ДомойНақди РасонаӣСафари хотирмони Ашраф Ғанӣ ва «Tajikistan Fashion Week”. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар...

Сафари хотирмони Ашраф Ғанӣ ва «Tajikistan Fashion Week”. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 28 март то 4 апрел

Ҳафтаи сипаришуда дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина» ва  «Ҷаҳоннамо» чун ҳафтаи пешин хабарҳои расмии хадамоти матбуотии президенти кишварро пешкаш намуданд. Аммо  «Тоҷикистон» бар замми он як гузориши таҳлилии худ, “Сафина”  гузориши муфассали сафари президенти Афғонистонро ба кишвари мо  ва «Ҷаҳоннамо” дар сатри равонаш хабарҳои дохил ва хориҷи Тоҷикистонро дар як вақт бо гузоришҳои расмӣ пешкаш намуданд.

Самимияти ду президент дар нишасти хабарӣ

Барномаи «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон») аз маросими истиқболи расмии президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз гардид.  Сафари расмии сарвари кишвари ҳамсоя дар як вақт бо иштирок дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси 9-уми вазирони кишварҳои «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар Душанбе иттифоқ афтод. Дар наворҳо сарвари давлат меҳмони олиқадрро ботантана — бо қаровули фахрию садо додани сурудҳои миллии ду кишвар пазироӣ намуд.  Сипас, дар Қасри миллат мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз ёфта, бо музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Гуфтан ҷоиз аст, ки президенти мо ва ҳамтои афғонистонии ӯ он рӯз хеле хушнуд ва самимӣ буданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар музокирот зикр гардид, ки оқибатҳои ногувори пандемияи COVID-19 ва ба дунболи он баста шудани марзи давлатии байни ду кишвар ба раванди муомилоти тиҷоратии  байни кишварҳо таъсири манфӣ расониданд. Аз ин рӯ ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар ояндаи наздик Шӯрои кории Тоҷикистон ва Афғонистон таъсис дода мешавад.

Дар мулоқот, инчунин, имкониятҳои васеъ дар самти ҳамкории соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, иншооти гидротехникӣ, татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои мазкур, амалисозии лоиҳаи САSA-1000 муҳокима шуданд.

Пас аз ин, расми ба имзорасонии санадҳои нави ҳамкории байни ду кишвар нишон дода шуд.  Аз он ҷумла, имзои созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи улуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот, ки  ба назари мо яке аз санадҳои муҳими ба имзорасида мебошад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пас сарони ду кишвар дар нишасти матбуотӣ иштирок намуданд. Президенти мо доир ба имзои созишномаҳою ҳамкории оянда сӯҳбат намуда, дар зимн ба президенти Афғонистон “Ҷалолатмаоб доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ” хитоб намуданд, ки аз эҳтиром ба президенти Афғонистон далолат мекунад. Дар навбати худ, Ашраф Ғанӣ низ бо ҳаяҷон сухан карда, аз ҷумла иброз дошт, ки  “омадан ба Душанбе ҳамеша дили ӯро боз мекунад, алалхусус, дар Наврӯз, ки баҳор ба кишварҳои мо дубора омад ва умед аст, ки дӯстии минбаъдаи ду кишвар амиқтару васеътар мешавад”. Аз фурсат истифода бурда, дар назди ҳозирин вай бори дигар президенти Тоҷикистонро барои сафари Афғонистон даъват намуд ва Эмомалӣ Раҳмон онро хуш пазируфта ваъда дод, ки албатта дар фурсати муносиб ба ин сарзамини бостонӣ сафар хоҳад намуд.  Гузориш бо нишон додани саҳнаи аз ҷониби сарони ду кишвар имзо намудани Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.

Конфронс ва меҳмонони он

Гузориши дуввуми омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар ба Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бахшида шуда буд, ки 30-31 март дар Душанбе баргузор гардид. Дар он вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда,  аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Россия, 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ ширкат доштанд. Мавзӯъи асосии конфронс ба раванди барқарорсозии сулҳ дар Афғонистон, муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир бахшида шуда буд.

Дар хотима вазирони корҳои хориҷии давлатҳо иштирокчиёни “Қалби Осиё – Раванди Истанбул» эъломияи Душанберо имзо карданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Сипас, дар барнома пайи ҳам чанд гузориши расмӣ аз мулоқоти як ба яки президенти кишвар бо вазирони корҳои хориҷии Туркия, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон нишон дода шуда, барандаи барнома аксар маврид хондани  матнҳои берун аз наворро идома медод, чунки матнҳои расмии дароз пешниҳод гардида буданду дар қолаби барнома намеғунҷиданд.

Дар вохӯрии расмӣ бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф изҳори умед карда шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми нақби Истиқлол корҳо дар такмили сохтмони он ба анҷом хоҳанд расид. Ин як дипломатияи нозукона буд, то тарафи мутақобилро барои ба анҷом расондани корҳои нотамом водор намояд.

Омодагӣ ба зимистон аз баҳор оғоз мешавад

Мавзӯъи гузориши ҳаштӯми барнома ба маҷлиси Ҳукумати кишвар бахшида шуда буд, ки 31 март баргузор гардид. Яке аз мавзӯъҳои асосии баррасишаванда омодагиҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 буда, сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш дод, ки аз ҳозир миқдори зарурии ангишт, сӯзишворӣ, маводи хӯроквориро захира карда, барои таъмини пурраи нерӯи барқ ба аҳолӣ чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин, дар ҷаласа сӯҳбат перомуни 8 қонун, 2 пешниҳод ва 8 барномаи давлатӣ рафт, ки  як-як номбар намудани он то 3-4 дақиқа вақти эфирро гирифт.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши навбатӣ ба сафари расмии раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок бахшида шуда, дар оғоз мулоқотҳои ӯ бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сипас бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ нишон дода шуданд. Дар мулоқоти дуюм ҳамчунин ҳайатҳои васеи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии кишвар ва Маҷлиси миллии (Парламенти) Ҷумҳурии Корея иштирок доштанд. Дар ҳар ду вохурӣ масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Корея, ба роҳ мондани ҳамкории амалӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Душанбе таъсис намудани Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки шакли кутоҳкардашудааш KOЙКA мебошад ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Интиқоли бор ба Афғонистон сурат мегирад

Ва гузориши аз рӯи шумора ёздаҳуми барномаи ҷамъбастии “Тоҷикистон” маводи худӣ буда, аз ҷониби хабарнигорони минтақаи Хатлон пешниҳод гардид. Ин гузориш дар робита ба сафари расмии президенти Афғонистон, ба масъалаи фаъолияти системаи боркашонии байналмилалии автомобилии байни ду кишвар бахшида шуда буд. Дар аввал зикр гардид, ки имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш пул сохтаву мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар наворҳо асосан гузаштани мошинҳои калони боркашон аз пули Панҷи поён  намоиш дода шуда, чанд мақомдор, аз ҷумла, аз Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ба  субъектҳои хоҷагидор, ки бо тиҷорат, махсусан, ба содирот ба кишварҳои ҳамсоя машғуланд, 109 намуди имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ, молиявӣ ва грантӣ дода шудаанд.  Аз ин сабаб, баҳри афзун намудани маҳсулоти воридотивазкунанда ва ҳавасмандгардонии содироткунандагон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, соҳибкорону тоҷирон аз он ба таври самаранок истифода мебаранд, — афзуданд гузоришгарон.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориш соҳибкорон низ баромад намуданд. Масалан, Муслима Сафарова иброз дошт, ки аз соли 2015 бо соҳибкорӣ машғул аст, ба Афғонистон аз вилояти Хатлон пиёз интиқол мекунад. Ӯ аз Пешвои миллат шукргузорӣ намуда, барои фароҳам овардани чунин шароити мусоид барои тиҷорат изҳори миннатдорӣ кард.

Дар навбати худ, шаҳрванди Афғонистон Зоҳир Маҳмадзоҳир иброз дошт, ки тиҷорати байни ду кишвар рӯз аз рӯз рушд мекунад ва ин боиси хурсандии ҳампешагонаш аст.

Бино бар гуфтаи гузоришгарон, дар семоҳаи аввали соли 2021 аз Тоҷикистон ба Афғонистон бештар аз 519 миллион доллар молу маҳсулоти ватанӣ интиқол дода шудааст.

Дар наворҳо асосан мошинҳои тамғаи Дулан дар гузаргоҳи минтақаи гумрукии Панҷи поён намоиш дода шуданд. Саид Таваккалов, нозири минтақаи гумрукии Панҷи поён гуфт, ки кори ҳамаи мошинҳои боркаш аз рӯи принсипи “истгоҳи ягона” ба роҳ монда шудааст. Зикр гардид, ки мақомоти гумруки  Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни ду кишварро фароҳам меоварад.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Барномаро ин маротиба ровӣ Дилафруз Комилзода пешкаш намуд. Вай зимни хондани пешхабари гузоришҳои расмӣ тамоми маҳорати касбии худро истифода бурда, хеле бо эҳссосот мавзӯъи  сюжаи навбатиро муаррифӣ менамуд. Масалан, дар бораи чорабинии муҳими байналмиллалӣ — баргузор гардидани  конфронси нуҳуми вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» ҳарф зада, ровии барнома иброз кард, ки “ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки вазъи пандемикӣ дар кишвари мо аллакай идорашаванда аст ва чораву тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии бемории коронавирус натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овардааст”. Ҳамзамон вай таъкид намуд, ки ин маънои бепарвоиву беаҳамиятии моро надорад ва бояд қоидаҳои гигиенаи шахсиро мисли пештара риоя кунем. Чунин бардошти ғайриоддӣ аз мавзӯъи пешгирии коронавирус таъсирбахш ва барои бинанда хотирмон буд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши аввал, ки ба сафари президенти Афғонистон ба кишвари мо бахшида шуда буд, дар барномаи ҷамъбастии “Сафина” ба шакли муфассал нишон дода шуда, дар муқоиса бо “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” на 12, балки 32 дақиқа давом кард!  Дар гузориш на танҳо матни расмии аз ҷониби хадамоти матбуотии президент омодакардашуда, инчунин, баромадҳои синхронии президентҳои ҳар ду кишвар дар нишасти матбуотӣ пурра нишон дода шуд. Аз як ҷиҳат чунин гузориши тулонӣ каме дилбазан шуда бошад ҳам, аз тарафи дигар, дар он суханронии  меҳмону мизбони ин чорабинии муҳими кишвар хеле самимона ба назар расиданд. Масалан,  сарвари давлатамон муносибати бародаронаи худро ба президенти кишвари ҳамсоя баён намуда, гуфт, ки Тоҷикистон хонаи дуюми вай аст. Дар ҷои дигар сарвари давлат иброз намуд, ки “Афғонистон  кишварест, ки ман дӯсташ медорам. Мо шабу рӯз  дар паҳлуи мардуми Афғонистон ҳастем ва сулҳу ваҳдат дар хоки афғон ин сулҳу пойдорӣ дар Тоҷикистон аст ва бояд ба ин кишвари ҳаммарзу ҳамсояву бародар кӯмак намоем ва агар зурамон нарасад, ақаллан зиёнамон нарасад”. Чунин суханони самимии сарвари давлатамон танҳо дар гузориши ин шабака садо доданд.

Дигар гузоришҳои расмии барнома мисли маводҳои шабакаҳои дигар якмаром буданд. Ҳаҷми умумии эфири барномаи ҷамъбастии “Сафина”  як соатро дар бар гирифта, дар он ҷамъан 10 гузориш пахш гардид.

Ҳафт рӯз” , ТВ Ҷаҳоннамо”

Барандаи доимии барнома Сафархуҷа Ризозода барномаро бо гузоришҳои расмӣ ифтитоҳ ва ҷамъбаст намуд. Дигар ҳама гузоришҳои расмии хадамоти президенти кишвар буданд. Ин барнома аз барномаҳои ҷамъбастии дигар шабакаҳо бо он тафовут дошт, ки бинанда ҳуқуқи интихоб дошт: навиштаҳои сатри равони барномаро мутолиа кунаду аз хабарҳои дохилу хориҷи кишвар бархӯрдор шавад ё гузоришҳои расмии якмаромро нигоҳ кунад. Дар сатри равони ин ҳафта бошад, дар бораи дар Душанбе баргузор гардидани маросими тантанавии ифтитоҳи Ҳафтаи байналмилаллии мӯд «Tajikistan Fashion Week-2021» ва дар Хуҷанд шинонидани 140 бех дарахти нодири магнолия дар доираи омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлоли кишвар  хабар доданд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ