ДомойХудомӯзРӯзноманигорон чӣ гуна бояд забони филми муосирро бифаҳманд?

Рӯзноманигорон чӣ гуна бояд забони филми муосирро бифаҳманд?

То ибтидои солҳои 1960-ум синамо як ҷунбиши пешрафта маҳсуб мешуд, ки дониши элитаҳоро ироа мекард. Баъдтар ин санъат мавқеи дигар касб кард ва забонашро тағйир дод. Дар ҷаласаи кушод дар чаҳорчӯби севумин MediaCAMP Eduton 2022 дар Осиёи Марказӣ коршиноси филми рус Камил Ахметов дар бораи чӣ гуна фаҳмидани он ва чӣ гуна будани синамои муосир сухан гуфт. «Новый репортёр» аз ин сессия мухимтарин тезисҳоро навишт.

Санъат ва ҷаззобият

Дарки ин нукта муҳим аст, ки имрӯз замона хеле тағйир ёфтааст. Мо дар даврони постмодернизм зиндагӣ дорем. Нишонаҳои постмодернизм:

  • истифодаи шаклҳои тайёр;
  • маргиналӣ будан;
  • ирония;
  • синтетикӣ (маснуъӣ) будан;
  • бозӣ.

Замона низ дигар шуд ва аз он чӣ ки дар асри 20 буд фарқ мекунад. Бо сабаби ҳамаи чизҳое, ки дар асри гузашта рух дод, аз ҷумла ду ҷанги ҷаҳонӣ, инчунин пайдоиши силоҳи ҳастаӣ ва майдони иттилоотӣ. Пештар одамон ба воситаи рӯзномаҳо маълумот мегирифтанд ва ба воситаи онҳо тамоми мамлакатро ба тарафи ҷанг ва ё ба шӯриш кашидан мумкин буд. Дар асри 20 радио пайдо шуд ва паҳн кардани иттилоот осонтар мешавад. Баъд телевизион пайдо мешавад ва паҳн кардани иттилоот боз ҳам осонтар мегардад.

Аммо ҳар қадар иттилоот осонтар паҳн шавад, ҳамон қадар зудтар он қобили эътимод намешавад. Ин фарҳангро хеле тағйир медиҳад ва боиси нобоварӣ мегардад ба он чӣ дар майдони иттилоот рӯй медиҳад. Ва муносибати байни истеъмолкунанда ва тасвиргар тағйир меёбад. То ибтидои солҳои 60-ум санъат ва синамо ҷунбишҳои пешрафта маҳсуб мешуданд, ки дониши элитаро ироа медиҳанд, аммо аз солҳои 70, 80 ва 90-ум санъат ба мавқеъи дигар гузашт — он бояд фароғатӣ (саргармкунанда) бошад. Мо ҳатто кушиш намекунем чунин нишон диҳем, ки мо маҳсули санъат хастем. Филм аз экран ҳоло бо бинанда суҳбат мекунад. Одамон пас аз ду ҷанги ҷаҳонӣ танҳо ба худашон бовар мекунанд. Онҳо танҳо он меъёрҳои ахлоқиро муқаррар мекунанд, ки худашон имконпазир мешуморанд.

Масалан, ҳатто дар филмҳои ҷангӣ дар замони гузашта куштори шахс дар экран ҳолати душворе қабул карда мешуд, ки бинанда онро аз сар мегузаронад. Имрӯз, куштор дар филм — ин дилхушӣ аст. Ҷомеа аз ҷиҳати ахлоқӣ аз рӯйдодҳои атроф ҳифз шудааст. Гап дар он нест, ки ҳама чиз бад шудааст,  танҳо ҳама чиз дигар шудааст. Санъати муосири давраи постмодернӣ чунин аст. Аз нишон додани чизҳои даҳшатноку ҷанҷолӣ ва аз хандидан ба онҳо наметарсад. Аз дилхушӣ ва ҷаззобият дур шудан ғайриимкон аст.

Реализм

Аммо санъати мустақили муосир, ки дар студияҳои хурд сурат мегирад, ба сӯи реализм ҳаракат мекунад. Реализм он чизест, ки аксари одамонро ба ҳаяҷон меорад. Агар дар экран ҳаёти ситораи ҳақиқӣ нишон дода шавад, ин реализм нест, зеро ҳаёти ситораҳо аз ҳаёти аксарият фарқ мекунад. Реализм бо одамони оддӣ ва бо масъалаҳои онҳо, ки хеле тезу тунд ва ба аксарият фаҳмост, сару кор дорад. Масалан, филми русию қазоқии «Айка» мисоли дурахшони реализм аст: ин ҳаёти одамони оддиест, ки ба ҳадди ниҳоӣ расидааст.

Чунин филмҳо бисёр сохта мешаванд ва дар фестивалҳои бузурги байналмилалӣ ба онҳо баҳои баланд медиҳанд.

Умуман, ҳар 10-15-20 сол бозгашт ба воқеият ба амал меояд. Ҳар як давраи тиллоӣ бо дилгир шудани тамошобин ва бозгашт ба реализм ба анҷом мерасад. Он дар солҳои 30-юми баъд аз филмҳои бесадо ва пас аз солҳои 60-ум буд, ки асри тиллоии Ҳолливуд ба охир расид. Ва ҳоло ҳам ин чиз рӯй медиҳад: одамон аз давраи блокбастерҳо ба реализм мегузаранд.

Реализми нав

Аммо реализм набояд сахту маҳкам бошад, синамои реалистӣ метавонад каме кинояомез бошад. Дар синамои муосир рӯйкардҳои ҷолиб ба реализм вуҷуд доранд. Филми «Дар бораи ҷисм ва рӯҳ» («О теле и душе») филмест дар бораи одамони воқеӣ, ки дар корхонаи гӯшт кор мекунанд, аммо ду қаҳрамон шабона як хоб мебинанд ва дар он хобҳо ҳамдигарро. Аммо дар шакли оҳу. Ва ин ҳам реализм аст.

Чунин ба назар мерасад, ки дар комиксҳо ҳеҷ гуна реализм вуҷуд надорад, аммо филми «Ҷокер» вуҷуд дорад, ки онро бо ҷуръат ба реализм нисбат додан мумкин аст. Тамоми филмҳои якутӣ, сарфи назар аз мифология дар онҳо, намунаи реализми нав мебошанд. Инчунин, реализм метавонад масал бошад, масалан, наққошиҳои Андрей Звягинтсев.

Забони синамо ба куҷо меравад?

Ҷаҳон бесарусомонтар мешавад ва ин дар санъат инъикос меёбад ва дар синамо композитсияи ғайрихаттӣ пайдо мешавад. Масалан, филми «Криминальное чтиво» (“Романи ҷиноӣ”). Зимнан, ин такрори сохтори филми «Оина»-и Андрей Тарковский аст. Дар соли 1974 ӯ як системаи ҳикояи бесарусомонеро, ки ба монанди мағзи сари инсон кор мекунад, ихтироъ кард, зеро мо дар як вақт дар бораи гузашта, ҳозир ва оянда фикр мекунем.

Мисолхои дигар низ хастанд — драматургияи реверсивӣ дар филми Кристофер Нолан «Дар хотир дошта бош» («Помни») ва филми Гаспард Ное «Баргузаштнопазир» («Необратимость»).

Ҷараёни нави замон

Аммо вақте ки режиссёрҳо бо ҷараёни вақт кор мекунанд, таҷрибаҳои ҷасуронатаре вуҷуд доранд. Ҳамон Кристофер Нолан достони ҷанги Дункеркро ба кумаки се достони мувозӣ нақл кардааст ҳолон ки онҳо дар ҷадвали замонии гуногун сурат мегиранд: яке — дар давоми як ҳафта, дигаре — дар давоми як рӯз ва сеюмӣ — дар давоми як соат. Ин барои бинандаҳо фаҳмидани онро душвор намегардонад.

Кӯшиши ба вуҷуд овардани сохти ҳикояи комилан бесарусомон, ки ба тафаккури инсон мувофиқ бошад, дида мешавад — ин филми Ален Реснаис «Соли гузашта дар Мариенбад» («В прошлом году в Мариенбаде») аст. Дар ин ҷо на ибтидо ҳаст ва на интиҳо, ҳама чиз печида аст. Аз рӯи ин сохтор корҳои навтаре ҳам вуҷуд доранд: филми  Кристоффер Боэ “Азнавсозӣ” («Реконструкция»), сохтаи Дэвид Линч “Империяи дохилӣ” («Внутренняя империя») ва филми Денис Вилнев “Расидан” («Прибытие»).

Воқеияти бозсозишаванда

Ҷаҳон ҳамчун матн аст. Зери мафҳуми “матн” ҳама чиз, ҳама гуна маҷмӯи образҳо ва сохторҳо фаҳмида мешавад. Тасвиргар дунёро ҳамчун пойгоҳи додаҳо (база данных) мебинад, ки аз он сохтани ҳар чизе мумкин аст. Филмҳои ба воқеият асосёфта, ки онро каси дигар барои қаҳрамон сохтааст. Масалан, филмҳои Дэвид Финчер «Ҳафт»(«Семь»), «Бозй» («Игра»), «Нопадидшуда» («Исчезнувшая»). Дар онҳо қаҳрамонҳои асосӣ дар воқеият вуҷуд доштанд, ки персонажҳои дигар барои онҳо офарида шудаанд.

Намоиши кори шуур

Дунё хамчун хаёл, инъикоси кори шуури инсонӣ ва сохтани сюжет дар ин бора. Масалан, филми «Гравитатсия»(«Гравитация») ё «Марди паранда» («Бёрдмен») аз рӯи ҳамин принсип сохта шудааст.

Скринлайф

Дунё мисли ман аст. Худро ҳамчун намояндаи асосии ин ҷаҳон қабул кунед. Равандҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ин консепсия мувофиқат мекунанд. Масалан, филмҳои Тимур Бекмамбетов дар сабки скринлайф ба ин консепсия комилан мувофиқанд. Фақат фаҳмидан зарур аст, ки ин тарз (приём) нав нест, он кайҳо пеш аз он вақте ки филмҳои псевдоҳуҷҷатӣ сохта мешуданд, сар шуда буд. Дар шакли муосири худ филми псевдоҳуҷҷатӣ аз ҷониби Орсон Уэллс ихтироъ шуда буд. Ӯ дар солҳои 70-ум филми “Қалбакӣ” («Фальшивка»)-ро дар истиораи смартфонҳои муосир ба навор гирифт: ҳамаи меҳмонон як шом наворбардорӣ карданд ва сипас ҳар кас саргузашти худро намоиш дод.

Ҳилаҳои манъшуда

Тарзи хеле ҷолиби инкишофи драматургия ин рад кардани қоидаҳои асосии он мебошад. Тамоми драматургияи муосир ин рад кардани қоидаҳост. Драматургияи аслӣ аз як ҳикояи дорои як қаҳрамони асосӣ иборат буд. Акнун ин қоида дигар шудааст.

Техникаи дигар ин рад кардани зарурати шарҳ додани чизест. Масалан, филми «Сузан»(«Игла»)-и Рашид Нугмонов ва ё филми «Шуълавар»(«Пылающий»)-и Ли Чхан-Дун.

Ва охирин техникаи мамнӯъ ин ривояти контекстӣ мебошад. Филми «Саят-Нова», ки режиссёри он Сергей Параҷанов мебошад, аз саҳнаҳои статикӣ иборат буд, ки кариб ду соат давом мекунанд ва дар он ҳеҷ чиз шарҳ дода намешавад ва агар шумо кӣ будани Саят-Новаро нафаҳмед, чизеро намефаҳмед. Драматургия ба мо таълим медихад, ки ҳар як филм аз экспозитсия (намоиш), шарҳу эзоҳи кӣ будани қаҳрамони асосӣ, дар чӣ дунёе зиндагӣ мекунад, ҳарифи ӯ кист иборат аст, аммо дар филми муосир коҳиш додани экспозитсия одат шудааст. Он гоҳ қадами навбатӣ — рад кардани намоишгоҳ имконпазир аст, маҳз ба гунае ки филми «Худо будан душвор аст» («Трудно быть богом») танзим шудааст. Агар шумо китобро нахонда бошед, шумо ҳеҷ чизро намефаҳмед. Ё филми “Боре дар Ҳолливуд” («Однажды в Голливуде»): агар шумо достони Поланскиро намедонед, пас филм барои шумо маъное нахоҳад дошт.

Ҳамин тариқ, синамои муосир аз бинанда донишу огоҳӣ талаб мекунад. Одамоне, ки дар ҷаҳони имрӯза тавассути таҳлил ва муқоиса гирифтани донишро қатъ мекунанд, тавассути Google наҷот нахоҳанд ёфт.

Лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мешавад.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ