Чанд сол пеш як нашрия ба ин савол посух дарёфт карданӣ шуд, ки соли нав дар Тоҷикистон аз кадом сол таҷлил мегардад?
Пурсуҷӯи зиёд ҷавоби мушаххас надошт. Фақат муаррихон ва фарҳангшиносони номдор тахмин заданд, ки эҳтимол таҷлили соли нав дар кишвари мо ба пайдоиши телевизион иртибот мегирад.
Ин ба он маъност, ки Телевизиони Тоҷикистон дар шакл гирифтани фарҳангҳои аврупоӣ дар асри 20 хеле мусоидат кардааст.
Воқеан ҳам, огоҳон аз рӯзгори замони шӯравӣ медонанд, ки мардум ба барномаҳои солинавии он замон ягона шабакаи телевизионӣ, ки Телевизиони Тоҷикистон ном дошт, сахт мароқ доштанд ва онҳоро муддатҳо интизорӣ мекашиданд. Ҳатто дар замони истиқлол, то чанд сол пеш ҳам.
Ба назар мерасад, ки феълан на ҳамаи бинандагон аз сифат ва мӯҳтавои барномаҳои солинавии телевизионҳои Тоҷикистон қаноатманданд. Баръакс, зимни як назарсанҷии мо дар гурӯҳи “Ахбор барои афкор” –и Фейсбук, ки тақрибан 80 000 корбар дорад, як қисм аз ширкаткунандагон ошкоро гуфтанд, ки ба ҷои барномаҳои солинавии шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон онҳо бо аҳли оилаи худ барномаҳои солинавии шабакаҳои телевизионии Русия ва Ӯзбекистонро тамошо кардаанд.
Масъулини шабакаҳои телевизионӣ бошанд, бо хулосагирӣ аз назарсанҷиҳои як созмони сотсиологӣ сахт мутмаинанд: аксарияти мардуми Тоҷикистон барномаҳои онҳоро тамошо мекунанд!
Нақдгарони расонаии мо ҳам барномаҳои солинавии шабакаҳоро тамошо карданд, ҳам далелҳои роҳбарону масъулони ин шабакаҳоро шуниданд ва ҳам назари бинандагони оддиро дар бораи ин барномаҳо пайгирӣ намуданд…
Бояд рақобат мешуд. Шуд?
Маъмулан барномаҳои солинавӣ ҷузъи муҳими фазои солинавӣ дар хонадони мардум дониста мешавад. То соли 2005 Тоҷикистон танҳо як шабакаи ТВ дошт, ҳоло беш аз 10 шабакаи телевизионии давлатӣ амал мекунад. Ҳамроҳ бо шабакаҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо бошад, ин теъдод рақами 40 –ро убур менамояд. Дар ин замина, аз рӯи мантиқ барои ҷалби мухотабон бояд рақобати шадид миёни шабакаҳои телевизионӣ пеш биёяд. Аммо аксари мардум ба ин назаранд, ки то даҳаи аввали соли 2000 барномаҳои солинавӣ ҷолибтар буданду ҳоло чунин нест. Ҳатто қаҳрамонҳои асосии солинавӣ — Бобои Барфӣ ва наберааш Барфак ҳам акнун дар телевизионҳои Тоҷикистон чеҳраҳои он қадар “мақбул” ба ҳисоб намераванд.
Пеш аз он, ки ба тафсилоти назару интиқоди бинандагони оддӣ пардозем, беҳтар медонем бонавбат бубинем шабакаҳои телевизионии мо чӣ барномаҳои солинавӣ доштанд.
“Сафина” : бе Аловуддин Абдуллоев ҳаҷв ҳоли зор дорад!
Телевизиони “Сафина” аз рӯи таъиноти худ шабакаи фарҳангии телевизионии Тоҷикистон аст. Барои ҳамин бояд барномаҳои тафреҳии он хоса дар арафаи идҳо бештар бошад. Аз ҷумла пеш аз Соли наву Наврӯз.
Масъулини “Сафина” дар хабари нашркардаи “Ховар” пеш аз Соли нав гуфта буданд, ки “Фасли эҷод”, “Лутфи латиф” “Сайри Душанбе”, “Ошёни сафед”, “Файзрезаҳои сол” ва “Хушнамо”-ро ҳамчун барномаҳои солинавӣ таҳия кардаанду ба бинандагон пешниҳод менамоянд. Талош намудем барномаҳои рӯзи 31-уми декабрро тамошо кунем.
Онҳо дар худ чӣ доштанд?
Барномаи “Фасли эҷод”, ки муаллифонаш Фурқати Низом ва Шаҳло Тӯраева буданд, аз дастовардҳои фарҳангиёни вилояти Суғд мегуфт. Он нимарӯзи 31-уми декабр оғоз гардид ва ҳудуди як соат давом кард. Зимнан, муаллифон ба ин вилоят сафар карданд, то бо аҳли фарҳанг ва адаби он вохӯрда, онҳо оид ба мувафақиятҳояшон дар соли 2022 ва нақшаҳояшон барои соли 2023 суҳбат намоянд. Яке аз сӯҳбатҳо бо Ғафурҷон Ҷӯраев, пайкарасози маъруф ва муаллифи муҷассамаҳои Садриддин Айнӣ дар пойтахт, “Модар” дар шаҳри Хуҷанд, “Ҷомӣ ва Навоӣ” дар шаҳри Душанбе буд. Пайкарасоз дар бораи махсусиятҳои ҳунари худ ва маҳсули дасташ дар соли 2022 муфассал нақл кард.
Дар идомаи барнома ҳунарнамоии овозхонҳои вилояти Суғд пешниҳод гардид, ки инро яке аз ҷанбаҳои қавии он донистан мумкин. Зеро дар аксари барномаҳои солинавӣ овозхонҳои то андозае машҳур баромад мекунанд ва ҳунармандони маҳаллӣ аксаривақт муаррифӣ намешаванд.
Ҳунарпешаҳои шинохтаи вилояти Суғд Сайрам Исоева ва Муқимҷон Абдуфаттоев ҳам аз эҷодиёташон дар соли рафта гуфтанду ҳамчунин нақшаҳои эҷодии худро дар соли нав барои бинандагон муаррифӣ намуданд.
“Фасли эҷод” бо сӯҳбати як қатор чеҳраҳои матраҳи вилоят анҷом ёфт.
Барномаи “Лутфи латиф” тақрибан соати 16 оғоз гардид ва он ҳам ҳудуди 1 соат давом кард. Аз номаш маълум, ки барнома ҳаҷвист. Аммо ба истиснои чанд латифае, ки ҳаҷвнигорону ҳунарпешаҳо нақл карданд, аксари саҳнаҳои дигари пешниҳодшуда аз бойгонӣ буданд. Дар барнома муҳаққиқон оид ба нақши ҳаҷв дар осори шоирону классику муосири адабиёти тоҷик низ сӯҳбат карданд.
Воқеан, чанд соли охир мавзӯи ҳаҷв ё саҳнаҳои ҳаҷвӣ боиси нигаронӣ дониста мешавад. Ҳатто директори телевизиони “Сафина” Носир Саидов низ аз сатҳи саҳнаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳои кишвар нигаронӣ кард ва гуфт, онҳо ҳаҷвнигоронро ба ҳамкорӣ даъват мекунанд, вале онҳо ё намеоянд, ё, агар ҳам биёянд ҳам, сатҳи ҳаҷавшон хеле паст аст.
Ба гуфтаи директори “Сафина”, аммо бинандагонашон аз онҳо барномаву саҳнаҳои ҳаҷвӣ дархост мекунанд ва масъулони шабакаи ТВ маҷбур мешаванд бойгонии худро истифода намоянд. Ин дар омади гап.
Воқеан, дар назарсанҷии мо, ки аз тариқи Фейсбук сурат гирифт, бархе бинандагон гуфтанд, ки дар барномаҳои солинавии имсола набудани ҳаҷвнигори равоншод Аловуддин Абдуллоев сахт эҳсос мешуд. Ӯ солҳои пешин барои ҳар шабака ҳаҷвияҳои гуногун таҳия мекард, ки аз ҷониби бинандагон хуш пазируфта мешуд. Аз ин хотир як рамзи барномаҳои солинавӣ ҳам ба ҳисоб мерафт.
Барномаи дигари солинавии “Сафина” “Сайри Душанбе” ном дошт, ки аз ҷониби журналист Саиданвар Умаров таҳия шудааст. Он аз барномаҳои студиявӣ бо ин фарқ мекард, ки журналисту меҳмони барнома – овозхони маъруф Валиҷон Азизов ҳамроҳ бо мусофирони зиёд, ки қисми асосиашро кӯдакон ташкил медоданд, савори мусофиркаши ҷамъиятӣ кӯчаҳои марказии пойтахтро убур намуда, ба майдони “Истиқлол”- макони барномаҳои ҷашнӣ мерафтанд. Овозхон ҳам аз фаъолиятҳои эҷодиаш нақл мекард, суруд ҳам мехонд, аз дигар овозхонҳо ҳам дар барнома порчаҳое нишон дода шуд. Барнома бо ин тамом шуд, ки автобус ба майдони “Истиқлол” расид ва ҳамаи мусофирон аз он поин шуданд. Валиҷон Азизов дар охир ба кӯдакон тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.
Мешавад гуфт, барномаи мусиқии “Ошёни сафед”, ки соати 19:00 оғоз гардид, барномаи асосии идонаи “Сафина” ба ҳисоб мерафт. Он ҳудуди 5 соат идома кард ва дар он суруду мусиқиҳои сарояндаҳои шинохтаи Тоҷикистон пахш шуд.
Дар ин миён, тарқибан баъди 1 соат, барномаи “Файзрезаҳои сол” оғоз ёфт, ки аз ҷамъбасти ҳамаи соҳаҳои Тоҷикистон дар соли 2022 нақл мекард.
Соати 20:50 “Файзрезаҳои сол” ба охир расид ва барномаи мусиқии “Ошёни сафед” идома ёфт. Аз ҷумла, овозхонҳо Таҳмина Ниёзова ва Фаридуни Хуршед паиҳам чанд суруд хонданд. Ин бори аввал нест, ки Таҳмина Ниёзова ба бинандагони тоҷик нишон медиҳад: ӯ бо англисӣ ҳам хуб овозхонӣ мекунад!
Ба сифати яке аз ҷанбаҳои фарқкунандаи барнома мешавад аз он гуфт, ки саҳнаҳои ҳаҷвиаш аз бойгонӣ набуданд. Балки дастаи замоне машҳури “Коно ва Доно”, ки ҳоло дар вилояти Суғд фаъолият доранд, намоишҳои нав пешниҳод карданд.
Воқеан, барномаи “Ошёни сафед”-и “Сафина” то соати 00:15-и 1-уми январи соли 2023 давом ёфт ва бо ҳамин пахши барномаҳои ин шабакаи ТВ хатм гардид. Зимнан, дар назарсанҷиҳои мардум ин нукта ҳам ҷо дорад, ки аксари шабакаҳои ТВ барномаҳои худро дери дер то соати ними як ба охир расониданд. Ҳол он ки бархе шабакаҳои телевизионии Русия ва Ӯзбекистон то саҳар барномаҳо пахш намуданд.
Як нуктаи ҷолиб: соати 00:00 дар “Сафина” овозхон Сангалӣ Мирзоев суруд мехонад ва ҳеҷ нишонае аз оташафрӯзӣ (салют) дар маркази пойтахт, ки солҳои қаблӣ пахш мекарданд, нишон дода нашуд.
Пешвози соли нави “Синамо” бо “Парие аз паси кӯҳи Қоф” ва реклама!
Аксари барномаҳои солинавии шабакаи телевизиони “Синамо” аз шеъру суруд ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ иборат буд. Дуруст аст, ки саҳнаҳои ҳаҷвиро аслан “Шӯхиҳои Аловуддин” –и равоншод Аловуддин Абдуллоев ташкил менамуд. Бовуҷуд, чанд нафар дар назарсанҷии мо барномаҳои солинавии ин шабакаро таъриф кардаанд.
Барномаҳои солинавии “Синамо” шоми 31-уми декабр аз “Шабовези мелод” оғоз гардид, ки муаллифони барномаи ҳамешагии “Шабовез” омода кардаанд. Он аз шеъру суруд, саҳнаҳои ҳаҷвӣ, мусоҳиба бо ҳунарпешагону ҳунармандон, коргардонҳову наворбардорон ва умуман аҳли фарҳангу ҳунар иборат буд. Барнома бештари наворҳояшро аз майдони “Истиқлол” гирифтааст, ки имсол макони сайругашти идона ба ҳисоб мерафт.
Тақрибан соати 19 буд, ки муаллифони барнома бо овозхон ва ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Парвиз Пӯлодӣ дар майдони “Истиқлол” сӯҳбат карданд. Ҳунарпеша оид ба нақшофариаш дар чанд филми дохиливу хориҷӣ ва нақшаҳои эҷодии худ дар соли 2023 сӯҳбат намуд. Дар майдони ҷашнӣ як сурудеро ҳам замзама кард.
Ба ҳамин монанд дар барнома сӯҳбатҳо бо чанд ҳунарпешаву овозхони дигар ҳам сурат гирифт, ки номаълум махсус барои сабти ин барнома ба “Истиқлол” – майдони навифтитоҳи Душанбе рафта буданд, ё тасодуфан онҳоро журналистони “Синамо” вохӯрдаанд. Латифагӯиву чанд бахши дигар, ки ба олами синамо рабт дошт, инчунин пахши саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз бойгонӣ идомаи мӯҳтавои барномаро ташкил медод. “Шабовези мелод” тақрибан ду соат давом карда, соати 20:50 ба охир расид.
Баъдан, тақрибан ним соат аз бойгонӣ “Шухиҳои Аловиддин”-ро нишон доданд. Соати 21:30 паёми табрикотии президент Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Соли нави 2023 пахш шуд.
Соати 21:55 оид ба фаъолияти ансамбли фолклориву этнографии “Бибиҳо”—и вилояти Суғд барои бинандагон барнома пешниҳод гардид. Порчае аз намоишномаи “Панҷ зани Афандӣ” ва бозхонии сурудҳои халқӣ бо иштироки аъзои ансамбл намоиш дода шуд.
Соати тақрибан 23, як соат пеш аз вуруди соли нав, дар “Синамо” филми тоҷикии “Парие аз паси кӯҳи Қоф” оғоз шуд.
Ин филм идома дошт, ки Соли нав дар кишвар фаро расид. Воқеан, дар ин вақт “Синамо” реклама нишон медод.
ТВ “Душанбе” “Ҷило” дошт!
Барномаи солинавии «Пайки сафед»-и ТВ “Душанбе”, ки мо фурсат ёфта, онро тамошо намудем, аз барномаҳои дигари солинавии шабакаҳо фарқи чандоне надошт. Сенарияи барнома чунин буд: овозхону ҳунармандон ба барнома меомаданд, корҳои анҷомдодаи худ дар соли гузаштаро нақл мекарданд ва аз ниятҳои худ дар соли нав мегуфтанд. Муҷриёни барнома аз бархе овозхонҳо талаб мекарданд, ки аз суруди худ пораеро бо “овози зинда” барои бинандагон манзур намояд. Ба баъзе саволҳои ногаҳонӣ медоданд. Масалан, як савол чунин буд: “Соли 2023 соли чист?”, ё “Хислатҳои харгӯшро гап занед”.
Меҳмонони барнома овозхонҳои шиносу начандон шинос ба ҳисоб мерафтанд: Ҷанатулло Абдуллоев, Шаҳло Ҳафизова, Худойдоди Раҳим, Фирӯза Ҳафизова, Қурбон Алиев, Меҳрочиддини Ҷаббор, Михаил Ломоносов, Ҷаҳонгири Рустам, Амина Юсуфӣ, Сурӯш Холов, Соро Аҳмадова, Ҳафиз Низомов, Лоиқ Холов, Фотима Машрабова, Комилҷон Зарипов, Файзигул Юсуфова, Гурези Раҳмон ва дигарон…
Барномаи дигари солинавии ТВ “Душанбе” «Ҳунар» буд, ки ин бор бо номи «Ҷилои ҳунар дар соли 2022» пахш мешуд. Дар бораи ҳар меҳмони худ вақти мушахасе ҷудо гардида буд ва ҳар кадом қиссаҳои ҷолибе доштанд. Аз ҷумла, Парвиз Пӯлодӣ гуфт, ки ӯро барои нақшофарӣ дар филмҳои Русия ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мекунанд. Ҳамчунин дар бораи устоди худ Кароматулло Қурбонови равоншод ва чӣ гуна ошноӣ пайдо кардан бо ӯ қиссаҳои аҷиб ва баъзан барои бинанда нав дошт.
Дар идомаи барнома Нобовар Чаноров таърихи пайдоиши суруди машҳури худро нақл кард. Гуфт мусиқии ин филм қисман дар кинои машҳури “Муҷассамаи ишқ” –и Убайдулло Раҷабов истифода шудааст.
Барои сӯҳбат бо ҳунарпешаи машҳури ӯзбек Юлдуз Усмонова муаллифони барнома ба Тошканд сафар кардаанд. Ба онҳо муяссар мешавад, ки танҳо рӯзи 16 –уми сафар бо овозхон сӯҳбат намоянд ва ӯ таърихи суруди машҳури худро нақл кунад. Дар идома таърихи пайдоиши суруди дигари тоҷикиаш «Эй ёр биё» –ро бошавқ нақл кард. Як қисмати шавқовари сӯҳбат ҳамин буд, ки Юлдуз суруди хубро ба қурутоб шабоҳат дод. Яъне тарзи таҳия кардани суруди хубро ҳам мисли қурутоб дигар кардан мумкин нест.
Дар идомаи барнома аз фаъолияти овозхони дигари шинохтаи Ӯзбекистон Мардон Мавлонов нақл шуд. Ӯ таърихи пайдоиши суруди машҳури «Тутиҷон» –ро нақл кард. Аз заминларзаи мудҳиши шарораи Ҳисор дар соли 1989 хотираҳояшро гуфт. Нақл кард, ки чӣ гуна бо Шарораи хурдакак, ки пас аз он офат зинда монд, вомехӯрад ва пули консертро ба суратҳисоби ӯ мегузаронд. Мардон Мавлон гуфт як орзуи амалинашуда дорад, ки дар Бадахшон консерт додан аст ва талош дорад онро имсол амалӣ намояд.
Овозхонҳои “гарм” –и “Шаҳнавоз”
Аз барномаҳои солинавии шабакаи телевизионии мусиқии “Шаҳнавоз” мунаққидони расонаӣ танҳо тавонистанд қисме аз барномаеро аз як қисми низомӣ бо иштироки иштироки ҳунармандон- Қобилҷон Зарифов, Сафаргул Юсупова ва ду ҳунарманди ҷавон бубинанд. Як “навоварии” барнома ҳамин буд, ки он дар ҳавои кушод сабт мешуд. Албатта шабакаҳои дигар ҳам чунин барномаҳо доранд, ки дар қисми низомӣ бо иштироки аскарону афсарон ва овозхонҳо ташкил мекунанд. Фарқи барномаи “Шаҳнавоз” ин буд, ки дар зимистони хунук овозхонҳоро дар саҳни ҳавлӣ бо либоси тунук ҷамъ оварда буд. Аз эҳтимол дур нест сарояндаҳо пас аз ин барнома бемор ҳам шуда бошанд, ақаллан зуком…
Воқеан, ин ҳолатро як бинандаи оддӣ бо исми Абдулфаттоҳ Шарипов мушоҳида карда, шояд аз дилсӯзӣ ба овозхонҳо дар Фейсбук навиштааст:
“Мана ҳозир дар шабакаи мусиқии Шаҳнавоз дар кадом қисми ҳарбӣ Қобилҷон Зарипов, Сафаргул Юсупова ва ду ҳунарманди ҷавонро дар иҳотаи чор танка ва сарбозон шинонда баранда онҳоро «допрос»карда истодааст. Саволҳо чандон бомаъно нестанд. Масалан ба ҳунарманддухтари ҷавон мегӯяд, ки шумо бо “тарзи зинда” як сурудро замзама кунед. Чӣ, онҳо то ин вақт бо “тарзи мурда” суруд мехонданд?
Боз онҷо сарбозон бо либоси гарм нишастаанд, аммо ҳунармандон бо либоси тунук. Оё ҳамин намоишро намешуд дар толори қисми ҳарбӣ мегузарониданду ҳама худро озоду сабук ҳис мекарданд?”.
“Ахбори ҷиддӣ” –и шабакаҳо
Бинандагони телевизионҳои Тоҷикистон на танҳо аз барномаҳои фароғатӣ, балки хабарӣ ҳам норозигӣ доранд. Гуфта мешавад онҳо дар худ ҳеҷ гуна рӯҳияи солинавӣ надоштанд. Мушоҳидаи мо нишон дод, ки танҳо дар шабакаи хабарии “Ҷаҳоннамо” фарқи начандон зиёд эҳсос мешуд. Ба ҳар ҳол, 31 уми декабр дар ин шабака бештар “хабарҳои мусбат” пахш мегардид. Ин ҳам як навъ иқдоми солинавист. Зеро ҳарчанд “Ҷаҳоннамо” дар бораи Тоҷикистон ҳамеша бо ин мазмун хабар пахш мекунад, аммо “ахбори манфӣ” аз ҳаводиси ҷаҳон дошт.
Воқеан, бояд гуфт, солҳое, ки Асадулло Раҳмони ҳоло ёрдамчии Президенти Тоҷикистон сармуҳаррири идораи барномаҳои ахбори ТВТ буд, шаби соли нав як барномаи солинавии ҳаҷвии “Ахбор” ҳам карда буданд. Аммо ҳоло шояд масъулин ба ин назаранд, ки “Ахбор” бояд доим “ҷиддӣ” бошад. Ҳатто шаби соли нав…
“Зеркало” роҳбарони шабакаҳои телевизиониро “эрка” кардааст?
Вале роҳбарони бархе шабакаҳои ТВ розӣ намешаванд, ки онҳоро камтамошобин мегӯянд. Балки аз натиҷаи таҳқиқотҳо мисол оварда, мутмаинанд мухотабонашон фаровон аст.
Аз ҷумла, Носир Саидов, роҳбари телевизиоин “Сафина” зимни сӯҳбат бо мо натиҷаҳои Маркази назарсанҷии “Зеркало” – ро меорад, ки тибқи онҳо гӯё шабакаҳои ТВ-и давлатӣ ҳанӯз ҳам барои мардум сарчашмаи асосии иттилоърасонӣ ва фароғат аст.
“Мардум аз сатҳу сифати намоишҳои телевизионӣ шикоят намекунанд. Ин андешаи маро зангҳои телефонии сокинон, ки ҳамарӯза садҳо адад сабт карда мешавад, бори дигар тасдиқ мекунад”, — мегӯяд роҳбари ТВ “Сафина”.
Дар робита ба махсусиятҳои сабти барномаҳои ҷашнӣ ӯ мегӯяд, ки аз сабти барномаҳои оддӣ фарқ надорад. Фарқ танҳо ин будааст, ки интиҳои сол аст ва дар барномаҳо натиҷагирӣ аз фаъолияти яксола бештар мешавад.
— Журналистону коргардонҳои мо сенарияи барномаҳоро таҳия ва пас аз тасдиқи сенария, нақшаи сабти барномаро тарҳрезӣ мекунанд. Мо ба касбияти кормандонамон эътимод дорем ва ҳамеша барномаҳояшонро тибқи талаботи бинанда пешниҳод мекунанд, — афзуд вай.
Ӯ мегӯяд ҳангоми сабти чунин барномаҳо аслан мушкилӣ надоранд, чунки муосиртарин техникаву дастгоҳҳои наворбардорӣ ва танзим доранд, нерӯи эҷодиашон ҳам кофист.
Як мушкили таҳияи барномаҳои солинавӣ, ба фикри Носир Саидов, ин аст:
— Мутаассифона, солҳои охир махсусан барномаҳои ҳаҷвӣ дар телевизионҳо хеле кам шудааст. Сабабаш ба фикри ман дар камфаъол будани гурӯҳҳои эҷодии ҳаҷвӣ, яъне ҳаҷвнигорон аст. Солҳои пештар аксари барномаҳои идонаи мо ҳаҷвӣ буданд. Мутаассифона, ҳоло чунин нест.
Ӯ гуфт, ки соли 2023 бо гурӯҳи “Хандинкамон” лоиҳаи наверо коркард карда истодаанд ва интизор доранд дар ояндаи наздик ин лоиҳа рӯи экран мебарояд.
Чаро Бобои Деҳқон ҷои Бобои Барфиро нагирифт?
Дар ҳамин ҳол, масъули яке аз телевизионҳои давлатӣ дар суҳбат бо мо гуфт ҳоло дар шабакаҳо ҳарчанд журналистон басандаанд, вале кормандони техникӣ — наворбарору садобардори ҳирфавӣ дар аксари телевизионҳо нест ва аз ин рӯ бархе барномаҳо ғайриҳирфаӣ пахш мешаванд.
Ҳамсӯҳбати мо дар робита ба нисбатан камранг шудани барномаҳои солинавӣ дар телевизионҳои кишвар гуфт, ҳудуди 10 сол пеш ба онҳо супориш шуд, ки намоиш ё таблиғи бештари рамзҳои солинавӣ, мисли арчаву Бобои Барфӣ ва Барфак дар телевизионҳо камтар шаванд, то ҷашнҳои миллие мисли Наврӯз тарғиб ёбанд.
“Барои ҳамин, таваҷҷӯҳ бештар ба Наврӯз аст. Тамоми қувва ба он равона мешавад. Ҷашни миллиро бояд рушд дод ва тафаккури миллиро дар робита ба ҷашнҳо иваз намудан зарур”, — гуфт ин масъул.
Воқеан, чанд сол пеш дар арафаи Наврӯз мисли Бобои Барфӣ рамзи тоҷикии он бо номи Бобои Деҳқон пайдо шуд ва ба ҷои арчаи солинавӣ намои наврӯзӣ, ки шабоҳате ба арча дорад ва дар майдони марказии Душанбе қомат меафрояд. Фарҳангшиносон гуфтанд, ки “Бобои Деҳқон рамзи бад нест, бигзор вай ба саҳна ояд ва олоти кишту корашро ба намоиш гузорад. Аммо Бобои Барфие, ки ба он ҷомаи сабз пӯшондаанд ва ба сару ришаш гулу райҳон овезон намудаанд, сохтакорӣ аст, ки ба фарҳанги мо рост намеояд”.
Ба назар мерасад, ки ин рамзсозӣ натиҷа надод. Ба ҳар ҳол, то имрӯз Бобои Деҳқон ҷои Бобои Барфиро нагирифт.
Сабаб дар чӣ бошад? Ё он, ҳамчуноне фарҳангшиносон гуфтаанд, сохтакористу ҷиддӣ қабул нашуд, ё шабакаҳои телевизионии замони мо мисли замони шӯравӣ фарҳангсоз нестанд?
Ё шояд ҳарду?
Мазҳаб Ҷумъа, Раҷаб Мирзо