ДомойМедиалентаМарат Маҳмадшоев: «Ҳар рӯз мухотабон дар Тоҷикистон далелҳои журналистони беақлро гӯш мекунанд»

Марат Маҳмадшоев: «Ҳар рӯз мухотабон дар Тоҷикистон далелҳои журналистони беақлро гӯш мекунанд»

Дар бораи он, ки саркӯб кардани ВАО-и мустақили Россия чӣ гуна ба журанлистони тоҷик таъсир хоҳад дошт, расонаи маҳаллӣ чӣ кор кунад, ки мухотабони маҳаллӣ ба ӯ бовар кунанд ва бисёр чизҳои дигар – дар арафаи рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, ки 3 май таҷлил мешавад, «Новый репортер» бо Марат Маҳмадшоев – сардабири Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон суҳбат кард.

— Марат, пас аз 24 феврали соли чорӣ дар кори шумо чизе тағйир ёфт?

— Мавзӯи Украина ба мавзӯи афзалиятдор мубадал гашт. Пеш аз ин дар муҳтавои мо баҳси Украина умуман набуд. Ҳоло мо дар бораи Украина гап мезанем ва дар зимн перомуни он андеша мекунем, ки ин муноқиша ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир хоҳад расонд, масалан, он чӣ гуна ба муҳоҷирони корӣ, вазъияти иқтисодӣ таъсир мерасонад; мо пайдо шудани ҷудоӣ дар ҷомеаро ба сабаби ин ҷанг меомӯзем.

Ин ҷудоӣ то чӣ андоза ҷиддӣ аст?

— Ин ҷудоӣ хусусияти зеҳнӣ дорад. То чӣ андоза истифода аз қувва ҷоиз аст? Россия ба ҳеҷ ваҷҳ исбот накард, ки ин таҷовуз амали зарурӣ буду ғайр аз таҷовуз дигар ҳеҷ коре карда намешуд, он аз мавқеи ҷониби зур амал кард. Дар ҷамъияти мо равияи тарафдорӣ аз зӯрпарастӣ (культ силы) хеле инкишоф ёфтааст. Мо мебинем, ки он ҳоло чӣ гуна зоҳир мешавад — як қисми ҷомеа воқеан аз амали Русия пуштибонӣ мекунад, ҳарчанд маълум аст, ки як кишвар мехоҳад кишвари дигарро бо зӯр буғӣ кунад. Аммо зӯрпарастӣ дар он зоҳир мешавад, ки барои ҳар як қувва ҳамеша қувваи дигар вуҷуд дорад ва ҳамин тавр то беохир. Пас маълум мешавад, ки овардани далели қувва кори бемаънӣ аст. Аз ҷиҳати назариявӣ, ҷомеаи мо бояд дарси ибрат бигирад: ҳамаи инҳо зоҳирпарастони (псевдопоклонники) Сталин ҳастанд – чаро ман “зоҳир” “псевдо” мегӯям, зеро мо намедонем, ки Сталин дар ҳаёти воқеӣ кӣ буд, ӯ ҳоло як персонажи фолклорӣ аст – ҳамаи ин ҷонибдорони дасти зӯр бояд дарк кунанд, ки эътиқоди онҳо то чӣ андоза хатарнок аст. Зеро мо мебинем, ки ин парастиши зӯр ба чӣ оварда мерасонад. Аз тарафи дигар, мо роҳбаронеро мебинем, ки аз иттилооти воқеӣ комилан ҷудо карда шудаанд. Одамоне, ки иттилооти алтернативӣ меоранд — онҳоро маҳкам мекунанд, ҳабс мекунанд ва воқеият пурра таҳриф мешавад. Ва албатта, қарорҳои нодуруст қабул карда мешаванд. Маҳз ҳоло ҷомеаи кишварҳои мо бояд арзиш ва аҳамияти иттилооти алтернативӣ, ВАО-и озодро дарк кунад, ки ба таҳрифи воқеият роҳ намедиҳад.

Марат Маҳмадшоев, акс — Нозим Каландаров

— Шумо аз вокуниши ҷомеаи мо ба ҳодисаҳои Украина дар ҳайрат мондед?

— Он чизе, ки мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем (дастгирии фаъол аз амалҳои Россия – шарҳи муҳаррир) — маро тамоман ба ҳайрат наовард. Мардуми Тоҷикистон дер замонест, ки иттилооти асосиро аз ВАО-и давлатии Россия дарёфт мекунанд. Илова бар ин, дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ ботҳои зиёде паӣдо шудаанд. Бале, қисмате аз мухотабон «Азия-Плюс»-ро (нашрияи мустақили маҳаллӣ – шарҳи муҳаррир) мехонанд, вале баъдан онҳо телевизорро равшан мекунанд ва Соловёвро гӯш мекунанд. Мутаассифона, расонаҳои мо хеле кам ба мавзуъҳои байналмилалӣ рӯ меоварданд, мо Украинаро пайгирӣ намекардем, вазъи геополитикиро таҳлил намекардем. Ба назари мо чунин менамуд, ки ин ба мо дахл надорад ва мо рӯзномаи баӣналмилалиро ба аутсорси ВАО-и давлатии Русия вогузор кардем. Ва ҳоло ҳар рӯз мухотабон дар Тоҷикистон далелҳои журналистони беақлро гӯш мекунанд. Ман  онҳоро ба таври дигар ном бурда наметавонам, зеро ин одамон дар бораи ҳамлаи ядроӣ, дар бораи зарурият ва оқибатҳои он хунсардона гап мезананд. Ин беақлӣ аст, аммо фикр кардан хеле душвор аст ва одамон ба ҷавобҳои тайёр афзалият медиҳанд. Одамон кӯшиш мекунанд эҳтиёткор бошанд, онҳо аз зӯр метарсанд, онҳо боварӣ доранд, ки Россия ин зӯру қудрат аст. Онҳо худро бовар мекунонанд, ки ҳақиқат дар зӯру қудрат аст, ҳарчанд қаҳрамони Бодров, ки ҳоло дар пропаганда истифода мешавад (дар омади гап, персонажи баҳснок аст) ба таври дигар мегуфт. Ва як чизи дигар — одамони мо Россияро ҳамчун СССР қабул мекунад, ҳарчанд ин лоиҳа бо давлати Советӣ ҳеҷ умумият надорад.

Аммо сабаби аслӣ, албатта, таъсири шабакаҳои давлатии телевизиони Россия аст. Дар Тоҷикистон чизе нест, ки бо онҳо рақобат кунад. Ва ҳоло шаҳрвандони мо худро на бо Тоҷикистон, балки бо Кремл алоқаманд мекунанд.

— Оё аз ҷиҳати назариявӣ ягон чиз мумкин аст пайдо шавад?

— Дар як муддати кӯтоҳ — не. Гузашта аз ин, таъсиси чунин шабакаҳои таблиғотӣ мушкил аст, шунавандагони мо метавонанд бовар кунанд, ки сокинони Мариупол шаҳри худро бомбаборон мекунанд, аммо агар ба онҳо бигӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳама чиз хуб аст, бовар намекунанд. Аз ин рӯ, агар ягон мушкилоте зоҳир шавад, шабакаҳои давлатии телевизионӣ хомӯширо ихтиёр мекунанд.

— Шабакаҳои таблиғотӣ таъсир намекунанд, агар ВАО-и мустақил мавҷуд бошанд?

-Агар ақаллан як телевизиони мустақил, дар ҳамон сатҳи «Азия-Плюс» вуҷуд дошта бошад, ки ба дархости тамошобинони худ роҳнамоӣ мешуд, тамоми тамошобинон ба онҷо мерафтанд. Ҳоло дар Тоҷикистон телевизионҳои мустақил танҳо дар минтақаҳо кор мекунанд, ман баъзан онҳоро тамошо мекунам ва онҳо дар сатҳи хеле паст қарор доранд. Дар бораи хабарҳои сиёсӣ ҷои гап нест, журналистони ин каналҳои телевизионӣ ҳатто наметавонанд дар мавзуъҳои маишӣ босифат сухан гӯянд. Ҳамин гуна дар ВАО-и давлатӣ, онҳо ҳеҷ гуна рақобатро риоят намекунанд. Аммо дар мо чунин схема шакл гирифтааст: мақомот чунин мешуморанд, ки ин каналҳо каналҳои таъсиррасонӣ мебошанд, ҳарчанд воқеият ин тавр нест.

— Вале ба ҳар ҳол, хатои журналистони мустақили тоҷик чӣ буд (ва агар он вуҷуд дошт), ки боис шуд, ки қисме аз мухотабони мо кӯр-кӯрона ба таблиғоти бегона бовар кунанд?

— Ман намедонам. Имкон дорад, агар мо ба рӯзномаи байналмиллалӣ таваҷҷуҳ мекардем ва дар ин бора аз дидгоҳи Тоҷикистон гап мезадем ва ё ба таври фаъол ба эҷоди манобеъи алтернативии иттилоот машғул мешудем, ҷомеа дар ниҳоят каме дигар вокуниш мекард. Аммо, аз тарафи дигар, мо дар танҳоӣ ин корро карда наметавонем, зеро барои нашрияҳои босифат маълумоти боэътимод лозим аст. Аммо чӣ кор бояд кард, вақте ки ду ниҳоди давлатӣ рақамҳои гуногунро пешниҳод мекунанд? Илова бар ин, дастрасии журналистон ба иттилоот дар Тоҷикистон хеле маҳдуд аст.

— Ва аҳолӣ ба интернет дастрасӣ надорад.

— Аз сӯйи дигар, Русия интернети хуб дорад, аммо пурсишҳо нишон медиҳанд, ки русҳо низ ба ин пропаганда бовар доранд. Ҳарчанд ман намедонам, ки то чӣ андоза метавон ба ин назарсанҷиҳо бовар кард. Агар мо аз одамон дар конслагер мепурсидем, ки оё роҳбарияти лагер ба онҳо писанд аст, онҳо ҳам мегуфтанд, ки бале писанд аст.

— Дар ҳоли ҳозир ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон дар кори худ чиро бояд ва метавонанд тағйир диҳанд?

— Дар ин бора ҷавоб додан барои ман душвор аст. Шояд дар ин мавзуъ мавод тайёр кардан лозим бошад. Гап задан дар бораи рӯзномаи байналмилалӣ ва боз сухан гуфтан дар бораи он, ки имрӯз мо кӣ ҳастем, дирӯз бо мо чӣ гузашт. Нақши фактчекинг бояд дар редаксияҳои мо  афзоиш ёбад, ҳатто на дар сатҳи далелҳо, балки дар сатҳи равандҳои пропагандистии ҷаҳонӣ баланд шавад. Рости гап, ман ҳамеша ба ёд меорам, ки ВАО-и мустақили мо, масалан, соли 2010 чӣ гуна буданд ва ҳоло чӣ гуна ҳастанд. Ман кӯшиш мекунам таҳлил кунам, ки он вақт мо кадом корро нодуруст анҷом додем, ки имкони ошкоро гуфтанро аз даст додем, хатои ҳаётии мо чӣ буд? Ва гоҳо ба назарам чунин менамояд, ки мо беҳуда худро гунаҳкор мекунем, мушкил дар мо нест, хама чиз аз мо вобаста набуд. Ман ҳоло ягон ресепти тайёр надорам. Аммо равшан аст, ки ба баҳси масоили сиёсӣ машғул шудан лозим аст, то ҷомеа ба вазъияте рафта нарасад, ки  ҳоло Русия расидааст. Охир, ҳоло мо ҳатто намедонем, ки кӣ тасмими фиристодани нерӯ ба Украинаро қабул кардааст, кӣ мушаххасан барои ин масъул аст.

Саркӯб кардани ВАО-и мустақил дар Россия ба расонаҳои мо ва тамоми Тоҷикистон чӣ гуна таъсир хоҳад гузошт?

— Маҳз ВАО-и мустақили Русия ҳамеша мавзуъҳои марбут ба мушкилоти муҳоҷирони кории моро матраҳ мекарданд. Ба ёд оред, ки расонаҳои давлатии Русия чӣ гуна ба сари шаҳрвандони мо ҳамла мекарданд, агар ягон ҳолати бад ба миён меомад. Ҳоло дар Россия ягон расонаи мустақил вуҷуд надорад, яъне дар оянда агар мушкили марбут ба Тоҷикистон ба миён ояд, як ҷабҳаи ягона ба вуҷуд меояд, ки вазъиятро танҳо аз як тараф инъикос мекунад. «Новая газета» дар бораи мушкилоти муҳоҷирони мо воқеъбинона сухан мегуфт, вале ман тасаввур карда наметавонам, ки масалан, оё «Комсомольская правда» ин корро мекард. Ҳоло дар Россия ҳеҷ кас ба ин кор машғул намешавад. Ва ВАО-и мустақили мо ҳам, ки иттилооти ҳамкасбони худро аз расонаҳои мустақили Россия истифода мекарданд, бе манбаъ монданд.

Пас, худи онҳо бояд коре кунанд?

— Захираҳои мо, мутаассифона, кифоя нестанд. Вазъият торафт бадтар мешавад.

— Аммо чӣ бояд кард?

— Ҳаёт худаш ҳал мекунад. Ман бовар надорам, ки ин дер давом мекунад. Шояд пеш аз охири сол…

— Яъне, дар охири сол расонаҳои мустақил ба бозори расонаҳои Русия бармегарданд?

— Як ҳолати рукуди даҳшатбор рӯй медиҳад, ман варианти дигарро намебинам, эҳтимол ҳама чиз хеле бад поён меёбад. Зеро онҳо аз тамоми ҳадҳо гузаштаанд. Мақомот дар Россия намефаҳманд, ки чӣ рӯй дода истодааст, онҳо худро аз берун намебинанд, онҳо намебинанд, ки мизи музокироти шашметра чӣ қадар аблаҳона ва хандаовар ба назар менамояд. Аз ин рӯ, ҳамаи ин мутаассифона, хеле ғамгинона ба поён мерасад.

— Аммо расонаҳои мустақили Тоҷикистон бояд ҳоло коре кунанд?

— Мо бояд он чизеро, ки дорем, баррасӣ ва бознигарӣ кунем. Мо воқеан намедонем, ки ҳоло дар кадом марҳила ҳастем ва ба куҷо бояд равем. Лоиҳаи шӯравӣ муддатҳо пеш ноком шуд, аммо то ҳол мо онро доштаем, Русияро ҳамчун идомаи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул мекунем ва ба пеш ҳаракат намекунем. Мо таърихи наздики худро намедонем, ки ончунон ҳамвор набуд, ҳамон гуна ки ба назари мо менамояд. Умуман, вазъияти кунунӣ ҳама чизро тағӣир хоҳад дод, он аз нигоҳи омили таъсир ба мо ҳам аз ҳодисаи 11 сентябр ва ҳам аз ҳодисаи ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон зиёдтар аст.

Мо аз куҷо оғоз кунем?

— Ба мо пажӯҳиш лозим аст, мо бояд бубинем, ки то чӣ андоза мухотабон (аудитория) ба мо содиқона рафтор мекунад, то ки маълум кунем: ВАО-и мустақили Тоҷикистон чист ва киҳоро метавон ба онҳо тааллуқ донист. Бояд ҳисоб кунем, ки чанд нафари мо боқӣ мондаем, мухотабон аз мо чиро интизоранд, онҳо ба муқобили мо чӣ эрод доранд? Мо ин чизҳоро намедонем. Мо на мухотабони худ ва на худро мешиносем, аз ин рӯ ҳоло хеле душвор аст, ки ягон амалро оғоз кунем, вақте одам намедонад, ки худи ӯ кӣ аст.

— Марат, агар шумо ҳоло муҳаррири навори ахбор, масалан, дар ҳамон “Азия-Плюс” мебудед, шумо чиро дар рӯйкарди корӣ тағйир медодед, бидуни он, ки бознигарӣ ва мубоҳисаро мунтазир шавед?

— Ман албатт ба масаъалаҳои Украина машғул мешудам, вале манбаи иттилоотро дар баӣни одамоне ҷустуҷӯ мекардам, ки дар онҷо зиндагӣ мекунанд. Қоидаи журналистика чунин ин аст, ки ҳар чӣ қадар миёнаравҳо байни иттилоот ва истеъмолкунанда камтар бошанд, ҳамон қадар беҳтар аст.

Оё шумо фикру мулоҳизаҳои пропагандистони Россияро пешниҳод мекардед?

— Имкон дорад, ки на ду нуқтаи назар, балки се нуқтаи назар, масалан, мавқеи расмии Украина ва Русия, коршиносони мустақил ва шоҳидон пешниҳод шаванд. Сарчашмаҳои иттилоотии давлатии Россия аксари вақтҳо сафсатаҳоро пешниҳод мекунанд, аммо муҳим аст нишон диҳанд, ки ин сафсата нест. Вале дар ҳар сурат, онҳо бояд пешниҳод шаванд — ин нишондиҳанда аст, бояд ҳама нуқтаи назарҳо тибқи маъмул дода шаванд. Ман фикр мекунам, ки ҳадди аққал 20% тамоми муҳтаворо ҳоло дар бораи Украина додан мумкин аст ва шояд ҳатто бештар. Украина барои мо кишвари зиёд шинохта нест, мардум ҷуғрофияро хуб намедонанд, ҳеҷ кас Мариуполро дар харита дарҳол пайдо намекунад. Аз ин рӯ, мо бояд худамон тасмим гирем ва муаӣян кунем ва дар ин бора ба мухтабон нақл кунем ва аз ҷумла дар бораи пайомадҳое бигӯем, ки Тоҷикистонро интизор аст. Ва ин пайомадҳо хеле бузург хоҳанд буд.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ