ДомойНақди РасонаӣҲисси ватандустӣ ва «Рӯзи даъватшаванда». Шарҳи хабарҳои муҳимтарини ҳафта дар шабакаҳои асосии...

Ҳисси ватандустӣ ва «Рӯзи даъватшаванда». Шарҳи хабарҳои муҳимтарини ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон аз 27 март то 3 апрел

Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои хабарии ҷамъбастӣ маводи зиёде пешниҳод шуд. Аммо дар масъалаи интихоби мавзуъ дар ҳамаи шабакаҳо як навъ якрангӣ мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин, ба ТВ «Ҷаҳоннамо»  ин ҳафта даст дод, ки гузориши проблемавии худро дар бораи мушкилоти 5 оила дар ноҳияи Кушониён пешниҳод намояд. Инчунин дар шабакаҳо дар бораи дар як рӯз иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи артиш  дар чанд ноҳия хабар доданд.

Муфассалтар дар бораи он, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳо чиро намоиш доданд, дар матлаби зер бихонед.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Барнома чун ҳарвақта  аз ахбори расмӣ оғоз ёфт. Дар гузориш аз таҳти раёсати президенти кишвар баргузор шудани маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Баъди ин шарҳи телевизионии Равзалӣ Раҳмон роҷеъ ба оқилона истифода намудани майдонҳои наздиҳавлигӣ барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ шунавонда шуд, чунки аксари наворҳо аз бойгонӣ буда, умуман мавзуъ хеле фарох намоиш дода шуда, матни пасикадриаш аз меъёр зиёд буд.

Нуриддини Қурбон аз бунёди роҳи мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод гузориш пешниҳод намуда, аз ҷараёни марҳилаи якуми сохтмони ин лоиҳа  хабар дод.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аз навор маълум гардид, ки иншоот бо кумаки мутахассисони хориҷӣ, аниқтараш  чиноиҳо сохта мешавад. Дар эфир сармуҳандиси лоиҳа аз Ҷумҳурии Хитой гап зад ва нусхаи аслии суханони вай шунавонида нашуда, дарҳол журналист дар матни пасикадрӣ тарҷумаи суханони мусоҳибро эълом дошт. Аз рӯйи меъёрҳои журналистика ва умуман, этикаи журналистикаи байналхалқӣ мебоист дар оғоз ва интиҳои суҳбат ҷумлаи аввалро бо забони аслии мусоҳиб шунавонда, сипас тарҷумаашро  мехонданд. Аммо чунин нашуд.

Инчунин зикр намудан  ҷоиз аст, ки гузориш бештар характери ҳисоботӣ дошт, гуйё ҳамаи мусоҳибон дар бораи фаъолияти кориашон дар эфир маълумот медоданд.

Пас аз ин, силсилагузориши асосии барнома  дар мавзӯи  иҷроиши даъвати баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ аз ноҳияҳои гуногуни мамлакат пешкаш  гардид.

Аҷибаш он буд, ки ҷавонони бадахшонӣ дар ин ҷода аз ҳама пешсафтар будаанд ва даъвати баҳориро дар рӯзи аввали маърака  102,5% иҷро кардаанд. Ба ин рақамҳо ягон кас бовар мекарда бошад? Ба ҳар ҳол, барои ман шахсан ин маълумот он қадар муътамад нест, чунки руйдодҳои соли гузашта ва нобасомониҳо дар  вилоят баёнгари он буданд, ки ҷавонон он қадар аз намояндаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ розӣ нестанд. Ва дар як рӯз иҷро шудани нақшаи даъват  дар маъракаи «Рӯзи даъватшаванда»  дар Хоруғ касро ба ҳайрат мегузорад.

Чунки дар нахустин рӯзи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон  роҳбарияти 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ аз анҷоми маъракаи мазкур гузориш доданд. Ё ин шӯхии 1 апрелӣ бошад?

Инчунин муаллифи гузориш ёдовар шуд, ки 5-6 сол  аст, ки вилояти Бадахшон дар кишвар аввалин шуда, аз иҷрои нақша мужда мерасонад. Намедонам, мумкин гап дар миқдори ками даъватшудагон бошад?

Дар гузоришҳои баъдина аз баргузор гардидани «Рӯзи даъватшаванда» дар Исфара, Шамсиддини Шоҳин, Фархор, Рашту Душанбе  ва вилояти Хатлон низ ҳисобот доданд. Аҷибаш ин ки журналистон ҳангоми гузоришҳояшон ибораю тавсифҳои «бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ», «ҳисси баланди ватандӯстӣ», «ҷавонони бонангу номуси кишвар» ва ғайраро тӯтивор такрор мекарданд.

Дар шарҳи телевизионии баъдӣ, ки муаллифаш Манучеҳри Сулаймон аст, ба ҳифзи амнияти миллӣ ва зиракии сиёсиву худшиносиву худогоҳӣ бахшида шуда буд,  омӯзгор Баҳриддин Ализода фикру ақидаи худро барои худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон иброз намуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши  навбатии шореҳи сиёсии барнома Фатҳиддини Замон ин маротиба дар бораи руйдоди фарҳангӣ —  бо иқдоми сафорати Тоҷикистон дар Туркия баргузор намудани тантанаҳои фарҳангӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз бахшида шуда буд.

Ҳангоми гузориш чанд мақомдори Туркия сухан ронда, барпо кардани чунин чорабинии зеборо таҳсин гуфтанд.

Ҷашни наврӯзӣ бо намоиши коллексияи либосҳои миллии тарроҳ Умед Кучкалиев ва барномаи гурӯҳи рақсии театри «Падида» анҷом ёфт.

Яке аз мавзуъҳои рӯзмарра ва муҳим барои ҷомеа – ҳафтаи равон аз ҷониби сарвари давлат то 1 январи соли 2023 эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ    аз чӣ бошад, баъд аз пахши хабарҳои начандон муҳим пешниҳод шуд.

Мусоҳиб доктори илмҳои иқтисодӣ Илҳомиддин Иброҳимзода аз ҷумла иброз дошт, ки чунин иқдоми президент  саривақтӣ ва рӯзмарра буда, дар шароити кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, афзоиши рақобатҳои тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулот дар ҷаҳон, ҷорӣ гардидани маҳдудият дар масири интиқоли молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар беҳтарин чораи зиддибуҳронӣ мебошад.

Иқдоми мазкур ба фаъолияти бомароми субъектҳои соҳибкорӣ, афзоиши шумора ва миқёси фаъолияти соҳибкорон, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар гузориши баъдина (муаллиф Худойдоди Раҷаб) дар мавриди маъракаи шинонидани дарахти навъи нодири палвония  дар хоҷагии ҷангалпарварии ноҳияи Хуросон хабар доданд. Як нуктаи  аҷоиби ин гузориш дар он буд, ки ҷангалпарварон иброз доштанд, ки ин навъи дарахт то 100 сол умр мебинаду дар як сол то 5-6 метр қад мекашад ва аз чӯби хушсифати он мебел тайёр намудан мумкин аст. Аз тарафи дигар, онҳо аз дарахтбурии ғайриқонунӣ дар хоҷагии ҷангал шиква карданд.

 «Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Ахбори расмӣ ба маҷлиси Ҳукумати кишвар ва сафари кории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳо-иштирокчии ИДМ бахшида шуда буд.

Дар бораи даъват ба сафи артиши миллӣ ва иҷроиши нақша дар вилоятҳои Бадахшону Хатлон ин шабака низ гузориш дод. Боз дар наворҳо перомуни ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандории ҷавонони бонангу номус ёдрас намуда, аз ҷумла дар мавриди ҷавонони бадахшонӣ ду маротиба  дорои маълумоти олӣ буданашон таъкид гардид. Инчунин дар ин бахш аз рафти даъвати баҳорӣ дар Шаҳринав ва Исфара низ хабар доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузоришҳои дигар ғолибан аз бахши кишоварзӣ буда,  дар бораи кишти пунбадона дар Леваканту ниҳолшинонӣ дар кӯҳистони Восеъ ва «Боғи миллии «Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.

Дар анҷоми барнома роҷеъ ба нахустин бор дар таърихи кишвар аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва муасиссаи давлатии «Тоҷикфилм» таъсис додани ҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» барои дастовардҳои назаррас дар филмофарӣ гузориш пешниҳод гардид, ки барои бинанда симоҳои навро дар ин ҷодаи санъат муаррифӣ намуд.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Ин барнома низ дар бахши ахбори расмӣ дар бораи маҷлиси Ҳукумати кишвар ва сафари кории Рустами Эмомалӣ ба ш. Алматои Қазоқистон хабар дод.

Дар шарҳи навбатии худ Мирзоалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар бораи фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят ва аз ҷониби сарвари давлат эълон шудани моратории яксола барои ҳамаи намуди санҷишҳо хабар дод.

Дар гузориши дигар бошад,  доир ба баргузории сабқатҳо миёни устодон ва ҳаваскорон дар чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ, ки ба наздикӣ дар Душанбе бори аввал баргузор гардид,  хабар дода шуд.

Дар ин шабака низ такроран дар бораи Рӯзи даъватшаванда дар Исфара гузориш пешниҳод гардида, хабар дода шуд, ки  ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманди шаҳр ихтиёран, бо амри дилу виҷдон ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

Ҳарчанд муаллиф (номаълум) бо чанд нафар,  масалан, сокини маҳалла Ҳошим Абдуллоев ҳамсуҳбат гардид, дар гузоришаш ягон синхрон набуд ва худаш аз номи эшон гап зад. Ин ҳама  муътамаднокии фактро аз байн мебарад.

Сипас аз ноҳияҳои Фархору Шоҳину  Рашт низ маъракаи даъвати аскаронро намоиш доданд.

Ғайриинтизор, дар барнома аз ноҳияи Кушониён гузориши проблемавӣ (муаллиф Сулаймони Саид) пешкаш гардида, дар он вазъи душвори сокинони деҳаи Дӯстии ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Кушониён баррасӣ шуд. Дар оғози гузориш суҳбат бо кудаки 7-солае пешкаш гардид, ки аксар вақт  ҳангоми боронгариву сардиҳо ба мактаб намеравад, чунки он дар деҳаи дигар дар масофаи 3 километр ҷойгир аст. То мактаб расидан мактаббачаҳо аз ҷойҳои хавфнок гузашта,  чанд бор бо ҳамлаи сагони дайду низ дучор гардидаанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аз тамошои гузориш маълум мешавад, ки сокинон 20 сол боз дар шароити бебарқӣ, бе мактаб ва бе бунгоҳи тиббӣ зиндагӣ доранд, чунки хонаҳои пештараи онҳо ҳангоми маҷрои худро дигар кардани дарёи Вахш зери об мондаанд ва онҳоро ба ҷои нообод кӯчондаанд.  Сокини деҳа Санавбар Одинаева дар навор мегӯяд, ки чандин маротиба бо мактуб ба мақомдорони сатҳи ҷамоат, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ шикоят бурдааст, аммо бенатиҷа.

Ҷолибияти гузориш  дар тавозуни ду тараф – сокинон ва мақомдорон аст, ки муаллифон тавонистанд суҳбати ду ҷонибро (сокинон ва аз раиси ҷамоат сар карда то раиси ноҳия)  пешниҳод намоянд.

Дар интиҳои барнома шарҳи телевизионии Марҷонаи Сабзалӣ дар мавзӯи тағйирёбии иқлим ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари  ташаббускор пешниҳод гардид, ки бештар характери  тарғиботӣ дошт.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ