ДомойХудомӯзХуб, Google, чӣ гуна расонаҳоро бо забонҳои миллии Осиёи Марказӣ бояд инкишоф...

Хуб, Google, чӣ гуна расонаҳоро бо забонҳои миллии Осиёи Марказӣ бояд инкишоф дод?

Бо забонҳои миллӣ пеш бурдани сайтҳо дар Интернет нисбат ба забони русӣ хеле мушкилтар аст. Вале ин як тамоюли муваққатист, ки худи расонаҳо ва корбарон метавонанд онро тағйир диҳанд. Иштироккунандагони тренинг доир ​​ба SEO-оптимизатсияи сайтҳо бо забони миллӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаи Your.tj бо дастгирии Internews дар Душанбе баргузор гардид, дар бораи чӣ гуна анҷом додани ин кор суханронӣ карданд. Тренерони асосии ин курс мутахассисон аз Украина буданд, кишваре, ки дар он дар ҳоли ҳозир маъруфияти забони украинӣ, аз ҷумла дар Интернет афзоиш меёбад.

Бо дархости «Новый репортер» яке аз тренерҳо — Наталия Судакова, шарики агентии SEOforMedia, дастурамале дар бораи он, ки чӣ гуна метавон сайтҳоро бо забонҳои миллӣ инкишоф дод, таҳия кард.

Барои чӣ расона бояд трафики ҷустуҷӯгарро инкишоф диҳад?

Имрӯз маҳз ин трафики органикӣ аз ҷустуҷӯ, инчунин трафик аз агрегаторҳои гуногун ва каналҳои персоналишуда ба монанди Google News ва Google Discover мебошанд, ки трафики аз ҳама бештарро барои расона медиҳанд.

Барои муқоисаи худ ва рақибон, шумо метавонед аз сервиси (ё ҳатто осонтар — плагини) Similarweb  истифода баред. Додаҳо (данные) аз Google Analytics фарқ мекунанд, аммо дар он ҷо таносуби намудҳои трафикро ба ҳисоби дарсад дидан роҳаттар аст — маъмулан он ба ҳақиқат наздик аст. Барои мисол додаҳо аз Newreporter, ки трафик аз ҷустуҷӯи асосӣ интизор меравад:

Аксари вақтҳо расонаҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Аммо шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷустуҷӯ вазифаҳои гуногун доранд.

  • Вазифаи шабакаҳои иҷтимоӣ — нигоҳ доштани корбар аст. Онҳо намехоҳанд, ки одамон ин шабакаро тарк кунанд. Барои онҳо осонтар аст, ки ба одамон видео ё постҳои эҳсосбарангез бо аксҳои шахсӣ пешниҳод кунанд.
  • Ҳадафи ҷустуҷӯ – ҳал кардани мушкилоти мушаххаси корбар ва пешниҳод кардани муҳтавои аз ҷониби шахсе навишташуда мебошад, ки беҳтарин коре аст, ки метавонад анҷом диҳад.

Мантиқист, ки трафик аз абзорҳои ҷустуҷӯ барои расонаҳо имрӯз дурнамои бештар дорад. Аммо Google аввал бояд ҳар як саҳифаи расонаро ҳисоб кунад ва бифаҳмад, ки он ба кадом дархости ҷустуҷӯ алоқаманд аст. Дар натиҷа, он чиро метавонад аз рӯи дархости «Хабарҳои Душанбе» нишон диҳад ва чиро — бо дархости «Фестивал дар Остона».

Ва дар ин ҷо расонаҳо худ барои худашон монеа месозанд ва ба Google барои фаҳмидани моҳият ва сохтори саҳифа халал мерасонанд.

Барои чӣ Google бо забонҳои маҳаллӣ мушкил дорад?

Аввалан, алгоритмҳои Google индекссозӣ мекунад, яъне онҳо аксарияти забонҳои ҷаҳонро мефаҳманд ва натиҷаҳои органикии худро мегиранд. Аз ҷумла, забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайра.

Албатта, дақиқияти Google дар хондани он ба маҳбубияти забон бастагӣ дорад. Барои забонҳои маҳаллӣ нисбат ба русӣ ё англисӣ душвортар аст. Нуктаи дигар он аст, ки расонаҳо аксари вақтҳо ба талаботи Google ҷавобгӯ нестанд ва умуман ба натиҷаҳои ҷустуҷӯ дохил намешаванд. Агар шумо хоҳед бубинед, ки оё Google саҳифаро индексатсия мекунад, онро дар қисмати «Check Url» (Проверка Url) дар Google Search Console санҷед:

Ё танҳо линкро ба сатри ҷустуҷӯи Google гузоpед ва агар системаи ҷустуҷӯӣ чизеро наёбад, кадом амале нодуруст аст.

Дувум, бале, на ҳама забонҳоро дар агрегатори Google News ва шабакаи Google Discover ёфтан мумкин аст. Ин дигар ҷустуҷӯи органикӣ нест, ҷое ки дар он шахс одатан иттилоотро ҷустуҷӯ мекунад, балки тарзи кори Google барои тавсия додани чизе ба корбар аст.

Масалан, Google News дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ кор намекунад — танҳо бо забони русӣ. Ва ин ба кам будани талабот ва танзимҳои персоналишуда (фардишуда)  дар компютерҳо ва телефонҳои корбарон вобаста аст. Ба ибораи содатар, агар интерфейси телефонҳои одамон ба забони русӣ бошад, онҳо аз нигоҳи оморӣ бештар бо забони русӣ ҷустуҷӯ мекунанд ва дар забонҳои маҳаллӣ муҳтавои босифат ба андозаи кофӣ вуҷуд надорад – умуман, чаро Google онро бояд нишон диҳад? Гузашта аз он бо ин мақсад барои инкишофи абзорҳои худ сармоягузорӣ кунад?

Вазъияти ҷустуҷӯ бо забоҳои миллӣ ғамангез аст – одамон бо забони русӣ ҷустуҷӯ мекунанд, зеро, ки интизор доранд иттилооти бештар пайдо кунанд. Биёед бо мисолҳо мефаҳмонам. Дар Тоҷикистон дархости “новости” ба забони русӣ бо таври мутаносиб 15 ҳазор бор дар моҳ дар Гугл ҷустуҷӯ мешавад, ва “новости” ба иловаи баъзе тавзеҳот ба монанди “Таджикистана” ё “Тоҷикистон” сад ҳазор маротибаи дигар.

Дар айни ҳол версияи (нусхаи) монанди ин дархост ба забони тоҷикӣ яъне “Ахбор” фақат 600 бор дар моҳ ҷустуҷӯ мешавад, ва “Ахбор” бо иловаи тавзеҳот танҳо чанд бор дода шудааст.

Шумо метавонед ба осонӣ талаботро ба чунин абзорҳо бо забони худ бубинед:

  1. Google Trends — воситаи хеле сабук ва қобили фаҳм аз Google мебошад. Танҳо кишварро интихоб кунед ва дархости ҷустуҷӯро ба забони лозим ворид кунед.
  2. Банақшагирандаи вожаҳои калидӣ дар Google Ads. Беҳтарин аз вариантҳои ройгон мебошад, дар он ҷо мумкин аст, ки дар муқоиса бо Trends чизҳои зиёдтарро бубинед, вале шумо бояд сабти ном кунед. Дастурамал аз SEOforMedia дар ин ҷост.
  3. Абзори мукаммалтарин, вале пардохтшаванда Serpstat мебошад, ки версияи ройгон дорад (шумораи ками дархостҳоро дар як рӯз тафтиш кардан мумкин аст). Дар муқоиса бо абзорҳои Google, ки онҳоро сензура мекунанд, мавзуъҳои сиёсӣ ва ҳассосро нишон медиҳад.

Дар боло скриншотҳо аз Serpstat оварда шудаанд. Танҳо кофӣ аст, ки ба воситаи Google ё FB-и аккаунт ворид шавед, «ибораи калидӣ» ва Google-и кишвари даркориро интихоб кунед, дархости ҷустуҷӯро ворид намоед ва натиҷаҳоро бубинед.

Чӣ гуна матнҳоро  бо забони модарӣ ба хонанда расонем?

Мо дар SEOforMedia аллакай бо зиёда аз 100 расона кор кардем ва метавонем бо боварӣ бигӯем, ки бояд аз чизҳои хеле бунёдӣ шурӯъ кунем, ки аксари расонаҳо онҳоро пайгирӣ намекунанд.

Қадами 1. Аудит ва танзими версияҳои забонӣ.

Агар расона хатоҳои муҳими техникӣ дар сайт дошта бошад (инро SEO-аудит нишон медиҳад, ки бояд ҳадди ақал як бор дар як сол анҷом дода шавад) — барои Google, сайт ба ҳадди кофӣ салоҳиятдор нахоҳад буд, ки онро усулан гурӯҳбандӣ кунем. Илова бар ин, он мумкин аст дар бан қарор гирад.

Аз хатоҳои паҳншуда – шумораи зиёди 404 саҳифа ҷамъ шудааст; Sitemap-и бад; сайт аз тариқи ду нишонӣ дастрас аст, яъне он ба Google ду бор ҳамаи саҳифаҳои худро медиҳад, онҳоро ғайри мунҳасир ба фард мегардонад, ки ин хеле бад аст. Ин феҳристро метавон идома дод.

Мисоли тоза ин аст, ки аз нуҳ расонаи тоҷикие, ки мо моҳи ноябр таҳлил кардем, сетоаш дар протоколи амниятии куҳнашудаи HTTP қарор доштанд, яъне Google аз хонандагон хоҳиш мекунад, ки ба он ҷо ворид нашаванд ва аксари вақтҳо ҳатто саҳифаро намекушояд (вобаста ба танзими браузери шахс).

Ҳамчунин, сайтҳое, ки камтар аз як сол доранд, дар аксари ҳолатҳо, дар натиҷаи ҷустуҷӯ дар ҷои охирин мебошанд. Google инро рад мекунад, аммо дар амал —  чунин аст. Ба он вақт лозим аст, ки ба сайт «бовар» кунад. Пас, хеле муҳим аст, ки расонаҳои дигар ба ин сайт истинод кунанд, сайтҳое, ки он (Google) аллакай бовар мекунад – бо ин тарз онҳо қудрат ва вазни худро мубодила хоҳанд кард.

Вақте ки сухан дар бораи версияҳои забонӣ меравад, аз ҳама хатои маъмултарин – таҳия накардани версияҳои забонӣ ва гузоштани муҳтаво болоиҳам дар як саҳифа мебошад. Яъне дар код (рамз) версияҳои забонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ нишонагузорӣ нашудаанд. Ин танҳо Google-ро ба сардаргумӣ мекашонад ва шуморо аз натиҷаҳои ҷустуҷӯ дур нигоҳ медорад. Ғайр аз он, вақте ки версияҳои забонӣ мавҷуданд, онҳо бояд ба Google Publisher Center ҳамчун сарчашмаҳои алоҳида илова карда шаванд.

Ин мавзуъ, аслан, дастури алоҳидаро талаб мекунад, аз ин рӯ, шумо бояд аз дастури расмии худи Google доир ба танзими версияҳои забонӣ оғоз кунед, махсусан ки он ба забони русӣ аст.

Қадами 2. Оптимизатсияи муҳтаво

Ин ҷо кор хеле зиёд аст. Матнҳои расона на аз ҷониби одамон, балки аз рӯи алгоритме индексатсия мешаванд, ки аз рӯйи принсипи муайян кор мекунанд. Он иттилоотеро мехонад, ки шумо бояд дар панелҳои администратори худ мувофиқи талаботи он пур кунед.

Масалан, расона одатан фарқи байни Title, H1 ва Description-ро намефаҳманд (номи умумӣ – мета-додаҳо) — ин чист ва ин иттилоот ба куҷо меравад. Ин Title ва Description аст, ки одатан ба ҷустуҷӯи органикӣ дохил мешаванд.

Ин иттилоот барои Google хеле муҳим аст ва ба он моҳияти ҳар як саҳифаро мефаҳмонад. Расонаҳо бошанд, онро пур намекунанд, ё инро нодуруст анҷом медиҳанд.

Масалан, дар версияи тоҷикӣ мета-додаҳо ба забони русӣ аст. Чӣ гуна Google бояд ин саҳифаро ба забони тоҷикӣ гурӯҳбандӣ кунад, вақте ки шумо дар бораи чӣ будани саҳифаро ба он ба забони русӣ мефаҳмонед?

Боз ҳам бештар, мета-додаҳо танҳо бо ибораҳои умумӣ бе калимаҳои калидӣ пур карда мешаванд, ки ба Google дар фаҳмидани ин матн ва гирифтани он дар натиҷаҳои ҷустуҷӯ барои дархостҳои мушаххаси корбар кӯмак намекунанд.

Ва ин танҳо оғоз аст. Расонаҳо аксари вақт Alts-ҳоро барои аксҳо, инфографикаи худ пур намекунанд ва сипас дар ҷустуҷӯи тасвирҳо гурӯҳбандӣ намешаванд.

Онҳо аҳамияти сохтори дурусти матнро намефаҳманд: зерсарлавҳаҳои H2, рӯйхатҳои нишонагузоришуда ва рақамгузоришуда, муҳтавои кликшаванда дар ибтидо ва ғайра. Аммо ба шарофати онҳо Google дарк мекунад, ки матн аз чӣ иборат аст ва метавонад онро зиёдтар гурӯҳбандӣ кунад.

Агар расонаҳо дар H2 «Ҳамчунин хонед» ё «Хабарҳои дигар»-ро гузоранд ва рӯйхатҳо бидуни аломатгузории дуруст дар код дастӣ навишта шаванд, — дар мусобиқаи Google ғолиб намешаванд. Ва ин ҳолат дар ҳар як расонаи дуюм рӯй медиҳад.

Кор бояд аз омӯзиши ҳамаи талаботи SEO барои муҳтаво ва омӯзиш барои редаксия оғоз шавад, ки дар он журналистҳо дарк хоҳанд кард, ки барои Google чӣ умуман муҳим аст ва кадом майдонҳоро пур кардан лозим аст. Бахусус, агар сухан дар бораи забони миллӣ, ки бе он ҳам мушкил дорад, равад.

Қадами 3. Омӯзиш додани аҳолӣ

Ба мардум гузаштан ба забони модариро омӯзиш додан ва ҳавасманд кардан муҳим аст. Дар бораи омӯзиши забон матнҳо навиштан лозим аст, курсҳо (онлайн) интихоб карда шаванд. Умуман, танҳо бо забони модарӣ муҳтавои ҷолиб эҷод шавад.

Принсип оддӣ аст: ҳар қадаре, имкони пайдо кардани иттилоот ба забони модарӣ бештар бошад, одамон ҳамон қадар бештар онро ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳар қадар, ки одамон онро ба забони модарии худ зиёдтар ҷустуҷӯ кунанд, ҳамон қадар тезтар агрегаторҳо ва шабакаҳо тезтар ба он расида меоянд.

Ва он чизе, ки барои онҳо аҳамияти бештар дорад, ин аст, ки мардумро водор созанд, ки забони модарии худро ҳамчун забони ҷустуҷӯии Google ва забони интерфейс дар телефону компютери худ муқаррар кунанд. Агар шахсе телефон ба забони русӣ дошта бошаду бо забони русӣ гугл кунад, дар онҷо забони дигарро намебинад.

Қадами 4. Пайдо кардани роҳи ҳал ва ба роҳ андохтани тафаккури интиқодӣ

Бо забонҳои гуногун, одамон бо тарзҳои монанд дар Google ҷустуҷӯ мекунанд. Агар одамон бо забони модарии шумо дар Google кам ҷустуҷӯ кунанд, метавонед ба дархостҳо бо забони русӣ таваҷҷуҳ кунед ва онҳоро ба забони маҳаллӣ тарҷума кунед.

Ҳамчунин бояд ба мавзуъҳое диққат диҳед, ки бештар бо забони модарии шумо аз рӯйи омор дар Google ҷустуҷӯ карда мешаванд. Масалан, қонунҳои нав, ислоҳот, қоидаҳо (агар сайтҳои давлатӣ ба забони давлатӣ бошанд). Ё мавзуъҳои хос барои минтақаҳои кишвар, ки дар онҳо забони миллӣ нисбат ба русӣ бештар паҳншуда аст.

Ҳолати Украина ва забони украинӣ — барои ҳавасмандкунӣ.

Ҷанг бо Русия барои мо дар соли 2013 оғоз ёфт ва ҳамон замон тренд (тамоюл) ба ҳама чизи украинӣ афзоиш ёфт. Бо гузашти солҳо, ин дар маъруфшавии забон, мусиқӣ, анъанаҳо ва аз ҷумла дархостҳои ҷустуҷӯӣ бо забони украинӣ ва шумораи сайтҳое зоҳир шуд, ки танҳо ба забони модарии худ менависанд ё ба он тарҷума мекунанд. Забони русӣ ҳанӯз ҳам дар Google бартарӣ дошт, аммо украинӣ тамоюли хуб, вале сусти рушдро нишон дод, ки тақрибан 26% дархостҳои ҷустуҷӯиро ташкил медод.

Пас аз оғози ҳамлаи Русия дар соли 2022, одамон ба таври оммавӣ аз забони русӣ даст кашиданд — ин як флешмоби васеъмиқёси ҷудогона шуд. Дар баҳори соли 2022 дархостҳо бо забони украинӣ аллакай 35% натиҷаҳои ҷустуҷӯи Google-ро ташкил медоданд. Имрӯз, тамоюл танҳо қавитар мешавад.

Бисёре аз расонаҳо версияҳои русизабонро ба таври куллӣ хомӯш мекунанд. Иттилооти бештар босифат ва муҳимтар аз ҳама мувофиқ барои корбарони украинӣ бо забони украинӣ вуҷуд дорад. Агар қаблан Google барои пешниҳоди муҳтаво аз сайтҳои Русия ҳавасманд будааст, ҳоло ҳама чиз зуд тағйир меёбад. Расонаҳои Украина, ки танҳо ба рӯи Русия ҳисоб мекарданд, талош доранд ба тренди (тамоюли) аз дасташон рафта даст ёбанд. «Саршир»-ро онҳое ҷамъ мекунанд, ки версияи украиниро кайҳо пеш ва бо тамоми нерӯ инкишоф медоданд.

Пас, нақшаи амалҳо

  1. Сайт бояд аз ҷиҳати техникӣ ба талаботи Google ҷавобгӯ бошад — ҳадди ақал як аудит гузаронед ва онро амалӣ кунед!
  2. Ба редаксия талаботҳои системаҳои ҷустуҷӯиро омӯзиш диҳед (худатон биёмӯзед, мутахассиси SEO-ро киро кунед ё танҳо барои редаксия давраи омӯзишӣ фармоиш диҳед — вариантҳо мавҷуданд).
  3. Ба забони модарии худ бисёр навиштанро идома диҳед, аммо бо сайти омода ва муҳтавои оптимизатсияшуда.
  4. Одамонро барои гузаштан ба забони модарии худ дар ҷустуҷӯ ва интерфейс ҳавасманд кунед.

Ва муҳимтар аз ҳама — ин нақшаро дар сандуқчаи дарозмуддат ба таъхир наандозед!

 

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ