Ширкатҳои телевизионӣ ва радиоии Тоҷикистон аз ин ба баъд маҷбур нестанд, доимо муҳлати иҷозати пахш ва дигар иҷозатномаҳоеро тамдид кунанд, ки пештар қонунгузорӣ талаб мекард. Соли гузашта ду қонун — “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” якҷо карда шуданд ва акнун ҳамаи иҷозатномаҳо барои расонаҳо бемуҳлат шуданд
Қонуни нави Тоҷикистонро “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, ки ин тағйироти муҳимро дар бар мегирад, Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси бахши расонаҳо ба “Хабарнигори муосир” ба таври муфассал шарҳ дод.
Баъди ба охир расидани муҳлати иҷозатномаҳое, ки барои фаъолияти расонаҳо зарур ҳастанд, соҳибони расонаҳо метавонанд, акнун литсензия ё иҷозатномаҳои бемуҳлат дарёфт кунанд. Ин меъёри нав бо қабули қонун “Дар бораи иҷозатдиҳӣ” дар Тоҷикистон аз соли гузашта амал мекунад. Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии “Хома” мегӯяд, қонуни нав бояд фаъолияти расонаҳои маҳаллиеро осон созад, ки пештар маҷбур буданд, барои дарёфти иҷозатнома аз мақомоти давлатӣ вақти зиёде сарф кунанд.
Ятимов ёдовар мешавад, қонунгузории Тоҷикистон талаб мекунад, ки ҳамаи истеҳсолкунандагони маводи аудивизуалӣ бояд якбора чанд иҷозатнома дошта бошанд:
- Иҷозатнома барои фаъолият дар бахши радио ва телевизион аз Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон;
- Иҷозатнома барои фаъолият дар бахши истеҳсол ва пахши маводи аудиовизуалӣ;
- Иҷозатнома барои истифодаи мавҷи радиоӣ аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон.
Расонаҳои чопӣ ва хабаргузориҳо бояд шаҳодатнома дар бораи сабти давлатӣ шудан дар Вазорати фарҳангро низ дошта бошанд. Барои дарёфти ин шаҳодатнома шуруъ аз соли 2017 расонаҳо вазифадор шудаанд, ки санади Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-ро ба Вазорати фарҳанг пешниҳод кунанд. Ин талабот дар Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид шудааст.
Муҳлати ҳамаи ин санадҳо то соли 2023 аз 3 то 5-солро дар бар мегирифт. Расонаҳои маҳаллӣ мудовим маҷбур буданд, ки иҷозатномаҳоро тамдид ва ҳар дафъа марҳилаҳои мураккаби бюрократиро пушти сар кунанд.
-Мо борҳо гуфтем, ки ҳамаи ин иҷозатномаҳо бояд фарогир ва бемуҳлат бошанд; муҳлати онҳо бояд танҳо дар сурати қатъи фаъолият ва ё бо қарори додгоҳ бекор шавад. Соли гузашта ду қонун – “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” якҷо карда шуданд ва акнун ҳамаи иҷозатномаҳо барои расонаҳо бемуҳлат шуданд, — гуфт Ятимов.
Ин ҳуқуқшиноси соҳаи расонаҳо мегӯяд, пахшкунандагони мустақил, ба ҷуз аз мушкилоти марбут ба дарёфти иҷозатнома, ҳангоми дарёфти иҷозатнома дар Хадамоти алоқа ба мушкилии риоя нашудани муҳлат рӯ ба рӯ мешуданд. Ҳанӯз то қабули қонуни нав дар Хадамоти алоқа таҷрибаи ба муҳлати то се сол додани иҷозатнома маъмул буд, баъдтар ин муҳлатро то ба як сол кам карданд, ҳарчанд қонун додани иҷозатномаро барои 5 сол пешбинӣ карда буд.
-Дар қонуни нав ба таври возеҳ навишта шудааст: иҷозатнома ба муҳлати номаҳдуд дода мешавад. Ҳамаи равандҳои дигари ғайриқонунӣ боиси пайдоиши фасод мегарданд, — шарҳ дод Ранжет Ятимов.
Коршинос тавсия медиҳад, ки қонун мӯшикофона хонда шавад ва ҳангоми зарурат барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои қонунии худ дар гирифтани иҷозатномаҳо, бар асоси тартиби нав, аз ҳуқуқшинос машварат гирифта шавад. Ба илова, коршинос мегӯяд, ҳаҷми маблағи пардохти ҳатмии давлатӣ барои дарёфти иҷозатнома, инчунин пардохти ҳатмии солона 288 сомонӣ (баробар ба тақрибан $28) аст ва пардохт ҳатман бояд ғайринақдӣ сурат гирад.
-Чанде пеш дар сомонаи “Азия-Плюс” аз нишасти хабарии Кумитаи телевизион ва радио хабаре нашр шуд, ки он ҷо дар бораи надодани иҷозатнома барои расонаҳо, дар бораи тамдиди иҷозатномаҳо сухан мерафт. Мутаассифона, рӯзноманигорон дар бораи қонуни нав напурсиданд ва суол надоданд, ки акнун кумита чӣ гуна иҷозатнома медиҳад, — гуфт Ранжет Ятимов.
Иҷозатнома барои маводи аудиовизуалӣ монеи рушди иқтисоди рақамӣ мешавад
Мутаассифона, дар қонуни нав талаби дарёфти иҷозат барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ боқӣ мондааст. Ин талаботро коршиносони дохиливу хориҷӣ борҳо танқид кардаанд.
-Далели асосии танқидгарон аз ин талабот мавҷуд будани ихтилоф дар қонунгузории дохилӣ ва мувофиқ набудани ин талабот ба меъёри байналхалқӣ аст. Барои мисол, дар моддаи 40 Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки ба ҳар шаҳрванд озодии эҷод кафолат дода мешавад. Сохтани маводи аудиовизуалӣ пеш аз ҳама раванди эҷодӣ аст. Маълум мешавад, ки барои амалисозии ҳуқуқи конститутсионии худ, яъне эҷодкорӣ, бояд иҷозатномаи махсус дарёфт кард, ки ин худии ба худ маҳдудсозӣ ва хилофи Конститутсия аст, — шарҳ медиҳад Ранжет Ятимов.
Ба илова, ҳуқуқшинос санадҳои дигареро номбар мекунад, ки зидди иҷозатномагирии ҳатмӣ барои маводи аудиовизуалӣ ҳастанд:
- Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он”, ки аллакай ҳамаи маҳсулоти аудиовизуалӣ (кинофилмҳо, телефилмҳо, видеофилмҳо, филмҳои тасвирӣ ва ғайра)-ро танзим мекунад;
- Қарори ҳукумат “Дар бораи барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти ҶТ вобаста ба узвият ба Созмони умумиҷаҳони савдо”, ки дар он омадааст, Тоҷикистон уҳдадор мешавад, талаботи дарёфти иҷозатномаро барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ бекор созад;
- “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар он гуфта шудааст, мураккабии дарёфти иҷозатнома барои истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ монеи рушди ин бахш мешавад.
— Сарфи назар аз ҳамаи ин санадҳо, аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ масъалаи бекорсозии иҷозатнома бозбинӣ нашуд ва ин меъёр ҳамоно монеи рушди муҳтавои миллӣ мегардад ва аз ҳамин хотир муҳтавои миллӣ дар бозори расонаии кишвар хеле кам аст, — гуфт Ранжет Ятимов.
Тағйироти дигари қонуни нав “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, ба бовари ҳуқуқшиноси расонаҳо, дар сурати дуруст иҷро шудан, ба таври ҷиддӣ кори офарандагони маводи аудиовизуалӣ ва расонаҳои мустақилро осон мегардонад ва кумак мекунад, ки таваҷҷуҳ ба истеҳсоли муҳтаво равона шавад ва барои равандҳои бюроктарӣ вақт беҳуда сарф нагардад.