ДомойНақди РасонаӣФоидаи биллинг дар интиқоли барқ ва талафоти шафтолуи «Чемпион». Шарҳи хабарҳои...

Фоидаи биллинг дар интиқоли барқ ва талафоти шафтолуи «Чемпион». Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон аз 3 то 10 апрел

Пас аз тамошои барномаҳои хабарии ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионӣ, як навъ якрангӣ миёни барномаҳои шабакаҳои гуногун мушоҳида мегардад. Гузоришҳои шабакаи «Тоҷикистон» тулонӣ буданд ва онҳоро як каме кӯтоҳтар намудан мумкин буд. Аксарияти гузоришҳои ин ҳафтаинаи «Сафина»-ву «Ҷаҳоннамо» бошад,  ғолибан ба соҳаи кишоварзӣ бахшида шуда, якмаром тарҳрезӣ шуда буданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»   

Бахшҳои хабарҳои расмӣ бо гузориш аз мулоқоти президенти кишвар бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили Афғонистон Томас Никлассон оғоз шуд.

Дар наворҳо сарвари давлатро бо меҳмони олиқадр дар Қасри миллат намоиш дода, хабар доданд, ки онҳо дар масъалаи вазъи имрӯзаи Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ суҳбат карданд.

Мавзӯи шарҳи телевизионии барнома ба мубориза бо ифротгароӣ бахшида шуда, дар наворҳо асосан кадрҳо аз шабакаҳои ҷаҳонӣ гирифташударо истифода намуда, умумигӯйиҳо, аз он ҷумла, дар суханронии ҳамсуҳбатон зиёд  мушоҳида мешуд.

Ба муносибати таъсиси раёсати қушунҳои дохилии ВКД-и кишвар аз маркази матбуоти ин мақомот гузоришеро пешниҳод карданд, ки характери ҳисоботӣ дошта, перомуни дастовардҳои ин сохтор дар тӯли 29 сол нақл намуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Мусоҳибон сарбозони ҷавоне буданд, ки дар ҳайати қушунҳои дохилӣ хидмат мекунанд. Онҳо хурсандона дар бораи хизмату касбомӯзии хеш нақл намуданд, аммо ба назар мерасид, ки шумораи чунин «хушбахтон» хеле кам мебошад.

Боз чун ҳафтаи  қаблӣ, шаблонизму ибораҳое ба монанди «ҷавонони бонангу номус», «бо ҳисси баланди ватандӯстӣ», «дарки масъулиятшиносӣ» ва ғайра фаровон истифода шуданд.

Шарҳи навбатии Манучеҳри Сулаймон ба ҷорӣ кардани низоми биллингӣ дар «Барқи тоҷик»  бахшида шуда, муаллиф дар бораи аҳамияти ин низоми худкори идораю ҳисоби нерӯи барқ нақл мекунад.

Дар бахши суҳбати тахассусӣ бошад, намояндаи вазорати нақлиёти кишвар Суҳроби Нурулло суханронӣ карда, ба саволҳои ровӣ посухи муфассал гуфт. Баъди ин, дар бораи сохтмони яке аз роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ Ҳулбук -Темурмалик-Кангурт Наврӯзшоҳи Азизулло гузориш дод. Дар наворҳо чанд тан аз мутахассисон дар бораи фаъолияташон нақл карданд. Худи гузориш низ муфассал буд ва аз ин рӯ саволе ба миён меояд, ки зарурати суҳбати тахассусӣ дар чӣ буд? Оё мумкин набуд, ки  яке аз ду маводро дар ҳафтаи оянда нишон диҳанд?

Дар мавзӯи сабзу хуррамгардонӣ ва ободкорӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстону Гулистон Равзалӣ Раҳмон низ гузориши муфассалеро (бо стендап) пешниҳод кард ва дар он мутассадиёни ин шаҳрҳо баромад намуда, хронометражи гузоришро ба дарозо бурданд.

Дар бобати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишти такрории замин гузориши Гулчеҳраи Саттор пешниҳод шуд. Бино бар иттилои журналист, ба ҳар сокини Тоҷикистон имрӯз танҳо 0,5 сотих замини корами обӣ рост меояд, аз ин сабаб кӯшидан лозим аст, ки ҳар ваҷаби онро оқилона истифода намоем. Бино ба гуфтаи коршиносон, дар шароити Тоҷикистони биҳиштосо бояд бештар боғдорӣ карда, ангуру меваҷот парвариш намоем ва бар ивази он аз дигар кишварҳо барои истеъмоли худӣ гандум харидорӣ кунем.

Дар бораи вазъи корхонаҳои истеҳсоли макарон бо истифодаи телеграфика дар шарҳи телевизионии навбатӣ гап заданд. Коршинос Қаюм Раҷабов дар бораи аҳамияти эълон намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ суҳбат кард.

Дар бобати сохта ба истифода додани таваллудхонаи вилоятӣ дар Хоруғ аз гузориши навбатии Тоҷинисои Файзуллобек фаҳмидем. Бино ба гуфтаи муаллиф, шароити хуби зоишгоҳ фавти модару кӯдакро дар вилоят ба маротиб паст намудааст.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Пас аз гузориши расмӣ аз мулоқоти сарвари давлат бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо, гӯянда ба қисмати гузоришҳои иқтисодӣ гузашт.

Чун дар нашрҳои қаблии барнома, гузоришгар аз корҳои созандагию ободкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлолияти Тоҷикистон сухан карда, дар наворҳо ҷараёни мумфаршкунии роҳҳоро дар Исфара намоиш доданд. Мусоҳибон асосан дар бораи корҳои иҷрошуда ҳисобот пешниҳод карданд. Муаллифи гузориш, амали роҳсозҳоро «нишони сарҷамъию якдигарфаҳмӣ дар самти ободонии диёри маҳбуб» арзёбӣ намуд, ҳарчанд онҳо вазифаи аслии худро аз рӯйи оинномаи вазифавӣ иҷро мекунанд.

Бояд зикр намоем, ки 90% маводи пешниҳоднамудаи барнома ба соҳаи кишоварзӣ  бахшида шуда, аз ҳаёти хоҷагиҳои рустоҳои мамлакат буданд.

Масалан, дар гузориш аз ноҳияи Шаҳринав дар бораи  бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи «Боғистон» сохтани бинои нави мактаб хабар доданд.

Гузориш аз ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти хоҷагиҳои пиёзу гандумкор бахшида шуда, дар матлаби Салоҳиддин Неъматов аз Данғара роҷеъ ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Хоҷа Лайло»  маълумот пешниҳод гардид. Дар наворҳо деҳқонзанонро намоиш доданд, ки либоси махсуси корӣ ба бар карда,  пояи дарахтони боғро сафед мекарданд.

Сипас аз хоҷагии  тухмипарварии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии ш. Кӯлоб хабарнигори минтақавӣ Ширинҷон Сафарзода гузориш дода, пас аз он лаҳзаҳои кишти пунбадонаро дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода бо иштироки муовини сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода намоиш доданд. Чун дар бархе аз барномаҳои гузашта ин маротиба низ барномаи хабариро ба «Кишоварз» табдил дода, агрономи хоҷагӣ ба кишоварзон дар бораи кай шинонидани пунбадона бо ҳамаи ҷузъиёташ, инчунин ҳолати мелиоративии хок муфассал  нақл карда дод.

Давоми бахши кишоварзии барнома, гузориши Хуршеди Абдуалим аз хоҷагии деҳқонии сабзавоткории «Бобои Носир»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд, ки дар он сабзавоти барвақтӣ ва қулфинай мекоранд.

Дар гузориши баъдӣ аз вилояти Суғд, вобаста ба тақдими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба аҳолии вилоят нақл намуданд. Муаллифи гузориш дар бораи аҳамияти китоб ба воситаи  қаҳрамон – устоди донишгоҳ Нодирҷон Солиҷонов нақл мекунад.

Гузориши охир ба баргузор гардидани маҳфили «Дар суҳбати адиб»  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки нависандаи машҳур Тимур Зулфиқоров бахшида шуда буд. Мутаассифона, дар матлаб аз мусоҳибон истифода накарданд, то ки аҳамияти чорабиниро махсус таъкид намоянд.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Баъди хабари мулоқоти сарвари давлат бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар масоили вазъи Афғонистон, ки аз ҷониби Хадамоти матбуотии президент матраҳ шуд, гузориши Каримҷон Амроқулзода аз Кӯлоб дар бораи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар минтақа пешниҳод гардид.

Сипас якбора қисмати хабарҳои кишоварзӣ пахш гардида, дар бораи вазъияти боғдорӣ дар вилояти Суғд  Мирзоалии Раҳмон гузориш дод. Дар матлаби ӯ мушкилоти «Боғи миллии Ваҳдат»-и  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вобаста ба обу ҳавои имсола баррасӣ гардида, қайд шуд, ки дар айни гул кардан боронгарии пай дар пай  ба гардолуд кардани дарахтон халал расонд ва гумон аст имсол боғпарварон ҳосили хуби зардолу ва шафтолу (махсусан навъи «Чемпион»-ро) ба даст оваранд. Чанд нафар кормандони боғ (мутахассис, муовини директори корхона, кишоварз) сухан карда,  ҳарфҳои якдигарро дар бораи эҳтимоли зиёди талаф ёфтани ҳосили имсола такрор намуданд.  Саволе пайдо мешавад, ин мавод барои кӣ пешниҳод мегардад? Агар барои ҳисобот нею барои мардум бошад,  пас муҳтавои онро кутоҳу ҷолиб кардан лозим аст.

Дар матлаби дигари хабарнигор Сулаймони Саид, дар бораи мақсаднок истифода намудани қитъаҳои ёрирасони наздиҳавлигӣ дар ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақл намуд.

Дар бораи баланд бардоштани ҳуқуқи занҳо ва мақоми судҳо  Ҳасан Шокирзода гузориш дод.

Матлаби дигар ба вазъи соҳаи сайёҳӣ ва дурнамои он бахшида шуда, дар қатори ҳамсуҳбатон хориҷиён ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон баромад намуда, дар мавриди роҳҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар андешаронӣ карданд.

Ва гузориши охир — дар сатҳи ибтидоӣ баргузор шудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида шуда, дар он муаллиф аз рафти озмун дар муассисаҳои вилояти Хатлон хабар дод.

Бояд зикр намоем, ки аксарияти гузоришҳои ин ҳафта ғолибан ба соҳаи кишоварзӣ бахшида шуда, якмаром тарҳрезӣ шуда буданд ва тақрибан ҳеҷ ҷолибияте надоштанд. Аз ин сабаб дар байни онҳо интихоб намудани  маводи беҳтарин ё бадтарини ҳафта маъно надошт.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ