ДомойХудомӯзFotoForensics: сервис барои санҷиши асолати тасвирҳо

FotoForensics: сервис барои санҷиши асолати тасвирҳо

Вақтҳое, ки хабарҳои бардурӯғ танҳо аз матнҳои такондиҳанда иборат буданд, кайҳо гузаштаанд. Аксҳои тақаллубӣ, дипфейкҳо, назарияҳои тавтеа бо тарафдорони фаъоли худ —   акнун барои тафтиши дурустии иттилоот доштани  танҳо малакаи ҷустуҷӯ дар гугл кофӣ нест: малакаҳои нави техникӣ заруранд.

Яке аз муфидтарини онҳо — малакаи санҷиши асолати тасвир аст, ки бо истифода аз сервиси FotoForensics омӯхтани он хеле осон аст. Масалан, бо ду қадами оддӣ, шумо метавонед муайян кунед, ки акси шоколади “Марги Алёшка”, ки гӯё дар Украина ба посухи шоколади Алёшкаи русӣ бароварда шудааст, қалбакӣ мебошад.

Тасвири қалбакии «Марги Алёшка» моҳи январи соли 2023 хеле маъруфият пайдо карда, аз ҷониби корбарони Интернет, ки мавқеи тарафдории Русияро доштанд, фаъолона паҳн карда шуд.

Қадами 0: ба сомонаи FotoForensics ворид мешавем

Истифодаи ин сервис комилан ройгон аст ва аз шумо сабти номи пешакӣ ҳам талаб карда намешавад.

Қадами 1: Линки аксро мегузорем

Ин сервис инчунин қобилияти бор кардани тасвирро аз дастгоҳи шумо пешниҳод мекунад. Ба ин қисмҳо таваҷҷуҳ кунед:

  • Тасвир бояд дар форматҳои jpeg, png, webp, heic ва ё avif бошад;
  • Андозаи тасвир — на камтар аз 100 х 100 пиксел ва на бештар аз 1000 х 1000 пиксел бошад;
  • Ҳаҷми тасвир набояд аз 10 мегабайт зиёд бошад.

Агар тасвири шумо ба параметрҳои муқарраршуда мувофиқат накунад, кӯшиш кунед, ки ягон сервиси тағйир додани андозаи тасвирро истифода кунед.

Қадами 2: Натиҷаҳоро бо кумаки филтри ЕLA месанҷем

Пас аз боркунии тасвир дар тарафи чапи меню қобилияти интихоби филтр пайдо мешавад

Пас аз коркарди тасвири боршуда, дар тарафи чапи монитори шумо лавҳаи навро бо имконоти эҳтимолии таҳлил хоҳед дид. Шумо бояд варианти ELA — таҳлили сатҳи иштибоҳотро аз рӯйхат интихоб кунед.

Қисмҳое, ки таҳрир шудаанд, дорои рангҳои равшан, торик ё дурахшон ҳастанд. Дар мавриди шоколади «Марги Алёшка» возеҳ аст, ки касе лентаи мотамро илова карда, замина, номи ин шириниро дигар кардааст. Ҳамзамон чеҳраи писарро таҳрир карда, нишони миллии Украинаро илова кардааст.

Натиҷаи тасвир аз рӯйи таҳлили ELA

Агар тасвир коркард нашуда бошад, он якранг хоҳад буд, бидуни қисмҳои ошкори равшан, торик ё дурахшон.

Натиҷаи таҳлили ELA, агар тасвир коркард нашуда бошад

Агар танзимоти равшанӣ ё контрасти тасвир тағйир дода шуда бошад, филтри ELA онҳоро ба шакли нуқтаҳои сафед нишон медиҳад. Агар тасвир дубора захира карда шуда бошад, пас ELA рахҳои сурхро нишон медиҳад.

Матлаб дар асоси ин пости канали @Shiskin_like омода шудааст, ки дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) рӯйи кор омадааст ва бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Internews амалӣ мешавад.

 

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ