Хабари асосии ҳафтаи сипаришуда – сафари расмии президенти кишвар ба давлати Миср буд, ки тариқи гузориши муфассал дар шабакаҳои телевизионӣ пешниҳод гардид. Дар баробари ин, ба «сафиначиён» муяссар шуд, ки дар бораи фаъолияти Рустами Эмомалӣ тайи ҳафтаи сипаришуда нақл намуда, инчунин як матлаби проблемавиро дар бораи баста шудани корхонаҳои нави саноатӣ дар Бохтар пешкаши бинандагон гардонанд.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Барнома пурра ба сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Арабии Миср, ки 9-11 март баргузор гардид, бахшида шуд. Гузориши муфассал қариб 2 соат давом кард.
Дар наворҳо истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира аз ҷониби намояндагони воломақоми Ҳукумати Миср нишон дода шуд. Сипас наворҳо аз боздиди корхонаҳои саноатии дорусозӣ ва истеҳсоли матои ҷинс аз тарафи ҳайати расмии Тоҷикистон пешкаш шуданд. Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ сарвари давлат инчунин бо роҳбарони ширкати дорусозии мисрӣ доир ба рушди ҳамкорӣ, имконияту захираҳои табии Тоҷикистон, аз ҷумла, гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар суҳбат кард.
Сипас, сарвари давлат аз осорхонаи миллии тамаддуни Миср боздид ба амал оварда, намоишгоҳи 20 мумияҳои подшоҳиро тамошо намуд.
Овози пасикадрӣ ҳангоми номбар намудани номи подшоҳон, аз қабили Тутмоси III ва малика Хатшепсут дармонда, онҳоро базӯр ва шикаста талаффуз кард. Пас, саволе ба миён меояд: оё зарур аст ҳангоми пахши гузориши расмӣ ҳар як ҷузъиёти сафарро номбар намуд?
Дар доираи сафар президенти Тоҷикистон бо президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ мулоқоти хоса намуд ва дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Миср ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар иштирок кард.
Аз гузориш маълум гардид, ки ҷонибҳо дар самтҳои соҳаҳои мухталифи иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, коммуникатсия, сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ қарордод бастанд.
Гуфта шуд, ки дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон Абдулфаттоҳ Ас-Сисиро бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуд, ки аз ҷониби мизбон бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҷумҳурии Арабии Миср Мустафо Мадбулӣ ва бо раиси Сенати ин кишвар Абдулваҳҳоб Абдуррозиқ мулоқот намуда, пас аз он ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф овард ва он ҷо ба унвони «доктори фахрӣ” мушарраф гардид. Сарвари давлат дар доираи сафар инчунин аз пойтахти нави маъмурӣ — маркази ояндаи Мисри Араб боздид ба амал оварда, пас аз он ба ватан баргашт.
Бояд зикр намоем, ки барномаи «Ҳафт рӯз»-и шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» низ айнан ҳамин гузориши муфассалро ба тамошобинон пешкаш намуд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Ин барнома низ блоки хабарҳои расмиро аз сафари президент ба Мисри Араб оғоз намуда, сипас тамошобинонро бо рафти иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шинос намуд, ки таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи пойтахт Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Дар рӯзномаи кори иҷлосия асосан масъалаи маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе ва нақшаи чорабиниҳо доир ба ниҳолшинонию сабзкорӣ, шинонидани гулҳои садбарг дар мавсими баҳорӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима гардиданд.
Баъди ин гузорише аз вилояти Хатлон пешниҳод гардид, ки аз рӯи мавзуъ рӯзмарра ва диданӣ буд. Муаллифи гузориш Қурбоналӣ Қурбонов масъалаи баста шудани корхонаҳои нави саноатиро дар шаҳри Бохтар инъикос намуда, изҳор дошт, ки аз 111 иншооти саноатии солҳои охир фаъолият кардаистода, аз он ҷумла, 7 адад коргоҳи нави саноатии ба шарофати 30-солагии Истиқлолияти кишвар ифтитоҳшуда, айни ҳол 5 корхона аз фаъолият боз монда, 13-тои дигар бинобар надоштани фармоишгар муваққатан баста шудаанд.
Барои мисол муаллиф аз бинои холии корхонаи дӯзандагии «Меҳровар» дидан намуда, тариқи стендап нишон дод, ки айни замон ҳамагӣ як сехи корхона фаъолият дораду халос. Роҳбарони корхона изҳор доштанд, ки аз сабаби надоштани фармоишгарон онҳо маҷбуранд миқдори зиёди кормандони худро ба рухсатии бепардохт ҷавоб диҳанду корхонаро муваққатан банданд.
Роҳбари корхонаи собунбарории ҶДММ «Соабзон» Аловиддин Салоҳиддинов бошад, иброз дошт, ки сабаби баста шудани корхонаи вай қиммат шудани нархи ашёи хом ва дар оғози кор пастсифат будани маҳсулот мебошад. Бо вуҷуди барои корхона сарф намудани 2,5 млн сомонӣ, соҳибкор иброз намуд, ки собунпазӣ маблағи калонро барои гардиш талаб мекунад ва ӯ маҷбур шуд, ки корхонаро муваққатан бандад.
Собиқ соҳибкори бохтарӣ Юлдошалӣ Ҷӯраев ва соҳибкори дигар, ки аз нишон додани рӯяш худдорӣ кард, иброз доштанд, ки сабаби қатъ шудани корхонаҳои саноатӣ пеш аз ҳама, зиёд шудани миқдори санҷишҳои ғайринақшавии вазорату идораҳои гуногун мебошад.
«Мо бе ин ҳам андозу дигар пардохтҳоро сари вақт месупорем, аммо намояндагони идораҳои дахлдор сари чанд вақт омада, бо баҳонаҳои зиёд санҷишҳо гузаронда, ба фаъолияти корхона халал мерасонанд», — иброз дошт яке аз соҳибкорон.
Ҳамин омилҳо сабаб шуду имсол ба буҷети шаҳри Бохтар, ба гуфтаи масъулини бахши саноат ва савдои ҳукумати шаҳр, 7 миллион сомонӣ камтар маблағ ворид гардид. Оё дар чунин шароит саноатро ривоҷ додан мумкин аст? – пурсон мешавад муаллиф ва барои мисол аз суханронии президенти кишвар, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш ба Бохтар омада, бо фаъолони вилоят мулоқот намуда буд, иқтибос овард. Дар ин порчаи видеоӣ президент сабаби аз фаъолият мондани 22 корхонаро, ки 15% шумораи умумии корхонаҳои саноатии вилоятро ташкил медиҳанд, аз мақомдорон пурсон мешавад.
Ба муаллифи гузориш барои масъалагузории саривақтӣ сипос бояд гуфт. Аммо бо бардоштани мавзуъ оё мушкилот ҳалли худро меёбад — дигар тарафи масъала аст, ки аз мақомдорон посух мехоҳад.