ДомойСаводи Расонаӣ«Рақамро ёфтӣ — ҳуҷҷатро нишон бидеҳ». Дастурҳо оид ба фактчекинг аз Владимир...

«Рақамро ёфтӣ — ҳуҷҷатро нишон бидеҳ». Дастурҳо оид ба фактчекинг аз Владимир Тхорик

«Ҳар як фикр бояд зери шубҳа гузошта шавад, зеро андеша — танҳо як тахмин (фарз) аст. Ба ҷои фарзияҳо, изҳорот диҳед. Ва барои ҳар як изҳорот бояд тасдиқ вуҷуд дошта бошад. Ин қоидаи асосии санҷиши фактҳо аст», — гуфт рӯзноманигор-муҳаққиқ Владимир Тхорик аз кишвари Молдова, муҳаррири(редактори) RISE Moldova (мушаххасшуда ба  журналистикаи таҳқиқотӣ).

Рӯзноманигор-муҳаққиқ Владимир Тхорик

Чӣ тавр ба санҷиши фактчекингӣ омода шудан мумкин аст?

Санҷиши фактҳо аксари вақтҳо чӣ гуна аст? Қадами 1. Супориш ба хабарнигор. Қадами 2. Хабарнигор хабари тайёрро меорад. Қадами 3. Муҳаррир таҳрир мекунад, баррасӣ мекунад, дар ҳоле ки бисёр фактҳо (ному насабҳо, номи ширкат, рақамҳо) ба виҷдони рӯзноманигор ҳаволашуда мемонад. Дар воқеияти муосир, барои ба ҳадди ақал расонидан хатарҳо (рискҳо), ҳар як муаллиф вазифадор аст, ки пеш аз интишор (монтаж) таҳқиқоти худро барои санҷиш ба фактчекер супорад.

Омода кардани далелҳо аз ибтидои кори хабарнигор бар рӯи таҳқиқот оғоз мешавад. Ҳангоми омода кардани мавод ростқавлӣ, возеҳӣ ва дақиқият муҳим аст. Хабарнигор худро пешакӣ ба ин саволҳо тайёр мекунад: мо инро аз куҷо медонем? Далели ин факт чист? Ин ҳодиса ё воқеа кай рӯй дод?

Рақамро ёфтӣҳуҷҷатро нишон бидеҳ. Муҳосибаро анҷом додӣметодикаи муҳосиба ва ҳуҷҷатро нишон бидеҳ.

Фактчекер дар таҳқиқот дақиқан чиро месанҷад?

Ному насабҳо. Агар дар имло номувофиқатӣ вуҷуд дошта бошад, тавсия дода мешавад аз имлои истифодашуда дар ҳуҷҷате, ки шахси дар бораи ӯ навишташаванда, онро имзо кардааст ва ё дар манбаъҳои расмӣ нишон дода шудааст, истифода шавад. Санаҳо. Нишониҳо.

ЗаминаИ КОНТЕКСТ ҳам бояд санҷида шавад. «Факти ба ҳама маълум» нест ва «Он чизе, ки ҳама медонанд» вуҷуд надорад.

Ҳам хабарнигор ва ҳам фактчекер ба ҷузъиёт диққат медиҳанд. Ҳар қадаре, ки онҳо дар матн хатоҳои бештар пайдо кунанд, эҳтимоли нодуруст будани ин иттилоот зиёд мешавад. Факте вуҷуд надорад, ки санҷидани он лозим набошад! Яке аз қоидаҳои OCCRP ин аст, ки «Агар мо наметавонем ҷузъиёти хурдро дуруст бифаҳмем, чӣ гуна метавонем интизор шавем, ки касе моро ба он ҷое бирасонад, ки мо мушкилоти ҷиддиеро ҳал кунем?»

Сарчашмаҳои иттилоот метавонанд инҳо бошанд: шаҳодатномаи таваллуд; шаҳодатномаҳои ақди никоҳ; қайдҳои судӣ, ки маъмулан одат ва муносибатҳои шахсии айбдоршавандаҳо, ҷабрдидагон ва шоҳидонро нишон медиҳанд; шаҳодати судӣ; иқрор шудани худи субъект. Инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ, мусоҳибаҳо ва шарҳҳо (коментарияҳо).

Гоҳе лозим мешавад ба чашмони худ ҳам бовар накунед.

Харитаҳо, инфографика ва видеоҳо низ бояд санҷида шаванд. Дастурҳои муфассалро дар бораи чӣ гуна санҷидани видеоҳо метавонед дар ин линк пайдо кунед. Ҳамчунин филтерҳои санҷиши иловагӣ мавҷуданд: ҷустуҷӯи манбаи аслӣ; тарафи муқобил (дуюм); тасдиқи маълумот аз якчанд манбаъҳои мустақил.

Чӣ тавр бо иқтибосҳо кор кардан мумкин аст?

Ҳама иқтибосҳо бояд тавассути пешниҳоди аудио, видео, ҳуҷҷатҳо, паёмҳо аз сайтҳои расмӣ, принт-скрини почтаи электронӣ ба фактчекер исбот карда шаванд. Ҳамаи мусоҳибаҳо/шарҳҳо як дақиқа пеш ва як дақиқа пас аз иқтибос, ки бояд дар ҳикоя бошад, навишта мешаванд. Агар иқтибос тарҷума шуда бошад, пас тарҷума бояд дақиқ бошад.

Чӣ тавр ба дигар расонаҳо линк додан  мумкин аст?

Дар расонаи дигар «исботҳо»-ро дидӣдубора исбот кун.

Мо ба расонаҳои дигар дар ин ҳолатҳо такя мекунем: мусоҳибаҳои видеоӣ; шарикони расонаӣ, ки далелҳоро нашр кардаанд; шарҳи аудиоӣ аз расонаҳои шарик.

Чӣ гуна бояд далелҳоро пешниҳод кард?

Сурат (бо нишон додани муаллиф ё манбаъ) — дар як папка; ҳуҷҷатҳо — дар дуюм; аудио (видео) — дар сеюм. Тавсия мешавад, ки бо як калима ё ибора, ба лотинӣ имзо кунед: President-Avtobus-1. Тавсия дода мешавад, ки беперсонализатсияи маълумоти шахсӣ дар ҳуҷҷатҳо танҳо пас аз санҷиши фактҳо  анҷом дода шавад. Аз санҷиш гузашт? Нусхаро беперсонализатсия кунед!

Матн бояд линк ба далелҳоро дошта бошад. Ҳуҷҷатҳо ва матн (скрипти таҳқиқоти видеоӣ) тавассути Google Docs ва Google Drive боргузорӣ карда мешаванд, линкҳо ба фактчекер фиристода мешаванд.

Баъд аз инсуҳбати шахсӣ бо факТчекер.

Пас аз тафтиши пешакии матн аз ҷониби фактчекер, ӯ бо рӯзноманигор тавассути Skype (ё мессенҷери дигар) тамос мегирад. Дар суҳбат саволҳои мавҷуда оид ба далелҳои баёншуда муҳокима ва равшан карда мешаванд.

Ин тавсияҳо дар асоси суханронии Владимир Тхорик дар омӯзиши (тренинги) Мактаби журналистикаи таҳқиқотӣ таҳия шудааст, ки дар доираи барномаҳои MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ