Бисёре аз расонаҳо афзоиши якбораи трафикро аз оғози пандемия ва татбиқи чораҳои муҳофизатиро қайд карданд, — одамон дар хона нишаста, бехатарии худро назорат мекунанд ва … хабарҳоро мехонанд. Пас аз он ки гушанишинии маҷбурӣ анҷом ёбад, чӣ гап хоҳад шуд? Оё аудиторияи нашрияҳои онлайнӣ дар ҳамин сатҳ боқӣ хоҳад монд? Чӣ бояд кард, то ин одамон ҳам дар давраи коронавирус ва ҳам пас аз он ҷалб шаванд?
Александр Амзин, мушовири расонаҳо, барандаи канали @themedia дар Telegram, муаллифи китоби тозанашри «Интернет-журналистика» ва Артём Лисс, мушовири нашриявӣ ва менеҷери барномаҳои Интернюс дар ин бора дар вебинари аз силсилаи «ВАО дар даври COVID-19″ сӯҳбат карданд.
Чӣ буд? Чӣ хоҳад шуд?
Вазъият бо васоити ахбори омма мувофиқи сенарияи паҳншавии коронавирус, аз рӯи нақшаи «баромад — таваққуф — фаромад» хоҳад буд. Аввал афзоиши якбора (трафик/беморӣ), баъд каме таваққуф (аз ду то чор ҳафта), танҳо пас аз он поинравӣ оғоз хоҳад шуд . Ва агар дар ҳолати коронавирус ҳама ин поинравиро бесаброна интизор бошанд, аммо расонаҳо андеша мекунанд, ки чӣ гуна аудиторияи навро нигоҳ доранд.
Бо вуҷуди афзоиши трафик, вазъ дар ВАО чандон хуб нест. Мушкилӣ дар он нест, ки одамон дар хона нишастаанд, мушкилӣ дар он аст, ки ин ҳама кай ба поён мерасад. Тибқи хушбинонатарин пешгӯиҳо, зиндагӣ то моҳҳои июл ё август ба ҳолати муқарарӣ бармегардад, аз ин рӯ ҳама нақшаҳо барои ду моҳи оянда бояд баррасӣ шаванд.
Дар ин муддат ВАО бояд фикр кунанд, ки дар оянда чӣ кор мекунад, зеро ҳама чиз тағйир ёфтааст: ихтисори кормандон ва рухсатиҳои бемузд, модели пешгӯинашавандаи бизнес, зарба ба нашриёт ва матбуоти чопӣ.
Шумораи назарҳо кам-кам меафзояд, аммо на бо суръат. ВАО наметавонанд умедвор шаванд, ки онҳо ду ва се маротиба афзоиш меёбанд. Бояд омода буд, ки трафик коҳиш хоҳад ёфт ва бояд барои нигоҳ дошта хонандагон кӯшиш кард.
Амиқии хониш он қадар тез афзоиш намеёбад, гарчанде ба назари мо чунин менамояд , ки ҳар як хонанда бодиққат пайгирӣ мекунад. Мебояд ҳадафҳои гузошташударо дар бораи он, ки одамон то чӣ адоза амиқ мехонанд, ба эътидол овард.
ОЁ дар ҳақиқат ХОНАНДАГОН пас АЗ ПАНДЕМИЯ (ба хониши расонаҳо)Бар мегарданд? НЕ. Бояд БЕШТАР сариИ ВаФодори корбарон ВА МАҲСУЛОТИ НАВ кор кард.Сарчашмаҳои расмӣ ва МуЪтабар пеш медароянд. Аниқтараш, он нашрияҳое, ки худи одамон онҳоро муътабар меҳисобанд. вазифаи расонаҳо – дарк кардани он аст,ки чӣ гуна дар ин «ИНТИХОБОТҲО» бояд ғолиб омад.
Одатҳои навро ташаккул медиҳем
Ҳоло барои хонанда маълумоти расмӣ кофист. Маводи васеи рӯзноманигориро омода кардан на ҳама вақт имконпазир аст . Аз ин рӯ, бояд андеша кард: чӣ гуна маҳсулот метавонад аудиторияро нигоҳ дорад? Дар асл, фазоеро бояд эҷод кард, ки шахс ба он ҷо «фуруд» ояд ва бо ёрии тугмаҳо бо функсионал кор кунад. Ин метавонад сервис дар сафҳаи асосӣ, дар саҳифаи дохилӣ ё бахши алоҳида бошад. Дар хотир доштан муҳим аст, ки ҳама чизро бояд зудтар иҷро кард, шумо имконият надоред, ки вақти зиёдро сарф кунед (прототип на бояд бештар аз 48 соатро дар бар гирад).
Шуморо бояд ҳамчун як маҷрои беохири маълумоти боэътимод донанд. Агар мо ба ягон намуди ВАО боварӣ дошта бошем, бо мурури замон тасвири муайян ва асоснок ё номувофиқии интизориҳои хонанда пайдо мешавад. Ин ба ҳарду тараф кор мекунад: шахс метавонад матбуоти зардро хонад, аммо ба он эътимод накунад, зеро эҳтиром ташаккул намеёбад. Ва баръакс, фарогирии кам, аммо сифати хуб метавонад ба мубоҳисаҳои бештар миёни хонандагони содиқ оварда расонад.
Имрӯз хонанда ба ду чиз ниёз дорад. Яке аз онҳоро шумо наметавонед қонеъ кунед: маълумоти расмӣ, ки кори вазоратҳои махсус аст. Дигар, андешаи бонуфуз ва муфид аст.
Чӣ гуна чунин маҳсулотро дар ҳолати бӯҳрон омода кард? Бояд фаҳмид, ки чӣ гуна корбар, мо ва он чӣ ки мо мехоҳем, тағйир ёфтаанд. Ҳамдилӣ, ҳамдардӣ — ин чизест ки мо дар бораи он менависем, оё ин бо тарсу умедҳои аудитория бархурд мекунад
- Маҳсулот аз сифр (навоварӣ)
- Амудӣ (+1 мавзӯъ)
- Одати нав
- Бастабандии дубораи контенти куҳна бо одатҳои нав
Бояд ба одатҳои куҳна ва нави хонандаи худ такя кард. Масалан, рафтан ба кор дигар ба амал намеоянд (одати кӯҳна), авҷи нави хондан — соатҳои 10-12 (одати нав).
Барои хонандагон чӣ муҳим аст?
- Шумо ҳамчун авторитет. Агар ба шумо эътимод кунанд, пас талбот ба маводи таҳлилӣ, хулосаҳои коршиносон, пешгӯиҳо зиёд хоҳад шуд.
- Ҷавобҳои оддӣ ба саволҳо. Бо калимаҳо ва ҷумлаҳои оддӣ навишта шуда, то ки ба дигарон нақл кардан шавад
- Одамони доираи наздик. Дар вазъияти пандемия, шахсони машҳур ба доираи хешу табор ва хешовандон медароянд. Коронавирус як навъ нуқтаи ба ҳам расидан ( замини муштарак) шудааст, ки хонандаро дар баробари ситорагон ҷой додааст.
- Шумо ҳамчун манбаъ. Агар шумо маълумотро муътабарона пешниҳод карда бошед, пас шумо муваффақед, трафики азим ва садоқат ба даст меоред.
Диққат диҳед
- Саҳифаҳои дохилии портали худро аз мадди назар дур накунед. 80% гузаришҳо аз рӯи онҳо анҷом меёбанд, на аз саҳифаи асосӣ. Дарҳол хабари навро пешниҳод кунед, — шабакаҳои иҷтимоӣ моро ба он одат кунонидаанд, ки пас аз як хабар фавран хабари оянда меояд.
- Фаромӯш накунед, ки бисёриҳо шуморо аз телефони мобилӣ мехонанд, муайян кунед, ки саҳифаи асосӣ аз телефони мобилӣ чӣ гуна ба назар мерасад.
- Бо ҳар роҳ, муайян кардан ва афзоиш додани ҳузури одамон лозим аст. Ин ядро нест, аммо инҳо одамоне ҳастанд, ки бояд баргарданд ва ҳузури корбаронро дар саҳифаатон таъмин кунанд.
- Бояд диққати худро ба истеъмоли мобилӣ равона кард. Дар ин масъала баъзе ҳиллаҳо мавҷуданд. Барои гузаштан ба навиштаи навбатӣ тамоми мақолаи мобилиро хондан лозим нест. 2-3 сархати аввалро кушоед, пас тугмаи «ҳамашро хондан» -ро илова кунед ва пас метавон опсияҳои иловагӣ бо конверсияро пешниҳод кард.
- Фаҳмед, ки кадом мавод фарогириро бештар таъмин мекунанд. Антитопро муайян кунед: маҳсулоти шуморо чӣ халалдор мекунад? Дар асоси худҷазбшавӣ, нақшаи контенро тартиб диҳед.
Таҷрибаи расонаҳои хориҷӣ
- Баъзе нашрияҳо блоки махсусро пешниҳод мекунанд. Хонанда метавонад интихоб кунад — ӯ мехоҳад дар бораи коронавирус ё чизи дигаре хонад? Одатан, бо кӯмаки чунин блок ё ба хонанда ишора мекунанд ё эълон ё ягон ҳикоя нақл мекунанд. Нишон медиҳем, ки ин хабари баъдӣ метавонад ба як қисми қиссаи бузург табдил ёбад.
- Филтри лентаи хабарӣ. The Washington Post ва The Wall Street Journal менюи иловагии асосиро илова карданд, ки он ба блокҳо тақсим шудааст — коронавирус, фавт дар ИМА, харитаи паҳншавӣ дар ҷаҳон, FAQ ва дигар зерсохторҳо, ки зермавзӯҳои коронавирусро ба навигатсия мебароранд.
- BBC News Labs ба ҷои доим ба хонандагон шарҳ додани бэкграунд, як конструктори саволҳои ҳамеша пурсидашавандаро сохтаанд. New York Times низ чунин функсияи мушобеҳро илова кард — дар охири мақолаиҳо «маслиҳат ва саволҳои доимо пурсидашаванда» ҷой дода шудааст. Чунин функсия як маротиба сохта мешавад ва борҳо истифода карда мешавад, ва борҳо нав карда мешавад. Ин ҳуҷҷати зиндаест, ки ба он метавон ва бояд баргашт. Навсозӣ нишон медиҳанд, ки шумо на танҳо як бор дидан кардед ва фаромӯш кардед, балки пайваста бо пайванд кор мекунед.
- NewYorkTimes ба донишҷӯён обунаи ройгон пешниҳод кард. Дар асл, онҳо ба донишҷӯён дар аудиторияаашон ниёз надоранд. Онҳо ба одамоне ниёз доранд, ки пас аз хатми донишгоҳ алакай тӯли панҷ сол ин порталро мехонанд.
- Ва каме дар бораи монетизатсия. «Ведомости» бахши «Бизнесро»-ро боз кардарданд. Ҳоло хабарҳо дар ин боб бо дастгирии кадом як ширкат мебароянд. Пештар, он «Сбербанк» буд.