ДомойНақди РасонаӣРӯзноманигори ҷинспӯш ва мақомот дар театр. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта дар...

Рӯзноманигори ҷинспӯш ва мақомот дар театр. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта дар телевизионҳои асосии кишвар аз 1 то 8 май

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои телевизионии кишвар мавзуъҳои гуногун, аммо чун пештара ва таҷрибае, ки мо дар якуним сол андӯхтаем, такрориро пешниҳод намуда, кӯшиш карданд онҳоро таҳлил низ кунанд. Матлабҳои пешниҳоднамудаи  «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо»  бештар  ба мавзӯи кишоварзӣ бахшида шуда бошад ҳам, дар бархе проблемагузорӣ дида шуд. Дар «Тоҷикистон» бошад, баръакс: аксари матлаб ҳисоботро мемонд.

ТВ “Тоҷикистон”: матлаб зиёд, мавзуъ кам

Гузориши аввал ба аҳамияти стратегии нақби «Истиқлол» бахшида шуда, муаллифон аз иҷрои корҳои сохтмонӣ дар он ҳисобот доданд.

Муаллифи гузориш таърихчаи ин иншоотро хотиррасон намуда, бо истифода аз суҳбат бо масъулин — намояндагони вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва муҳандиси иншоот дар бораи насб кардани чароғакҳо ва васлкунии новадонҳо машғул шуданашон се маротиба (!) нақл намуд.

Мавзӯи гузориши дуввум ба бунёди НБО «Себзор» ва дигар иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  бахшида шуда буд.

Камбудии ин маводи телевизионӣ дар он дида мешуд, ки муаллиф (бе унвон рафт) дар гузоришаш аз  ҳамсуҳбатон ва садоҳои синхронӣ истифода накарда, дар бораи корҳои сохтмонӣ дар ин ноҳияи дурдаст гуйё барои кадом мақомот (ё аз номи мақомот) ҳисобот дод.

Ва дар анҷом аз номи сокинони ноҳия барои сохтани чунин иншоот ба президенти кишвар миннатдории худро  баён намуд.

Бояд зикр кунем, ки дар пешгуфтор ровии барнома ин гузоришро чунон зебо муаррифӣ намуд, ки гумон кардем ҳамаи иншооти гуфтаи ӯ аллакай сохта ба истифода дода шудааст. Дар асл бошад, аксари объектҳо танҳо дар нақша будаанду ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти кишвар сохта, ба баҳрабардорӣ супурда мешаванд.

Шарҳи телевизионии журналист Фатҳиддини Замон ба норасоии об дар миқёси сайёра ва ташаббуси чоруми Тоҷикистон барои баргузор намудани конфронси байналмилалии об бахшида шуда буд.  Ҳамсуҳбатон, ки аксарашон коршиносони соҳаи об буданд, дар атрофи иқдоми Тоҷикистон дар ташаббуси «Даҳсолаи об барои амал» сухан карданд, аммо дар ин ҷо низ умумигӯйӣ зиёд буд.

Умуман муаллифони чунин матлаб кӯшиш намекунанд, ки ҳадди ақал ҷанбаи дигари мавзуъҳоеро, ки борҳо матраҳ кардаанд, баррасӣ кунанд. То ин мавзуъ, ҳатто дар сурати такрор ҳам барои бинанда ҷолиб бошаду дар зеҳнаш нишинад. Балкаи ҳангоми инъикоси ин гуна мавзуъҳо бештар ба ҷанбаи таблиғоти (пропаганда)-и он аҳамият медиҳанд.

Шарҳи дигар дар мавзӯи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳони тиҷорат (муаллиф Нуриддини Қурбон) бо истифода аз андешаи коршиносон дар бораи дастовардҳои кишвар дар ин ҷода нақл намуд.

Дигар мавзуъҳо ба соҳаи кишоварзӣ бахшида  шуда,  муаллиф Равзалӣ Раҳмон аввал дар бораи рушди боғу токзор дар ноҳияи Ашт ва сипас якбора ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар  ноҳия гузашт.  Мавзӯи дигар (муаллиф Наврузшоҳи Азизулло)  ба кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон  бахшида шуда, аз тавсияи коршиносону худи деҳқонон иборат буд ва чун ҳарвақта барномаи «Ҳаёти деҳот»-ро мемонд.

Ростӣ, зарурати пешниҳоди матлаби охир, ки ба қабул гардидани қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон бахшида шуда буд, он қадар равшан набуд. Чунки баҳонаи хабарӣ барои таҳияи ин матлаб вуҷуд надошт. Агар ин сужет (муаллиф Хуршедаи Наҷмиддин)  ба рӯзи қабул шудани қонун бахшида мешуд, он гаҳ баҳонаи хабарӣ барои матраҳ кардани он вуҷуд дошт. Аммо тавре маълум аст, қонун моҳи августи соли 2011 қабул гардидааст. Аз ин рӯ, бидуни баҳонаи хабарӣ ва дар заминаи холӣ матраҳ кардани мавзуъ ва дар қолаби такрор пешниҳод шудани он барои бинандаи телевизион зиёд ҷолиб нест, балки дилбазан ҳам ҳаст.

Бо истифода аз суҳбати ду омӯзгор (Толиб Амиров ва Бибиҳафиза Маҷидова), ки дар бораи  қонун фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд, гузориш пурра намешавад. Ҳар асари журналистӣ бояд ҳадаф дошта бошад, ки барои чӣ ва кӣ равона шудааст. Дар мавриди ин матлаб, мутаассифона, чунин гуфта наметавонем.

ТВ “Сафина”:   пешсухан дигар асту матлаб дигар

Дар аксар барномаҳои хабарӣ пешсухан (подводка) ҷойю мақоми муаяйнеро дорад. Дар мавриди матлаби аввалини пешниҳоднамудаи барнома ин чиз мутаассифона мушоҳида нашуд. Яъне маълум нагардид, ки худи хабар куҷосту пешгуфтори он куҷо. Зеро  дар оғоз ровӣ эълон кард, ки президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа мулоқот анҷом дод.

Сипас як навори ҳаҷман кутоҳро аз ин мулоқот намоиш дода, ровии барнома аз студия бе нишон додани наворҳо матни хабарро пурра бо истифодаи иқтибосҳо аз баромади ду ҷониб хонд.

Телевизион барои омода кардани матлаби хабарӣ қоидаҳои хоси худро дорад: дар ин ҷо гап камтар, балки хабарро бо наворҳо нишон додан зарур аст. Агар аз баромади ду ҷониб ақаллан порчаҳои синхронӣ шунавонида мешуд (на хондани матни баромади тарафҳо аз сӯйи ровӣ), эътимод ба руйдоди баргузоршуда дучанд мегардид.

Дар пешгуфтори гузориш аз шаҳри Турсунзода (муаллиф Хуршед Ҳалимов) дар бораи бунёди беш аз 400 иншооти иҷтимоию маишӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар, ки  4 сол пас дар кишвар таҷлил мешавад, хабар доданд. Дар  худи гузориш бошад, яке аз мавзуъҳои мубрам – ҳуҷҷатнигорӣ барои хусусӣ гардонидани қитъаҳои замин (аз он ҷумла, аз тавозуни мақомоти шаҳр гирифта ба тавозуни корхонаи дигар гузаронидан) матраҳ шуд. Ҳам соҳибкорон ва ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ дар бораи аҳамияти ин қисмати муҳим дар оғози корҳои сохтмонӣ ибрози назар намуданд. Матлаб аз рӯи муҳтаво каме сусттар наворгирӣ шуда бошад ҳам, ин масъаларо матраҳ кардани муаллиф қобили зикр аст. Зеро дар ин гуна барномаҳои ҷамъбастии телевизионҳо гузоришҳои таҳлилӣ бисёр кам ба назар мерасад ва ин яке аз камбудҳои ҷиддии ин гуна барномаҳост.

Гузориш аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (муаллиф Низомиддин Исоев) ба масъалаи гузаронидани корҳои фаврии  соҳилмустаҳкамкунӣ аз сӯйи кормандони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда якҷоя бо аҳолӣ бахшида шуда буд. Бояд зикр намоем, ки мавзӯи баррасишаванда дар вазъияти имрӯзаи тағийрёбии обу ҳаво  ва боронҳои шадид  зарурӣ буда, барои дигар ҷамоатҳо, ки бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, метавонад намунаи ибрат бошад.

Беш аз ҳама стендапи истифодабурдаи муаллифи гузориш ҷолиб буд. Журналист онро аз экскаватор оғоз карда, якбора хез мезанаду ба замин поин мешавад ва азбаски нафаскашиаш халалдор шуд, суханашро то ба охир раҳ гашта, канда-канда мезанад.

Зимнан: як инқилоби хурдакак дар  телевизиони кишвар – ин маротиба журналист дар экран бо либоси озоди корӣ (барои наворгирии корҳои саҳроӣ бо шими ҷинсу футболка дар экран пайдо шудан беҳтар аз  он аст, ки рӯзноманигорро бо шиму гарданбанд дар гармхона мебинем),  пайдо шуд.

Дар гузориши Шаҳлои Аҳмадхон аз  Панҷ мушкилоти моҳипарварӣ дар ноҳия баррасӣ шуда, хоҷагидорони маҳаллӣ (дар мисоли Шараф Сайфиддинов, ки 12 сол аст бо парвариши моҳӣ  машғул аст) аз он шикоят карданд, ки барои парвариши моҳӣ ба онҳо оби худҷореъ намерасад. Аз матлаб маълум гардид, ки 27 хоҷагии моҳипарварии ноҳия 47 тонна моҳиро дар як сол парвариш мекунанд ва талаботи аҳолии ноҳияро пурра қонеъ мегардонад. Соҳибкорон аз мушкилии пур кардани ҳавзҳо барои моҳӣ ва гаронии барқ ҳангоми истифодаи генераторҳо барои кашидани об ба ҳавзҳо ва пӯшонда натавонистани хароҷоти хӯроки моҳӣ, ки худашон парвариш  мекунанд, нақл намуданд. Саволе ба миён меояд: агар хароҷот ин қадар гарон бошад, беҳтар нест, ки хоҷагидорон аз чунин намуди тиҷорат даст кашанд?

Мавзӯи гузоришҳои дигар ба бунёди боғ дар мавзеи шӯразамини Кӯҳи намаки ноҳияи Восеъ  ва вазъи китобхонаҳо дар ноҳияи Вахш ҳангоми омодагиҳо ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  бахшида шуда буданд. Дар маводи дуюм мушкилии набудани китобҳо аз намунаи адабиёти ҷаҳон бо забони тоҷикӣ ва китобхонаи электронӣ баррасӣ шуд.

Матлаби навбатӣ ба мубориза бо бемории ботулизм (заҳролудшавии организм аз меваю сабзавоти консервашуда) бахшида шуда, дар он тавсияҳои табибон истифода бурда шуданд.

Дар охир аз театри драмавии Лоҳутӣ гузориш пешниҳод шуда, қайд гардид, ки барои тамошои намоиши «Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё» кормандони Дастгоҳи иҷрояи президент омада буданд.  Муаллиф Наврӯз Сафаров аз намоиш чанд порчаи синхронӣ оварда, ақаллан бо нафаре аз тамошобинони мансабдор ҳамсуҳбат нашуд, ки таассуроти эшонро аз ин спектакли драматурги узбек расонаӣ кунад.

ТВ “Ҷаҳоннамо”:   аз ҳисобот то гузоришҳои кишоварзӣ

Дар гузориши «Ҷаҳоннамо» дар бораи мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Ал-Халифа  низ чунин ҳолат рух дод. Гап зиёд буду навор андак.

Сипас шарҳи телевизионии Ҳофизи Маҳмадалӣ дар бораи иқдоми Тоҷикистон дар масъалаи об пешниҳод гардид, ки аз матлаби барномаи «Тоҷикистон» ҳеҷ фарқе надошт ва бештар хосияти ҳисоботӣ касб намуда буд.

Дар гузориши Каримҷон Иброҳимзода  дар бораи сохтмони 350 иншоот дар Кӯлоб ба истиқболи 35-солагии Истиқлол хабар доданд, Илҳом Ализода бошад, аз шаҳри Ҳисор дар бораи ниҳолпарваришгоҳи писта, ки бори аввал дар кишвар ба роҳ монда шудааст, гузориш пешниҳод намуд. Ҳар ду мавод характери иттилоотӣ доштанд.

Дар блоки кишоварзӣ дар бораи заминҳои ёрирасон дар хоҷагиҳои вилояти Сугд ва чорводорӣ дар вилояти Хатлон матлабҳо пешкаш гардид.

Дар гузориши дуввум, ки муаллифаш Сулаймони Саид аст,  иҷрои барномаи давлатии рушди соҳаи чорводорӣ барои соли 2018-2022  баррасӣ шуда, он оҳанги танқидӣ дошт. Муаллиф дар яке аз биноҳои фарсудаву валангори фермаи ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Кушониён гашта, аз гузаштаи ин мавзеъ, ки садҳо коргар дошту чорвои калони шохдор парвариш мекард, ёдовар шуда, аз масъулини соҳа ва мақомдорон барои  аҳамият додан ба масъалаи парвариши чорво  ҳушдор медиҳад.

Дар анҷом гузоришеро аз вилояти Хатлон дар бораи маросими тақдими китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро ба аҳолӣ нишон доданд, ки  ба таври умумӣ матраҳ шуда буд.

Мушкили калони барномаҳои ҷамъбастии телевизионҳои Тоҷикистон ин ҳафта низ чун ҳафтаҳои гузашта, набудани таҳлил, характери ҳисоботӣ доштани гузоришҳо ва бештар аз зовияи тарғиботиву ба шеваи умумигӯйӣ омода шудани онҳо буд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ