ДомойНақди РасонаӣДавраи ҳассос ва либоспушии тоҷикона. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии...

Давраи ҳассос ва либоспушии тоҷикона. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизиони Тоҷикистон аз 27 феврал то 6 март

Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои хабарии ҷамъбастӣ чанд гузориши расмӣ ва таҳлили иди бонувонро баррасӣ намуданд. Ин маротиба дар бораи сулҳу субот ва амнияти кишвар зиёдтар андешаронӣ намуданду ишора карданд, ки давраи ҳозира ҳассос аст, аммо руирост нагуфтанд барои чӣ. Шарҳи хабарҳоро муфассалтар ин ҷо бихонед.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Барнома аз гузоришҳои расмӣ оғоз ёфт, ки дар умум на камтар аз 20 дақиқаи эфирро фаро гирифтанд. Дар гузориши аввал дар бораи 28 феврал  баргузор гардидани маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти кишвар хабар дода шуд. Чун ҳарвақта муаллифони гузориш ҳангоми омода намудани мавод ҳар ҷузъиёти чорабиниро то пурра ном гирифтани лоҳњаҳои қонунҳои кишвар номбар намуданд, ки ба муҳокимаи иштирокчиёни маҷлис гузошта шуд.

2 март бошад, дар Қасри миллат президенти кишвар аз 12 сафири нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуд ва дар ин бора низ гузориш пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки сафирони нави Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Арабии Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Салтанати Уммон,  Исроил, Подшоҳии Белгия, Ҷумҳурии Австрия, Подшоҳии Норвегия, Руминия, Ордени Мухтори Малта ва Канада ба фаъолият оғоз намуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориш ишора гардид, ки сарвари давлат оид ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки дар чунин шароити ҳассос ҳамраъйиву ҳамкории самараноки байналмилалӣ ва таҳкими усули ҳусни тафоҳум дар муносибатҳои байни давлатҳо ҳамчун омили калидии устуворнокии ҷомеаи ҷаҳонӣ пешорӯи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятии глобалӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад. Аммо дар баробари ин, номи амалиёти рузҳои охир аз ҷониби  Русия дар Укроин зикр нашуд. Дар маводи баъдина доир ба мавзӯи сулҳу субот низ ишораҳо шуданд, аммо худи мавзуъ баррасӣ нагашт.

Гузориши саввум ба сафари  расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Озарбойҷон бахшида шуда, ба шакли муфассал пешниҳод гардид.  Дар аввал истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Боку ва президенти Озарбойҷон мулоқот намудану зиёрат кардани оромгоҳи Роҳбари умумимиллии кишвар Ҳайдар Алиев ва зиёрат аз гулгашти шаҳидони Озарбойҷону мулоқот намудан бо раиси парламенти Озарбойҷон Сахиба Гафарова намоиш дода шуданд. Дар идомаи сафари расмӣ дар Озарбойҷон Рустами Эмомалӣ ва ҳамроҳонаш аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал оварда, ҳамчунин ба Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев ташриф оварданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пас аз анҷоми гузоришҳои расмӣ шореҳи сиёсӣ Зафар Қаюмзода аз студия баромад намуда дар масъалаи оромию амният бо таърихшинос Давлатшо Маҳмудов суҳбат орост. Маънии суҳбати эшон дар атрофи зиракии сиёсӣ ва ҳушёр будан дар «давраи ҳассос» буд, аммо ягон ҳамсуҳбат аниқ нагуфт, ки умуман кадом вазъият дар назар дошта шудааст.

Ростӣ, суханони мусоҳиб чунон пухта набуданд ва ў зиёд умумигуйӣ намуду дар баъзе ҳолат ҷумлаҳои  побарҳаво дошт. Масалан, ҷумлаи «миллати мо миллати бедор ва доимо дар пешгоҳи илму маърифат буд ва чунин фаҳмиши муъҷизаофари худро, чунин ҷаҳонбинии оламшумули худро миллати мо дар ҳама давру замон сармашқи кори худ гардонд» чи маъно дошт, номафҳум монд. Оё фаҳмиш муъҷизаофар мешавад?

Шореҳ бошад, ба «вазъи ҷаҳони тағйирёбанда ва пешгуйинашаванда» ишора карда зикр намуд, ки «зарур аст ҳар шаҳрванди мо бо дониши қавӣ 30 соли таърихии давлатдориро ба инобат гирифта ба хотири ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ камари мустаҳкам ва қадами устувор ба пеш гузорад. Ҳич як қувваи хориҷӣ наметавонад миллати моро сукут бубахшад», аммо то охир маълум нашуд, ки журналист кӣ ва чӣ ҳолатро дар назар дорад, оё мо дар арафаи ҷанг қарор дорем? Давоми мавзуъ – дар шарҳи навбатии Иброҳим Нарзуллозода дар бораи ҳисси миллӣ ва худшиносӣ пешниҳод гардид.

Ҳангоми хондани матни пасикадрӣ аз чи бошад, дар наворҳо зиёдтар одамони дар кучаву хиёбонҳо равуодоштаро намоиш доданд, ки ба мавзуъ тавъам набуд.

Дар бораи кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои вилояти Суғд гузориши Равзалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки чун ҳарвақта чанд мавзуъро дар як гузориш ҷо намуда, дар оғоз дар бораи гулпарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сипас аз хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳияи Мастчоҳ ва дар анҷом рунамоии техникаи кишоварзиро дар Ашт намоиш доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Худойдоди Раҷаб бошад, дар ноҳияҳои Кушониён ва Хуросони вилояти Хатлон якҷоя бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ мустаҳкам намудани соњҳили дарёи Вахш ва қитъаҳои осебпазирро аз ҷониби сокинони маҳаллӣ намоиш дод. Гузориш аз ҷиҳати техникӣ хуб буд, чунки наворҳо гуногунранг буданд. Аммо аҷоиботи кор дар он аст, ки дар навор на танҳо стендапи муаллиф, балки якҷоя бо ҳамсуҳбат ва наворбардор дар кадр  нишон доданд. Ин гуна муаррифӣ намудани гуруҳи наворгирӣ як навъи навоварӣ дар телевизион бошад?

Дар интиҳои барнома шарҳи телевизионии Нуриддини Қурбон дар бораи ҳаҷми савдои Тоҷикистон берун аз кишвар муаррифӣ гардид. Муаллиф иброз дошт, ки соли гузашта кишварамон ба маблағи умумии беш аз 2 млрд сомони маҳсулоти  гуногунро  ба хориҷа содир намуд, ки нисбат ба соли 2020 51% зиёд аст.

 «Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Сафиначиён низ се гузориши расмии дар боло номбаршударо пешниҳод намуда, пас аз он силсилагузоришҳоро аз чорабиниҳои идона ба муносибати Рӯзи модар аз ташкилоту муассисаҳои кишвар, аз он ҷумла, Агентии назорати молиявӣ ва коррупсия, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия ва Раёсати қушунҳои сарҳадии КДАМ пешкаш намуданд.

Гузоришҳои дигар аз чорабиниҳои идона бахшида ба иди бонувон аз донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон пешкаши бинандагон гардид.

Хуршед Тоҳиров мавзӯи оғози кишти баҳор ва муоинаи техникаи кишоварзиро дар Ҳисор пешниҳод намуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориши охир Ширинҷон Сафарзода дар бораи дар ноҳияи Левакант баргузор гардидани маъракаи «Биёед, тоҷикона мепушем» нақл намуд, ки давоми чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати иди бонувон аст.

«Бояд бонувон урфу одат ва анъанаҳои миллиро гиромӣ дошта, аз пушидани либоси ба халқи тоҷик бегона дурӣ ҷӯянд», — иброз дошт мутасаддии чорабинӣ аз мақомоти маҳаллӣ, ки худ дар тан либоси духти аврупоӣ дошт.

 «Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Ин шабака низ се гузориши аввалро ба маҷлиси  Ҳукумати кишвар, пазироии 12 сафири нав дар Тоҷикистон ва сафари расмии Рустами Эмомалӣ  ба Озарбойҷон бахшида, сипас дар мавзӯи омодагӣ ба дохилшавии довталабон ба донишгоҳҳои кишвар аз вилояти Сғуд мавод пешниҳод намуд.

Дар гузориши мазкур 6 нафар мусоҳиб баромад намуда, дар бораи дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен фаъолият намудани нуктаҳои бақайдгирии довталабон барои дохил шудан тариқи Марказҳои миллии тестӣ хабар доданд.

Ҳангоми суҳбат намояндаи яке аз мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз дошт, ки барои баланд бардоштани  сатҳи дониши хонандагон  чор компютер аз ҷониби хатмкунандагон, 2 компютер аз ҳисоби буҷети шуъбаи маориф ва як тахтаи электронӣ аз  ҷониби волидайн харидорӣ шудааст, аммо муаллифи гузориш як бор напурсид, ки дар асоси кадом дастур хонандагон бояд барои таълимгоҳ техника харанд.

Умуман, масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф зиёд аст ва дастандаркорони барномаҳои телевизиониро лозим аст, ки на танҳо мавзуъро ишора, балки роҳҳои  ҳалли онро низ пешниҳод намоянд. Чунки ин яке аз асолати муҳими кори журналистӣ аст.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ