ДомойНақди РасонаӣҶашни Сада дар Хуҷанд ва стендап дар киштзор. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта...

Ҷашни Сада дар Хуҷанд ва стендап дар киштзор. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизиони Тоҷикистон аз 6 то 13 феврал

Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои хабарии ҷамъбастӣ гузоришҳоро асосан аз сафари кории президент ба вилояти Суғд пешкаши бинандагон гардонданд. Аммо дар муқоиса бо гузоришҳои расмии қаблӣ ин маротиба дигаргуниҳои назаррас дар танзими барнома ба чашм расиданд. Гузоришгарон лаҳзаҳои ҷудогонаи сафарро интихоб намуда, кӯшиш карданд, ки маълумотҳоро мубрам ва мушаххас пешниҳод намоянд.  Ба андешаи мо чунин дигаргунӣ ба фоидаи кор аст. Муфассал дар ин ҷо бихонед.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Таҷлили ҷашни Сада, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи  чанд иншооти маъмурию иҷтимоӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва 7 корхонаи саноатӣ бо пешниҳоди 250 ҷойи нави корӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун – ин буд рузномаи сафари кории сарвари давлат, ки 8-10 феврал дар вилояти Суғд сурат гирифт.

Чун ҳарвақта дигар дар наворҳо пешвозгириҳои тулониву шеърхонии кӯдакон ба таври синхрон дида намешуд, ҳарчанд гузоришҳо баромадҳои синхронӣ ва лаҳзаҳои сурудхонӣ доштанд, онҳо кам истифода шуданд.

Дар оғоз гуфта шуд, ки сарвари давлат аз ҳолу аҳволи ятимон хабар гирифта, ба онҳо туҳфаҳо ва либоси гарм тақдим намуданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Сипас, дар бораи ифтитоҳи корхонаҳои ҷудогона гузоришҳои алоҳида накарда, дар умум онҳоро номбар намуданд ва дар мавриди лозимӣ аз он ҷо порчаҳои наворҳоро пешниҳод намуданд, ки ин ҳам як дигаргунии назаррас буд ва наздик ба қолабшиканист. Чунки пештар  ҳар гузориш аз хонда додани таърихи рӯзу ҷумлаҳои шаблонӣ оғоз мешуд.

Аз рафти гузориш фаҳмида шуд, ки сарвари давлат корхонаи истеҳсоли мехҳои печони ҶДММ “Нуртез”,  корхонаи заргарии «Зари Суғд», корхонаи «Ганҷофар»-ро  дар шаҳри Бӯстон,  дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, корхонаи “Тоҷир пласт”ва корхонаи мебелбарории «Ситораи Суғд»-ро ифтитоҳ намуда, дар мавзеи Сомғор хатти оби полезии корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”, сипас  дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хатти оби полезӣ дар «Боғи миллии Ваҳдат»-ро кушода, рӯзи дигараш дар ҳамин мавзеъ, дар фестивал-намоиши чорвои хушзоти калону хурд аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд иштирок карданд.

Дар наворҳо чанд нафар иштирокчиёни фестивал-намоиш баромад намуда, дар бораи дастовардҳои соҳаи хеш маълумот доданд, ки ин ҳам нишонрас буд. Мутаассифона, зернависи (титр) ҳамсуҳбатон набуд ва маълум нашуд, ки онҳо аз кадом корхона ё ноҳия омадаанд.

Дар шаҳрҳои Гулистону Хуҷанд бошад,  бо иштироки президент чанд бинои нави маъмурии муассисаҳои давлатӣ ва хизматрасонӣ, инчунин корхонаҳои «Ширеши Тоҷик» ва ҳасиббарории  “Толиб Дадабоев» (Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”) ба истифода дода шуда,  намоиши корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

10 феврал президенти муҳтарам  дар тантанаҳои ҷашни Сада дар Хуҷанд иштирок карда, аз намоиши ниҳоли дарахтон ва тухмиҳои босифат дидан карданд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Меҳмони олиқадрро ҳунармандон ва дар ҷои дигар занони ҳалвопаз бо сурудхонӣ самимона пешвоз гирифта, ин лаҳзаҳо тариқи синхрон намоиш дода шуд.

Дар анҷоми гузориш порчае аз суҳбати президент дар назди иштирокчиёни намоишро нишон доданд. Сарвари давлат таҷлили чор иди миллии аҷдодиро дар чаҳор фасли сол номбар намуда, пос доштани расму оинҳои мардумиро таъкид карданд.

Баъди анҷоми бахши расмӣ гузориш дар бораи истифодаи мақсадноки замин дар хоҷагиҳои ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон пешниҳод гардид.  Дар наворҳо аз саҳро ва гармхонаҳо одамон сухан ронда, роҷеъ ба фаъолияташон нақл карданд.  Муаллиф Таваралии Соҳибназар чанд намуди корҳои саҳроӣ, инчунин парвариши чорвои хонагиро низ дар як гузориш «ғунҷонд».

Камбудии сужет аз ҷиҳати техникӣ ин буд, ки ҳангоми истифодаи стендап, наворбардор журналистро аз плани дур гирифт. Аввал гумон кардан мумкин буд, ки шахси дар кадр пайдошуда деҳқон аст ва вақте ки навор наздик карда шуд, маълум гардид, ки дар кадр журналист аст ва чизе мегӯяд.

Дар бораи амалишавии барномаи миёнамуҳлати  Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон  шарҳи телевизионии Зулфия Раҳимзода пешниҳод гардид.

Хуб аст, ки муаллиф ба ин мавзӯи актуалӣ таваҷҷуҳ намуда, дар матлабаш бо истифода аз баромадҳои ҳамсуҳбат – номзади илми  иқтисод Баҳром Сафаров  чанд нуктаи муҳими барномаи мазкурро барои тамошобин маънидод намуд. Аммо дар ин маврид низ чун дар гузориши боло камбудии техникӣ дар ороиши мавод буд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Шарҳи телевизионӣ аз навори нишон додани худи  ҳуҷҷат, яъне Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар иборат буда, дар аввал онро ба шакли китоб, сонӣ варақгардон намудани ҳар саҳифааш ва баъдан тариқи сатри равон (бегущая строка)  пешниҳод намуда, тули хондани матни пасикадрӣ пурра чунин манзараро намоиш доданд.  Вақте ки мумкин буд, ин лаҳзаҳоро, ки сухан дар бораи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мерафт, бо наворҳо аз корхонаҳои гуногуни иқтисодӣ пур намуд. Дар анҷом маводро бо навори шаҳри Душанбе, ки тариқи коптер (дрон) гирифта шудааст, ороиш доданд.

Муаллифи дигар Хуршедаи Наҷмиддин  дар бобати ғизои солим барои организми инсон бо табиб Рустам Қурбонализода ҳамсуҳбат шуд, ки тавсияҳои у маъмулӣ буданду ягон чизи нави барои тамошобин шавқманд надоштанд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Дар ин барнома низ гузоришро  аз сафари президенти кишвар ба вилояти Суғд пахш намуданд, ки дар ҳама шабакаҳо як хел пешниҳод гардид.

Баъди ин баранда аз мулоқоти  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко, пас аз ин, аз мулоқоти Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе бо фармондеҳи навтаъйини Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Ковилин ва дар анҷом, аз иштироки ӯ дар  Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ: об моро муттаҳид мекунад», ки 11 феврал бо ташаббуси Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) дар ҳамкорӣ бо якчанд кишварҳои узви СММ, аз ҷумла Тоҷикистон дар шакли маҷозӣ доир шуд, хабар дода, тариқи экран дар бораи ин мулоқотҳо наворҳои камро пешниҳод намуданду аксари матнро худи баранда хонда дод.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Хабар дода шуд, ки Раиси Маҷлиси миллӣ аз пешбарии масъалаи баробарии гендерӣ дар ҳошияи Раванди оби Душанбе гуфта, ба алоқамандии масъалаҳои об ва гендерӣ таваҷҷуҳ намуд.

Инчунин, қайд гардид, ки дар назар аст, моҳи июни соли равон дар Душанбе,  Форуми махсус доир ба занон ва об дар доираи Конфронси дувуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баргузор гардад.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо» 

Бахши расмии ин барнома низ аз гузоришҳои сафари кории президент ба вилояти Суғд ва мулоқоти Раиси Маҷлиси Миллии кишвар бо роҳбарони намояндагиҳои дар боло зикршуда иборат буд.

Гузориши худи барнома  ба фаъолияти корхонаи таҷрибавӣ-истеҳсолии «Сабзкорӣ», ки дар гармхонаҳои он гул парвариш карда мешавад, бахшида шуда буд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Муаллиф Илҳом Ализода бо шиму костюми фасон ва гарданбанд байни растаҳои гул гашта, тубаки гул дар даст ҳосили меҳнати занони гулкорро муаррифӣ намуд. Иқдоми хуб, аммо либоси номувофиқ тасвирро хароб мекард. Дар ин саҳна бинанда номувофиқат ва саҳнасозиро эҳсос мекард.

Дар байни ҳамсуҳбатон (мутахассиси гулпарвар Ҳидоят Азимова, директори корхона Шариф Шеров ва гулпарвар Нигина Раҳимова) беҳтарин суханонро корманди қаторӣ гуфт. Ӯ дар назди микрофон озодона суҳбат намуда, дар бораи тартиби гулшинонӣ ва  нозукиҳои кораш хеле хуб ва содда нақл  кард.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ