ДомойНақди Расонаӣ"Хонаи гурба", Якубович ва Степаненко: Чиро дар телевизионҳои Қазоқистон тамошо мекунанд

«Хонаи гурба», Якубович ва Степаненко: Чиро дар телевизионҳои Қазоқистон тамошо мекунанд

Дар арафаи мавсими нави телевизионӣ  ҳама каналҳо омодаанд, ки  тамошобинонро  бо намоишҳои таъсирбахш    ба ҳайрат оваранд/ «Хабар” ,масалан, аз аввали баҳор оид ба оғози шоу-намоиши  миқёсан фарогир барои дарёфти  истеъдодҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ ҳарф мезанад. Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем, то   ёдовар шавам, ки чаро қазоқистониён  дар пултҳои телевизонҳояшон  ба тугмаи ин ё он  канал тарҷеҳ медиҳанд ва баландарин муҳтавои шабакаҳои телевизионии ватаниро аз моҳи январ то июл таҳлил кардем . Хулосаҳо қонеъкунанда нестанд:  панҷ шабакаи телевизионии қазоқӣ, ки дар формати ҳаррӯза хабар пахш мекунанд, аз нуқтаи назари таҳқиқи воқеъаҳои актуалӣ   амалан барои тамошобинон ҷолиб нестанд. Барномаҳои фароғатии истеҳсоли худӣ бошанд ,  умуман,танҳо дар дохили  ҳамон як канал машҳуранд.

«Шабакаи аввали  Авруосиё»

Рақиби асосии нашри хабарии шабака, ровии 74-солаи «Поле Чудес» Леонид Якубович боқӣ мемонад. Дар тули шаш ҳафта капитал-шоу-и  ӯ  дар байни тамоми маҳсулоти телевизионии шабака пешсаф буд. Шаш ҳафтаи дигар  Ахбори асосӣ пешсаф буд, ки  дар рузҳои корӣ дар соати 20:00 пахш мешавад.  Аз пайи ин  ҷуфт тӯли панҷ ҳафта силсилафилми русии «Брантаны», ки оид ба моҷароҳои  собиқ десантҳо қисса мекунад, ба ҳайси  маъруфтарин дар барномаи шабака боқӣ монд. Ғайр аз он, дар тӯли моҳҳои таҳлилшуда,  дар рейтинг  драмаи силсилавии — мавсими сеюми детективи «Невский. Чужой среди чужих» пешсафтарин шинохта шуд.

КТК

Хити беҳтарини шабака, пахши хабарҳои бегоҳирӯзӣ  ба ҳисоб меравад. Дар ҳафт моҳи соли 2019 онҳо 21 маротиба сербинандатарин барномаи ҳафта шуданд, ( таҳқиқ 31 ҳафтаро дар бар гирифт). Ҳамзамон, рейтинги баландтаринро гузориши  Ксения Полянитса, пахши 16-уми январ соҳиб шуд, ки сюжети асосии он аз мубоҳисаҳои судӣ дар бораи куштори қаҳрамони олимпӣ оид ба бозиии руйи ях  -Денис Тен буд. Илова бар ин, ин шабака бинандагонро бо беҳтарин силсилафилмҳои русӣ хушҳол мекунад, — ҷонибдории баландтаринро аз моҳи январ то июл, силсилафилми «Лесник» касб кард, ки чор маротиба пешсафи  мутлақи ҳафта гашта буд.

«Хабар»

Канали телевизиони давлатӣ  ягона шабакае буд, ки  бо барномаҳои фароғатии  истеҳсоли худаш диққати зиёди тамошобинонро ҷалб кард. Дар муддати шаш ҳафта, аз моҳи март то моҳи май, мухотабони  канал аз дигар барномаҳо дида, ба барномаи озмуни сурудхонии «Жулдыздышекпежек» бартарӣ доданд. Дар мавсими аввали намоиш, сарояндагони беҳтарини Қазоқистон байни ҳам рақобат карданд, дар даври дуюм —  сарояндагоне, ки маъруфияти камтар доштанд, вале истеъдодашон кам набуд ва дар даври сеюм (гап ҳам дар бораи ҳамин аст) дар назди тамошобин сарояндагони тамоман ношинос пайдо шуданд. Аз силсилафилмҳо барои  тамошобинон, «Тракторшинскахмаббаты». (чор ҳафта дар мавқеи балантарин) бисёртар писанд омад.

Qazaqstan

Канали телевизионӣ  барои силсилафилмҳои  ҷолибаш ба тамошобинон хеле писанд аст. Дар давоми ҳафт ҳафта сериали   туркии“Гулпарӣ» баландарин мавқеъро миёни маъруфтарин   маҳсулоти  телевизионӣ нигоҳ дошт. Қаҳрамони асосӣ дар ин филм аз тамоми зинаҳои “дӯзах”, – ҳам куштори сиёсии шавҳараш, ҳам аз даст додани фарзандон  ва ҳатто ҳабс мегузарад. Дар тӯли чаҳор ҳафтаи дигар, мавқеи баландро аллакай драмаи силсилавии ватании «Оралу»  ишғол кард, ки дар бораи ҷавоне бо номи Батир нақл мекунад, ки пас аз як куштори тасодуфӣ  зиндагиаш ба даҳшат тадил меёбад. Дар давоми ҳафт моҳ барномаҳои иттилоотии шабака  ҳатто як маротиба ҳам мақоми баландтарини  ҳафтаро  ишғол накарданд.

«Канали 31»

Бинандагони  ин шабакаи телевизионӣ ба хабарҳои  Informburo баҳои баланд медиҳанд. 12 ҳафта маҳз ҳамин барнома мавқеи баланди машҳуртаринҳоро касб карда буд.  Ҳамзамон 6-уми феврал имкон пайдо шуд, ки шумораи зиёди тамошобинон дар назди экранҳои телевизор ,ба лутфи инъикоси мухбирон аз ҷараёни эътирози модарони серфарзанд дар назди ҳукуматҳои шаҳри Алмаато, Остона ва Шимкент, ҷамъ оянд,  ва ҳамчунин  вақте  тафсилоти мусибати оилаи Ситеровҳоро пайдо намуданд. Дар айни замон, шабака   обуруи “оилавӣ» худро сифатан пуштибонӣ мекунад ва аз ин ру тавонист рейтинги баландтаринро, на аз ахбор, балки аз қисмати дуюми комедияи фаронсавии «Такси» ва аниматсияи диснейии «Храбрая сердцем» ҷамъ оварад.

Astana TV

Омори ҳафт моҳи охир  исбот мекунад, ки шабакаи телевизионии ҷумҳуриявӣ (воқеан,бо пахши иттилоотии худиаш) самти  пахши  «силсилафилмҳо» -ро  пеш гирифтааст. Дар давоми 29 ҳафта рейтинги баландтаринро пайваста сериали  ҳиндии «Абиссиндар»   ишғол кардааст.. Сюжет дар атрофи ҳаёти ду хоҳар мечархад, ки дар  2063 лаҳзаи филм чи мусибатҳое ,ки ба сарашон  намеояд.. Дар маркази диққат- назари анъанавӣ ба оила, ки  ба аксари мардуми қазоқ  ошност  ва тақсимоти нақшҳо дар ин ячейкаи ҷомеа мебошад. Гарчанде ки мавзӯи мазкур ба ҳадафи  эълон кардаи давлат  оид ба муосирсозии шуур, комилан мувофиқат намекунад, билохира мавзуъ ҷаззоб аст.

AtamekenBusiness

Гарчанде ки рейтингҳои канал нисбатан паст бошанд (аз 0,4% зиёд баланд нест) ҳам, аммо афзалиятҳои шунавандагон ба таври мақбул гуногунранганд .Дар ҷамъбасти ҳафт моҳ бо фарқияти на он қадар калон аз дигар барномаҳо,  хабарҳои пагоҳирузӣ, ки бо забони қазоқӣ пахш мешавад, пешсаф  буданд. Онҳо панҷ маротиба  мақоми баланди  ҳафтаинаи  шабакаро  пешсафӣ карданд. Баъд аз он  хабарҳо бо забони русӣ  меоянд, ки  дар давоми се ҳафта онҳо дар рейтингҳо мавқеи аввалро ишғол карданд. Пахши  9-уми апрел, аз ҳама маъруфтарин барои тамошобинони  Хабарҳои асосии шабака гашт, ки,дар он рӯз  Қасим-Жомарт Токаев санаи баргузории  интихоботи ғайринавбатии  президентиро эълон кард.

«Седьмой канал»

Аз соли 2016 инҷониб и шабака худро ҳамчун шабакаи фароғатӣ  муаррифӣ карда, мувофиқи изҳороташ – ҳадафи пешбурди  лоиҳаҳои истеҳсоли худашро дар байни ҷавонон ва бинандагони  оиладор дорад. Мутаассифона, аз аввали сол, танҳо як-дуто чунин маҳсулоти телевизионӣ  мавқеи баландро дар  ҳафта ишғол кардан два дигар ҳолатҳои боқимонда  мавқеи пешсафӣ қариб ҳамеша насиби намоишҳо ва силсилафилмҳои  телевизионии Руссия аст. Масалан ,чор ҳафта  ҷои аввалро, лоиҳаи шабакаи телевизиони «Россия» «Смеяться разрешается» , ки мухлисони содиқашон, эҳтимолан, дигар ҷавон нестанд, ишғол кард. Ҳамзамон, аз ҳамаи рейтинги баландро драмаи Федор Бондарчук- «9 рота» ишғол кард.

CТВ

Ба пахшҳои хусусии хабарҳои шабака  тамошобинон таваҷҷӯҳи ночиз доранд.Сабаби асосие, ки  дар ҳафт моҳ таваҷҷӯҳи бинандагонро ҷалб мекард, Максим Аверин дар нақши «глухарь» дар силсилаифилми  русӣ буд. Дар  ҳашт ҳафта рейтинги ин  силсилафилми НТВ дар байни тамошобинон хеле маъруф буд. Дар вақтҳои боқимонда, мухлисони «қуттӣ» дар ин ҷо аз консертҳои ҳаҷвӣ бо иштироки ҳунарпешагони рус, ривоятҳо оид ба  усулҳои маъмули қаллобӣ дар Руссия ва филмҳои мустанад дар бораи актёрҳои  марҳуми шӯравӣ (ҳама маҳсули  ширкати телевизиони русии  «ТВ-Центр») баҳра мегиранд.

НТК

Ҳар ҳафта, дар ҷои аввали барномаҳои маҳбубтарини канал ё филмҳои бадеии Ҳолливуд ва ё филмҳои тасвирии маъмултаринанд. Интихоби тамошобинон қариб ҳеҷ гоҳ такрор намешавад ,- истисно танҳо вақте мешавад, ки худи канал якчанд филмро ба тамошобинон такроран намоиш медиҳад. Масалан, чунин, бо «Каратэ пацан» ва «Тарзан. Легенда» шуд: филмҳо ду бор мавқеи баландатини  ҳафтаро  ишғол карданд. Айнан ба чунин муваффақият, намоиши ҳаҷвии TNT «Однажды в России» низ ноил гардида буд. Барномаҳои камчини истеҳсоли дохилӣ ҳанӯз ҳам дар байни тамошобинон дар қатори «писандидаҳо» нестанд.

 Almaty TV

Шабакаи телевизионӣ, ки фаъолияти  ҳукуматдорони  шаҳри  Алмааторо таблиғ мекунад, то ба ҳол натавонистааст, ки  муҳаббати мухотабонро нисбат ба маҳсулоти иттилоотию таҳлилии худ бедор кунад. Ба ҷои ин, барои муддати тӯлонӣ — дар тӯли се ҳафта ,дар баландарин мавқеъ, аз рӯи натиҷаҳои ҳафт моҳа, силсилафилми русии «Ленинград 46» қарор дошт, ки дар бораи вазъи ҷиноӣ дар як шаҳри  собиқ ҷангзада  нақл мекунад ва ҳамчунин консертҳо дар рӯзҳои истироҳат бо номи «Үздiкәзiлдер». Тааҷҷубовар аст, ки рейтинги рекордӣ аз аввали сол ба филми тасвирӣ дар асоси афсонаи Самуил Маршак «Хонаи гурба» насиб гашт. Чунин парокандагӣ дар  афзалият доданҳои   тамошобин, мутаассифона, аз сифати пасти телевизиони маҳаллӣ дарак медиҳад.

«Мир 24»

Шабакаи телевизионии минтақавӣ, тавре маълум шуд, аз ҷониби қазоқистониҳое, ки мехоҳанд аз рӯйдодҳо огоҳ бошанд , мавриди эътимод қарор дорад. Хабарҳои  дар вақтҳои гуногун пахш шуда, 12 маротиба аз аввали сол, мавқеи баланди якҳафтаинаи шабакаро дар Қазоқистон  пешсафӣ карданд. Барномаи «Евразия. Регионы »(пахши 22 июн) аз аввали сол инҷониб аз ҳама пурбинандатарин миёни қазоқистониҳо шумурда шуд. Маълум мешавад, ки шаҳрвандони мо  ба  «сирри Кубан дар чист?» ва «Сахалин ба чӣ машҳур аст» самимона таваҷҷӯҳ доранд, зеро муаллифони «Минтақаҳо» то ҳол дар бораи Қазоқистон ягон намоиш  омода накардаанд. Дар маҷмӯъ, омори канал таваҷҷӯҳи устувори тамошобинони моро ба мушкилот ва рӯйдодҳои гуногуни минтақа нишон медиҳад.

* Таҳлил дар асос маълумоти TNS «ТОП программа на канале за неделю» асос ёфта аст

** Рейтинг – аудиторияи  эҳтимолии  барнома аст, ки бо фоиз аз шумораи умумии сокинони кишвар,ки телевизор доранд,  ифода  мешавад. Барои  рекламадиҳандагон аҳамияти муҳим дорад  Ҳамаи тасвирҳои истифодашуда -скриншотҳои барномаҳо аз сайтҳои расмии шабакаҳои телевизионӣ ва YouTube мебошанд.

Маргарита Бочарова

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ