ДомойМедиалентаМанана Асламазян: Озмуни рузноманигорӣ мисли ойинае барои ин касб аст

Манана Асламазян: Озмуни рузноманигорӣ мисли ойинае барои ин касб аст

Internews нахустин озмуни рузноманигории худро дар Осиёи Марказӣ мегузаронад. MediaCAMP AWARD то 10 август дар панҷ номинатсия мавод гирдоварӣ менамояд: «Ҳокимият ва ҷомеа», «Насли бидуни марз-Замони имкониятҳо», «Вақти мусоидат кардан аст», «Қаҳрамонони ҳамҷавор» ва «Объектив». Internеws-ро дар ҳайати доварони байналмилалӣ Манана намояндагӣ мекунад. «Новый репортёр» бо Манана дар бораи вижагиҳои озмуни ҷашнвораи MediaCAMP Fest, ки дар он финалистҳо бо ҳам меоянд, мусоҳиба анҷом дод.

— Манана,шумо доварӣ ботаҷриба ҳастед. Кори рузноманигорони зиёдеро дар дигар озмунҳое, ки Интернюс дар кишварҳои гуногун ташкил намудааст, баҳогузорӣ кардаед: масалан, озмуни «Вақти маҳалли»-(баъдан «Вақти амал кардан аст») и Россия, «Твапатум»-и арманӣ, «Стремлении»и-қирғизистонӣ. Худатон аз ташкилкунандагони озмуни «Олами хабарҳо. Ҳаводис ва характерҳо» барои рузноманигрони кишварҳои  муштаракулманофеъ будед. Аз назари шумо, чунин озмунҳо ба ҷомеаи рузноманигорон дар кишвар чӣ медиҳанд? Онҳо барои рушди касб як таконе ҳастанд ё сифати корҳои рузноманигориро беҳтар мекунанд?

Дар зоти худ озмун ба рушди сифати корҳои рузноманигорӣ бевосита  таъсире гузошта наметавонад. Озмун мисли абзор аст, мисли ойинаест, ки имкони муқаррар намудани меъёрҳои сифатро дар соҳа фароҳам  меоварад, яъне  қоидаҳоеро, ки редаксияҳо дар кишварҳояшон аз онҳо истифода хоҳанд кард. Ҳамчунин озмун ба рузноманигор, албатта агар бефаҳм набошад, имконияти дидани корашро ва муқоиса карданро бо ҳамтоёнаш медиҳад. Як навъ талоши дидани нуқсонҳои кори хеш аст. Озмун- воситаи дидани сатҳи рузноманигорӣ дар кишвар аз ҷониби оммаи васеъ, рузноманигорон ва мунаққидон аст.

— Як вақтҳо Internews дар Россия озмуни «Вақти маҳаллӣ» -ро мегузаронд ва дар он номинатсияҳое буданд, ки бо номинатсияҳои MediaCAMP Award шабоҳат доштанд. Масалан, «Замони мусоидат аст». Чаро, Шумо андеша доред, ки ин мавзуъ ҳамеша мубрам аст?

Зеро ман фарз мекунам, ки яке аз сифатҳои журналистикаи хуб- кушиши мустақиму бевосита ба қаҳрамонони мақолаи худ ёрӣ расондан аст, агар онҳо гирифтори вазъияти сангин ҳастанд. Бачаҳои мушкилтарбия, кудакони бесарпаноҳ,беморон,гуруҳҳои гуногуни аҳолӣ, ки на танҳо  ба ёрии давлат ниёз доранд, балки ба кумаки  умумиинсонӣ ҳам. Барои рузноманигори ҳирфавӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти чунин одамон аз ҳама муҳимтар аст, вале баъзан онҳо худашон ҳам метавонад мустақиман ба қаҳрамононашон кумак кунанд. Муҳим он аст, ки тавассути кори рузноманигор вазъе, ки қаҳрамононашон гирифторанд, беҳтар шавад.

Дар бораи доварони озмун нақл кунед. Аз руйи кадом қоидаҳо интихоб мешаванд?

-Ба ҳайати доварон ду нафарӣ аз ҳар кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мешаванд. Нафароне,ки  забонҳои маҳаллӣ ва русиро (ҳамчун забони муоширати байни онҳо) баладанд.  Нафароне, ки онҳоро ба маънои васеъ метавон коршиноси расонаҳо номид. Онҳо метавонад, муҳаррирон, нависандагон, рузноманигорони расонаҳои байналмилалӣ бошанд. Муҳим он аст, ки нисбат ба меъёрҳои   журналистикаи касбии босифат, ки   олам онҳоро яксон қабул дорад, бо мо ҳамрай ва ҳамфикр бошанд. Номи доваронро алҳол гуфтан наметавонем, зеро мо ин коро пеш аз оғози озмун дар охирҳои моҳи август, вақте анҷом медиҳем, ки ҳама аъзои ҳакамони эҳтимолӣ ризояташонро медиҳанд.

Ин кори душвор ва масъулиятнок аст.Ба доварон дидани маводи зиёд лозим меояд. Кори финалистҳоро якҷоя дар Душанбе муҳокима мекунем ва ман алакай эҳсос мекунам,ки  чи тавр  баҳсҳо гарму тафсон мешаванд. Аммо, умедворам, ки мо метавонем қарорҳои одилона қабул намоем.

Тибқи кадом меъёрҳо интихоб менамоед? Барои мисол, панҷ мавод дар бораи қаҳрамононе, ки пас аз мақолаи рузноманигор, зиндагиашон беҳтар шудааст. Чи тавр бояд фаҳмид, ки кадоми ин мақолаҳо беҳтар аст?

Дар мисоли ҳамин номинатсия «Қаҳрамонони ҳамҷавор» шарҳ медиҳам. Дар оғоз мо бояд тавоноии рузноманигорро барои ёфтани  қаҳрамони аҷиб таҳсин гуем. Одами амалкунандаро, на онеро ки дар кунҷе нишаста  интизори кумак  аст, онеро ки пайваст шиква намекунаду талош мекунад, ки ба ҳар навъе зиндагии худ ва атрофиёнашро дигаргун намояд.

Агар кори рузнманигор омад карду чунин қаҳрамонро пайдо намуд, минбаъд меъёрҳои касбӣ амал хоҳанд кард. То кадом андоза рузноманигор қаҳрамонро ба таври аҷиб муаррифӣ намуд,мусоҳибаро  чи тавр гузаронд, чи тавр навор бардошт?. Атрофиёнашро чи тавр муаррифӣ намуд? Мушкилоте ки қаҳрамон бо он мубориза мебарад,чи тавр тасвир шудааст? Агар рузноманигор ҳамаи инҳоро дар шакли ҷолиб,бо истифода аз равишҳои навоварона ва ҳамаҷониба пурра пешниҳод кард, он гоҳ  шонси ғолиб омадан дорад.

-Шумо ба он омода ҳастед, ки одамони бо қарори ҳакамон норозӣ пайдо мешаванд? Оё ягон навъи дархости таҷдиди назар пешбинӣ шудааст?

— Таҷдиди назар дар чунин озмунҳо аслан иттифоқ намеуфтад, вале ман омодаам бо ҳар касе, ки ҳакамонро намефаҳмад ё бо қарори доварон розӣ нест, суҳбат кунам. Ман ба чунин шахсон иштибоҳашонро  фаҳмондан метавонам. Гузаронидани баҳси ҳусну  қубҳи  умумии мавод  дар  вақти  ҷашнвора мушкил аст, зеро  се рузи пуркор дар назар аст.

-Чаро барои озмун маҳз номинатсияҳои мавзуӣ интихоб шудаанд ва на тавре ки ҳама одат кардаанд: ин мукофот барои ТВ,инаш барои радио ва дигараш барои матбуот. Чи тавр дар як номинатсия метавон маводи жанрҳои гуногунро муқоиса кард?

— Ба назари мо, сифати журналистика, яъне он вижагиҳое, ки журналистикаи хубро аз бад фарқ мегузоранд, дар тамоми ҷаҳон яксонанд. Инҳо садоқат, мизон, беғаразӣ ва комил будани иттилооти пешниҳодшуда ва меъёрҳои ахлоқие ҳастанд, ки рузноманигорон дар тамоми дунё сармашқи кори худ медонанд. Бинобар ҳамин барои мо муҳим нест, ки журналист корашро дар кадом платформа ё расона  анҷом  медиҳад, бароямон он муҳим аст, ки кадом  сифатҳои касбиро нишон медиҳад. Азбаски аъзои доварон нафарони касбианд, мефаҳманд ки ҳар жанр хусусиятҳои худро дорад. Аммо агар ҳар ду мавод, фарз кардем, ки дар бораи тифли бемор нақл мекунанд, мо нигоҳ хоҳем кард, ки вобаста ба талаботҳои ҳамон жанр, мавзуъ чи тавр инъикос ва кушода шудааст. Барои мо кушодани мавзуъ, дарки “дар бораи чӣ” муҳимтар аст, нисбат  ба он, ки бар кадом платформа мавзуъ пешниҳод шудааст.

-Чаро дар озмун рузноманигорони расонаҳои хориҷие, ки дар Осиёи Марказӣ фаъолият доранд,  иштирок  кардан наметавонанд?

— Ин аз мушкилтарин масъалаҳоест, ки ҳангоми муҳокимаи озмун тасмим гирифтем. Оре, расонаҳои бисёре дар ин кишварҳо кор мекунанд,  ки рузноманигоронашон одамони маҳаллианд. Мо чунин мешуморем, ки расонаҳои хоричӣ,маъмулан, соҳибкасбони ботаҷрибаро ба кор мегиранд ва ин расонаҳо беҳтар маблағгузорӣ мешаванд. Журанилистони ин расонаҳо барои кор сари мавод имконияти зиёдтар доранд. Барои мисол, агар рузноманигори ширкати  телевизонии минтақавӣ бояд ду сюжет дар як руз ба навор гирад, фарзан,корманди Sputnik ё «Озодӣ»  метавонад сари ин сюжет дар муҳлати замонии бештар кор кунад  ва онро беҳтар созад. Маълум  мешавад, ки рузноманигорон дар шароити баробар кор намекардаанд. Бинобар ҳамин мо тасмим гирифтем, ки танҳо бо рузноманигорони маҳаллӣ маҳдуд шавем. Дар ҳамин ҳол муҳим нест, ки давлатӣ  аст ё ғайридавлатӣ, миллӣ аст ё минтақавӣ. Барои мо муҳим он аст, рузноманигории маҳалиӣ бошад, ки он нишондиҳандаи сатҳи рушди касб дар кишвар аст.

— Лоиҳаи MediaCAMP,ки озмун дар доираи он мегузарад, барои панҷ сол пешбинӣ шудааст.Пас аз анҷоми ин лоиҳа тақдири озмун чи мешавад?  

— Хуб мешуд, агар иттиҳодияҳои касбӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ё ягон асоссиаттсияҳои ҳирфавӣ онро ба дасти худ мегирифтанду корро идома медоданд. Агар, албатта, мо тавонем ки дар панҷ сол ин озмунро машҳуру муътабар гардонем. Бароямон дақиқан дарк кардан лозим аст, ки оё мо мвзуъҳоеро дуруст муайян намудаем, ки ҷомае дар ин кишварҳо ба онҳо мароқ дорад. Агар чунин шавад, ки мо дар меъёрҳои интихоб ва номи номинатсияҳо дақиқкор бошем ва доварон қарорҳои одилона қабул намоянд, он гоҳ озмун обру  мегирад. Дар чунин ҳол журналисон барои иштирок дар чунин озмун талош мекунанд. Агар ин ҷоизаи муаваффақ гардад, ман хеле умедворам, ки пас аз панҷ сол ассосиатсияҳои расонаии қавӣ ё соҳаи кадом як кишвари ОМ метавонад ин озмунро, бо ҷалби маблағҳои худ ва ҳамчунин маблағҳои сарпарастон, идома диҳад. Ба ибораи дигар озмун метавонад бренде шавад, ки созмонҳои гуногуни марбут  ба расонаҳо, хоҳиши маблағгузории онро пайдо  кунанд.

-Барои ғолибони MediaCAMP Award  Ҷашнвораи расонаӣ дар Душанбе,ки маҳз дар он мукофотҳоро месупоранд, туҳфаи арзандае хоҳад шуд. Каме дар бораи ин Ҷашнвора нақл кунед.

-Аз се руз, дуюним рӯз мо мавзӯъҳои гуногуни ВАО-ро муҳокима хоҳем кард. Нимаи охири рӯзи сеюм – супурдани  тантанавии ҷоизаҳост. Тамоми ҷашнвора зери шиори «Ҷалб кардан», яъне муошират бо аудитория, фаҳмиши мухотабин, қобилияти посухи касбӣ додан  ба ниёзҳои онҳо баргузор мешавад. Дар ҷашнвора мо якчанд форматҳои гуногун хоҳем дошт: семинарҳо бахшида ба унсурҳои инфиродии кори рӯзноманигорон ва саводнокии расонаҳо, тамошо ва муҳокимаи филмҳои мустанад, мубоҳисаҳо дар мавзӯи «Журналистика дар куҷо хотима меёбад ва фаъолнокии шаҳрвандӣ аз куҷо сар мешавад». Коршиносон аз Русия ва Украина, Қазоқистон ва Тоҷикистон ба назди мо меоянд. Мо бозиҳои фасилитатсионӣ  гуногун хоҳем дошт (фасилитатсия — гурӯҳи малака ва абзорҳое, ки барои самаранок ташкил намудани мубоҳисаи гурӯҳӣ кӯмак мекунанд —  аз редаксия.) Мо орзу хоҳем кард ва расонаҳои худамонро  — фарз кардем , расонаҳои соли 2050*ро фикр карда мебароем.

Аслан , ин ҷашнвора- баҳси бефосила  аст: дар бораи меъёрҳои журналистикаи босифат,дар мавриди мушкилоти ахлоқӣ, оид ба имкониятҳои технологӣ ва дар бораи он, ки то кадом андоза аудитория  расонаҳоро ба тарври интиқодӣ қабул менамояд.

Таваҷҷуҳ намоед, ки дархостҳо ба озмун то рузи 10 август қабул мешаванд. Бо шартҳои иштирок ва пур кардани дархост дар  ҳамин ҷо шинос шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ