ДомойХудомӯзСагча-Аркадий: тавсияҳои Роман Анин ба рӯзноманигорони таҳқиқгар

Сагча-Аркадий: тавсияҳои Роман Анин ба рӯзноманигорони таҳқиқгар

Дар муқоиса бо кишварҳои Аврупо ё ИДМ, таҳқиқоти журналистӣ дар Осиёи Миёна дар ҳоли рушд аст. Ҳоло дар минтақа кӯшишҳои номуваффақ аз кӯшишҳои муваффақ зиёдтаранд ва дар айни замон шумораи зиёди мавзуъҳову имкониятҳо барои рушди самт равона карда шудааст.

Барои омодаи маводи “Парванда оид ба партов” Роман Анин, рӯзноманигор-таҳқиқгари маъруфи Русия ба ҳамкоронаш маслиҳатҳои муфид додааст. Роман Анин муддати тӯлонӣ дар «Новая газета» кор кардааст ва баъдтар дар якҷоягӣ бо тими худ расонаи ҷадидеро бо номи “Қиссаҳои муҳим” кушодааст.

“Парванда оид ба партов” — яке аз таҳқиқотҳои охирини нашршудаи тими кории “Қиссаҳои муҳим” ба ҳисоб меравад. Дар минтақаҳои гуногуни Русия партовгоҳҳоро аз тиреза дидан мумкин аст: онҳо ба монанди кӯҳҳои воқеие ҳастанд, ки шумо метавонед ба болои он бароед. Муроҷиати сокинон ба мақомот намерасад ва аз ин рӯ, мушкилот рӯз аз рӯз ҷиддитар мегардад. Рӯзноманигорон пешниҳод карданд, ки партовгоҳҳо дар як рӯз пайдо нашудаанд ва мо метавонем дар бораи солҳои тӯлонии бефаъолият сӯҳбат кунем. “Новый репортер” қиссаи таҳқиқгарро гӯш карда, чанд маслиҳати муфид барои таҳқиқгарони Осиёи Марказӣ ҷамъ овард.

Мавзуъҳои ба одамон наздикро интихоб кунед

— Дар “Қиссаҳои муҳим” мо бо мавзуъҳое сару кор мегирем, ки дар минтақаҳо садо медиҳанду ҳоли ҳозир ба мушкилоти рӯзмарраи одамон иртибот доранд. Бисёре аз таҳқиқгарони глобалӣ — рӯзноманигорон маводи таҳқиқии худро барои рӯзноманигорони дигар менависанд: чӣ гуна дуздида шудани 20 миллиард доллар. Ин хуб аст. Вале агар шумо дар бораи ин таҳқиқот аз аҳолӣ пурсед, онҳо, умуман, парвое надоранд. Зеро ин миқдор маблағ барои онҳо ибораи холӣ аст. Онҳо ҳатто тасаввур карда наметавонанд, ки ин ба зиндагии онҳо чӣ дахл дорад. Масалан, мавзӯи партов ё хидматрасонии коммуналӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон дахл дорад. Вале агар шумо ба ин мавзуъ дуруст нигоҳ кунед, пас мебинед, ки дар ин ҷо ҳам миллиардҳо пинҳон карда шудаанд.

Ба мушкилот аз зовияҳои гуногун нигаред

— Қиссаи беҳтарин онест, ки дар он ду намуди назар мавҷуд аст: уқобӣ ва мӯрчаӣ. Назари уқобӣ як омӯзиши васеъмиқёси мушкилот дар кишвар ва ё ягон минтақа мебошад. Назари мӯрчаӣ — манзара аз поёни он, масалан, чӣ гуна одамон дар назди партовгоҳҳо истиқомат мекунанд.

Мемҳоро аз худ кунед

— Агар шумо таҳқиқоти пурсарусадо ва сертамошои YouTube-ро таҳлил кунед, яке аз ҷузъҳои бомуваффақияти он истифодаи мем аст. Истифодаи мем ва матнҳои калон як усули ҷолиб аст, ки имкони чандиртар шуданро медиҳад. Таҳқиқи “Парванда оид ба партов” низ ба ин ниёз дошт. Дар баробари ин, мо намехостем ба хотири мем — меме бисозем ва қиссаро фурӯшем. Мо мехостем, ки ӯ муфид бошаду натиҷа диҳад. Аркадий ҳамин тавр таваллуд шуд — як сагча бо телефони дӯхташуда, ки барои пайгирӣ кардани партовҳо мусоидат мекард.

Тафсилотро коркард кунед

— Мо дидем, ки чӣ гуна онҳо партовро барои ҷойгир кардани миқдори бештар беэҳтиромона ба мошини партов мепартоянд. Мо тарсидем, ки маяки моро мешикананд ва ё ягон чизи дигар ба сараш меояд.  Агар шумо маякро ба қуттиҳои оҳанин гузоред, он аломат намедиҳад. Мо дар қуттии чой гузоштанро озмудем, ки дар ин ҳолат маяк аломатро қабул накард. Фикри ба шишаи пластикӣ андохтан пайдо шуд, аммо ин ғайриимкон буд. Чун дар Маскав аллакай ҷамъоварии алоҳидаи партовҳоро ҷорӣ кардаанд ва шишаҳои пластикӣ бояд дар зарфи алоҳида партофта шавад. Дар натиҷа, мо қарор додем, ки маяк бояд нарм бошад. Ин лаҳза бошад, сагча — Аркадий мувофиқ омад.

Ҳуҷҷатҳои калонро бихонед

— Барои он ки Аркадий моро ба ҷойи лозима барад, муҳим он буд, ки ӯро дар ҷои лозима гузорем. Мо бо ҳуҷҷатҳои ислоҳоти партов бисёр кор кардем ва медонистем, ки ҳар як минтақа бояд нақшаи федералиро барои мубориза бо партовҳо татбиқ кунад. Ин диаграммаҳои бузурги дорои садҳо саҳифа мебошад, ки баъзеҳо ҳатто кушода дидан намехоҳанд. Ман ҳама саҳифаашро хондам. Барои бодиққат хондани ин диаграммаҳо ва фаҳмидани он ки чӣ гуна онҳо кор мекунанд, қариб як ҳафта лозим буд.

Технологияҳоро фаромӯш насозед

Скриншот аз филми таҳқиқотӣ оид ба партов https://istories.media/

— Қиссаи партов чун филм омода карда мешуд. Аз ин рӯ, натанҳо маяк гузоштан ва аз пайи координатҳо шудан лозим буд. Барои мо муҳим он буд, ки навор бо интерфейси зебо вуҷуд дошта бошад. Ин танҳо бо барномаҳое имконпазир аст, ки масири телефонро пайгирӣ мекунанд. Мо смартфони кӯҳнаро гирифта, ба он симкорт гузоштем ва замимае насб кардем, ки ин замимаро волидон одатан ба телефони мобилии кӯдакони хурдсол насб мекунанд. То кӯдаконашонро пайгирӣ кунанд ва онҳо гум нашаванд. Замима версияи мизи корӣ дорад. Аммо бо вуҷуди ин, барои дидани он ки Аркадий чӣ гуна ҳаракат мекунад, бояд доимо нишаста, дар компютери худ экранро сабт кардан лозим буд. Ман намехостам доимо дар назди компютер нишаста сабт кунам ва рамзи барномаеро навиштам, ки ин корро ба уҳдаи худ гирифт.

Воситаҳои гуногуни тафтишотро истифода баред

— Мо усулҳои классикии таҳқиқро истифода кардем: гуфтугӯ бо манбаъ аз ҳукумат, сафарҳои корӣ ва сӯҳбат бо ҷабрдидагон. Ҳамзамон, таҳқиқот зиёда аз шаш моҳ давом кард, зеро мо бояд намояндагони минтақавиро, ки дар ҳар минтақа бо партовҳо кор мекунанд, омӯзем, ин тендерҳоро таҳлил намоем, гирандагони калонтаринро муайян кунем ва ҳамаи инро таҳлил карда, маводи визуалӣ омода кунем. Ҳамаи ин корро мо — рӯзноманигорон кардем.

Рӯзноманигор – таҳқиқгар бояд ин гуна бошад:

  • равоншиноси хубе, ки бо манбаъ суҳбат карда тавонад;
  • таҳлилгари хуб, ки нишаста дар якчанд пойгоҳи онлайн ҳисоботи муҳосибӣ ё молиявиро хонда тавонад;
  • донандаи чанд забон барои гирифтани маълумот аз пойгоҳҳои гуногун бошад;
  • барномарезӣ карда тавонад. Агар ман намедонистам, ки чӣ гуна барномарезӣ кунам, наметавонистам қиссаи партовҳоро омода кунам.

Оид ба натиҷаҳо

— Вақте ки сагча Аркадий ба нуқтаи охирин расид, маълум шуд — он ҷо партовгоҳи Владимир нест, ки мо ба он ҷо омаданашро интизор будем. Мардум ҳаракати мошини партовкаш, ки партовҳои Владимир мерафт, бастанд. Бинобар ин мошинҳо ба он ҷо нарафтанд. Таҳқиқот ҳамоно муваффақ буд, чун Аркадий ба партовгоҳи дигаре, ки ба ҳамон мардум тааллуқ дошт, омад. Мо дидем, ки сагча — Аркадий ба манзил расидааст. Пас аз чанд вақт, қуввати сагча Аркадий тамом шуд ва мо робитаро бо ӯ гум кардем. Аммо, бо вуҷуди ин, мо боварии комил гуфта метавонем, ки ӯ рисолати худро бомуваффақият ба анҷом расонид.

Таҳқиқоти мо дар соҳаи савдо дар саросари кишвар шояд хусусияти асосии ислоҳоти партовҳои Русияро нишон диҳад. Дар бисёр минтақаҳои кишвар ҳуқуқи баровардани партовҳо, сохтани корхонаҳои сӯзондан ё маҷмаъҳои ба навъҳо ҷудокунӣ ба шахсоне дода мешуд, ки бо ягон роҳе бо мақомот иртибот доштанд. Тавре ки дар ибтидо гуфта шуда буд, дар қиссаи партовҳо ҳам маблағҳои калон ва ҳам ҷанҷолҳои коррупсионӣ мавҷуд буданд. Аммо сабаби маъмул гаштани қиссаи партовҳо ин набуд: тамошобин ба эҳтимоли зиёд пули калонеро, ки дар тафтишот гуфта шуда буд, тасаввур карда натавонист, аммо дар тӯли як дақиқа шояд ҳама метавонанд худро ба ҷои сокиноне гузоранд, ки рӯзашон аз бӯйи партов оғоз мешавад.

Шумо метавонед таҳқиқоти пурраи “Қиссаҳои муҳим” — ро дар бораи партов ин ҷо тамошо карда, бо Аркадий шинос шавед:

 

Ҷаласаи Роман Анин дар доираи мактаби таҳқиқотии журналистии Transparency Kazakhstan, ки бо дастгирии Интернюс баргузор гардид, доир шуд.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ