Дар моҳи март, дар Instagram аккаунти нав бо номи @lemonlikerecord.tj пайдо шуд, ки аксҳои лимуи тоҷикиро интишор кардааст. Муаллифони он аз корбарон даъват кардаандт, ки лайкҳои худро дареғ надоранд, то ки шумораи миллионро убур карда дар сегметни тоҷикии Instagram рекорд гузоранд. Ба миллион нарасидаанд, мутаассифона, аммо алакай акси лиму тавонист таваҷҷуҳи ВАО-ро ҷалб карда , аз рекорди акси яке аз ситораҳои олами мусиқии тоҷик-Шабнами Сураё бо гирифтани 20 ҳазор лайк бигзарад, ки ӯ16,5 хазор лайк дорад.
Корбарон дар бораи акси тухме, ки машҳур шуда буд хонда, аз пайи муайян кардани муаллифи ин аккаунт шуданд. Баъзеҳо ҳатто ёфтан тавонистанд , аммо расман ба сомонаи «Новый Репортер» гуфтанд, ки акси лиму ин оғози маъракаи promotion-и лоиҳаи ҷадиди чавонон бо номи «Лиму» мебошад, ки моҳи майи ҳамин сол дар Тоҷикистон оғоз меёбад.
Илҳомбахш ва роҳбари ин лоиҳаи ҷадид, шахси обруманд ва ҳамзамон директори оҷонсии рекламаи «ПурНур»- Лайло Тағаева ҳастанд. Агар ягон ҳодисаи ҷолиб ва ғайри оддие дар Душанбе гузарад , ҳатман дар пушти Лайло ва гуруҳи хурди коргарони у меистанд. Оҷонсии «ПурНур» дар пойтахт руйдодҳое аз қабили : « Шаби фурубарони реклама («Ночь пожирателей рекламы»), BestMarketingCraft (BMC) бо Владислав Деревянних -директори оҷосии рекламаи «Восход», Фестивали ғизо ва пуфакҳоро бо маркетологи русиягӣ Игор Манн ва дигар руйдодҳоро баргузор кардааст. Инчунин «ПурНур» маҷаллаи «Олами рклама» («Мир рекламы»)-ро нашр мекунад, ки замоне ҳама корҳо аз он шуруъ шудаанд.
Дар ҳоле, ки аксар расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон аз муҳдуд шудани майдони реклама шикоят доштанд ва бо ҳамин иллат маҷалаҳои глянсӣ фаъолияташонро қатъ мекарданд, «Мир рекламы» нашр мешуд ва «ПурНур» аз руйдодҳо устуворона пул кор мекард
Соли гузашта идораи тоҷикистонии созмони Internews, Лайлоро ба ҳайси сухангуй барои гузарондани мастер-класс даъват карда буд. Мақсад аз ин мастер-класс нишон додани роҳҳои даромадовард дар бозори на он қадар ғании тоҷик буд. Лайло дар ивази табодули таҷриба барои худ низ чизҳои нав ҷадид гирифт. Лайло эътироф мекунад,ки дар он чорабинӣ у барои худ имконятҳои иловагӣ, алакай дар доираи лоиҳаҳои расонаӣ кашф кард ва дар оғози соли ҷорӣ «Лиму Медиа» пайдо шуд.
Лайло Тагаева,
Лайло Тагаева, шабакаи иҷтимоӣ
Идеяи ташкили онлайн-нашрияи тоҷикӣ, ҳангоми муҳокимаи вазъи бозори расонаҳои тоҷик дар фестивали GoViral, ки дар Алмаато баргузор гардида буд, пайдо шуд. Лайлоро дар ин чорабинӣ рузноманигор Тимур Темирханов хамроҳӣ мекард, ки баъдан ҳаммуаллифи консепсия ва сардабири «Лиму Медиа» шуд.
Аввалин кумакро дар масоили техникӣ лоиҳа аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд(ЕБРР) ба даст овард.
Вақте дар Тоҷикистон озмуни дарёфти грант оид ба медиастартап барои аудиторияи ҷавон, дар чаҳорчубаи Барномаҳои расонаии Осиёи Миёна(САМР), эълон гардид, кормандони «ПурНур» дарҳол дархост ироа намуданд. Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳии ҳакамони байналхалқӣ лоиҳаи онҳо яке аз беҳтаринҳо дониста шуда, ғолиби озмун гардид.
Акнун дар назди даста вазоифи ҷиддӣ гузошта шудааст. Воқеан, онҳо алакай дар муҳити расонаӣ шарик ва дустон доранд ва ҳатто рекламадиҳандаи аввалинро низ доранд.
«Ман тоҷирам, ман пул мекобам, Шумо ба кори эҷодӣ машғул шавед.»
Пеш аз оғози лоиҳа, Лайло дар яке аз каҳвахонаҳои писандидаи пойтахт гуруҳи ҷавонони фаъолро ҷамъ кард ва дастаи «Лиму Медиа» аз нақшаҳои хеш гуфтанд ва аз онхо идеяхои тару тозаро тақозо карданд.
Дастаи «ПурНур»
— Ростӣ, дар мо майдонҳое, ки дар онҳо ҷавонон худро нишон дода тавонанд вуҷуд надоранд, дар мо расонаҳое, ки мавзӯъҳои барои ҷавонон ҷолибро нашр кунанд ва мушкилоти онхоро муҳокима кунанд низ вуҷуд надоранд. Дар вохурие, ки мо баргузор кардем, ҷавонони болаёқат ва идеядор омада буданд. Аксари онҳо, алакай менависанд, мехоҳанд блоги худро пеш баранд, аммо намедонанд ба куҷо раванд ва дар куҷо нашр кунанд. Мо ба онҳо гуфтем, ки тайёрем маблағ ва майдон пешниҳод кунем, фақат бинависед.
-Одами бисёр ҷамъ шуда буд?
— Онҳое, ки тайёранд бо мо кор кунад аз 20 нафар иборатанд ва алакай мавод худро равон карданд.
-Шумо сифати контентро чи гуна баҳогузорӣ мекунед?
-Сардабири мо Тимур алҳол ба Помир барои таёр кардани лоиҳаи махсус рафтаанд, барои хамин ба Шумо менеҷери лоиҳа Шоҳина Фатурова беҳтар мефаҳмонанд.
Шоҳина; Рости гап, умеди начандон калон доштем, чунки бачаҳо бисёр ҷавон буданд, аксарият таҷриба надоштанд, аммо онҳо аз ӯҳдааш баромаданд ва мавзӯъҳои гуногунро ба мо равон карданд. Масъалан дар бораи ZeroWaste (ҳаракате, ки тарзи зисти экологиро таблиғ мекунад) нақл кардаанд, ба серёлҳо ва мусиқиҳо шарҳу тавсиф навиштаанд, дар бораи фановариҳо ва анъанаҳои туйҳо низ навиштанд. Бачаҳое ҳастанд, ки мехоҳанд дар бораи эҷодиёти худ нависанд, амсоли духтаре, ки маҳсулоти қаннодӣ таёр мекунад ва духтари дигаре, ки расм мекашад. Баъзан аз ҳаёти шахсиашон менависанд, масъалан, дар бораи издивоҷи маҷбурӣ ва дар бораи ба мушкилӣ ру ба ру шудан ҳангоми ба ҷомеа фаҳмондани чунин мавзуъҳо ва ғайраҳо.
— Яъне, Шумо ба масъалаҳои иҷтимоӣ низ машғул шуданиед?
Шахина; Оре, ин мавзӯъҳо хонандаи моро ва пеш аз ҳама худи моро ҷалб мекунанд.
Лайло; Боз ман бисёр мехоҳам, ки лоиҳаи мо ба ҷавонон илҳом бахшад, мехоҳам онҳо боварӣ дошта бошанд, ки бе пул ва бе хешу табор ҳам метавон муваффақ бошӣ – мо ку тавонистем. Ба ҷавонон нишон диҳем, ки онҳо ҳам метавонанд, чи тавр ба ин ноил шуданро нақл кунем, маслиҳат диҳем ва раҳнамоӣ кунем
— Оё Шумо медонед, ки яке аз мушкилиҳои аввалиндараҷа дар бозори расонаҳои тоҷик норасоии журналистон аст?
Лайло; Боре маро ба як чорабинӣ даъват карданд, ки сардабирони нашрияҳо низ он ҷо буданд ва онхо гуфтанд; вақте мо донишгоҳ меравем ва ба донишҷӯёни факултаи рузноманигори савол медиҳем: « Кӣ мехоҳад рузноманигор бошад? Танхо ду се нафар даст мебардоранд». Албатта! Чунки онҳо дар Тоҷикистон майдон барои фаъолият кардан надоранд, онҳо дар бораи сиёсат навиштан намехоханд. Шояд, дар оянда нависанд, аммо ҳозир не. Онҳо бояд аз ягон чизи оддӣ оғоз кунанд, вале дар мо ин чиз нест , ана, барои ҳамин ҳам онҳо даст намебардоранд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ
Назди мо бачаҳои аз 17 то 30 сола омаданд, ки аслан рузноманигор ҳам нестанд , аммо чашмонашон медурахшанд, маълумоти олии хуб ва таҷрибаи шахсии ғанӣ доранд, ман ба онхо бовар дорам.
— Рақиби аслии Шумо кист?
Лайло; Дар маҷмуъ мо рақиб надорем, аммо чихеле, ки Игор Манн мегуяд барои ҳар як ширкат рақиб лозим хаст. Рақими №1-и мо, албатта дар фарогири, на дар контент –ин Asia-Plus ҳаст.
— Улгуи (намунаи) дилписанд бароятон кист?
Лайло; Ба ман нашрияи қазоқии TheSteppe бисёр писанд аст, инчунин нашрияҳои TheVillage, TJournal, VC.ru-ро мехонам. Онхо ба ман илҳом мебахшанд ва ман ҳамчун шахси ташкилкунандаи маъракаҳо дарҳол фикр мекуанм, ки чи тавр ягон чорабиниро дар чаҳорчубаи «Лиму» баргузор намоям. Масъалан, баробари дидани WeekendEsquire ман мафтун шудам, ҳоло ният дорам он ҷо раваму аз наздик бубинам. Мақсадам илҳом гирифтан ва ба Душанбе идеяҳои нав овардан аст, то ки зиндагии шаҳрамон беҳтар гардад.