Офарандагони филми нави тоҷикии «Бачаи Обӣ» махсус барои ба навор гирифтани ин филм дар соҳили обанбори сунъӣ як шаҳраки қалбакии моҳидорӣ сохтанд. Баъдан, дар он як қаҳрамони тахайюлӣ фикр карда баромаданд, ки гӯё медонад, ки гунаҳгор аст ва чӣ кор бояд кард. Ин барои коргардони ҷавон Файзулло Файз нахустин филми мукаммал буд ва аввал ӯ филмҳои мустанади кӯтоҳмуддатро ба навор мегирифт. Идеяи «Бачаи Обӣ» бошад, ба соҳиби «Шери нуқра» дар ҷашнвораи Венетсия, коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров тааллуқ дорад. Ин гуна дар эзоҳи филм омадааст.
Тарҷумаи «Бачаи Обӣ» ба забони русӣ дағалона садо медиҳад, ба англисӣ (Water Boy) ин як ибораи комилан дигар аст ва «Бачаи Обӣ» бо забони аслӣ хубтар интиқол дода мешавад. «Бачаи Обӣ» саргузашти як писари 10-сола бо номи Рамзес (Меҳроҷиддин Сафар) аст, ки дар деҳаи моҳигирии соҳили баҳр (обанбори Қайроққум) зиндагӣ мекунад. Ӯ моҳигир шуданро орзу карда, ҳатто шабона аз моҳидорӣ наметарсад. Баҳр ӯро дӯст медорад, ӯ низ баҳрро. Барои ин филми мазкур — “Бачаи Обӣ” ном гирифтааст.
Рамзес ба мактаб намеравад. Дар аввал ӯ таҳсил намекард, аммо баъд модари ӯ Салима (Соро Собир), пас аз ҷанҷолҳо бо шавҳараш Сафар (Аҳмад Қутбиддинзода), писарашро ба шаҳрак мебараду дар он ҷо Рамзес ба дарс меравад. Ҷанҷолҳои Салима ва Сафар ингунаанд: онҳо аз хӯрдани моҳӣ дар наҳорӣ, ҳам дар хӯроки нисфирӯзӣ ва ҳам шом хаста шудаанд, писарашон ба мактаб намеравад, дар деҳа коре нест. Салима Сафарро ба шаҳр даъват мекунад, аммо шавҳараш намехоҳад аз хонааш берун барояд. Фаъолият дар деҳаи онҳо гуногун нест: сокинон моҳиро сайд мекунанд ва мефурӯшанд – ягон навгонӣ ва пешравӣ нест. Ғайр аз ин, ба гуфтаи қаҳрамонони филм, баҳр хушк шуда, моҳӣ рӯз аз рӯз кам мешавад. Сужаи филм аз маросимие оғоз меёбад, ки бо ёрии он одамон мехоҳанд табиатро наҷот диҳанд. Аммо дар ҷараёни филм баҳр тағйир намеёбад — мавҷҳо мераванду бар сангҳои соҳил мезананд, то ба охир расидани филм заврақҳо рӯйи об шино мекунанд. Тамошобинон бояд каломи қаҳрамононро қабул кунанд. Дар давоми филм гуфта мешавад, ки сужаи филм дар бораи мушкилоти экологӣ низ мебошад. Масалан, рӯзноманигорони тоҷик дар ин бора менависанд.
Ғайр аз муҳаббат ба баҳр, Рамзес боз ба бобои Баракат (Убайдуллои Омон) вобастагӣ дорад. Бобои боҳашамат бо мӯйи сафеди зебо дар хонаи хурд зиндагӣ мекунад, оҳангҳои замони Тоҷикистони Шӯравиро мешунавад, классикони тоҷик ва Ҳемингуэйро мехонад. Дар миёни филм як ҷилди нависандаи амрикоӣ пайдо мешавад (Бобои Баракат ба Рамзес кӣ будани онро мефаҳмонад) ва ба назар чунин мерасад, ки ҳоло қиссаи ғолибият оғоз хоҳад ёфт. Бо вуҷуди ин, сужаи тасвирӣ тағйир намеёбад, деҳа ҳаёти маъмулиро идома медиҳад. Масалан, Бобои Баракат як савдогаре, ки молҳои арзонро бо нархи гарон оварда дар деҳаашон мефурӯшад ва инчунин сайди сокинони маҳаллиро ба арақ иваз мекунад, бо чӯб мезанад. Каме пеш, дар деҳа хонаи як сокини он — Комил месӯзад, ки ба гуфтаи занаш, арақ менӯшиду занашро латукӯб мекард. Пас, вақте Бобои Баракат ин муомилаи мебинад, хашмгин шуда, ба савдогари қиматфурӯш ҳамла мекунад.
«Замона дигар шуду бобои Баракат ҷустуҷӯйи одамони поквиҷдонро идома медиҳад», — ба Рамзес шикоят мекунад, савдогари қиматфурӯш вақте ки писар аз шаҳр ба деҳаи худ бармегардад. Дар пойтахт Рамзес нороҳат аст ва бо худ якчанд дӯсташро гирифта, оқибат ба зодгоҳаш бармегардад.
Дар ҳамин ҳол, падари ӯ Сафар низ намехоҳад ба шаҳр биравад. Аммо сабаби инро шарҳ дода наметавонад. Нахуст, ӯ кӯшиш мекунад, ки зани хашмгинашро бовар кунонад. Сафар пешниҳод мекунад, ки ба Русия раванд. Вале Салима рад мекунад. Ҳамзамон, Сафар мехоҳад пул кор кунаду дар деҳа ба филмсозони меҳмон боадабона моҳӣ тақдим кунад. Вақте онҳо кастинг эълон мекунанд, ӯ дар он иштирок карда, розӣ мешавад, ки дар филм нақш бозад. Филмсозони замониву дурахшон, тавре ки интизор мерафт, бо сокинони шаҳр мағрурона рафтор мекунанд, онҳо забони муштарак ёфта наметавонанд; ташрифоварандагони меҳмон дар ин ҷо ҳамчун намояндагони чизи ба ин ҷойҳо тамоман бегона, ниҳоят Сафарро фиреб медиҳанд. Албатта ҳамин гунаро воқеаро интизор шудан мумкин буд.
Бобои Баракат ва ҳама чиз
Муаллифи сенарияи филми «Бачаи Обӣ» — коргардон Файзулло Файз ва собиқ директори “Тоҷикфилм” Носир Раҳмон мебошанд. Наворгирии филм ба 90-умин солгарди киностудия, ки соли 2020 таҷлил карда шуд, рост омад. Аммо, соли 2020, дар синамои тоҷик санаҳои ғамангези дигар низ буданд: коргардон Бахтиёр Худойназаров соли 2020 55-сола мешуд, вале панҷ сол қабл, дар хонаи худ, дар Берлин даргузашт. Дар тавсифи филми «Бачаи Обӣ» ишора шудааст, ки сенария «аз рӯи идеяи Бахтиёр Худойназаров» навишта шудааст. Идея чунин ба назар мерасад: «Бачаи Обӣ» ҳамон тавре оғоз мегардад, ки филми Бахтиёр Худойназаров «Дар интизории баҳр», ки нақши асосиро дар он Егор Бероев, соли 2012 бозидааст, ба навор гирифта шудааст. Дар он филм, низ як шаҳраки моҳидорӣ мавҷуд аст, оби дарё ба баҳр меравад. Танҳо барои нишон додани офат, тирандозӣ дар биёбонҳои баҳри Каспӣ рух медиҳад. Аммо монандии сужа, мутаассифона, дар ин ҷо ба поён мерасад. Муъҷиза рӯй намедиҳад ва Бахтиёр Худойназаров аз нав зинда намешавад. Қаҳрамони ӯ аз «Дар интизории баҳр» ба хона бармегардад, аммо дар он ҷо на хонаи худ ва на баҳри худро дарёфт карда наметавонаж. Новобаста аз он, ки хеле ҷустуҷӯй мекунад. Қаҳрамонони “Бачаи Обӣ” ба чунин корнамоиҳо омода нестанд.
Масалан, нақши марказии бобои Баракат аз он таркиб меёбад, ки баҳр хушк мешаваду одамони гирду атроф бепарвоанд. Аммо ӯ танҳо қаҳру ғазаби нотавон дорад ва ягон пешгирие намекунад. Вай хеле одӣ, доно ва одил аст: ӯ савдогари қиматфурӯшро ҷазо дод, ба Салима ақл меомӯзонад, бо Рамзес ҳамсуҳбат мешавад, классикони тоҷикро мехонад ва мусиқии хубро гӯш мекунад. Ҳама қаҳрамонони сужа, ҳатто онҳое, ки гӯё бо ӯ розӣ нестанд, нуфузи муборизаҳои Баракатро эътироф мекунанду бо ӯ даргирӣ надоранд. Чигуна ӯ чунин салоҳиятро барои худ ба даст овард, норӯшан аст. Эҳтимол, ҳеҷ чиз. Танҳо дар пасманзари қаҳрамонони дигари филм, ки савдогарони қиматфурӯш, майнӯшонанд, ӯ дар “либоси сафед” аст. Аз наздашон мегузарад ва оҳ мекашаду мегӯяд, ки чӣ тавр ин гуна зиндагӣ кардан мумкин аст. Баракат ният надорад, ки аз хонааш берун барояд, ломро ба даст бигираду ва заврақи худро дар баҳр мисли қаҳрамонии Бероев, ба пеш барад. Ин кори шоҳона нест. Ва чаро амале ба анҷом намерасонӣ? Зеро танҳо бо ғамгин шудан мушкилӣ ҳалли худро намеёбад ку. Бигзор иштибоҳ кун, вале он сокинони деҳа, ки худашон савдогари қиматфурӯшу майзада ҳастанд, ба ҳоли ту намеханданд.
Комилан равшан нест, ки чаро муаллифони “Бачаи Обӣ” номи Бахтиёр Худойназаровро дар филми худ кашиданд, агар қаҳрамонони ин ду филм одамони оламҳои гуногунанду вазифаҳои онҳо фарқ мекунанд. Ду роҳи халосӣ буд: кушодани тамоми қитъаи «Дар интизории баҳр» дар фазои Тоҷикистон ва ё қисса кардани ҳикояи дигар. Қаҳрамони асосии он филм -Марат пас аз ҳашт сол мебоист ба воқеияти имрӯз комилан мувофиқат кунад, аммо ӯ дар он ҳозир нашуд. Пурмазмунии дуюмдараҷа дар филм аз ҳар ҷиҳат истиқбол мешавад, аммо эҷодкорони “Бачаи Обӣ” онро истифода накардаанд. Ва рости гап, онҳо наметавонистанд аз он истифода кунанд. Зеро Худойназаров озод аст ва агар ӯ дар Тоҷикистони имрӯза пайдо шавад, он масъулини Вазорати фарҳанг, ки ҳоло ӯро таъриф мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин коргардон имконият намедоданд.
Фарқияти асосии Худойназаров, ба мисли дигар коргардонони касбӣ, дар он буд: ӯ ростқавл асту барояш фарқе надорад, ки дар бораи ӯ дигарон чӣ фикр мекунанд. Худойназаров дар асарҳояш нақл мекард, ки чӣ ӯро ба ташвиш меорад, воқеан ба чӣ таваҷҷуҳ дорад ва чи чиз ӯро дард медиҳад. Дар филми Худойназаров қаҳрамони Баракат вуҷуд дошта наметавонист. Зеро ӯ тавонист худро дар ҳаёти воқеӣ аз мақомот раҳо кунад. «Ман аз Кустуритса беҳтарам»- мегуфт ӯ ба дӯстони худ (онҳо акнун инро дар мусоҳибаҳо ба ёд меоранд) ва ин мағрурӣ набуд. Балки ягона роҳи халос шудан аз андешаи таҳмилкардаи берун буд. Ба Файзулло Файз иҷозат надоданд, ки бо худ самимӣ бошад. Мақомот иҷозат намедиҳанд, ки як коргардони ҷавони тоҷик бидуни қолабҳо, бидуни номҳои баланд ягон коре кунад. Тамошобинон Бахтиёр Худойназаровро мешиносанд, аммо Файзулло Файзро намедонанд.
Ба бинанда задухӯрдҳои Баракат шинос нест. Вай дар паси хислати хайрхоҳонааш ин қадар бодиққат чӣ пинҳон мекунад? Зеро роҳи дигаре нест. Аммо аз рӯйи одат, коргардон вонамуд мекунад, ки ӯ бобои худ Баракатро бовар мекунад ва ҳатто ба ӯ иҷозат медиҳад, ки нисбат ба сокинони деҳаи моҳигирӣ, нисбат ба филмсозони меҳмон ҳам мағруртар рафтор кунад. Ӯ дар бораи он фикр накард, ки бобои Баракат кӣ мебуд – агар майнӯшону савдогарони қиматфурӯш дар замина намебуданд?
Аз тарафи дигар, шояд ин танҳо масъалаи дурнамост. “Тоҷикфилм” як сохтори давлатист, ки озодиро на ба худаш ва на ба коргардонҳояш намедиҳад. Файзулло Файз дар дасти онҳо танҳо як таҷҳизоти эҷоди муҳтавое гардид, ки ба хатти ҳизб мувофиқ аст. Бесабаб нест, ки ин филм ҳоло дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ намоиш дода мешавад. Ҳама чиз бояд ба аудитория хеле возеҳ бошад — бобои бошукӯҳи Баракат ба тақдири Ватан ғамхорӣ мекунад, дар бораи гармшавии кураи замин фикр дорад ва дастурҳои оқилона медиҳад. Мардуми одии атроф бошад, танҳо барои пур кардани шикамашон, ҳеҷ чизро намефаҳманд.