ДомойЛоиҳаҳои моКӣ бештар норозист: коршиносон ё журналистон?

Кӣ бештар норозист: коршиносон ё журналистон?

Меъёрҳои ахлоқи касбӣ тақозо менамояд, ки журналистон дар матолиби худ аз хизмати коршиносон истифода намоянд. Зеро феълан майл ба “журналистикаи хушк” чандон зиёд нест. Барои ҳамин, ғайр аз пешниҳоди ин ё он хабар, ҳодиса ё майлони ҷамъиятӣ, журналист бояд онро тавзеҳ бидиҳад ва чанд паҳлӯи масъаларо ба мухотабон арзёбӣ намояд. Ин корро маҳз коршинос анҷом медиҳад. Аммо дар Тоҷикистон чанд масъалаву мушкилоти хос вобаста ба коршиносон ва истифодаи онҳо дар расонаҳои хабарӣ ҷой дорад. Ин масоилро Раҷаб Мирзо дар подкасти нав «Новый репортер» бо коршиноси масоили сиёсӣ Шералӣ Ризоён ва журналисти гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” Мазҳаб Ҷумъа дар миён гузошт. Маълум гашт, ки масоил ва мушкилот дар ин бахш бештару ҷиддитар аз он аст, ки мо тасаввур мекунем.

Шералӣ Ризоён мегӯяд решаҳои аслии масъаларо медонад. Барои ҳамин саволҳо мегузорад ва ба онҳо ҳам ҷавоб мепурсад. Баъзан посух низ медиҳад:

— Коршиносон ду навъ мешаванд: ҷиддӣ ва қалбакӣ. Онҳоро чӣ гуна мешавад фарқ кард?

— Ҳатто таҳлилгарро коршинос гуфтан нашояд. Медонед барои чӣ?

— Коршиносӣ аксари вақт ғайр аз дарди сар чизе бароят намедиҳад. Зеро…

— Ин ақидаи хатост, ки коршиносонро журналистон муаррифӣ мекунанд!

— Мо ба истилоҳ коршиносоне ҳам дорем, ки дар як масъала имрӯз назари дигар доранд, пагоҳ андешаи комилан дигар.

— Барои баъзеҳо, ки дар фазои хабарӣ контент месозанд, худи коршинос ва назари вай ягон арзиш надорад.

Мазҳаб Ҷумъа ба ин назар аст, ки ба ҳамаи саволҳои гузошташуда посух додааст. Ӯ ҳамчунин масоилеро дар миён мегузорад, ки посух додани дигарон ногузир хоҳад буд:

— Мушкили аслии журналистони Тоҷикистон дастнорас будани коршиносон аст.

— Чунин фазо барои пайдоиши коршиносони қалбакӣ шароит муҳайё мекунад.

— Аз якрангии коршиносон аудиторияи тоҷик ҳам хаста мешавад.

— Назарҳои обшуставу ҳамеша якхелаи коршиносон.

— Албатта коршиносони хуб ҳам ҳастанд, вале онҳо бо чанд сабаб аз изҳори назар худдорӣ мекунанд…

— Ман коршиносеро медонам, ки изҳори назараш яке аз сабабҳои аз кор рафтанаш шуд…

Дар шакли комили ин сӯҳбат масъалаҳои ҷолибтару ҷиддитарро ҳам шоҳид хоҳед шуд:

iTunes

Google подкасты

Яндекс.Музыка

Хабарнигори муосир

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ