломатияи хориҷии бисёрсамта сурат гирифта, дар он ду коршинос Комилбеки Ҳамид ва Комрон Файзуллозода баромад намуда, перомуни масъалаҳои глобалӣ, аз қабили масоили марбут ба об, тағйирёбии иқлим, экстремизм ва терроризм, маводи мухаддир ва ғайра иштирок намудани Тоҷикистон ва ба баланд гардидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намудани ин гуна чорабиниҳо ибрози назар намуданд.

Журналист Зафари Қайюм бо коршиноси масоили сиёсӣ Абдулло Давлатзода дар студия атрофи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм тақвият додани пояҳои меъёрию ҳуқуқӣ мусоҳиб шуда, ба хулосае омаданд, ки барои расидан ба ин ҳадаф ташаккул додани фарҳанги зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии сиёсӣ дар ҷомеа зарур аст.

Ин ҷо нуктаеро зикр намудан зарур аст, ки модоме навор аз студия гирифта мешавад, бояд наворбардор мусоҳибро чун қаҳрамон ба плани аввал мебаровард: дар навори мазкур бошад, мо шоҳиди он гардидем, ки рӯи ҷаноби Давлатзода доимо тарафи саволгузор гардонида шуда, ба тарафи экран нигоҳ намекард ва тамошобин имкон надошт, ки  симои коршиносро пурра дида тавонад. Ин хатои наворбардор буд.

Дар ин ҷо блоки хабарҳои сиёсӣ тамом шуда, ба гузоришҳои бахши иқтисодӣ гузаштанд.

Маводи Зоҳиршои Тағоймурод ба мавзуи доғи рӯз —  интиқоли барқ дар кишвар бахшида шуда буд. Муаллиф дар гузориш бо масъулини соҳа ҳамсуҳбат гардида, ба воситаи наворҳо аз таъмиру тармими ноқилҳову зеристгоҳҳои барқӣ дурӯғ будани овозаҳои мардумро оид ба фурӯши барқ ба хориҷи кишварро рад намудан хост.

“Ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли барқ танҳо бо рафти корҳои таъмиру тармим вобаста аст”, — иброз намуд гузоришгар ва афзуд, ки онҳо ба 13 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуда, дар ҳама ҷо шоҳиди таъмири ҷорӣ ва капиталии зеристгоҳҳои барқӣ шудаанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Яке аз мусоҳибон, сардори маркази матбуотии ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ фаҳмонд, ки  гузаронидани корҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои хурду калон ва дигар таҷҳизоти интиқоли барқ дар баъзе қитъа ва ноҳияҳо тадбири зарурист, чунки ҳар сол дар ибтидои зимистон гузаронда мешавад.

Мавзуи шарҳи телевизионии  Фирдавси Ҳайдаралӣ атрофи тарҳ ва намои  биноҳои зебову замонавии маъмуриву манзилии пойтахт сурат гирифт. Он бештар характери таърифӣ дошта, муаллиф бар он буд, ки ”соҳибкорони бонангу номус” барои зебо намудани симои шаҳрамон кӯшиш намуда истодаанд. Ҳатто барои тақвияти фикраш ғайр аз мутасаддиёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар ва КВД “Лоиҳакаш”, инчунин бо коршиноси соҳа аз Русия низ ҳамсуҳбат шудааст, ки дар гузориш мегӯяд “мо бояд шаҳрсозиро аз шумо ёд гирем”.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Яке аз гузоришҳо ба баргузор шудани фестивали «Оши палав» дар Душанбе бахшида шуда буд. Бояд зикр намоем, ки гузориш барои барномаи итилоотӣ аллакай кӯҳнашуда маҳсуб мешавад, чунки чорабинӣ 30 октябр сурат гирифтааст ва аз ду сар дар барномаи “Ахбор” намоиш дода шуд. Ва агар зарурати пешкаш намудани он ба миён омада бошад, пас он бояд аққалан дорои унсурҳои таҳлил ё аз ягон ҷиҳати дигар навгониеро пешниҳод менамуд.   Дар гузориш муаллиф Наврузшоҳи Азизулло бо чандин ошпазон ва иштирокчиёни намоиш ҳамсуҳбат гардид, аммо маънои суханони ҳама қариб як буд: фестивал чорабинии хуб аст, мо бояд бо хӯроки миллии худ фахр намоем ва онро омода карда тавонем.

Ва гузориши охир ба таҷдиди «Қалъаи Хуҷанд» бахшида шуда, онро Равзалии Амон пешниҳод намуд. Дар бораи аҳамияти аз нав эҳё намудани мавзеи мазкур чанд устодони таърихнигори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва раиси шуъбаи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд нақл намуда, доир ба сохтмони иншооти музеи  кушод бо бунёди растаҳои ҳунарҳои куҳани мардумӣ хабар доданд.

Барномаи мазкур тули 43 дақиқа пахш гардид.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Барномаро барандаи доимии он Зубайдуллои Убайдулло ифтитоҳ намуда, дар бораи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон бе нишон додани наворҳо гап зад. Баъдан дар блоки  ахбори расмӣ баромади президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим ва  эътимоднома қабул намудани ӯ аз 10 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷӣ пешкаш гардид.

Сипас гузориш аз маросими савгандёдкунии наваскарони шаҳри Бохтар ба намоиш гузошта шуд. Дар он хатмкунандаи яке аз донишгоҳҳои кишвар  Дониёр Сафаров баромад намуда, иброз дошт, ки бо хоҳиши худ ба сафи артиш дохил шудааст. Матни баромадаш оҳанги сохта дошт. Бо вуҷуди ин, дар гузориш модаре низ баромад намуда, иброз дошт, ки “мо аз президент шукрона мекунем, ки  фарзандони мо бо хоҳиши худ ба армия омаданд”. Зани дигар, ки модаркалон буд, ба ҳамаи наваскарон тариқи барнома насиҳат кард, ки  “наҳаросед, чунки шумо ҳимоятгари мо ҳастед”.

Дар гузориши дигар оиди ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне бо кор таъмин намудани аҳолӣ дар мисоли фаъолияти коргоҳи истеҳсоли макарон дар ноҳияи Рашт нақл намуданд. Бино бар гуфтаи муовини роҳбари корхона Муҷтабо Ҳасанов,  иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз зиёда аз 2 тонна макаронро ташкил медиҳад.

Блоки масоили кишоварзӣ ба ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод ва парвариши чорво дар ноҳияи Ховалинг бахшида шуда буд. Дар гузориши охир, ки аз ҷониби Ширинҷон Сафарзода омода шудааст, чизи ҷолиб – дар кадр пайдо шудани қаҳрамон, сардори кооперативи истеҳсолии “Умед1” Давлат Бозоров  бо либоси оддии  ҳамарӯза ва кулоҳи варзишӣ  буд, бе  худнамоӣ ва сохтакорӣ, ки ин аз ҷониби тамошобин чун ҳақиқати ҳол пазируфта мешавад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Кулминатсияи барномаи мазкур — гузориши аз ноҳияи Хуросон пешниҳодгардида мебошад, ки дар бораи  шароити мактаби мусиқии бачагона нақл мекард. Дар наворҳо мо шоҳиди он гаштем, ки дар бинои фарсудаву бефарши мактаб ашёҳои лозима, аз қабили ҷевону мизу курсӣ намерасанд ва кӯдакон асбобҳои мусиқиро рӯи фарш гузошта, ба хона мераванд. Духтараке бо номи Фараҳноз бошад, иброз дошт, ки болои фарши лоӣ ва сард бо чешки (як намуди пойафзол) рақс мекунад. Инчунин кадре, ки муаллим рост истода пианино менавозад, чунки дар синфхона курсӣ нест ва ду шогирдаш низ рӯи фарш рост истода, машқ мекунанд, хеле риққатовар ба назар расид. Дар баробари ин, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия иброз дошт, ки ҳоло барои таъмири мактаби мусиқӣ имкон нест.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ ҳафтае пеш президенти кишвар ба ноҳияи мазкур ташриф оварда, чанд иншооти фарҳангиву таълимиро ифтитоҳ намуд.   Муаллифи гузориш маълум нест, аммо онро ба қатори яке аз беҳтарин маводҳои проблемавии телевизионӣ бояд дохил намуд.

Ва гузориши охирини барнома ҷашнӣ буда, ба  таҷлили Рӯзи театри тоҷик бахшида шуда буд ва бо рангорангии наворҳояш мумкин аст, мақбули тамошобин гардида бошад. Ягона камбудии мавод набудани зернавис (титр) буд. Ба бинанда маълум набуд, ки сухангӯ кӣ ҳаст  — ҳунарпеша ё коршинос?

Барнома 35 дақиқа тул кашид.

 “Ҳафт рӯз”, ТВ Ҷаҳоннамо”

Барномаи мазкур аз рӯи вақт аз ҳама кӯтоҳтарин буда, ҳамагӣ 17 дақиқа давом кард!

Аввали барнома ғайримуқаррарӣ на аз шодбошии баранда, сарсухан ва пешхабар, балки аз баромади президент дар ҷаласаи Панели баланд оғоз ёфта, сипас гузориш аз мулоқоти сарвари давлат бо 10 нафар сафирони навтаъйин намоиш дода шуд.

Баъд аз он оид ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи тоҷик аз шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва ноҳияи Носири Хусрав гузоришҳо пешниҳод гардиданд, ки асосан характери ҳисоботӣ доштанд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ