Всеволод Пуля, коршиноси расонаӣ аз Русия, ровии подкасти “Спикер пьян”, ҳаммуассиси MediaToolbox, муҳаррири бахши “Расонаҳои нав”- и маҷаллаи «Журналист” гӯяндаи ҷаласаи аввали кушоди Эдютон – 2021 буд, ки рӯзи 2-юми феврали соли равон оғоз шуд. Ӯ қисса кард, ки чигуна бо алгоритмҳои расонаҳои иҷтимоӣ мубориза бурд ва фавран сатҳи саводнокии расонаиву рақамии инфиродиву оммавиро баланд бардошт.
Доштани саводнокии расонаӣ ҳатмӣ аст
Мо умед доштем, ки технологияҳои муосир имконоти бештари таҳлили маълумотҳои дурӯғро медиҳанд. Вале танҳо ба паҳн кардани маълумотҳои дурӯғ кӯмак карданд. Мо дар яке аз қисмҳои сериали телевизионии «Черное зеркало» зиндагӣ мекунем. Расонаҳо заминаи доимии ҳаёти мо гаштанд, ки наметавонем дар бораи истеъмоли расонаҳо ҳарф занем. Чун ин аллакай ба ҳаёти муқаррарии мо табдил ёфтааст. Расонаҳои иҷтимоӣ натанҳо миёни якдигар, балки бо хобу вақти истироҳати мо рақобат мекунанд. Ҳанӯз моҳи апрели соли 2019, истеъмолкунандаи муосири расонаҳо дар ИМА 12 соатро барои истеъмоли ВАО сарф мекард. Дар ин шароит нақши саводнокии расонаӣ беш аз пеш муҳимтар шуд. Тӯли чанд соли охир, тамоми ҷаҳон зарурати кор дар самти баланд бардоштани саводнокии инфиродӣ ва васоити ахбори оммаро пай бурд. Издиҳоми эътирозгароне, ки ба Капитолия ворид шуданд, на аз рӯи таҳрикдиҳанда, балки аз сабаби истеъмолкунандаи доимии ВАО буданашон, сар зад. Сабаби ин издиҳом манъи собиқ президенти ИМА буд. Ин як воқеаи таърихие мебошад. Чун расонаҳои фаромиллӣ аз ҳокимият қавитар гардиданд.
«Номи Цукерберг ва Дорси ҳеҷ гоҳ дар бюллетенҳои интихоботи президентӣ набуданд. Аммо онҳо қудратро бештар аз ҳама сиёсатмадорони интихобшуда дар рӯйи Замин ба даст оварданд», — шарҳ дод New York Times аз ҳодисаи рухдода.
Ин қудрат 8-уми январи соли 2020 мустаҳкам гардид ва онро истифода бурда, президенти Амрикоро манъ кард.
Агар шумо Трампро аз ин вазъ дур кунед, чӣ мешавад?
Шумо тасаввур кунед: агар Трампро неву, як оппозитсия ё рӯзноманигорро аз расонаҳои иҷтимоӣ кӯр кунанд. Ин воқеан ба саволҳои ахлоқӣ оварда мерасонад. Ки ба расонаҳои иҷтимоӣ ҳуқуқ медиҳад, ки корбаронро аз ҳуқуқи қабул ё паҳн кардани маълумот маҳдуд кунад?
Шарти пешакии доштани чунин қудрат дар расонаҳои иҷтимоӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Мо борҳо дидаем, ки чигуна шабакаҳо сензура карда мешаванд. Онҳо кӯшиш карданд, ки миёни манфиатҳои худ, сиёсат, тиҷорат ва корбарон тавозун диҳанд.
Расонаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ намехостанд, ки ба сиёсат ворид шаванд. Онҳо барои муоширати байни одамон сохта шуда буданд. Вале пас аз он корбарон вақти зиёдеро дар Интернет сарф кардан гирифтанд. Истеҳсолкунандагони муҳтаво аз ҳад зиёд буданд ва қаноатмандии ҳама ғайриимкон буд. Ҳамин тавр, алгоритмҳо пайдо шуданд, ки мақсадашон ба корбарон нишон додани муҳтавои зарурӣ буд.
Дар аввал, платформаҳо бо ниятҳои нек ба миён омаданд: онҳо мехостанд иттилоотеро паҳн кунанд, ки аз ҷониби сензура баста шуда буданд: биёед ва муҳтавои худро эҷод кунед, шумо расонаҳои шахсии худро доред ва ҳеҷ кас шуморо манъ карда наметавонад. Аммо баъдан ҳама чиз ба сиёсат табдил ёфт. Фаъолони сиёсӣ ба минбарҳо омада, платформаҳоро ба манфиатҳои худ истифода бурданд.
Парвандаи Трамп барои он ҷолиб буд, ки расонаи Twitter соли 2016 дар ҳолати бад қарор дошт. Шумораи корбарон коҳиш меёфтанд ва он вақт Трамп ба қудрат омад. Ин боиси афзоиши аудитория ва ҷалби корбарон ба ин платформа гардид. Вале соли 2021, хавфҳои сиёсӣ барои Twitter аз хавфҳои тиҷоратӣ зиёдтар шуданд. Онҳо хавфҳоро арзёбӣ карда, дарк намуданд, ки нест кардани саҳифаи собиқ президенти ИМА бехатар хоҳад буд.
«Демократия ба мошин монанд аст: шумо метавонед онро ронед ва ҳамзамон мардумро пахш кунед»
Мутаассифона, худи тарроҳии система — истеъмоли муҳтаво дар расонаҳои иҷтимоӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки одамон дар фиреби худ мондаанд ва қобилияти шунидани якдигарро гум кардаанд.
Муаллифони расонаҳои иҷтимоӣ як Левиафанеро ба воя расониданд, ки дигар онро ром карда наметавонанд. Моро васоити ахбори иҷтимоӣ вайрон мекунанд. Мо тамоми вақти худро ба он сарф мекунем. Чигуна шахсро дар дохили шабакаҳо нигоҳ доштан мумкин аст? Албатта вақте ки дар он ҷо ба ӯ чизи дилхоҳашро медиҳед: Тарафдорони Байден намехоҳанд муҳтавоеро хонанд, ки Трампро ситоиш мекунад. Алгоритмҳо инро хуб медонанд ва корбаронро ба ҳубобҳои маҷозӣ тела медиҳанд. Дар бозори паҳнкунии иттилоот тағйироти ҷиддие ба амал омад, ки ҳамеша мушкилоти иртиботӣ миёни ҳукумат ва ҷомеа вуҷуд дошт. Расонаҳо ба онҳо барои ёфтани забони муштарак кӯмак карданд. Ҳамин тавр, мафҳуми «посбон» пайдо шуд. Муҳаррир тасмим гирифт, ки дар ҷомеа кадом маълумотро паҳн кунад. Ҳоло ин вазифаро алгоритмҳои расонаҳои иҷтимоӣ иҷро мекунанд.
Роҳҳои гуфтугӯ бо аудитория бидуни расонаҳои иҷтимоӣ барои ВАО чандон зиёд нестанд: анбӯҳфиристҳо, огоҳиҳо ва ташрифҳои мустақим ба сомона. Дар оғози мавҷудияти худ, платформаҳо барои муҳтавои баландсифат мубориза мебурданд. Акнун муаллифон барои платформаҳо мубориза мебаранд. Аммо муҳтавои писанди алгоритмҳо маънои муҳтавои босифатро надорад.
Паймони “аудитория барои муҳтаво” дигар кор намекунад
Дар раванди паҳн кардани иттилоот лентаи алгоритмӣ бо лентаи хронологӣ бархӯрд мекунанд. Чун анъана, расонаҳо дар шакли хронологӣ вуҷуд доштанд. Вале дар расонаҳои иҷтимоӣ шумо наметавонед маълумотро бо тартиби хронологӣ гиред. Алгоритмҳое пайдо шуданд, ки барои шумо танҳо он чизеро мегузоранд, ки зарурӣ ва муҳим мешуморанд. Telegram охирин такягоҳи натиҷаҳои ҷустуҷӯйи хронологӣ боқӣ мондааст. Бисёр муаллифон ба Telegram гузашта истодаанд, зеро дар ин ҷо аудитория аз қудрати алгоритмҳо озод карда шудаанд. Он ҷо худи аудитория муайян мекунад, ки чиро хонад ва назорат кунад. Аммо, мутаассифона, аксар вақт аудитория аз истифодаи расонаҳои анъанавии иҷтимоӣ, ки барои онҳо иттилоот интихоб мекунанд, роҳаттаранд.
Чаро алгоритмҳо хатарноканд?
Одамонро дар ҳубобҳои иттилоотӣ мебанданд;
Табъи дилро идора мекунанд;
Онҳо малакаи ташаккул додани рӯзномаро аз ВАО дур мекунанд ва онҳоро ба кликбейт маҷбур мекунанд;
Хусусияти муҳими алгоритмҳо дар он аст, ки радикализмро ташвиқ мекунанд. Дар болои пирамидаи диққат ақидаҳои радикалӣ меистанд, на ҳақиқат. Ва агар шахс ба истеъмоли ВАО омода набошад, вай ба ин маълумот вокуниш нишон медиҳаду тадриҷан боварӣ ҳосил мекунад, ки ин ҳақиқат аст.
Маълумотро ба мо нишон доданро ки ҳал мекунад?
Алгоритмҳо ҳамон таври одамоне, ки онҳоро сохтаанд, бетарафанд. Одамон ба масъулияти дар наздашон гузошташуда омода набуданд. Расонаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд, ки ҳама чизро назорат кунанд. Аммо яке аз роҳҳои ҳалли имконпазири фаҳмидани алгоритмҳо метавонад таъсиси шӯроҳои ҷамъиятӣ бошанд.
Facebook дарвозабонҳои нав меҷӯяд. Лоиҳаи Oversight Board чунин як шӯрои ҷамоавии Facebook мебошад, ҳарчанд дар расонаи иҷтимоӣ зикр нашудааст, ки шӯро ба Facebook тааллуқ дорад. Моҳи январи соли 2021, аз ин ташкилот пурсида шуд, ки оё манъи Трамп асоснок аст? Онҳо бояд то баҳор ҷавоб диҳанд.
Аммо ҳанӯз ягон хабари расонаӣ нест. Дар назария, барои пешгирӣ аз иттиҳоми ғаразнок, Facebook мебоист ин лоиҳаро таблиғ кунад. Аммо онҳо ин корро накарданд. Шояд аз он сабаб, ки худи онҳо ҳанӯз намедонанд, ки ин лоиҳа чӣ гуна кор хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, нақшаҳои таблиғотии классикӣ ба алгоритмҳои расонаҳои иҷтимоӣ хуб мувофиқат мекунанд:
алтернативаи бардурӯғ, вақте ки ҳақиқат ноаён гашта, ба корбарон ду варианти дурӯғ пешниҳод карда мешавад;
«миёнаи тиллоӣ» -и бардурӯғ, вақте ки ба корбарон дурӯғи бемаънии марасмикиро пешниҳод мекунанд, дурӯғ ва ҳақиқатро ҳамчун яке аз ифротиҳо таблиғ мекунанд;
омезиши ҳақиқат бо назарияҳои дасиса, вақте ки корбарон ду дурӯғ ва ҳақиқатро бо омезиш пешниҳод мекунанд;
фактооидҳо ҳамчун симулятсияи ҳодиса, худи фактоид ба воқеа табдил меёбад.
Ҳоло мо ҳамаи ин усулҳои классикиро аз рӯйи алгоритмҳои расонаҳои иҷтимоӣ, инфобублҳо афзоиш медиҳем ва вазъеро ба даст меорем, ки мо ҳоло қарор дорем.
Дар ин бора чӣ кор бояд кард?
Барои расонаҳо танҳо як роҳи халосӣ вуҷуд дорад — ин диверсификатсияи каналҳо. Шумо бояд ба хонандагони худ фаҳмонед, ки чигуна алгоритмҳоро убур кардан лозим аст: ба бюллетенҳо обуна шавед, замимаҳоро насб кунед, то аз муҳити кофии заҳролуди расонаҳои иҷтимоӣ дур шавед. Яке аз қисматҳои муҳими саводнокии расонаӣ дақиқ шарҳ додани ин қоидаҳост.