ДомойХудомӯзЧӣ тавр ВАО-и байналмилалӣ саҳифаҳо шахсии рӯзноманигоронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танзим мекунанд

Чӣ тавр ВАО-и байналмилалӣ саҳифаҳо шахсии рӯзноманигоронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танзим мекунанд

Дар саҳифаҳои шахсии кормандони расонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксари вақтҳо дисклеймерро пайдо кардан мумкин аст: «Ман аз номи худам менависам, шояд нуқтаи назарам бо мавқеи корфармо мувофиқат накунад.» Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки чунин ёдоварӣ рӯзноманигорро аз барканорӣ ё оқибатҳои дигар муҳофизат намекунад. Дар натиҷа, бархе аз рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо ба ҳайси нозир ҳузур дошта, умуман чизе наменависанд, лайк намегузоранд ва шарҳ наменависанд. «Новый репортёр» нақл мекунад, ки расонаҳои байналмилалӣ нигоҳдории шабакаҳои иҷтимоии шахсии кормандонро чӣ гуна танзим мекунанд.

BBC

BBC моҳи октябри соли 2020 дастурамали навшуда оид ба шабакаҳои иҷтимоиро барои кормандонаш нашр кард.

Он кормандонро ташвиқ мекунад, ки беғаразиро нигоҳ доранд. Санад дастуреро дар бар мегирад, ки “дар бораи масъалаҳои идораи давлатӣ, сиёсат ё масъалаҳои баҳсбарангез андешаи шахсӣ баён накунанд”. Дар ин санад беғаразӣ дар контексти баёни афкори умум, ширкат дар маъракаҳои мухталиф, раҳпаймоӣ ё эътирозҳо баррасӣ мешавад.

Бандҳои санад ба кормандон новобаста аз он ки кормандон платформаҳои онлайнро бо мақсадҳои касбӣ ё шахсӣ истифода мебаранд, татбиқ карда мешаванд. Дар дастурамал омадааст, ки кормандони ин корпоратсия набояд мавқеияти BBC-ро бадном кунанд ва ҳамкоронро ошкоро танқид намоянд. Илова бар ин, «қоидаҳои сахттар барои аъзои алоҳидаи шуъбаи ахбор, ҳодисаҳои ҷорӣ, журналистикаи воқеиятгаро, роҳбарияти олӣ ва шумораи ками барандагони дорои мақоми назарраси ҷамъиятӣ» вуҷуд дорад.

Ба кормандон тавсия дода мешавад, ки аз истифодаи изҳороте дар бораи ба дӯш нагирифтани масъулият худдорӣ кунанд, ки дар ибораҳое монанди «назарҳои ман, на аз BBC» баён мешаванд, ки мумкин аст дар тарҷумаи ҳол ва профилҳои шахсӣ истифода шаванд. Инчунин, ба кормандон тавсия дода намешавад, ки смайликҳоро истифода баранд, ки метавонанд муносибати онҳоро ба мавзӯи муҳокимашуда ошкор кунанд ва бетарафии постро халалдор намоянд. Ғайр аз ин, чунин тавзеҳоте вуҷуд дорад: «Ба ёд дошта бошед, ки бренди шахсии шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар баробари масъулияти шумо дар назди BBC дар ҷои дуюм аст.» Ҳамчунин маълум аст, ки BBC аз кормандонаш дархост хоҳад кард, ки маълумотро дар бораи даромади худ берун аз корпоратсия дар пойгоҳи додаҳои ба ҳама дастрас ворид кунанд.

Reuters

Хабаргузории байналмилалии Reuters моҳи октябри соли 2018 роҳнамо оид ба сабки агентӣ ва кодекси ахлоқиро нашр кард. Тавре, ки мураттибони роҳнамо қайд мекунанд, дар асри журналистикаи шаҳрвандӣ, ин маводҳои роҳнамо «барои рушди рӯзноманигорон як фурсати хуб» хоҳад буд.

Маҷмӯа аз чаҳор бахш иборат аст:

  • Стандартҳо ва арзишҳо,
  • Роҳнамо оид ба сабк (стил),
  • Роҳнамо оид ба сабки ахбори варзишӣ,
  • Дастурамал оид ба фаъолияти агентӣ
  • Ва бахши махсусе, ки барои масъалаҳо, аз қабили муошират бо манбаъҳои иттилоот, нозукиҳои ҳуқуқӣ, онлайн-гузоришҳо ва дар тарзи муносибат бо таҳдидҳо ва шикоятҳо суҳбат мекунад.

Дар он 10 постулати рӯзноманигори Reuters зикр шудааст:

  1. Дақиқият ҳамеша муқаддас аст.
  2. Хатоҳо ҳамеша ошкоро ислоҳ карда мешаванд.
  3. Ҳамеша мувозинатро нигоҳ доред ва аз бадгумонӣ озод бошед.
  4. Дар бораи бархӯрди манфиатҳо ба роҳбари худ нақл кунед.
  5. Ҳамеша иттилооти имтиёздорро эҳтиром кунед.
  6. Ҳамеша манбаъҳои худро аз шахсони мансабдор ва мақомот муҳофизат кунед.
  7. Аз баёни андешаи худ дар хабар худдорӣ намоед.
  8. Ҳеҷ гоҳ ба дуздӣ (плагиат) даст назанед.
  9. Ҳеҷ гоҳ объектҳои аёниро беш аз ҳадде, ки барои беҳсозии муқаррарии тасвир зарур аст, иваз накунед.
  10. Ҳеҷ гоҳ барои рӯйдод (история) пул надиҳед ва ришва нагиред.

Ин дастур мустақиман ба рафтори рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намекунад, аммо Reuters дар соли 2010 дар ин бора тавсияҳои худро паҳн карда буд. Дар байни чизҳои дигар, чунин тавсия низ вуҷуд дошт: дар баробари ҳисоби шахсӣ ҳисоби касбӣ эҷод кунед.

Associated Press

Агентии Associated Press  дастурамали идораи аккаунтҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро дар соли 2012 нашр кард. Твиттер дар онҷо ҳамчун абзори шумораи як барои рӯзноманигорон ном бурда мешавад ва Фейсбук дар ҷои дувум қарор дорад (дар маҷмӯъ дар Ғарб Твиттер дар муқоиса бо Қазоқистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ нақши бештаре дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ бозӣ мекунад — муаллиф).

Дар он ҷо тавсияҳои зерин дода шудаанд:

  • Аз баёни андешаҳо оид ба масъалаҳои баҳсбарангез, ҳатто дар суҳбатҳои ҳифзшуда бо рамз  худдорӣ намоед.
  • Овозаҳо ва хабарҳои тасдиқнашударо паҳн накунед ва иттилоотро рӯнависӣ накунед; иттилоот ва муҳтаворо пеш аз паҳн кардани онҳо бодиққат тафтиш кунед.
  • Хатоҳоро дар ҳама платформаҳое, ки маводи хато интишор шудааст, шаффоф ислоҳ кунед.
  • Агар рӯзноманигор як навори эксклюзив дошта бошад ва мехоҳад ҳарчӣ зудтар паҳн кунад, онро пеш аз мавод дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштан мумкин нест. Танҳо агар ӯ пас аз як дақиқа пахш намешавад, баъд ба эфир мебарояд ва ин иттилоотро ҳамчун тизер истифода мебарад.
  • Ҳангоми ретвит, муҳим аст, ки дар паём равшан нишон дода шавад, ки фикри каси дигар хабар дода мешавад.
  • Менеҷерони Associated Press набояд тобеонро ҳамчун  дӯст ворид кунанд; дар ҳолатҳои дигар, дархостҳо байни коргарони AP меъёр ҳисобида мешаванд.

Wall Street Journal

Ба идораи маҷаллаи Wall Street Journal оид ба масъалаи шабакаҳои иҷтимоӣ моҳи майи соли 2009 ба муҳаррирон ва гузоришгарон ёддошт фиристода шуда буд, бо тавсияҳои зерин:

  • Ҳеҷ гоҳ иттилоот дар бораи худро таҳриф (муаррифии нодуруст) накунед, — масалан, истифода кардан аз номи бофташуда, вақте, ки шумо аз номи нашрияи худ амал амал мекунед. Ҳангоми дархост кардани иттилоот аз хонандагон ва иштироккунандагони мусоҳиба, шумо бояд худро ҳамчун корманди ҳамон нашрияе муаррифӣ кунед, ки онро намояндагӣ мекунед.
  • Ҳамаи шарҳҳои шумо бояд ба далелҳо асос ёфта бошанд; агар зарур бошад, гузоришҳоро овардан мумкин аст. Агар шумо фикру мулоҳизаҳои шахсии худро мубодила мекунед, ақидаҳои ҷонибдоронаи сиёсиро баён мекунед, пас тамоми созмон мумкин аст барои барои таассуб мавриди интиқод қарор гирад. Дар ин ҳолат, дар оянда гузоришгар мумкин аст аз ҳуқуқи инъикоси мавзӯъҳо барои нашрия маҳрум шавад.
  • Дӯстон ё аъзои оилаи худро ба пешбурд ё ҳимояи кори худ ҷалб накунед.
  • Пеш аз ба рӯйхати дӯстон ворид кардани маълумоти тамоси ягон шахс, ки эҳтимолан зарур аст, ки ҳамчун манбаъҳои махфӣ дар назар гирифта шаванд, бо муҳаррири худ машварат кунед.
  • Бигузор маводи шумо ба ҷои худ сухан гӯяд. Дар ин бора маълумоти муфассал надиҳед, ки мақола чӣ гуна нашр шуда буд, навишта шуд ё таҳрир шуда буд.
  • Мақолаҳои чопнашуда, мулоқотҳое, ки шумо иштирок доштед ё дар нақша доред, ки иштирок кунед, ё мусоҳибаеро, баргузор намудед, муҳокима накунед.
  • Кори ҳамкорон ва рақибонро паст назанед, бо хашм ва рӯҳияи ҳамлагарона таблиғ кардани маводҳои худр зарур нест.
  • Бо иғвогарон вориди муколамаи беадабона нашавед.
  • Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Twitter набояд бизнес ва дилхуширо омехта кард. Ақли солим бояд ғалаба кунад. Агар шумо дар бораи мувофиқ будани твит ё пост шубҳа дошта бошед, пеш аз фиристодан онро бо муҳаррири худ муҳокима кунед.

Дар соли 2017 кормандони Wall Street Journal аз номи роҳбарони худ нома фиристода шуд, ки дар он суханҳои зерин мавҷуданд, ки метавонанд ҳамаи ин маводро хуб ҷамъбаст намоянд:

“Нашрияи мо аз муддатҳо пеш дар бораи истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ тавсияҳои ҷиддӣ медиҳад. Бо ин ҳол, платформаҳое монанди Twitter, LinkedIn ва Facebook ҳамчунон ба мо ҳам имкониятҳо ва ҳам мушкилотро пешниҳод мекунанд. Дар беҳтарин ҳолат, платформаҳои иҷтимоӣ метавонанд абзорҳои бузурги ҳамкорӣ бошанд, ки ба мо имкон медиҳанд, ки кори журналистии худро мубодила кунем, бо хонандагон ва манбаъҳо муошират кунем ва ҳатто дар таҳияи гузоришҳо кумак мекунанд. /…/ Аммо мо бояд дар хотир дошта бошем, ки платформаҳои иҷтимоӣ платформаҳо барои нашр мебошанд, ки бояд бо он бо ҳамон стандартҳое муносибат кунем, ки дар расонаи худамон мавҷуд аст. Ҳамчун корманди шуъбаи ахбор, мо бояд беҳтарин арзишҳои рӯзноманигории худро муаррифӣ кунем. Инҳо аз поквиҷдонӣ, доштани далелҳо ва бетарафӣ иборат мебошанд».

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ