ДомойНақди Расонаӣ«Агар зан феминист бошад, дар хона кӣ ҷомашӯӣ мекунад»: чӣ гуна рӯзноманигорон...

«Агар зан феминист бошад, дар хона кӣ ҷомашӯӣ мекунад»: чӣ гуна рӯзноманигорон ва блогерҳо доир ба феминизм дар Тоҷикистон суҳбат мекунанд

Агар дар Google калимаҳои «феминизм, Тоҷикистон»-ро ҷустуҷӯ кунед, пас сатрҳои аввали пайдошуда шуморо ба яке аз сайтҳои машҳури ҷумҳурӣ «Азия-Плюс» мебарад. Ин нашрия воқеан ба яке аз платформаҳои асосии баррасии баробарии гендерӣ ва феминизм дар солҳои охир табдил ёфтааст, дар ҳоле ки дигар манбаъҳои интернетӣ дар ин мавзуъ комилан чизе наменависанд. Ва агар  менависанд ҳам, гоҳе дар бораи он суҳбат мекунанд, ки шаҳрдории Душанбе чӣ гуна “ҳавои оташи нимаи қавии аҳолиро фурӯ нишонд” ва ё барояшон ҷолиб аст, ки оё феминистҳо кафшҳои шавҳарашонро тоза карда метавонанд?

Мунаққиди расонаии мо Нисо Расулова дар бораи он ки расонаҳои тоҷикзабон феминизмро чӣ гуна мебинанд, нақл мекунад.

Дар оғоз бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ягон ҷунбиши феминистӣ ба мисли ҳаракатҳое, ки дар Қазоқистон ва Қирғизистон фаъолият мекунанд, вуҷуд надорад. Дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои ҷамъиятие ҳастанд, ки бо проблемаҳои нобаробарии гендерӣ ба таври ҷиддӣ машғул мешаванд, вале ин фаъолият, чун қоида, ба фазои умумӣ намебарояд. Танҳо чанд нафар ошкоро худро феминист ва профеминист меноманд. Ва ҳатто онҳое, ки аслан ба таблиғи идеяҳои баробарии гендерӣ машғуланд, аксари вақтҳо феминизмро чунин рад мекунанд: «Албатта, ман феминист нестам, аммо …».

Расонаҳои маҳаллӣ яке аз минбарҳои асосии баҳс дар ин мавзуъ боқӣ мондаанд, аммо онҳо дар бораи ин мавзуъҳо хеле кам суҳбат мекунанд, зеро аксаран худи рӯзноманигорон идеяи феминизм ва баробарии гендериро надоранд. Ғайр аз ин, дар ҷумҳурӣ мутахассисоне каме ҳастанд, ки метавонанд моҳияти ин масъаларо, махсусан ба забони тоҷикӣ, шарҳ бидиҳанд. Бо вуҷуди ин, то ҳол кӯшишҳои суҳбат дар ин мавзуъ вуҷуд доранд. Ва ин ҷо аз қоидаҳои кори мунаққидони расонаҳо дур шуда, муҳтавои бахшида ба феминизмро бо иштироки худам баррасӣ мекунам, зеро аввалан, баҳси феминизм дар забони тоҷикӣ як ҳодисаи нодир аст, дувум, ин қазия хеле ошкор аст.

Инак, дар шабакаи Ютуб-и рӯзноманигор, блогер ва филмсози маъруф Далер Имомалӣ беш аз 60 ҳазор муштарӣ (ин барои Тоҷикистон нишондиҳандаи хуб аст) ва беш аз 200 навор дар мавзуъҳои мухталиф боргузорӣ шудааст. Блогер ба феминизм низ бетаваҷҷуҳӣ накарда, маро даъват кард, ки бо аудиторияи вафодораш суҳбат кунам ва маро ҳамчун феминист муаррифӣ кард. Мусоҳиба хеле ғайриоддӣ сурат мегирад, ҳатто метавон гуфт ба тарзи шӯхӣ анҷом мешуд. Аммо дар ин барнома ман коршинос нестам, меҳмонам, як “ҷонвари диданашуда”: феминисти зинда бо ному насаби тоҷикӣ. Далер аз ин раванд баръало ҳаловат мебарад ва дар интизори шарҳҳои аудитория аст, аудторияе, ки ӯро хеле дӯст медоранд ва мунтазири нашрҳояш ҳастанд. Саволҳо, ҳарчанд пешакӣ омода шуда буданд, аз феминизм хеле дуранд. Мо дар бораи зӯроварии оилавӣ ҳарф намезанем, ҳарчанд ҳар як зани дуюм дар Тоҷикистон бо он дучор мешавад, мо дар бораи он ки дар сатҳи роҳбарии кишварамон қариб занҳо нестанд, сухан намегӯем, мавзуъҳои печидаи марбут ба хушунати ноболиғонро баррасӣ намекунем, ҳарчанд танҳо дар ду соли охир дар ҷумҳурӣ чанд ҳодисаи даҳшатнок рӯй дод. Мо масъалаи бисёрзаниро, ки ҳазорон нафар занону кӯдаконро фаро гирифтааст, ба миён намегузорем. Мо дар бораи чӣ гуна будани феминистҳо дар ҳаёти ҳаррӯза гап мезанем.

— Агар зан феминист бошад, дар хона кӣ ҷомашӯӣ мекунад?- мепурсад Далер.

— Шумо аз шавҳаратон барои феминист буданатон талоқ гирифтед?, — ӯ ҷузъиёти талоқамро равшан мекунад.

-Оё тоза кардани кафшҳои шавҳарро феминизм манъ кардааст ё не?, — баранда то ҳол дар пайи пайдо кардани як сабаби «оқилона» барои ҷудо шудани ман аз ҳамсарам аст.

-Феминистҳо чӣ гуна либос мепӯшанд? — ӯ мепурсад. Эҳтимолан комилан мутмаин нест, ки феминистҳо метавонанд мисли ман дар ин вохӯрӣ маъмулӣ бошанд.

Аммо, албатта, саволҳои дигар ҳам буданд. Масалан, дар бораи дин, дар бораи он, ки оё феминизм дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки аксарияташ мусалмонанд, мувофиқ аст ё на. Суханони ман дар мавриди он ки дар Тоҷикистон стандартҳои дугона вуҷуд доранд, асоси барномаро ташкил дод ва таваҷҷуҳро комилан аз феминизм ба дин тағйир дод. Дар натиҷа сухани ман дар сарлавҳаи ин матлаб пайдо шуд: “Ҷомеаи Тоҷикистонро мусалмон намешуморам”, ки тавре интизор мерафт, эродҳои хашмгинонаи зиёдеро ба унвони ман аз аудиторияи Далер ба вуҷуд овард.

«Азия-Плюс» ва «Радиои Озодӣ»

Гурӯҳи расонаии «Азия-Плюс» бо вуҷуди ин ки на як бор барои ҳассосияти нокифояи гендерӣ мавриди интиқод қарор гирифта буд, дар пӯшиши мавзуъҳои марбут ба феминизм ҳамчунон пешсафи бозори расонаҳо маҳсуб мешавад. Ва ин боиси миннатдорӣ ва эҳтиром нагардида наметавонад. Ин нашрия ба худ иҷоза медиҳад, ки на танҳо дар як мавзӯи номаҳбуб дар Тоҷикистон ҳарф занад, балки ҳатто кӯшиши хушнудии аудиторияро надорад. Масалан, қабл аз ҷашни 8-уми марти соли ҷорӣ дар вебсайти ин нашрия матне зери унвони “Чаро 8-уми март дар бораи “бахти зан ва гул” нест?” нашр шуда буд, ки дар он рӯзноманигор андешаҳои фаъолони Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистонро дар бораи баробарии гендерӣ гирд овардааст.

Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон 8-уми мартро «Рӯзи модарон» меноманд ва ба таври оддӣ ба занон барои самимият ва муҳаббаташон ташаккур мегӯянд. Барои қисми зиёди ҷомеа фазои ин ид арзишманд аст ва аз ин рӯ, табъи мухотабонро вайрон карда, дар рӯзи 8 март дар бораи зӯроварии шаҳвонӣ, ҷисмонӣ ва иқтисодӣ алайҳи занони тоҷик суҳбат кардан як қадами хеле ҷасурона аст.

Чанде пештар, «Азия-Плюс» ҳатто дар маводи худ мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи мусоҳиби ман Далер – Ислом ва феминизмро матраҳ кард.

«Имрӯзҳо феминизми исломӣ ба як зарурат табдил ёфта истодааст, зеро қонунҳои динӣ ва худи муҳит ба ҳам мухолиф шуда истодаанд. Модаронро эҳтиром намекунанд, занҳоро мезананду тавоноиҳояшонро зери по мегузоранд, бепуштибонҳоро таҷовуз мекунанд. Дар деҳот то ҳол хондани духтарон манъ аст, онҳоро барвақт ба шавҳар медиҳанд. Аммо худи паёмбар фармудааст, ки “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй”, дар ҳоле ки ҷинсро мушаххас накардааст. Аз ҳама даҳшатнок ин дидани поймол намудани ҳуқуқи занон аз ҷониби худи занон мебошад. Ва ин ҳама дар ҷомеаи мо, ки аксари мардумаш мусалмонанд, рух медиҳад», — эътироф кард Хосият Комилова, тренер ва коршиноси соҳаи дин дар суҳбат бо «Азия Плюс».

Зимнан, “Азия-Плюс” дар ҳамин мавод аз суханони мардоне, ки худро феминист меноманд ва мавқеи худро шарҳ медиҳанд, низ истифода кардааст. Ва ин ҳам аз ҷониби пурсидашудагон як қадами хеле ҷасурона аст.

На ба ҳадде, ки лозим аст, вале ба ҳар ҳол дар бораи феминизм бахши русии “Радиои Озодӣ” ҳам суҳбат мекунад. Масалан, соли 2019 дар вебсайти ин расона матне дар бораи чӣ гуна рушд кардани феминизм дар Осиёи Марказӣ нашр шуд. Чун анъана, дар пасманзари кишварҳое, ки аз нигоҳи ҷунбиши феминистӣ рушд кардаанд, аз қабили Қирғизистон ва Қазоқистон, Тоҷикистон ба назар хира ба назар мерасид, аммо рӯзноманигорон ва коршиносони онҳо то ҳол тавонистаанд тамоюлҳои мусбатро пайдо кунанд.

«Муваффақияти хеле бузурги ҳаракати занон он буд, ки соли 2013 Қонуни ҶТ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила қабул карда шуд. Дар байни ҳамаи кишварҳои минтақа бори аввал дар кишвари мо чунин қонун қабул карда шуд. Механизмҳои татбиқи ин қонун чандон заъифанд, вале бо вуҷуди ин вуҷуд дорад” — гуфт Зулайхо Усмонова, коршиноси масоили гендерӣ ва тасмими ҳукумат дар соли 2015 дар бораи то 18-солагӣ боло бурдани синни издивоҷи духтаронро ба дастовардҳои ҷунбиши занон марбут донист ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки чӣ гуна маҳз занон таваҷҷуҳи мақомоти шаҳрро ба ҳалли мушкили озори хиёбонӣ ҷалб кардаанд, ки бидуни истисно тамоми занони Тоҷикистон бо он рӯбарӯ ҳастанд.

«Sputnik Тоҷикистон» ва «Лиму Медиа»

Нашрияи русие, ки дар бозори ҷумҳурӣ фаъолият мекунад, «Sputnik Тоҷикистон» низ дар бораи феминизм менависад. Боз ҳам ин мавзуъ ҳарчанд хеле кам бардошта мешавад, аммо ба ҳар сурат бардошта мешавад. Масалан, охирин маводи муфассал дар бораи феминизм соли 2019 мебошад. Дар он хабарнигор ба фаъоли маҳаллӣ Юлия Петрова саволҳо медиҳад, аммо қабл аз оғози мусоҳиба вай ҳамчунин аз озори хиёбонӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври ошкор баҳсу таваҷҷуҳи мақомоти пойтахти Тоҷикистонро ба худ ҷалб кардааст, ёдовар мешавад.

«Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳимояти занон истода, як қатор чораҳоро андешид, ки «ҳавои оташ»-и нимаи қавии аҳолиро сард кунад. Акнун, барои таҷовуз ба зан, шумо метавонед ҷарима, ҳабс ё якчанд соат корҳои ислоҳӣ гиред», —  муаллифи мавод аудиторияро бо ин масъала шинос мекунад. Пас аз он ки мусоҳиб вазъро дар хиёбонҳо шарҳ медиҳад ва шикоят мекунад, ки бештари ҷавонон ба озору азият даст мезананд, рӯзноманигор мегӯяд: «Аммо занонро на танҳо ҷавонон, балки мардони калонсол низ озор медиҳанд. Ва худи занҳо низ аксари вақтҳо аз таъқиб чашм мепӯшанд ва ҳатто аз  мардони таҷовузкор дифоъ мекунанд».

Зимнан, бо вуҷуди он ки дар сарлавҳаи ин матлаб ибораи «Душанбе бидуни озору азият ё феминизм дар тоҷикӣ чӣ гуна бояд бошад» мавҷуд аст, дар ҷараёни суҳбат пурсишкунанда бояд бори дигар бигӯяд, ки озори хиёбонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст. Ҳамсуҳбатон дар бораи чӣ гуна зоҳир шудани феминизм дар Тоҷикистон ҳарф намезананд.

Ва ин, албатта, танҳо мушкили ин расона нест, гап дар он аст, ки журналистони ҷумҳурӣ ба иттилооти ибтидоӣ дар бораи феминизм, далелҳои ба нафъи он ва шарҳу мулоҳизаи мутаносиби коршиносон хеле кам эътибор медиҳанд.

Аз сӯйи дигар, суҳбат дар бораи феминизм бо истифода аз қиссаҳои ҳамарӯза барои Тоҷикистон ба маротиб амнтар аз вонамуд кардани худ ба хабарнигори илмӣ ва таблиғи ақидаҳои таҳрифшуда дар бораи феминизм аст. Масалан, ду сол пеш нашрияи ҷавонони «Лиму Медиа» матнеро таҳти унвони “Чаро мубориза барои баробарии гендерӣ метавонад ба болоравии сатҳи табъизи ҷинсӣ (сексизм) дар Тоҷикистон оварда расонад?” нашр кард, ки муаллиф дар ибтидои он андешаи дар сарлавҳа истифодашударо такрор мекунад, ки “мубориза барои баробарии гендерӣ, ки худ аз худ ба ҷомеа таъсири мусбат мерасонад, аммо баъзан харобиовар ва бадахлоқона шуда, ба радикализми оташин табдил меёбад».

Баъд тавсифи мухтасари дастовардҳо (росташро гӯям, хеле хоксорона, ҳарчанд хеле арзишманд) дар робита ба рушди баробарии гендерӣ ва сипас параграф дар бораи чӣ гуна даҳшатнок будани феминизми сепаратистӣ вуҷуд дорад.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ