ДомойНақди РасонаӣБа дунболи президент дар вилояти Суғд. Шарҳи хабарҳои муҳимтарини ҳафта дар шабакаҳои...

Ба дунболи президент дар вилояти Суғд. Шарҳи хабарҳои муҳимтарини ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон аз 10 то 17 апрел

Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳама шабакаҳо силсилагузориши муфассали расмии беш аз дусоатаро аз сафари кории сарвари давлат ба шаҳри Исфара пешниҳод намуданд. Дар ин рӯз чандин иншооти таъйиноташон гуногун ифтитоҳ гардида, ду мулоқоти президентро бо намояндагони мақомоту фаъолони Исфара, пасонтар бо фаъолони вилояти Суғд намоиш доданд. Дастовардҳои иктисодии ин минтақаи наздисарҳадиро он рӯз бисёр нишон доданд, дар бораи муносибат бо кишвари ҳамсоя ва роҳҳои ҳалли низоъҳо танҳо дар баромади сарвари давлат гуфта шуд. Президент таъкид намуд, ки мушкилоти хати сархад танҳо бо роҳи гуфтушунид бояд ҳал гардад.

Дар ҳама расонаҳои давлатӣ

Дар доираи сафари кории президент Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз 14 то 17 апрел сурат гирифт,  17 апрел (рӯзи нашри барномаҳои ҷамъбастӣ) сарвари давлат дар шаҳри Исфара як қатор корхонаю иншооти иҷтимоиро ифтитоҳ намуд. Ҳамаи ин дар гузориши муфассал тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ, аз он ҷумла, дар барномаҳои ҷамъбастии «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон»),  «Навид» (ТВ «Сафина») ва «Ҳафт рӯз» (ТВ «Ҷаҳоннамо»)  тӯли беш аз 2 соат нашр шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Тавре дар бархе шарҳҳои пештара ҳам зикр кардем, барномаҳои ҷамбастии ҳафтагии шабакаҳои телевизионии ишорашуда дар аксари маврид мавқеъ, дидгоҳ ва назари таҳлилии худро доир ба рухдодҳои як ҳафтаи ахир надоранд. Хусусан дар нашри хабарҳои расмии марбут ба раисҷумҳури Тоҷикистон. Ҳамаи он гузоришҳоеро, ки Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон омода мекунад ин шабакаҳо нашр мекунанд, ҳол он ки дида мешавад теъдоди зиёде аз рӯзноманигорони ин шабакаҳо дар сафарҳо президентро ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки нашри як гузориш бо садоҳои якхела, кадрҳову манзараҳову матнҳои якхела дар шабакаҳои гуногун чӣ маъно дорад.

Дар гузоришҳои ин ҳафтаи телевизионҳо ҳам дида мешуд, ки ҳангоми гирифтани назари мусоҳибадиҳандагон микрофони шабакаи «Тоҷикистон» истодааст, вале гузориш аз “Ҷаҳоннамо” ё “Сафина” нашр мешавад.

Бояд зикр намуд, ки барои тамошобин тибқи муқаррароти меъёрҳои журналистикаи байналмилалӣ набудани ҳаққи интихоб ба он оварда мерасонад, ки ҳуқуқҳои ӯ поймол мегардад. Дар гузоришҳои ҳафтаии ин бори телевизионҳо, бештар рафти ҳодиса ва рухдодҳо дар қолаби гузориш (репортаж) пешниҳод шуда, таҳлил ва нигориши ҳаводис ва мавзуъҳо дида намешуд.

Маълумот зиёд буд, таҳлил не

Он рӯз ба хотири татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳи дузандагии «Зебо»,  коргоҳҳои пойафзолбарории «Базеб» ва «Исфара Саманд», маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи «Ширин», коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии «Баракат-Исфара», кӯдакистони хусусии «Шаҳноз», корхонаи иқтидорҳои калони коркарди ашёи хоми конҳои канданиҳои фоиданок ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ «Тамохуш», мактаби байналмилалии «Контакт», бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Исфара ва майдони Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ба 50 нафар ятими кулл аз шаҳрҳои Исфараю Конибодом, тӯҳфаҳо тақдим шуд ва бо роҳбарону фаъолон ва аҳли маорифи шаҳри Исфара мулоқот доир шуд. Ҳамаи гузоришҳо аз рӯйи қолаби омода таҳия шуда, характери итилоотӣ-ҳисоботи доштанд ва таҳлили мавзуъ  мушоҳида нашуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҳоло он ки аз рӯйи таҷрибаи барномаҳои ҷамъбастии ҳафта дар телевизионҳо, шореҳи барнома рухдодҳои муҳимтарин ва ё мавзуъҳои ҷолиби ҳафтаро дар барнома ба баҳсу баррасӣ ва ҳатто риштаи таҳлил мекашад. Аммо барномаҳои ҳафтагӣ ин бор бо гузоришҳои расмӣ аз сафари президент ба охир расида, ҳаводиси дигари муҳими ҳафта дар канор монданд.

Масалан, дар ин гузоришҳо иттилоъ дода шуд, ки дар мамлакат дар ду моҳи аввали сол 17 корхона наздики 133 ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол намуданд, аз ин шумора ҳаҷми истеҳсоли пойафзол дар вилояти Суғд 46 ҳазор ҷуфтро ташкил медиҳад. Аммо журналистон аз чӣ бошад, нишон дода натавонистанд, ки оё ин маҳсулоти ватанӣ рақобатпазир аст ё не? Оё он дар бозору мағозаҳо фурӯхта мешавад? Агар бале, пас бо ду-се харидор суҳбат кардан лозим мешавад. Нуқтаи назари коршинос, мутахассис бояд доир ба сифат ва кайфияти маҳсулот гуфта шавад.

Дар ин замина шореҳ метавонист ҳаҷми воридоти пойафзол ба кишварро муайян кунад ва ба таҳлили ин нукта бипардозад, ки то куҷо имкони нисф кардани воридоти пойафзол дар асоси истеҳсолоти худӣ вуҷуд дорад. Аммо дар ин гузориш шореҳи барномаи ҳафтаӣ гузориши хабариро мехонаду ба ин паҳлӯҳои мавзуъ аслан коре надорад.

Ё дар гузориш аз корхонаи «Тамохуш», ки  давоми беш аз ҳафт даҳсола ба коркарди металҳои камёфт ва нодир махсус гардонида шудааст ва дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз ду корхонаҳои нодир ҳисоб мешуд, як гузориши хеле хубу нишонрас дар бораи гузаштаву имрӯзи корхона кардан мумкин буд. Аммо телевизионҳо ба нашри гузоришҳои иттилоотӣ қаноат карданду “ман”-и худро дар инъикоси мавзуъ нишон надоданд.

Масъалаи дигар, истифодаи синхронҳо дар гузоришхо мебошад. Асосан, ҳангоми пахши гузоришҳои расмӣ ду намуди синхрон истифода мешавад: баромадҳои худи ҷаноби президент ва шеъргӯйии кӯдакон. Дар ин нашри барнома низ ҳангоми ифтитоҳи боғчаи кӯдакон, мактабу майдони Парчами миллӣ баромади кӯдакон ба таври синхрон намоиш дода шуд.

Шукргузорӣ зиёд буду масъалагузорӣ не

Яке аз мушкилоти калони гузоришҳои расмии телевизион, ки ба як меъёри нонавишта табдил шудааст, ин лозиму нолозим ишора кардан ба хидматҳои раисҷумҳур, хусусан дар гузоришҳо аз сафарҳои сарвари давлат ба ин ё он минтақаи кишвар аст.

Дар гузоришҳо мусоҳибон, асосан аз сарвари давлат сипосгузорӣ намуданд ва дар гузоришҳо ҳам аксаран ҳамин гуна назарҳо ва баромадҳои сокинон нишон дода мешавад. Инро ҳангоми баромади чанд ҷавони ятим дар меҳмонхонаи «Ширин» дидан мумкин буд. Баромади мусоҳибон аз чӣ бошад, сохта  ба назар мерасид. Яке аз духтаракон ваъда дод, ки маълумоти олӣ гирифта, содиқона ба ватан хидмат менамояд. Чунин оҳанг ва руҳия дар баромади ширкаткунандагони мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва аҳли маорифи шаҳр низ ҷо дошт. Баромадкунандагон фақат шукргузорӣ намуданду аз мушкилоти ҷомеа ҳарфе назаданд. Маънии баромадҳои Суруриддин Зиёвидинзода, муовини раиси шаҳри Исфара ва Гулафзо Ҷӯраева, муовини шуъбаи ХХДТ  дар Исфара ҳангоми ифтитоҳи бинои ҳизб низ чунин буд. Гузоришгар ҳатто талош мекунад, ки барои зиёд якранг нашудани гузориш, назари дигар ё фикри дигаргунатари сокинони ҳамон минтақаро нишон диҳад. Аз ин рӯ, ин шеваи гузоришгарӣ матлабро бисёр қолабӣ, якранг ва дилгиркунанда мекунад.

Аз чиҳати техникӣ бошад, инро бояд таъкид намуд, ки ҳангоми намоиш додани иншоот аксар вақт барои сарфаи вақт онҳоро пешакӣ ба навор мегиранд. Дар мавриди кушодани мактаби «Контакт» чунин манзара ҷо дошт ва толору синфхонаҳо холӣ буданд ва эътимоди тамошобинро ба воқеият кам  мекунанд. Илова бар ин, чанд ҷойи иншоотро зери садои мусиқии наздик ба роликҳои рекламавии  бе матн тӯли чанд дақиқа пахш намуданд.

Дар бораи мусоҳибон инчунин бояд зикр намуд, ки дар баъзе ҳолат онҳо аз меъер зиёд  буданд. Масалан, дар гузориш аз мактаби «Контакт» панҷ нафар омӯзгор баромад намуданд, ки ғайри якто, чор нафари дигар хориҷиҳо буданд. Саволе ба миён меояд, зарурати истифодаи ҳамаи мусоҳибон, ки муҳтавои баромадашон қариб як хел аст, дар як сужет дар чист?

Дар қисмати дигари барнома, гузориши хабарнигори «Тоҷикистон» Садриддини Сироҷиддин аз коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар ноҳияи Айнӣ нишон доданд. Ин корхонаро ҳам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафари ҳафтаи гузаштааш ба вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ боз карда буд. Бояд зикр намуд, ки маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур тариқи онлайн сурат гирифт: сарвари давлат иншоотро аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва раиси раёсати ширкати ТВЕА Чжан Син аз шаҳри Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври рамзӣ тугмаи ба кор андохтани корхонаро пахш намуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баъдтар муаллифи гузориш, бо стендап аз худи коргоҳ, ҳангоми гаштугузор  байни таҷҳизот дар навор пайдо шуд

Гузориши муфассал бо машварати кории президент бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд анҷом ёфт.

Пас аз ин, гузориши хабарнигор Маҳмуд Аҳмадзода дар бораи ифтитоҳи чанд бинои маъмурии шаҳри Исфара, аз он ҷумла, бинои Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, синфхонаҳои иловагӣ дар мактабу майдончаи варзишии деҳаи Сурх ва коргоҳи дӯзандагӣ дар Чоркӯҳ  пешниҳод гардид. Дар наворҳо чанд нафар аз сокинон баромад карда, аз сарвари давлат миннатдорӣ намуданд. Ин иншооте буданд, ки дар доираи сафари кории сарвари давлат ба Исфара бояд расми кушодашавиашон баргузор мегардид, аммо ба далели тангии вақт ё далелҳои дигар Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросимҳо ширкат карда натавонист.

Аз як манбаъ омода ва дар чанд шабакаи телевизионӣ нашру бознашр шудани  гузоришҳо, шояд ҳадафи ниҳоие дорад. Ин гузоришҳо дар шабакаҳои давлатии маҳаллӣ, аз қабили  Тв “Суғд”, ТВ “Хатлон”, ТВ “Кӯлоб” ва ТВ “Бадахшон” низ намоиш дода мешаванд. Чизи қобили мулоҳиза ин аст, ки ҳеч шабакае манбаи асосии гузоришро нишон намедиҳад ва ҳама онро чун мол ва матлаби худӣ пешниҳод мекунанд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ