ДомойМедиалента«Ба духтарам иҷозаи эҷодкориро медиҳам, ба ҳамсарам - не». Дар Тоҷикистон вазъи...

«Ба духтарам иҷозаи эҷодкориро медиҳам, ба ҳамсарам — не». Дар Тоҷикистон вазъи занонро дар санъат пажуҳиш карданд

Бештар аз 50 кас дар вилояти Суғд дар пажуҳиши «Садои ҳунар: халалдор кардани хомушӣ» иштирок карданд. Дар посухҳои худ онҳо ба пажуҳишгарон нақл карданд, ки барои касби ҷойгоҳ дар санъат чи сахтиҳои боварнокарданиеро пушти сар кардаанд.

Муфассал дар бораи ин пажуҳиш – дар матлаби «Хабарнигори муосир» бихонед.

Шабнам Холиқова – равоншиноси дорои таҷрибаи чандинсола аст. Вай даҳҳо пажуҳиш, аз ҷумла пажуҳишҳои ҳассос гузаронида аст, аммо маҳз «Садои ҳунар: халалдор кардани хомушӣ» барояш душвортарин пажуҳиш буд.

— Ман наметавонистам ашки чашмонамро нигаҳ дорам, вақте як иштирокчии пажуҳиш нақл кард, ки барои рӯи саҳна баромадан, овоз хондан ва ё рақсидан чи қурбониҳое додааст, чи гуна наздикону хешовандонаш аз ӯ рӯй гардонидаанд, — нақл кард Шабнам.

Пажуҳиш дар бораи нақши занон дар соҳаҳои ҳунар, ки натиҷаҳояш мушкилоти амиқ ва монеаҳои иҷтимоиро барои занон дар ин бахш нишон медиҳад, Шабнам бо тими созмони ҷамъиятии “Расонанигор” таҳти роҳбарии Гузал Махкамова дар вилояти Суғд баргузор кардааст. Ин пажуҳиш қисми тарҳи WoMeN буд ки, аз ҷониби Internews амалӣ ва аз сӯи Сафорати Олмон дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Пажуҳиш таваҷҷуҳро ба қолабҳое ҷалб мекунад, ки заноне, ки мехоҳанд шомили ҳунару ҳунармандӣ шаванд, бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон чунин қолабҳо нисбати мардони ҳунарманд низ истифода бурда мешаванд. Ин мавзуъ ҳадди ақал аз ҷониби ду (1,2) шарики Internews баррасӣ шудааст.

Маълумоти дар пажуҳиш гирдоваришуда низ ин далелҳоро тасдиқ мекунанд. Барои мисол, иштирокчиёни пажуҳиш аз вилояти Суғд гуфтанд, розӣ намешаванд, ки духтар ё писарашон соҳаи ҳунару ҳунармандиро интихоб кунанд. Онҳо нисбати рақс ва ҳунари бозигарӣ бештар муносибати манфӣ нишон доданд.

Шабнам Холикова

Натиҷаҳои пурсиш нишон додаанд, ки қариб 94% пурсидашудаҳо бар ин бовар будаанд, ки ҳунар ҷузъи фарҳанг аст ва барои рушди ҷомеа аҳамият дорад. Бо ин вуҷуд, танҳо 90% занон ва 75% мардон гуфтаанд, ба ин касбҳо назари мусбат доранд. Аммо, қариб ҳамаи пурсидашудаҳо (93%) эътироф кардаанд, ки дар ҷомеа нисбати намояндагони касбҳои ҳунарӣ муносибати табъйизовар ҷо дорад.

“Модаркалони ман бар ин бовар буд, ки ин касби обрӯманд нест”, — нақл кард яке аз пурсидашудаҳо.

“Ба духтарам иҷозаи эҷодкориро медиҳам, ба ҳамсарам — не”, — гуфт яке аз дигар пурсидашудаҳо.

Қисмати бештари пурсидашудаҳо – намояндагони насли калонсол ҳастанд ва бо душвории интихоби касб онҳо ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, аммо дар ин бора ошкоро суҳбат накардаанд. Барои мисол, ҳангоми муаррифии натиҷаҳои пажуҳиши “Садои ҳунар: халалдор кардани хомушӣ” дар Хуҷанд, яке аз меҳмонон – ҳунарманди маъруфи тоҷик Сайрам Исоева эътироф кард, бори нахуст дар маъракае иштирок мекунад, ки дар он дар бораи монеаҳое пеши рӯи занони ҳунарманд суҳбат мешавад.

“Одатан зиндагии одамони касбу кори мо барои дигарон шодонаву беғамона менамояд, аммо на ҳамеша чунин аст”, — шарҳ дод вай.

Пажуҳиш нишон медиҳад, ки сарфи назар аст иваз шудани наслҳо ҳатто ҳамин ҳоло бархе аз оилаҳо аз тарси обрӯи худ барои занон ҳангоми интихоби касбу кор монеа эҷод мекунанд.

Ба илова, намояндагони имрӯзии санъат бо мушкилоти дигари ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд: дар баробари маҳкумсозии ҷомеа, онҳо мушкили молӣ низ доранд. Бисёре аз занон бо камбуди маблағу вақт барои таҳсили касбӣ дучор мешаванд.

“Ман маоши котибиам барои шомил шудан ба донишгоҳ пасандоз мекардам”, — гуфт яке аз иштирокдорони пурсиш. Ин ҳам дар ҳолест, ки кумаки давлатӣ барои ин гуна касбҳо ниҳоят кам аст.

Пажуҳиш бо тавсияҳо барои беҳсозии вазъ ба охир мерасад. Тамаркузи асосӣ ба барномаҳои омӯзишии аз ҷиҳати ҷинсияти ҳассос ва кор бо афкори иҷтимоӣ равона шудааст. Ба гуфтаи Шабнам Холиқова, рӯзноманигорон метавонанд, бо инъикоси зиндагии занони муваффақ ва ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуда дар ҳалли ин масъала нақши калидӣ дошта бошанд.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ