Ҳафтаи сипаришуда мавзӯъҳои гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» чун ҳафтаи гузашта якмаром буданд. Дар байни онҳо ҷолибтарин — маводи интқодии ТВ «Сафина» аз вазъи литсеи касбӣ-техникии ноҳияи Панҷ буд. Боз як падидаи нави дигар — зиёдшавии стендапҳо дар гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастӣ мебошад.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Ин шабака барномаи ҷамъбастии ҳафтаро аз ахбори расмӣ оғоз намуд. Дар аввали барнома, гузориш аз ҷамъомади тантанивии бахшида ба 28-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки президенти ҷумҳурӣ ва ҳамзамон Сарфармондехи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон пахш гардид.
Дар суханронии хеш сарвари давлат иброз дошт, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар эътимоди комил ва боварӣ дорад ва онҳо якҷоя 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ пешвоз мегиранд.
Инчунин дар барнома аз мулоқоти кории президенти кишвар бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, аз номи дафтари матбуотии президент иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласаи Ҳукумат бештар ба масъалаи тақсимоти замин ва пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ нисбат ба хариду фурӯши ғайриқонунии он таваҷҷӯҳ дода шуда, ҳамзамон қабули тағйироту иловаҳо ба 9 қонун, 4 хулосаи Ҳукумат ва як қатор барномаҳои миллӣ барои солҳои 2021-2025, аз ҷумла, ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам, иммунопрофилактика, рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин, дар маҷлис зикр гарди, ки дар Душанбе филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур кушода хоҳад шуд.
Пас аз блоки хабарҳои расмӣ шарҳи телевизионии Беҳрузи Одина пахш гардид, ки ба масъалаи иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти кишвар бахшида шуда буд. Чун ҳарвақта, мусоҳибон – намояндагони масъули Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ғамхории давлат нисбати ҷавонон, таъсиси гранту стипендияҳои президентӣ барои онҳо ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар байни ҷавонон ҳарф заданд.
Соли гузашта дар рузи Парчами миллӣ дар барномаи иттилотии «Ахбор», ки тули 2 соат пахш гардид, дар 50 гузориши идона ягон журналист аз стендап (баромади хабарнигор аз ҷои воқеа) истифода набурд.
Дар иртибот бо ин, бояд қайд кард, ки дар барномаи ҷамъбастии “Тоҷикистон” ин ҳолат ислоҳ шуда, маводҳои барномаи “Тоҷикистон” аз дигар шабакаҳо бо он фарқ мекрд, ки дар он се гузориш бо стендап ба мушоҳида расид.
Масалан, дар гузориши қаблӣ ва пас аз он, оид ба аҳамияти қонун дар бораи масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон, самаранок истифода бурдани замин, аз он ҷумла, нобуд кардани саривақтии малахҳо ва дар анҷом — эълом намудани се озмуни ҷумҳуриявӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти кишвар хабарнигорон аз стендап истифода наумуданд.
Дар се гузориши алоҳида оид ба аҳамияти озмунҳои «Тоҷикистон ватани азизи ман», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фуруғи маърифат» коршиносон ва мактаббачагони зиёде ибрози ақида намуданд. Аммо чунин ба назар мерасид, ки хонандагон аз шарту шароити озмун то ҷойе иттилоъ доранд, ки онҳоро метавон ба ҳар се озмун ҳамчун коршинос даъват намуд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
70% эфири барномаро гузоришҳои расмии хадамоти матбуотии президенти кишвар ташкил дод.
Гузориши навбатиро дар бахши кишоварзӣ хабарнигор Хоҷа Назриев омода намуд. Мавзӯъи он вазъи гармхонаҳо дар сардиҳои охири зимистон ва тадбирҳои андешидаи фермерон барои парвариши сабзавот мебошад. Дар ин гузориш беш аз ҳама нақли масъули яке аз гармхонаҳо Нодир Зиёев хотирмон буд. Ӯ дар бораи чӣ тавр аз сардиҳо эмин нигоҳ доштани сабзавоти парваришнамудааш нақл карда, дар анҷоми гузориш таҷрибаи андухтаашро бо як ҷумла чунин баён намуд: «Кор мекарда будастай, мешуда будастай».
Гузориши дигари ҷолиби ТВ Сафина аз ноҳияи Панҷ буд. Дар он хабарнигор Хуршеди Абдурраҳим низ дар бораи вазъи бади литсеи касбӣ-техникии ноҳия нақл карда, аз усули стендап истифода кард.
Аз мӯҳтавои гузориш, ки оҳанги танқидиро дошт, маълум гардид, ки бинои таълимгоҳ аз сабаби фарсудагӣ чор сол пеш валангор гардида, барои сохтмони бинои нав қарор қабул шуда буд. Аммо аз чӣ бошад, ки кор ба таъхир афтода, айни замон хонандагон дар сардиву гармо дар анборҳои муассиса, ки барои таълим тамоман ҷавобгӯ нестанд, дарс мехонанд. Иҷрокунандаи вазифаи директори литсей Назрулло Холиқов сабаби ба таъхир мондани сохтмони муасиссаи навро дар пандемияи коронавирус мебинад.
Аммо ба ақидаи муаллифи гузориш, коронавирус дар ин бемасъулиятӣ гунаҳгор нест, чунки таълимгоҳ 4 сол пештар ба чунин аҳвол афтода буд. Аз сабаби бешароитӣ ин ҷо ҳамагӣ 237 нафар аз руи 7 ихтисос таълим мегиранд, дар асл бошад, теъдоди донишомӯзон бояд як баробар зиёд бошад. Маълум шуд, ки аз ин шумора 46 нафарро духтарон ташкил медиҳанд ва барои касбомӯзии онҳо ягон чораи ҳавасмандӣ андешида намешавад. Инчуни дар гузориш зикр гардид, ки аз ҷониби литсей 20-то компютер харидорӣ шуда буд, вале аз сабаби набудани шароити корӣ онҳо то ҳол дар гушаи анбор хобидаанд. Дар гузориш омузгорон ва ҳатто ошпази литсей аз набудани шароити кор шикоят намуданд, аммо директор бошад, дар охири гузориш гуфт: «Ман намедонам, аз дигарон пурсед». Муаллифи сюжет ба мақомоти иҷроияи ноҳия муроҷиат намуд, аммо он ҷо низ аз масъулин ягон ҷавоб нагирифт.
“Ҳафт руз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
Муҳтавои барнома, ки онро Сафархуҷа Ризозода мебурд, асосан аз ахбори расмии омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти мамлакат иборат буда, гузоришҳояш ба маводи ду шабакаи аввал монанд буданд, аз ин сабаб тафсири муҳтавои он зарур нест.