ДомойМедиалентаInternews дастурамали методӣ ҷиҳати инъикоси озодии дин ва гуногунии динҳоро барои Тоҷикистон...

Internews дастурамали методӣ ҷиҳати инъикоси озодии дин ва гуногунии динҳоро барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳия кардааст

Дастурамал доир ба инъикоси озодии дин ва гуногунии динҳо аз ҷониби Internews бо иштироки гурӯҳи калони коршиносон таҳия карда шудааст, ки ба он диншиносон, ҳуқуқшиносон, методистҳо ва тренерҳои расонаӣ аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дохил шудаанд.

— Ин дастурамал аз он ҷиҳат беназир аст, ки он маводи калонро доир ба қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи дин дар бар мегирад, мегӯяд Ирина Чистякова, мушовири минтақавии Internews, ки ҳамчунин дар таҳияи дастурамал иштирок намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар бахше, ки аз ҷониби коршиносон-диншиносон омода карда шудааст, методологияи таълим ва маслиҳатҳои амалӣ роҷеъ ба инъикоси мавзуъҳои вобаста ба дин ва озодии дин, чӣ гуна ба таври дастрас дар бораи дин бар асоси журналистикаи ҳассос ба низоъ барои аудиторияи омоданашуда нақл намуданро дар бар мегирад.

– Барои таҳия намудани дастурамал беш аз 10 коршинос аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кор кардаанд ва натиҷаи кӯшишҳои онҳо маводи амалӣ барои инъикоси мавзӯи дин бо таваҷҷуҳ ба контексти мубрам ва шароити минтақа буд. Ин дастурамал ба журналистҳо кӯмак мекунад, ки ҳангоми кор дар ин мавзӯи мураккаб ба хатоҳо роҳ надиҳанд ва ба омӯзгорон ва тренерҳои расонаӣ дар таҳияи барномаи таълимӣ дар ин мавзуъ мусоидат мекунад, мегӯяд Чистякова.

Ғайр аз коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, мутахассиси байналмилалӣ, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи роҳбарии воситаҳои ахбори омма ба номи Сол Плаате (Донишгоҳи Родос) Питер де Туа низ дар дастурамал кор кардааст. Питер де Туа муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ, ҳамин гуна дастурамалҳои методӣ доир ба мавзуъҳои ҳассос мебошад ва ба туфайли таҷрибаи ӯ ин дастурамал нашр шудааст.

— Ташкил намудани ин гуна абзорҳо ҳеҷ гоҳ осон нест, зеро он бояд ниёзҳои бисёре аз истифодабарандагони эҳтимолии гуногунро қонеъ созад. Ин фаҳмиши возеҳи мушкилоти маҳаллиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки муаллифон шароити ҷомеаҳоеро, ки бо онҳо кор мекунанд, хуб фаҳманд,. Ман фикр мекунам, ки муаллифон аз ин ба хубӣ огоҳ буданд ва ин ба он мусоидат кард, ки дастурамал воқеан муфид аст, гуфт Питер де Туа.

Ба гуфтаи коршинос, истифодабарандагони ин дастурамал бояд фикр кунанд, ки онҳо аз дарсҳои гуногуни пешниҳодшуда чӣ гуна манфиат ба даст оранд ва ин иттилоотро ба ниёзҳои мушаххаси худ мутобиқ созанд.

— Ин махсусан барои омӯзгороне муҳим аст, ки мехоҳанд идеяҳои дар ин ҷо пешниҳодшуда ба ниёзҳои мушаххаси хонанда мувофиқ бошанд. Дастурамал бояд ба истифодабарандагон заминаи мустаҳкаме фароҳам оварад, ки дар он онҳо метавонанд кор кунанд, мегӯяд коршинос.

Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки нусхаи тоҷикии ин дастурамал дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст. Намояндагони ин сохтор маводи иловагии коршиносиро доир ба ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва динӣ пешниҳод намуданд.

Дастурамал аз чор қисм иборат аст.

  1. Рӯйкардҳои диншиносӣ ва шарҳи равандҳо ва хусусиятҳои пешбурди масъалаҳои озодии дин.
  2. Шарҳҳои ҳуқуқӣ, ки таҷрибаҳои байналмилалӣ ва маҳаллии қонунгузориро дар соҳаи таъмини озодии дин дар бар мегиранд.
  3. Рӯйкардҳои журналистӣ ба инъикоси масъалаҳои озодии дин ва гуногунии динҳо.
  4. Саволҳои методӣ: тарзи таълими истеҳсоли контент дар мавзӯи озодии дин.

Дастурамал ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ омода карда шудааст ва нусхаҳои он барои боргирӣ тавассути линкҳо (ссылка) дастрас мебошанд. Ҳамчунин, дастурамал дар шакли чопӣ дар Тоҷикистон барои истифода дар барномаҳои таълимӣ, марказҳои захиравӣ, дар байни баҳрагирандагон ва шарикони Internews дастрас хоҳад буд.

Матни таҳқиқотро метавонед аз ин ҷо боргирӣ намоед.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ