Аз 14-ум то 19-уми сентябр Интернюс фестивали бошукӯҳи расонаии Осиёи Марказиро баргузор мекунад. Фестивал тариқи онлайн доир шуда, дар он беш аз 1000 коршиносони ВАО аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳам меоянд. Дар доираи MediaCAMP Fest чорабиниҳои омӯзишӣ, маърӯзаҳо, намоиши филмҳо, ҷаласаҳои фасилитатсионӣ, мубоҳисаҳо ва ток-шоуҳо рӯйи кор меоянд.
MediaCAMP Fest бо як марафони калон оғоз меёбад. Ҷараёни 8-соат дар пахши мустақим рӯзноманигорон, муҳаррирон, менеҷерҳо дар бораи он, ки ҳангоми пандемия расонаҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна фаъолият карданд, муҳокимаронӣ хоҳанд кард. Ҳар соат мавзӯи нав аст: Чӣ гуна рӯзноманигорон замони сар задани COVID-19 ба аудитория маълумот пешниҳод карданд, чӣ гуна далелсанҷҳо ва муаллимони саводи расонаӣ барои пешгирии инфодемия фаъолият карданд, дар ВАО ҳангоми карантин чӣ гуна лоиҳаҳои ҷадид пайдо шуданд ва дар умум — оё эҷодкорӣ ҳангоми дар хона мондан имконпазир буд ё не?
— Соли дуввум аст, ки мо ҷашнвораи MediaCAMP Fest-ро доир мекунем. Ин навбат бори аввал – тариқи бархат (онлайн). Ҳангоми таҳияи барномаи ҷашнвора, мо тренингҳо, мастер-классҳоро ба нақша гирифтем. Баъдан дарк кардем, ки чизе намерасад. Ин фестивал аст ва албатта каме фазои ғайрирасмӣ намерасад, ки дар он иштирокчиён тавонанд дар бораи чӣ ташвишҳову чӣ камбудиҳо суҳбат кунанд. Марафони ифтитоҳӣ маҳз ҳамин гуна платформа хоҳад буд”, — мегӯяд Марат Бигалиев, роҳбари Интернюс дар Осиёи Марказӣ.
Ҳар рӯз дар ҷашнвора — мавзуъҳои нав, гӯяндаҳои ҷолибу касбӣ ва форматҳои гуногун хоҳад буд. Рӯзи 15-уми сентябр, фестивал бо баромади рӯзноманигорон, ки лоиҳаҳои худро бо дастгирии Интернюс амалӣ кардаанд, кушода мешавад: Маҳпора Киромова (Тоҷикистон), Ҷамили Маричева (Қазоқистон), Айгерим Бегимбет (Қазоқистон), Алиса Масалева (Қазоқистон), Аброрбек Қурбонмуродов (Ӯзбекистон).
— Барномаи ҷашнвора аз блокҳои кӯтоҳи як-ду соата иборат аст. То ки иштирокчиён ба ҷадвали кории худ халал наросонида,муддати ҷаласаҳо вақтро озодона дар интернет гузаронида тавонанд. Яке аз нуқтаҳои муҳим — имкони гӯш кардани ҷаласаҳо бо забонҳои миллӣ аст. Ҷараёни ҳар ҷаласа, тарҷума ба забонҳои миллӣ доир мешавад. Аммо барои ин ба шумо лозим меояд, ки дар платформаи Zoom сабти ном бикунед. То барномаи тарҷумонӣ хуб кор кунад, — мегӯяд Ирина Медникова, продюсери фестивал.
Формати беназири фестивал — ду ток-шоуи махсус барои MediaCAMP Fest омодашуда, мебошад. Яке ток-шоуи «Матасу ма, шатасу ма?» аз Қазоқистон, ки онро ровии маъруфи телевизиони Қазоқистон — Дина Толепберген баргузор мекунад. Дигар, ток-шоу аз Тоҷикистон таҳти унвони «Гап аз Гап» аст, ки онро рӯзноманигори шинохтаи тоҷик — Орзу Исоев ҷараён медиҳад. Мавзуъҳои марказии ҳарду ток-шоу — масъалаҳои ахлоқии журналистика мебошад. Қаҳрамонҳо рӯзноманигорони ҳарду кишвар, мунаққидони ВАО, менеҷерҳо хоҳанд буд. Ток-шоуҳоро бо забонҳои қазоқӣ ва тоҷикӣ тамошо кардан мумкин аст. Инчунин ба забони русӣ тарҷума сурат мегирад.
Рӯзи 18-уми сентябр, соати 16:00 бошад, дар доираи фестивал ҷаласаи бонувони рӯзноманигор доир мешавад, ки «Қувва дар чист, хоҳар?» ном гирифтааст. Дар ин ҷаласа, сухан дар бораи он меравад, ки чӣ гуна ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ аз занон мегӯянд.
Аз сабаби пандемия, синамохонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бастаанд. Рӯзҳои 15-16-уми сентябр MediaCAMP Fest синамохонаи онлайни Artdocfest — ро боз хоҳад кард. Ба иштирокчиёни фестивал муяссар меояд, ки дар мастер-класси Виталий Манский, коргардони филмҳои мустанади Русия, продюсер, президенти ҷашнвораи Artdocfest ширкат карда, филмҳои мустанади «Котиб оид ба идеология» ва «Падари ман Чингизхон» — ро тамошо кунанд. Сипас бо Алмира Сайфуллина – муаллифи филми охирин суҳбат доир мегардад.
Формати онлайн имкон дод, ки мутахассисони хориҷӣ дар платформаи фестивал ба ҳам оянд:
- Алексей Пивоваров, ки чанде пеш барои таҳияи лоиҳаҳои шахсиаш аз вазифаи сармуҳаррири RTVi канор рафт. Ӯ дар бораи принсипҳои журналистика дар YouTube сӯҳбат хоҳад кард;
- Юлия Мучник, сармуҳаррири сайти “Сибирь.Реалии”, ки оид ба этикаи журналистӣ дар фаъолияти рӯзноманигор ҷаласаи интерактивӣ баргузор мекунад;
- Олга Кравтсова, муаллифи лоиҳаи «Психологияи стресс барои рӯзноманигорон». Вай ба коршиносони расонаӣ аз таҷрибаҳои пешқадами шинохту пешгирии азияти руҳонӣ қисса хоҳад кард.
- Ксения Диодорова, аксбардор-документалист, директори бадеӣ, ҳаммуассиси студияи алоқаи визуалӣ ва мактаби «Гонзо-дизайн». Вай оид ба визуализатсияи лоиҳаҳои расонаӣ мастер-класс баргузор мекунад.
- Анна Шмитко, аксбардори рус. Ӯ чанд маслиҳати муфид медиҳад, ки чӣ гуна дар смартфон аксҳои эстетикӣ гирифтан мумкин аст.
- Ферузхан Ёқубхоҷаев, коршиноси расонаӣ аз Узбекистон. Ӯ дар бораи он сӯҳбат хоҳад кард, ки чӣ гуна журналист метавонад бренди шахсии худро бисозад.
Қиссаҳои коршиносонро якбора бо чор забон шунидан мумкин аст. Ҷаласаҳо ҳамзамон ба забонҳои — қазоқӣ, тоҷикӣ, қирғизӣ ва ӯзбекӣ тарҷума карда мешаванд. Ҷадвали муфассали ҷаласаҳоро дар ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.
Барои ҳар як иштирокчӣ, машғулияти муфид ҷаласаи фасилитатсионӣ бо Анна Патсюк, retail- мушовир, тренер оид ба тиҷорат ва роҳбалади ToR хоҳад буд. Ин ҷаласа махсус барои касоне аст, ки ҳадаф доранду мехоҳанд дурнамо ва уфуқҳои навро пайдо кунанд.
Ҷашнвора бо маросими ҷоизасупории MediaCAMP Award ба анҷом мерасад. Айни замон овоздиҳӣ дар бахши «Объектив» ҷараён дорад. Финалистҳои чаҳор бахши дигар – аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аллакай муайян шудаанд ва рӯзи 19-уми сентябр маводҳои беҳтарини журналистии соли 2020 дар Осиёи Миёна маълум хоҳад шуд.
Барои иштирок дар ҷашнвора ва дарёфти линки ҷаласаҳо дар ZOOM, худро дар сомонаи MediaCAMP Fest сабти ном кунед. Наздик ба оғози чорабинӣ ба шумо паём бо линки иштирок фиристода мешавад.
Ҷашнвораи MediaCAMP Fest ва озмуни MediaCAMP Award аз ҷониби Интернюс дар доираи Барномаи MediaCAMP, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, баргузор мегардад.