ДомойХудомӯзБарои худ расона будан: чӣ гуна бренди шахсии худро месозанд?

Барои худ расона будан: чӣ гуна бренди шахсии худро месозанд?

«Ҷаҳоне, ки дар он мо аз беҳтаринҳо будем, ба охир расид, ҳама чиз ба сифр баробар шуд ва насли нав қоидаҳои худро ҷорӣ мекунад« мегӯяд Виктор Елисеев, коршиноси ВАО аз Қазоқистон, роҳбари Select Select Group ва шарҳ медиҳад, ки агар рӯзноманигорон ё блогнависон хоҳанд, ки имрӯз рушд ёбанд  бояд  байни мардум фарқ кунанд. Ин корро чӣ гуна дуруст анҷом дод – дар ин бора коршинос дар нишаст оид ба ташкили бренди шахсӣ дар ҷашнвораи MediaCAMP Fest дар Душанбе нақл кард.

«Ҳамарӯза корбар Интернетро мекушояд ва 47 ҳазор паём мегирад ва мо намедонем, ки аз инҳо кадомаш нолозим ва кадомаш лозим аст. Контенти зиёде ворид мешавад, ки  мутобиқ ба сифат ҷудо карданашон душвор аст, вале ҳатман нафароне4  ҳастанд, ки таъсир хоҳанд гузошт ва маҳз онҳо расонаанд», — мегӯяд Виктор Елисеев зимни ҷаласаи худ оид ба таъсиси бренди шахсӣ, ки ӯ бо ин мавзӯъ ба аввалин Фестивали Осиёи Марказӣ- MediaCAMP дар Душанбе омадааст.

Вай шарҳ медиҳад, ки ба туфайли смартфонҳо, худи одамони оддӣ имрӯз мавзуъро матраҳ намуда, расонаҳояшонро месозанд. Дар тӯли тамаддуни шаш ҳазорсолаи башарият дар ҷаҳон, 300 миллион муаллиф маълум буд, ки асараҳои гуногуншакл офаридаанд. Соли 2017 дар тӯли 20 соли дастрасии озод ба нашрияҳо, 4 миллиард нафар  муаллиф  маҳсуб шуданд ва контенти худро эҷод карданд. Имрӯз ҳар як шахс метавонад чун ВАО контенти қобили тавваҷухро тавлид кунад. Мисол, рӯзноманигорони шаҳрвандие, ки контентро таҳия мекунанд ва ба шабакаҳо роҳ меёбанд. Байни одамони оддӣ ва ВАО қариб ҳеҷ тафовуте нест. Муҳимтар аз ҳама ҳунари таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб кардан аст.

«Самти тавваҷуҳ асосан ба ситораҳо равона шудааст ва агар дар коратон ягон чизи барҷаста набошад, ба шумо касе диққат намедиҳад. Имрӯз шумо метавонед хеле меҳнатдӯст бошед, аммо ин маънои онро надорад, ки шумо муваффақ хоҳед шуд», — мегӯяд Елисеев.

Чанде пеш дар тадқиқотҳо ба саволи «Дар куҷо кор кардан мехоҳед?», аксарияти ҷавонони қазоқ мансабҳоро дар мақомоти давлатӣ ё ширкатҳои миллӣ номбар мекарданд, аммо ҳоло тамоюл тамоман дигар аст: одамон дигар намехоҳанд ҷузъи бренди корпоративӣ бошанд, онҳо бренди худро ташкил мекунанд. Насли нав он одамоне мебошанд, ки намехоҳанд инкишофи амудӣ дошта бошанд, тарзи ҳаёти тамоман дигар доранд: субҳ онҳо дар конференсияи илмӣ сухан мегӯянд, бегоҳ онҳо диҷей ҳастанд, дар рӯзҳои истироҳат онҳо аксбардор ё рӯзноманигор мебошанд. Ва ҳар яке аз онҳо бренди шахсии худро месозанд.

Бренди шахсӣ барои чӣ лозим аст?

«Агар мо  рушд  кардан хоҳем, мо бояд аз дигарон фарқ кунем. Ҳамин ки шумо барои ҷомеа ҷолиб шудед ва шуморо ҳамчун ситора қабул карданд — шумо ба пул кор кардан шуруъ мекунед», — мегӯяд Елисеев.

Агар аудитория набошад, пас даромад ҳам нест ва боз дар байни аудиторияи худ мумкин аст маъно “кишт кард” ва ба ташаббусҳо диққат дод. Аксар вақт одамон имиҷи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод мекунанд, аммо онҳо намефаҳманд, ки назди худ кадом ҳадаф гузоштаанд. Ба даст овардани лайкҳо ва шарҳҳои зиёд наметавонад ҳадаф бошад. Ҳар як муаллиф бояд дарк кунад, ки бо кӯмаки контенти худ ба чӣ ноил шудан ва чиро ба аудиторияаш расондан мехоҳад.

«Аудитория аз идеяи бузург пайравӣ мекунанд, он бояд дар матнҳои шумо намоён бошад ва дар аксҳо хонда шавад», — мегӯяд коршинос.

Соли 2016 дар Маскав таҷриба гузаронданд: Дар Instagram аккаунти қалбакии Борис Борка — миллионери муваффақ ва дӯстдори занҳоро сохтанд, ки дар воқеъ як нафақахӯр ва соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ дар Химки буд. Корбарон ба ин афсона бовар карданд ва дар натиҷа шумораи обуначиён дар тӯли ду ҳафта якчанд ҳазор нафарро ташкил дод, таблиғгарон ба ӯ бораи ҷой додани постҳо дар бораи маҳсулоташон муроҷиат мекарданд; занон ба вохӯри даъват мекарданд. Баъдан   сири озмоишро ошкор карданд.

«Борис Борк рамзи «фейкӣ» гардид, аммо мисоли ӯ нишон дод, ки чӣ гуна бренди худро,новобаста аз он ки ин мисол  даҳшатнок садо диҳад ҳам, ҳатто бе будани шахсият пеш бурдан мумкин аст», — мегӯяд Елисеев.

Блогнависон ситораҳои муосири рок мебошанд,  одамон онҳоро таҳсин мекунанд ва онҳо з дар ҷаҳон сафари зиёд мекунанд, зеро онҳо тавонистанд  худро дуруст пешкаш кунанд.

Аз чӣ бояд оғоз кард?

Аввалан, бояд  дар шахсияти худ озмоиш гузаронд.

«Ҳамаамон саъй дорем, ки камбудиҳоро ислоҳ кунем, аммо тарафҳои қавии худро ҳамчун ҳатмӣ қабул дорем. Одамон дар бораи тарафҳои қавии худ фаромӯш мекунанд ва бо онҳо кор намекунанд. Бифаҳмед, ки чӣ шуморо ба ваҷд меорад ва чӣ ба шумо қувват мебахшад. Шахсияти худро ҳамаҷониба таҳлил кунед. Он ҷонибҳое, ки қавитаранд, сайқал диҳед», — мегӯяд Елисеев.

Дуюм, бояд худро чунон «бастабандӣ» кард, то ба дигарон ҷолиб шавед. Бартарии истисноии шумо дар чист? Шумо аз дигарон чӣ фарқ доред? 20 фарқиятро пайдо кунед, пас аз фарқияти панҷум ёфтани фақиятҳои дигар мушкилтар мегардад, аммо охирин фарқиятҳое, ки шумо дар худ кашф мекунед, бартарии истисноии шумо мегарданд.

Сеюм, сармояи иҷтимоӣ — аудиторияро ҷамъ овардан лозим аст.

«Обуначиёни шумо қабилаи шумо ҳастанд. Агар шумо қабила надошта бошед, шумо ба касе ҷолиб нестед», —  тавзеҳ медиҳад коршинос.

Барои ҳама ҷолиб будан  инмконнопазир аст, ба шумо лозим меояд, ки аудиторияи худро гурӯҳбандӣ кунед, ҳар қадар муайян бошад, ҳамон қадар босифаттар аст. Шумо бояд истеъмолкунандаи худро хуб донед, кадом арзишҳо барояш муҳиманд, чи дарду омол дорад, чи боиси шабҳо бехобиаш мегардад, чӣ гуна  маълумотро ҷустуҷӯ мекунанд, контентро дар чӣ қадар вақт истеъмол мекунад. Ҳама чиз муҳим аст. Агар қаблан руйхат аз 5-15 савол иборат буд, мисли: чанд сола, дар куҷо кор мекунед, ҳоло ин кифоя нест. Барои ҳосил намудани портрет бояд 40-60 савол диҳед ва пас хоҳед дид, ки одамони ношинос шуморо мехонанд ва гӯш мекунанд.

«Вақте шумо дарк мекунед, ки мардум бо кӯмаки контенти шумо ба чӣ ноил шуда метавонанд, бренди шумо самарабахштар мешавад», —  мегӯяд Елисеев.

Чӣ тавр бо бренди шахсӣ бояд пул кор кард?

Ба сифати мушовир баромад кардан;

Маҳсулоти иттилоотиро фурӯхтан;

Чоп кардани китобҳо (ҳамчун вариант);

Чорабиниҳо гузарондан(ин коро кардан хеле  осонтар аст );

Пешбарӣ кардани маркетинги шарикӣ ва талош барои ҳамкориҳо;

Тренингҳо ва семинарҳо ташкил кардан;

Платформаи иттилоотӣ эъҷод кардан.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ