ДомойХудомӯзAI ва ахлоқи журналистӣ: расонаҳо кай ва чӣ гуна метавонанд, аз зеҳни...

AI ва ахлоқи журналистӣ: расонаҳо кай ва чӣ гуна метавонанд, аз зеҳни сунъӣ бидуни тарси бадном шудан истифода баранд

«Санҷидани иттилоъ – ин вазифаи журналист аст, на AI», — мегӯяд Злата Понировская, роҳбари барномаҳои омӯзишии Prague School Media ва тавсия медиҳад, ки дар фаъолияти журналистӣ аз зеҳни сунъӣ танҳо ба сифати ёвар истифода бурда шавад.

Машваратҳои худро дар бораи он ки аз зеҳни сунъӣ дар кори редаксия чӣ гуна метавон истифода кард, Злата дар ҷаласаи «AI ва ахлоқи журналистӣ» дар ҷараёни озмоишгоҳи муҳтавоофаринии MediaLab-и Интернюс дод, ки аз 1 то 3 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. 

Барои истифодаи AI дар кори редаксия кодекси ахлоқӣ эҷод кунед

«Шумо дастурамали шаффофи кор бо AI-ро доред, ки барои коргарон ва аудитория қобили дарку фаҳм бошад? Агар не, пас кай чунин дастурамал эҷод хоҳед кард?», — мепурсад Злата ва шарҳ медиҳад, ки аксари расонаҳои бузурги ҷаҳонӣ аллакай қоидаҳои ахлоқии худро доранд, ки ин қоидаҳо муносибатҳои журналистонро бо зеҳни сунъӣ ба танзим медароранд.

Барои мисол, соли гузашта The Guardian қоидаҳои истифодаи зеҳни сунъиро дар кори редаксия дар сомонаи худ нашр кард.

Дар ин қоидаҳо редаксия қайд мекунад, ки абзорҳои зеҳни сунъӣ ҷолибанд, аммо айни замон ғайри қобили эътимод.

«Дар кори рӯзноманигории мо, дар кори бозорёбӣ, эҷодӣ ва муҳандисии мо барои беэътимодӣ ҷой нест. Содатар бигӯем, истифодаи AI назорати эҷодиро талаб мекунад. Мо талош мекунем, абзорҳои зеҳни сунъиро бо ҳадафҳои редаксионӣ танҳо дар ҳоле истифода кунем, ки он ба эҷод ва паҳнсозии рӯзноманигории воқеӣ мусоидат кунад», — омадааст дар он қоидаҳо.

AI набояд кори журналистро анҷом диҳад, вале метавонад ёвар бошад

Злата шарҳ медиҳад, ки зеҳни сунъӣ наметавонад кори журналистро анҷом диҳад ва муҳтавои ниҳоиро эҷод кунад, далелҳоро санҷад ва ғайра. Гап сари он аст, ки моделҳои забонӣ ҳамоно иштибоҳҳои зиёде содир мекунанд, инчунин ба сароб мебаранд (сароб дар AI – истилоҳои махсус аст, ки маънои посухи сохтакоришудаи зеҳни сунъиро дорад ва ба воқеият рост намеояд, идора).

Бо ин вуҷуд, Злата тавсия медиҳад, ки зеҳни сунъиро дар фаъолияти журналистӣ метавон, ҳамчун ёвар истифода бурд. Барои мисол, «промпт» ё дастурҳо ҳангоми фаъолияти журналист ва AI метавонанд чунин бошанд:

  • Лутфан, ба ман дар санҷидани мақолаи зерин кумак расон. Омилҳои калидӣ, баёнияҳо ва ё изҳоротеро баршумор, ки бояд санҷида шаванд. Пайванд инҷост.
  • Ба ҳар кадом манбае пайванд бидеҳ, ки барои тасдиқи ҳарфҳои худ истифода кардаӣ.
  • Барои дақиқ баҳо гузоштани баёниҳо ҳар кадом платформа ва назари коршиносонро таҳлил намо. Пешдоварии манбаҳои иттилоъро мадди назар дошта бош.
  • Усулеро шарҳ бидеҳ, ки бар асоси он кор мекунӣ.
  • Барои тартиби далелсанҷӣ машварат бидеҳ.


Ҳар иттилое, ки журналист тавассути кумаки зеҳни сунъӣ ба даст меорад, ба санҷиш ва таҳлили мӯшикофона ниёз доард.

Одамон ҳамоно беҳтар аз зеҳни сунъӣ даскориро дар расонаҳо муайян мекунанд

Натиҷаҳои пажуҳиш дар соли 2024, ки аз сӯи олимони амрикоӣ анҷом шудааст, ин ақидаро инкор мекунанд, ки одамони одӣ дар ошкор кардани дасткории расонаҳо, барои мисол, дипфейк ё фейкҳои амиқ оҷизанд. Пажуҳиш нишон медиҳад, ки алгоритми сохтани фейкҳои амиқ бозёфтҳои таърихиро эҷод мекунанд ва одамон, ба вижа агар дар якҷоягӣ таҳлил кунанд, метавонанд, чунин дасткоркориро бо ҳамон дақиқияти зеҳни сунъӣ ошкор созанд.

Злата шарҳ медиҳад, ки аксу видеоҳои дурӯғин назар ба матн бештар эҷод мешаванд. Вай ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки дар бештари маврид аз расонаҳо на рад кардани фейк, балки тасдиқи дурустӣ талаб карда мешавад. Ва ёдрас мешавад, ки детекторҳои шиносоисозии аксҳо кор намекунанд.

Бо назардошти изҳое, ки AI ҳангоми эҷоди дипфейкҳо мегузорад, Злата барои санҷиши онҳо чунин тавсия медиҳад:

  • Дар манбаҳои дигар санҷидан;
  • Нақли қавлҳо ва гуфторҳоро дар гугл ҷустуҷӯ кардан;
  • Ба ҷузъиёт диққат кардан:
    • Контекст, дарки он ки персонаж чи чизро метавонист, бигӯяд, чи чизро наметавонист;
    • Имову ишора;
    • Садои марбутаи аудиои эҷодшуда;
    • Садои ғайривоқеӣ (ба садои асл таваҷҷуҳ кардан);
    • Набуди нафаскашӣ дар фейкҳо;
    • Одамон суръати якмароми суханронӣ доранд, суръати суханронии фейкҳо афзоиш меёбад.

Ба зеҳни сунъӣ набояд иттилои маҳрамона, аз ҷумла ном ва рақамҳои корбаронро дод

Моделҳои забонии бузург барои ҳифзи бехатари додаҳо талош мекунанд ва аллакай танзимҳоеро пешниҳод мекунанд, ки бо истифода аз онҳо метавон мукотибаи худро бо зеҳни сунъӣ бехатар гардонид. Аммо сарфи назар аз ин бо AI ҳамон усуле амал мекунад, ки бо интернет амал мекунад: ҳар он чи вориди шабака шуд, ҳамонҷо боқӣ хоҳад монд. Злата тавсия медиҳад, ки иттилои маҳрамонаро набояд дар ихтиёри AI гузошт, махсусан агар он маълумоти шахсии одамонро дар худ дошта бошад.

Ин матлаб бо истифода аз маводҳои озмоишгоҳи муҳтавосозие таҳия шудааст, ки он озмоишгоҳ бо кумаки мардуми Амрико роҳандозӣ ва тавассути Оҷонсии ИМА дар умури руҳди байналхалқӣ (USAID) амалӣ шудааст. Internews масъули муҳтавои матолиб аст. Ин матолиб метавонад, баёнгари мавқеи USAID ва ё ҳукумати ИМА набошад.

USAID оҷонсии пешгоми байналхалқии рушд аст ва барои даст ёфтан ба рушди устувор нақши “катализатор”-ро мебозад. Маълумоти бештар дар https://www.usaid.gov/central-asia-regional ва дар саҳифаи https://www.facebook.com/USAIDCentralAsia дастрас аст.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ