ДомойНақди РасонаӣҶаласаи ҷамъбастӣ дар пойтахт ва рўҳи шикастнопазири 284 духтар. Шарҳи хабарҳои...

Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар пойтахт ва рўҳи шикастнопазири 284 духтар. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизиони Тоҷикистон

Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои хабарии ҷамъбастии шабакаҳои асосии телевизионии кишвар нисбат ба ҳафтаи пешин аз рӯи муҳтаво рангинтар буданд. Бо вуҷуди ин, дар ҳар се шабака ахбори расмӣ қисми зиёди вақти эфирро гирифта, тӯли беш аз 12 дақиқа давом кард. Дар барномаи ҷамъбастии «Сафина» гузориш аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи мушкилоти заминҳои обӣ беҳтарин буд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Барномаро чун ҳарвақта Фахриддини Муҳаммадюсуф ифтитоҳ намуда, дар оғоз роҷеъ ба фармони тозаи президенти кишвар дар бораи зиёд намудани маоши хизматчиёни давлативу ҳарбӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаву стипендияҳоро пурра хонда дод. Қайд гардид, ки барои амалӣ кардани фармони мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 1,6 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Дар бораи чунин иқдоми Ҳукумат тамошобиноне, ки аз шабакаҳои интернету рӯзномаҳо дуранд, албатта бояд бархӯрдор гарданд. Аммо вазифаи аввалиндараҷаи телевизион дар шакли дақиқу дастрас ва содда бо воситаи кадр расонидани иттилоъ аст. Хуб мебуд, ки ба ҷои хонда додани матни дароз аз усули видеографика истифода бурда, дар бораи ин иқдоми хубу зарурӣ бо нишон додани фоизи баландшавии маошҳо ва ба кадом категорияи аҳолӣ равона шудани он ба муштариён хабар медоданд.

12 январи соли равон, ки ба таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси мири шаҳр 5 сол пур шуд,  дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли равон баргузор гардид. Гузориши расмӣ тӯли беш аз 12 дақиқа, бе истифодаи синхронҳо пешниҳод шуда, муаллифон ҳисоботи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии пойтахтро пурра хонда дода, аз ҷумла, дар ҷойҳои даркорӣ дар гузориш аз номи шахси сеюм (яъне Рустами Эмомалӣ) ҳангоми намоиш додани баромадҳояш дар бораи ин ё он нуктаҳои муҳими ҷаласа таъкид намуданд. Масалан,  гуфта шуд, ки раиси шаҳр ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои соҳаи сохтмон, аз ҷумла ба инобат гирифтани шартҳои техникӣ ҳангоми бунёди иншоот, аз нуқтаҳои наздик васл кардани ноқилҳо, аз байн бурдани қарздорӣ, гузаштан ба системаи хизматрасонии электронӣ ва инчунин барои ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудани бинову иншооти нав ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Dushanbe.tj

Ё дар ҷои дигар таъкид гардид, ки раиси шаҳр вобаста ба ҳолатҳои кашол додани мӯҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозиву истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ба масъулин дастуру супоришҳо дод ва аз наворхо маълум гардид, ки Рустами Эмомалӣ сахтгирона ва дар баъзе маврид бо як эҳсоси хоса баромад кардааст.  Дар ин маврид, агар ҷо-ҷо аз синхронҳои раиси пойтахт истифода мекарданд, эътимоднокии тамошобинон ба факт ба маротиб афзун мегардид.

Инчунин аз гузориш маълум гардид, ки раиси шаҳри Душанбе аз фаъолияти ширкатҳои мобилӣ ба таври зарурӣ қаноатбахш нест ва беҳтар мебуд, ки ин лаҳзаҳо низ баромади синхронӣ пешниҳод мешуданд.

Пас аз бахши расмӣ шарҳи телевизионии Хуршедаи Наҷмиддин  дар бораи иқдоми Ҳукумат дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар тӯли 20 соли охир пешниҳод гардида,  гуфта шуд, ки он аз  83% соли 1999 то ба 26% дар соли гузашта расидааст, ки дастоварди муҳим ва назаррас аст. Бо вуҷуди истифодаи зиёди факту арқом таҳлил дар маводи пешниҳодшуда камтар буд.

Зоҳиршои Тағоймурод дар бораи иқтидори энергетикии мамлакат шарҳ пешниҳод намуда, дар он коршиносон доир ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ибрози ақида намуданд. Зикр гардид, ки тӯли солҳои истиқлол дар соҳаи мазкур 34 лоиҳа бо маблағи умумии 52 миллиард сомонӣ амалӣ шудааст ва ин ҳама ба он даст дод, ки таҷҳизоту инфрасохтор нав карда шавад.

Баромади номзади илми техникӣ Шерхон Султонов, ки дар бораи нақши калони нерӯгоҳҳои хурди обӣ-барқӣ ва барои мисол, аз сохта ба истифода додани НБО-и хурди «Тоҷикистон» дар вилояти Бадахшон ёдрас кард, аз чӣ бошад, нотамом монда, сипас, ба воситаи истифодаи  матни пасикадрӣ муаллиф дар бораи дигар дастовардҳо хабар дод.

Беҳтарин ҷузъи ин гузориш баромади корманди «Тоҷикстандарт» буд, ки бо мисолҳои назаррас аҳолиро барои сарфа намудани барқ даъват намуд. Масалан, Файзалӣ Шодмонзода таъкид намуд, ки агар дар хона асбобҳои асосии барқии маиширо аз ноқилҳо ҷудо намуда хомӯш намоем, дар як моҳ ба ҳисоби миёна то 48 кВт/соат, дар як сол 580 кВт/соатро метавонем сарфа намоем.

Гузориши навбатии Маҳмадалии Сафар ба баланд бардоштани сатҳи таҳсилот бахшида шуда, аз забони ҳамсуҳбатон таъкид гардид, ки бидуни донистани забон ва истифода аз технологияҳои муосир ин кор ғайримумкин аст.  Дар робита бо ин, дар бораи низоми таҳсилот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд гузориши Равзалӣ Амон низ пешниҳод гардид.

Дар бораи дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон бошад, Абдурозиқи Азиз дар гузоришаш иттилоъ дод. Ӯ дар мисоли чанд иншооти соҳаи тандурустӣ, аз қабили Маркази перинаталии ш. Бохтар,  Маркази стоматологии вилояти Хатлон, маркази ташхиси тиббии «Шоира» ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Гулистону Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён,  ки соли гузашта сохта ба истифода дода шуданд, дар бораи дастрасии мардуми деҳот ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ иттилоъ дод.

Гузориши охири барнома аз вилояти Кӯҳистони Бадахшон буда, онро муаллиф Тоҷиниссои Файзуллобек ба шуғли аҳолӣ бахшид. Бояд зикр намоем, ки чанде пеш дар ин мавзуъ айнан аз ин вилоят гузориши дигаре низ пешкаш шуда буд.

https://dushanbe.tj/

Дар гузориш, ки бештар  характери ҳисоботиро дошт зикр гардид, ки дар зерсохторҳои Агентии шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли гузашта 77 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор гардиданд ва дар умум, дар вилоят 1200 ҷои кори холӣ мавҷуд будааст. Бино бар гуфтаи мутасаддиён, дар вилоят беш аз 8 ҳазор нафар корҷӯён ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора беш аз 3 ҳазорашонро занҳо ташкил медиҳанд ва 4 ҳазор нафар соҳиби ҷои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ гардиданд. Дар курсҳои касбомӯзӣ 785 нафар шаҳрвандони бекор омӯзонда шуда, соҳибкасб гардиданд.

Хеле натиҷаҳои назаррас, аммо аз чӣ бошад, як мақоли русӣ ба хотир меояд: «Если все так хорошо, то почему так плохо?» (Агар ҳама хуб бошад, пас чаро ин қадар бад аст?)

 «Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Барнома аз ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз шуд. Пас аз он гузориши Ширинҷон Сафарзода  аз Минтақаи озоди иқтисодии шаҳри Кӯлоб пешниҳод гардид. Дар он дурнамои рушди саноат дар минтақаи мазкур дар мисоли фаъолияти ду корхонаи навтаъсис – ҶДММ «Тоҷик Алмос», ки бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ва «Кӯлобагросаноат», ки наботу равғану намаки ошӣ истеҳсол менамоянд, пешкаш гардид.

Дар гузориши дигар, ки ба истихроҷи ангишт дар кишвар бахшида шуда буд  иттилоъ дода шуд, ки тайи 11 моҳи соли гузашта дар 14 кон беш аз 2 миллион тонна ангишт истеҳсол гардид ва мутахассисони соҳа афзуданд, ки агар корҳо ҳамин хел рафтан гиранд, дар оянда 26 кон ба кор медарояд, ки метавонад ҳаҷми истихроҷи ангиштро ду баробар зиёд гардонад. Барои содирот бошад, дар назар аст, ки коркарди саноатии ангиштро ба роҳ монда, намуди кокс ва антраситро истеҳсол намоем.

Бояд зикр намуд, ки ин дафъа дар барнома ду гузориши  проблемавӣ пешниҳод гардид. Яке дар бораи вазъи муассисаҳои касбӣ-техникӣ, аз ҷумла, ба зимистонгузаронӣ омода набудани литсеи касбии дӯзандагии ш. Душанбе намоиш дода шуд, ки ба таври кофӣ шишабандӣ  нашуда, ба болои ин, аз шабакаи гармидиҳӣ маҳрум аст ва таҳсилкунандагон, ки ағлаб духтаронанд (284 нафар), маҷбуранд дар шароити нохуб машғулият гузаронанд.  Яке аз омӯзгорони литсей бошад, дар гузориш боифтихор мегӯяд, ки  «руҳи духтаронро ҳеч чиз шикаста наметавонад, онҳо ба хунукӣ нигоҳ накарда, дар дарсҳо фаъолона иштирок мекунанд».

https://dushanbe.tj/

Мушкилоти аз кор баромадани заминҳои обиро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон журналист Низомиддин Исоев  хуб таҳлил намуд. Дар гузориш  бо истифодаи тавозуни андеша  намояндагони мақомоти маҳаллӣ, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва деҳқонон баромад намуда, проблемаи сол аз сол шуршавии заминҳо ва аз ин сабаб кам шудани ҳосилро дар хоҷагиҳои худ баррасӣ намуданд. Муаллиф тавонист ба воситаи матлаби пешниҳоднамудааш (инчунин ба воситаи стендап аз заминҳои ба ботлоқзор табдилёфта, ки дар натиҷаи сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо пайдо шудаанд)  паҳлӯҳои гуногуни масъалаи ҷойдошта ва ҳалталаб будани он, инчунин,  зарурати пешгирӣ намудани ин ҳолатро дар заминҳои корами дигар манотиқи кишвар нишон дода тавонад.  Бе муҳобот, ин беҳтарин гузориши ҳафта буд.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Барнома ин маротиб бе салому дуруди   барандаи доимии он оғоз шуда, дар аввал тариқи сатри равон фармони президенти кишвар дар бораи баланд намудани ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои мухталифро хонда доданд, сипас аз ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати шаҳри Душанбе гузориши муфассал пешниҳод гардид.

Бахши гузоришҳои расмӣ бо ин тамом нашуда, пас аз он, 10 январ бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардидани ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти вилояти Хатлон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 хабар дода шуд.

Гузориши мазкур низ характери ҳисоботӣ дошта, асосан бо хонда додани матни пасикадрӣ ва намоиш додани иштирокчиёни ҷаласа бе истифодаи порчаҳои синхронӣ барои тақвияти фактҳо пешниҳод гардид. Шарҳи телевизионии Раҳматулло Мирзозода ба  рушди иқтисоди кишвар дар солҳои соҳибистиқлоли бахшида шуда, аз умумигӯйиҳо эмин набуд. Асосан муаллиф  шумораи корхонаҳои наву ҷойҳои кориву ҳаҷми лоиҳаҳои сармоягузориро ёдовар шуда, таҳлил дар маводи пешниҳодкардааш хеле кам буд.

Шарҳи дигар, ки муаллифаш Ҳофизи Маҳмадалӣ аст, атрофи истеҳсоли энергияи сабз ва афзалияти соҳа барои оянда сурат гирифт. Ӯ дар оянда қабул шудани Стратегияи рушди иқтисоди сабзро дар кишвар муҳим арзёбӣ намуда, доир ба шароити мусоиди табиии кишвар ва истифодаи қувваи шамол ва нерӯи офтоб барои истеҳсоли энергияи барои муҳити атроф бетаъсир гап зад.

Сипас, гузориши Иброҳими Неъмат дар бораи рӯзҳои охир зиёд шудани гирифторони бемории шадиди роҳҳои нафас пешниҳод гардид, ки дар он табибон атрофи бемории мавсимӣ будани зуком  ва муолиҷаи он тавсияҳо доданд.

Гузориши охир ба мавзуъи зарари истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ бахшида шуда, дар ин маврид коршиносони «доимии» барнома – номзади илми тиб Ҳаким Қурбонзода ва табиб Ҷовид Шамсиддинов баромад намуда, тамошобинонро ҳушдор доданд, ки аз истифодаи барзиёди ин асбобҳо худдорӣ намоянд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ