Сармуҳаррири нашрияи қазоқии NewTimes.kz Дмитрий Ким ҳар рӯз бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ мукотиба мекунад. Онҳо дар лоиҳаи Интернюс- «Журналистони шаҳрвандӣ» якҷоя кор мекунанд. Албатта, ҳоло ҳама гуфтугӯҳо умуман дар бораи коронавирус аст ва чӣ гуна ВАО метавонад дар чунин вазъ кор кунад. Дар ВАО-и тоҷик аллакай қурбониҳо ҳастанд: сароператори шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» Ситам Муҳиддинов аз бемории пневмония фавтид ва даҳҳо рӯзноманигори дигар бо гумони бемории коронавирус дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд. Имрӯз, Дима ба ҳамкасбони худ мактуби кушод навишт. Ҳукумати Тоҷикистон парчами сафедро боло карданд ва мавҷудияти коронавирусро дар ҷумҳурӣ расман эътироф карданд. Тавре ки як мансабдори давлатӣ бепарвоёна дар бораи COVID-19 дар Қазоқистон гуфта буд, ки дар «ниҳоят».
Ҳамчун куратори лоиҳаи Шабакаи байналмилалии рӯзноманигории шаҳрвандии Internews, ки дар он дастаҳои Тоҷикистон низ иштирок мекунанд, ман мушоҳида кардам, ки чӣ тавр девори шок ва инкору радкуниро мешикастанд. Рӯзноманигорони Тоҷикистон бо интишороти худ ин садро мешикастанд. Дар зери норозигии мақомот ва садоҳои “ҳуштакашаии” мухолифи баъзе хонандагон. Дар натиҷа, изҳороти созишнопазири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба миён омад: журналистон вазъро бадтар мекунанд, онҳоро барои вайрон кардани одоби касбӣ ба ҷавобгарӣ кашидан лозим.
Акнун нафас баровардан мумкин: девор афтид. Аммо танҳо барои бори дигар чуқур нафас гирифтан. Воқеан, агар дар Қазоқистон ҳама чиз барои ба тадриҷ ва эҳтиёткорона бардоштани карантин ва муҳдудиятҳо ҳаракат кунад (! бисёр мехостем бовар кунем!), пас дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик танҳо шиддати вазъро интизори шудан мумкин аст.
Он ки Тоҷикистон дар кишвар вазъияти фавқулодда эълон мекунад ва шаҳрҳоро мебандад ё на, ҳоло маълум нест. Маълум аст, ки акнун дар дигар шароит зиндагӣ ва кор кардан зарур аст. Ва маҳз барои чунин ҳолат ман чанд маслиҳат дорам.
— Рӯзноманигорон, ба монанди табибон, дар сафи аввали мубориза бо коронавирус қарор доранд. Аз ин рӯ, бо таҳдидҳои сироятёбӣ шӯхӣ накунед ва воситаҳои муҳофизатиро сарфи назар накунед. Дар Тоҷикистон даҳҳо рӯзноманигор ба COVID-19 сироят шудаанд ё гумонбар ба ин беморианд. Онҳое, ки «дар майдон» кор мекунанд, бояд ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва антисептикҳо дошта бошанд.
— Ба ҳолати фавқулодда дар кишвар, карантин ва басташавии шаҳрҳо ва вилоятҳо омода бошед. Шаҳодатномаҳои хидматӣ ва супоришҳои нашриявиро ба рӯзноманигорон пешакӣ омода ва тақсим кунед. Дар сурати ҷорӣ шудани ҳолати фавқулодда, бо мақомот дар маҳаллҳо мувофиқа кунед, ки кадом ҳуҷҷатҳо барои кори намояндагони ВАО дар чунин шаҳрҳо ва вилоятҳо зарур мебошанд.
— Даъвати расмиро барои изолятсия шудан интизор нашавед — худатон кормандони редаксияро ба реҷаи кори дурдаст гузаронед. Ҳар қадаре ки шумо ин амалро зудтар иҷро кунед, ҳамон қадар зудтар мутобиқ мешавед, коммуникатсия барпо мекунед ва равандҳоро танзим мекунед.
— Кори фосилавӣ чизест, ки бисёриҳо орзу мекунанд, аммо вақте ки онҳо чизи дилхоҳашонро ба даст меоранд, алахусус дар изолиятсияи маҷбурӣ, онҳо дарк мекунанд, ки сахт фиреб хӯрдаанд: барои кор кардан дар хона наздикон халал мерасонанд; дар хона нисбат ба идора бештар кор кардан лозим меояд. Чи бояд кард? Гушаеро ёбед ва он ҷо пинҳон шавед. Ҳолати муқаррариро тағйир надиҳед: бедор шавед ва мосли пештар ба кор шурӯъ кунед. Ҳатто метавонед либоси «идоравӣ» пӯшед. Барои хӯроки нисфирӯзӣ танаффус кунед, аз танаффусҳои 10-дақиқавӣ худро маҳрум накунед. Пас аз анҷоми рӯзи корӣ, барои як-ду соат чатҳои кориро “ хомӯш” кунед.
— Чатҳо — воситаҳои асосии муошират дар кори дурдаст мебошанд. Аммо дар бораи мухотабони «зинда» фаромӯш накунед. Аз ин рӯ, ҷаласаҳои видеоиро дар Skype, Zoom, WhatsApp ташкил кунед. Барои муҳокима кардани супоришҳои нашриявӣ аз телефон истифода баред.
— Матолиби нашриявиро барои на камтар аз як моҳ ба нақша гиред. Барои ин аз воситаҳои онлайнӣ истифода баред.
— Дар реҷаи ҲФ ва изолятсия ҳама матолиби марбут ба COVID-19 хонда мешаванд. Бо эҳсос, бо маъно, бо тартиб дар бораи рушди вазъ нависед — он чизеро, ки расман мегӯянд, дар шаҳрҳои пӯшида, гузоришҳо сабт кунед, дар бораи касоне, ки дар сафҳои аввали мубориза бо коронавирус ҳастанд, қиссаҳо нақл кунед.
— Пайём (фиристаҳо)-ҳои фейкиро санҷед (аллакай шумораи зиёди онҳо вуҷуд дорад, аммо боз ҳам зиёдтар хоҳад шуд) ва танҳо пас аз он маълумотро интишор кунед.
— Дар бораи одамон ҳикояҳои илҳомбахши гуногун нависед.
— Аз имкониятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеътар истифода баред. Дар он ҷо баҳонаҳои хабарӣ, қаҳрамонон барои матлабҳо, коршиносон ва ҳикояҳо дар бораи одамонро ҷустуҷӯ кунед.
Ҳамкасбони мӯҳтарам аз Тоҷикистон!
Дар пеш қабули 4 марҳилаи ногузир вуҷуд дорад. Роҳ бешубҳа мушкил аст. Аммо умедворам, ки таҷрибаи ман ва дониши ҳамкасбони ман дар Қазоқистон ба шумо кӯмак хоҳад кард. Мо омодаем, ки дар доираи лоиҳаи «Журналистони шаҳрвандӣ»-и Интернюс, ва берун аз он мубодила кунем. Зеро #моякҷояҳастем.