ДомойМедиалентаНашри подкастҳои «Новый репортер» дигарбора оғоз мешаванд

Нашри подкастҳои «Новый репортер» дигарбора оғоз мешаванд

Озодии баён дар Тоҷикистон ҳаст ё не? Ё агар ҳаст, то чӣ ҳадде вуҷуд дорад? Ин ва дигар паҳлуҳои марбут ба мушкили озодии баёнро мунаққиди расонаӣ Иршод Сулаймонӣ бо коршиноси расонаӣ, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ва Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогнависи фаъол  ба баҳс кашидааст.

Дар чанд соли охир баҳси маҳдуд шудани озодии баён дар Тоҷикистон ва ба дунболи он аз миён рафтани расонаҳо ва тарки кишвар кардани рӯзноманигорону соҳибрасонаҳо баҳсҳои зиёде дар ҷомеа дошт. Бархеҳо бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон аслан озодии баён вуҷуд надорад, аз назари онҳо озодии баён меъёре ҳаст, ки ё вуҷуд дорад ё комилан вуҷуд надорад. Он наметавонад, ки каме, ё 20-30-50 дар сад вуҷуд дошта бошад. Аммо воқеияти имрӯзи Тоҷикистон чист?

Мушкили калони озодии баён дар худи расонаҳо ва рӯзноманигорон аст ё дар муҳите ҳаст, ки ҳукумат ба вуҷуд овардааст? Рӯзноманигорон ва расонаҳо бо чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ ҳастанд? Блогнависон ё блогерҳое, ки дар бозтоби мушкилоти иҷтимоӣ дар вақтҳои ахир фаъол шудаанд, бо кадом монеаҳое рӯ ба рӯ мешаванд? Онҳоро мақомот даъват карда чӣ мегӯяд? Чаро бархе аз мавзуъҳоро матраҳ кардан мумкин аст ва чаро барои инъикоси мавзуъҳои дигаре имкон намедиҳанд? Ин мавзуъҳои хос кадомҳоянд? Ҳангоми иттилоърасонӣ дар замони вазъиятҳои хос, хусусан даргириҳои марзӣ рӯзноманигорони тоҷик бо чӣ мушкилоте дучор мешаванд? Оё озодии баёни аз ҳад зиёд барои Тоҷикистон зарар дорад? Оё ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ҳақ дорад Рӯзи озодии баёнро таҷлил кунад? Инҳо аз муҳимтарин бахшҳое ҳаст, ки дар ин подкаст ба баҳс кашида шудаанд.

Нуриддин Қаршибоев ба ҷанбаҳои гуногуни мушкилоти озодии баён дар кишвар ишора мекунад ва мегӯяд, ки аксари расонаҳои Тоҷикистон гирифтори мушкилоти иқтисодӣ ҳастанд, ҳатто дар аксари маврид наметавонанд ба муаллифонашон ҳаққи қалам пардохт кунанд. Назарҳои дигари ӯ дар ин баҳс:

  • Ҳукумат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳаддалимкон фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигоронро таҳти назорат дошта бошад. Онҳо муайян мекунанд, ки мизони озодӣ дар чист? Онҳо баҳо медиҳанд, ки кадом мавод ба нафъи миллат аст ва кадом бар зарари он?
  • Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати матраҳи рушди расонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташонро надорад. То ҳол мероси аз шӯравимонда – истифодаи расонаҳо ҳамчун тарғибгари иқдомҳои ҳукумат дар майнаи аксари мансабдорон боқӣ мондааст;
  • Мо имрӯз шароит ва бозоре надорем, ки рӯзноманигорони мустақил тавонанд матлабҳои худро он ҷо пешниҳод кунанд;
  • Шабакаи иҷтимоӣ имрӯз як расона нест;
  • Бояд барои рушди расонаҳо дар Тоҷикистон ёриҳои давлатӣ вуҷуд дошта бошад, аммо набояд ба ин васила ба мазмуни кору матолиби расонаҳо дахолат карда шавад.

Далери Имомалӣ сабаби аслии рукуди озодии баёнро дар Тоҷикистон тарсуии худи рӯзноманигорон медонад ва мегӯяд, ки ҳоло зиёд нигарон нест, ки расонаҳо дар Тоҷикистон аз миён мераванд. Ба назари ӯ, ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон  нишондиҳанда ва таъминкунандаи озодии баён ҳастанд. Ӯ мегӯяд, ки то рӯзноманигор мавриди фишор ва бархӯрди ҷисмонӣ қарор нагирад, вазъи озодии баёнро бад гуфтан нашояд. Ӯ ҳамчунин бар ин назар аст, ки:

  • Агар рӯзноманигор бо як-ду фишор аз кораш даст кашад, ӯ чӣ рӯзноманигор аст?
  • Имрӯз бозори шабакаҳои иҷтимоӣ хеле гарм аст ва фикр мекунам, ки ҳеч расонае ба андозаи фейсбук хонанда надорад ва ҳеҷ телевизионе ба андозаи Ютуб бинанда надорад;
  • Бояд расонаҳои Тоҷикистон аз гирифтани грантҳои хориҷиён даст кашанд ва худи ҳукумат ба расонаҳо грант бидиҳаду ёрӣ расонад;
  • Расонаҳо ва рӯзноманигорони Тоҷикистон бояд ҳар чӣ бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ биоранд.

Аммо шакли комил ва нуқтаназарҳои ҷолиби меҳмонони ин подкастро метавонед ба пуррагӣ бибинед.

iTunes

Google подкасты

Яндекс Музыка

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ