ДомойНақди РасонаӣДунёи дучархаҳо ва пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои...

Дунёи дучархаҳо ва пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон аз 20 то 27 март

Ҳафтаи сипаришуда ҷашнҳои наврӯзӣ ҷараён дошта, инчунин дар пойтахти кишвар бори аввал Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баргузор гардид, ки беш аз 400 меҳмон аз 27 кишвари дунёро бо ҳам овард. Дар бораи авҷи мавсими гулҳо, хушзоткунии чорво ва рушди саноат низ гузориш пешниҳод шуд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Барнома аз маводи телевизионии шореҳи бахши сиёсӣ Фатҳидини Замон дар мавзӯи нақши Наврӯзи байналмилалӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ оғоз шуд. Сарсухани ровии барнома дар бораи ҷашни Наврӯз тулонӣ буд, ба болои ин муаллифи шарҳ дар бораи асолати Наврӯз ҳамчун ид дурудароз гап зада, бо истифода аз ҳамсуҳбатон – олимону коршиносон дар бораи мақоми ин ҷашни қадимаи тоҷикон нақл намуд.

«Мо ифтихор дорем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ин ҷашни бузурги аҷдодиамонро умри дубора бахшида, ба сатҳи байналмилалӣ расонида, мақоми онро таъмин кардем ва ин ойини деринаи ниёгонамонро ҳар сол дар саросари мамлакат ҷашн мегирем», — иброз намуд шореҳ.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ростӣ, дар ин мавзуъ баромад намудани ровии барнома, ки аксар маврид бо овози воҳимаангези ғулғуладор дар мавриди масоили сиёсӣ баромад мекунад,  ғайричашмдошт буд.

Дар гузориши дигар дар бораи дар Душанбе бори аввал баргузор гардидани чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ нақл намуданд, ки дар он беш аз 400 нафар аз 27 давлати дунё ширкат варзид.

Дар наворҳо тарзи гузаронидани сабқатро намоиш дода, дар суҳбат меҳмонон доир ба  сатҳи баланди баргузор гардидани чорабинӣ нақл намуданд.

Шарҳи телевизионии Равзалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд бахшида шуда, дар рафти он чанд нафар аз масъулини сатҳи мақомоту худи корхонаҳо дар бораи дастовардҳои соҳа нақл намуданд.

Бояд зикр намуд, ки ду мақомдор – Осиф Шарифзода, мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи МИҲД-и вилояти Суғд ва Ҳомид Усмонов, сардори КВД «Корхонаи гӯшту шири вилояти Суғд» ҳамчун коршиносони доимӣ анқариб дар ҳама гузоришҳои бахши иқтисодӣ баромад мекунанд, гӯйё навбатдор бошанд. Мебоист дар гузоришҳои минбаъда муаллиф кӯшиш намояд, ки симоҳои нав — коршиносони дигари соҳаро даъват намояд.

Аз вилояти Хатлон гузоришҳо дар мавзӯи рушди соҳаҳои чорводорӣ ва сайёҳӣ дар вилояти Бадахшон пешниҳод гардиданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Журналист Тоҷинисои Файзуллобек доир ба ҳифзи ҳайвоноти нодири кӯҳистон, масалан бузи кӯҳии морхур, ки саршумораш дар соли равон то 400 сар расидааст,  хабар дода, сипас, бо истифода аз суҳбати сайёҳони хориҷӣ ва масъулини соҳа дар ноҳияи Дарвоз роҷеъ ба рушди сайёҳии экологӣ нақл намуд. Хориҷиён аз тамошои табиати зинда ва мушоҳида аз болои ҳайвоноти нодир як дунё таассурот бардоштанд.

Мавзӯи шарҳи навбатӣ ба  ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи об бахшида шуда, дар анҷом  доир ба моҳияти озмуни мусиқии ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман» гузориш пешниҳод гардид.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ«Сафина»

Дар оғози барнома баранда дар бораи баргузор гардидани  ҷашни Наврӯз бо иштироки президенти кишвар дар вилояти Хатлон иттилоъ дода, сипас гузориш аз мулоқоти  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар пешниҳод шуд.

Дар мулоқот масоили марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардида, барои макони чорабинии муҳими варзишии минтақа – чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе изҳори сипос карда шуд. Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод кард, ки барои муаррифӣ ва рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон солҳои оянда мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ гузаронида шавад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баъди ин, аз баргузории худи чемпионат гузориш пешниҳод гардид. Хабар дода шуд, ки дар он беш аз 400 нафар аз 27 давлати дунё ширкат меварзанд. Дар ин қатор дар масофаи то 24 километр байни мардони то 23 сола аз Тоҷикистон Раҳимҷон Аминов иштирок намуда, мутаассифона, сазовори ҷойи охир гардид. Муаллифи гузориш қайд намуд, ки он рӯз Қазоқистон сазовори ду медали тилло гардида, Ӯзбекистон медали зарринро соҳиб шуд. Аммо барои мо барин тамошобинон номуайян монд, ки тиллову заррин оё синоним нестанд ва агар синоним бошанд, пас  дар чунин маврид оё истифода бурдани он дуруст аст?

Гузориши навбатӣ аз вилояти Бадахшон ба ҳамоиши тантанавие, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гардид, бахшида шуда буд. Ростӣ, баъди чанд моҳ  қатъ шудани интиқоли интернет аз вазъи сокинони вилоят бехабар будем ва дар гузориш бо либоси идона ба ҷашнгирии Наврӯз омадани онҳоро дида, як каме хурсанд ҳам шудем.

Тантанаҳои наврӯзӣ дар минтақаи Кӯлоб низ ҷараён гирифта, бо шукуҳу шаҳомат ва бо оростани дастархони идона таҷлил гардид. Чорабинии идона бо иштироки меҳмонони олиқадр аз Ҳукумати кишвар баргузор шуда, зимни мулоқот дар чанд деҳа иншооти нави маишиву иҷтимоӣ ба кор даромад.

Гузориши Шаҳлои Аҳмадхон ба фаъолияти корхонаи «Ресандаи Хатлон» дар ноҳияи Кушониён бахшида шуда буд. Ӯ дар матлаби омоданамудаи хеш ҷараёни корро дар ин иншоот нишон додааст.  Бино бар гуфтаи муовини директор Комил Солеҳҷонзода корхонаи мазкур дар як сол 650 тонна ришта истеҳсол мекунад, ки 90% он ба берун аз кишвар содир мешавад.

Хабарнигор дар стендап бо либоси махсус баромад намуда, ҷараёни корро дар таҷҳизоти ресандагӣ муаррифӣ кард ва бояд зикр намуд, ки гузоришаш рангин ва ҷолиб буд, чунки дар он динамика, ҳаракат зиёд мушоҳида мешавад.

Гузориши дигари барнома ба маҳсулоти корхонаи  ҶДММ «Баракат – Исфара» бахшида шуда буд, ки бо коркарди мева ва хушкмева ба хориҷи кишвар машғул аст.

Иттилоъ дода шуд, ки «Баракат-Исфара» яке аз корхонаҳои муваффақ буда, маҳсулоташ асосан ба минтақаҳои Русия содир мегардад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Қаҳрамони гузориши навбатии Ширинҷон Сафарзода соҳибкори ботаҷриба Сафармад Гадоев аз шаҳри Кӯлоб аст, ки бо парвариши кучати сабзавот дар миқёси 2 га замин машғул аст. Ин хабарнигор низ дар гузориш тариқи стендап баромад намуд, аммо дар байни гармхона бо шиму гарданбанд нишастанаш чандон мувофиқ набуд. Беҳтараш дар чунин ҳолат умуман аз нишон додани  хабарнигор дар кадр бояд худдорӣ намуд.

Ва дар анҷоми барнома доир ба парвариши гулҳои мавсимӣ боз як гузориши Шаҳлои Аҳмадхон аз шаҳри Бохтар пешниҳод гардид.

 «Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Дар гузориши аввал дар бораи мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо президенти Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё пешниҳод шуд. Тули гузориш наворҳоро на танҳо аз ҷойи мулоқот, балки аз баргузории чемпионати Осиё доир ба велосипедронӣ, ки аз 25 то 30 март дар шаҳри Душанбе баргузор шуда истодааст, намоиш доданд. Ин гуна танзими наворҳо ҷолибтар мебошад, чунки муҳтавои онро бой ва диданӣ мекунад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузоришҳои дигар ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ —  сохтмони роҳҳои Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии об, ки 22 март таҷлил мегардад, хушзоткунии чорво дар кишвар ва ба рушди инфрасохтори деҳот дар ноҳияи Спитамен бахшида шуда, асосан характери шаблонӣ доштанд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ