ДомойНақди РасонаӣТанҳо дар бораи президент. Шарҳи хабарҳои муҳимтарини ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии...

Танҳо дар бораи президент. Шарҳи хабарҳои муҳимтарини ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон аз 24 апрел то 1 май

Ҳафтаи сипаришуда ҳама барномаҳои хабарии ҷамъбастӣ  дар телевизионҳои давлатӣ танҳо гузоришҳои расмиро пешниҳод карданд, ки асосан атрофи сафари кории президент ба ноҳияи Данғара буданд. Аммо ҳаққи бинандаро барои дарёфти иттилооти ҷойгузин (алтернативӣ) дар нашри ин барномаҳо ба эътибор нагирифтанд: гузоришҳо ба куллӣ якранг ва якмаром.

«Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон»), «Ҷамъбасти ҳафта» (ТВ «Сафина») ва «Ҳафт рӯз» (ТВ «Ҷаҳоннамо»)

Дар “Тоҷикистон” чаро мавзуъҳои дигар нестанд?

Барнома аввал аз паёми шодбошии сарвари давлат ба муносибати иди саиди Фитр оғоз шуд, ки онро тӯли наздик ба 10 дақиқа на худи президент, балки яке аз ровиёни телевизион хонд.  Дар паём таъкид шуд, ки имсол иди суннатии мардуми мусулмон дар шароити буҳрониву муташанниҷе таҷлил мешавад ва ҷомеаи башарӣ дар яке аз вазнинтарин солҳои таърихи худ қарор дорад.

«Ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст», — омада буд дар ин паёми раисҷумҳур ва дар он ба тоҷикистониён ҳушдор дода шуд, ки чунин вазъ боиси буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ гардида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин мегардонад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

 

Дар сужаи дуюми барнома, дар бораи 26 апрел баргузор гардидани маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд ва аз рафти маҷлис чун аксар маврид хеле муфассал, бо тамоми ҷузъиёташ нақл карданд, ки мо ба ин раванд чандин бор дар матолиби пешини худ ишора карда будем.

Масалан, хонда додани қонунгузориҳо аз қабили «Дар бораи иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони ноҳияи Файзобод» ва ғайра ба тамошобин чӣ медиҳад, мебояд ҷиддан фикр кард.

Оё бинандаи телевизион вақт дорад, ки ин ҳама пурҳарфиро дар гузориши телевизион бубинад ё таҳаммул кунад. Оё беҳтар нест, ки дар таҳияи гузоришҳо аз ҷаласаҳои расмӣ, хусусан дар барномаҳои ҷамъбастӣ ба мавзуъ бархӯрди касбӣ шавад ва матолиб аз нигоҳи журналистӣ омода шавад. Телевизионҳо аз ин гуна барномаҳои қолабии бинандагурезон бояд дурӣ ҷӯянд.

Президент ва “Сомонҷон”-у “Раҳмонҷон” дар Данғара

Қисми дуввуми гузоришҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бахшида шуда буд.

Нахуст аз маҷмааи нассоҷии  Тоҷикистону Чин “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” гузориш пешниҳод гардид. Дар он ғолибан занони коргар суханронӣ намуда, аз Эмомалӣ Раҳмон барои таъсис додани чунин корхона сипосгузорӣ карданд. Яке аз касоне, ки изҳори назар кард, Мастона Қабулова буд, ки пештар  ҳамшираи шафқат шуда кор мекард ва тибқи гуфтаҳояш, як сол мешавад, ки дӯзанда шуда кор мекунад. Ҳарчанд ин кадр ҳамчун намунаи мусбат нишон дода шуд, вале ба далели ин ки дар деҳоту ноҳияҳои кишвар мутахассисони соҳаи тиб, аз ҷумла ҳамшираҳои шафқат намерасанд, ин нукта ҷойи ифтихор не, балки ҷойи таассуф мебошад.

Дар гузориши дигар дар бораи ба баҳрабардорӣ супурдани Боғи фарҳангию фароғатӣ дар маркази ноҳия хабар дода шуда, дар наворҳои саҳнасозишуда (махсус омодашуда) тибқи маъмул боз ҳам занону духтарони чаканпушу атласпӯшро ҳангоми гаштугузор сабт намуданд, ки сунъӣ ба назар  расид ва дар зимн ба нақзи яке аз усулҳои рӯзноманигории  хабарӣ — сареъияти факт роҳ дода шуд.

Дар гузоришҳои минбаъда  аз ифтитоҳи бинои нави «Амонатбонк» ва ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 хабар доданд.

Бояд зикр кард, ки ин бор дар барномаҳои ТВ «Тоҷикистон»-у «Сафина» суханронии синхронии кӯдакон кутоҳтар пешниҳод шуда, дар ТВ «Ҷаҳоннамо» бошад,  суруди якҷояи кӯдакон (хор) пурра нашр шуд. Дар ин маврид низ чанд бор ишора карда будем, ки асолати гузориш ҳамчун жанри хабарӣ — иттилоъ додан аз ҷойи ҳодиса бошад ҳам, шарт ва зарур нест, ки ҷузъиёти чандумдараҷаи онро пурра ба бинанда пешниҳод кунем.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузоришҳои баъдӣ дар мавриди фаъолияти кооперативҳои истеҳсолии “Сомонҷон” ва тиҷоратии “Раҳмонҷон” бахшида шуда,  иншооти аввалӣ бо парвариши зироати кишоварзӣ ва дуввумӣ бошад,  бо парвариши чорвои хушзот машғул будаанд.

Силсилагузоришҳои расмӣ бо сужаи дар яке аз мавзеъҳои зебову хушбодуҳавои ноҳияи Данғара беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни паррандагони нодирро ба гуфтаи ровӣ «ба табиат сар додани» президент анҷом ёфт. Таъкид шуд, ки дар миёни ин паррандаҳо: кабк, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилол будааст.

Давомнокии умумии гузоришҳо (барномаҳо) беш аз 1 соату 40 дақиқа тӯл кашид.

Албатта барои шабакаҳои давлатӣ нашр кардани хабари сафарҳои раисҷумҳур ба манотиқ ва дигар чорабиниҳо бо ҳузури эшон хеле муҳим аст, вале дар чунин шакли қолабӣ ва куҳна омода кардани гузоришҳо магар ҳатто ҳадафи идеологии онҳоро камтаъсир ва иҷроношуда боқӣ намегузорад?  Гузашта аз ин, чунин гузоришҳои ботафсил, ки дар ҳамаи шабакаҳои давлатӣ якхела, бидуни иваз шудани нуқтаву вергулашон, танҳо бо каме пасу пеши замонӣ, нашр мешаванд, магар барои телевизиони муосир муҳим аст. Суолест, посухаш ҳам рӯшан аст, вале масъулони шабакаҳои телевизионӣ чаро ин шеваи қолабиву дилбазанро ҳамеша такрор мекунанд…

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ