ДомойНақди Расонаӣ«Қасри бахт», офатҳои табиӣ ва дави миллӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои...

«Қасри бахт», офатҳои табиӣ ва дави миллӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 9 то 16 май

Ҳамаи шабакаҳо ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои ҷамъбастии худ бо як овоз аз ифтитоҳи се иншооти ҷашнӣ – “Қасри бахт”, меҳмонхонаи “Истиқлол” ва корхонаи “Ориё Медикал” хабар доданд. Дар ин зимн “Сафина” ягона шабакае буд, ки дар бобати офати табиӣ ва кӯмаки Ҳукумат ба зарардидагон ду гузориш пешниҳод намуд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Барнома чун анъана аз ахбори расмӣ оғоз шуд. Баранда хабар дод, ки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи байналмиллалии оила, яъне 15 май, дар пойтахт хонаи ақди никоҳ “Қасри бахт”-ро ифтитоҳ намуданд. Баромадкунандагони гузориш зиёд буданд, аммо ному насаб ва вазифаашон дар зернавис (титр) пешкаш нагардид. Чунин ба назар мерасад, ки ҳама мусоҳибаҳо аз ҷониби кормандони ТВ “Сафина” ба навор гирифта шудаанд, чунки микрофон бо логотипи ин шабака дар наворҳо бисёр ба назар расид. Дар оғоз зани мутассадӣ (баъдтар аз гузориши “Сафина” маълум гардид, ки мудири хонаи ақди никоҳи ш. Душанбе  Парвина Асадуллозода будааст) миннатдории хешро ба Ҷаноби олӣ баён намуда, иброз дошт, ки  коргоҳи онҳо барои ташкили оилаҳои солим дар оянда низ саҳми босазои хешро мегузорад.

Бақия баромадкунандагон боз ҳамон суханони ҳамсӯҳбати қаблиро такрор намуда, президент ва шаҳрдорро ба ин даргоҳ хайрамақдам гуфтанд.

Аз суханони баромадкунандаи навбатӣ фаҳмидем, ки маҳз корхонаи ӯ ин бинои мӯҳташамро сохтааст. Аз шабакаи “Сафина” баъдтар маълум гардид, ки номи ин шахс Нозимҷон Давлатзода, директори ҶДММ “Маҳмил-2012” будааст. Ному насаби Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори раёсати САҲШ-и ҷумҳурӣ ва Камола Зуфарзода, корманди хонаи ақди никоҳ низ, дар ин гузориши “Тоҷикистон” ишора нашуд ва дар гузориш бе зернавис рафт. Агар мо онҳоро шахсан намешинохтем, намефаҳмидем, ки чаро онҳо як гапро такрор ба такрор мегуянду ба Ҷаноби олӣ барои тақдим намудани ин бино арзи миннатдорӣ мекунанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар наворҳо инчунин маросими хонадоршавии коллективонаи 10 ҷуфти ҷавон нишон дода шуд. Қайд гардид, ки аксарияти онҳо ятимон ҳастанд ва хуб аст, ки раиси ҷумҳур ба ҳар оила ҷиҳози хона, иборат аз техникаи маиширо тақдим намуд. Дар  навбати худ, яке аз арӯсон аз номи ҳамаи навхонадоршудагон ба президенти кишвар изҳори миннатдорӣ намуд. Суханронии вайро пурра нишон доданд, ки хеле тулонӣ шуд.

Инчунин, он шом гузориш аз ифтитоҳи бинои нави меҳмонхонаи  “Истиқлол” пешниҳод гардид, ки онро журналист Муҳиддини Муҳаммаддовуд омода намуд. Ҷолибтарин лаҳзаи гузориш – бо чор забон президентро хайрамақдам гуфтани кормандони меҳмонхона дар толори пазироӣ аст, ки аз ҷумла,  бо забони хитоӣ низ садо дод. Забондонии онҳо ба президент писанд омад.

Мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба рақам ва ҳисобу китоб дар гузоришҳои хабарнигорони мӯҳтарам ҷалб намоям.  Баъзе чизҳо дар гузориш барои ман барин тамошобин номафҳум монд. Масалан: гуфта шуд, ки дар меҳмонхона 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин ҳастанд. Дар охири гузориш бошад, зикр гардид, ки дар ҳар ду меҳмонхона (биноҳои куҳна ва нав) 76 нафар фаъолият  менамоянд. Баъд иттилоъ доданд, ки  меҳмонхона дорои 64 ҳуҷра (аз он 8 ҳуҷрааш люкс) аст ва ҳамзамон, ба 50 мизоҷ хизмат расонда метавонад. Тавре дар навор нишон доданд, бештари утоқҳои меҳмонхона дунафара мебошанд ва агар чунин бошад, аҷиб аст, ки чаро ҳамагӣ 50 нафарро дар як замон қабул карда метавонад. Чунин мулоҳизаронии муаллифони гузориш бароям муаммо монд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Хусрав Мирзоев, маъмури меҳмонхонаи “Истиқлол”, дар омади гап таъкид намуд, ки айни ҳол 76 нафар дар ду меҳмонона хизмат мерасонанд ва боз 25-30 нафар ҳангоми зарурат ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Аз ин мебарояд, ки ба ҳар мизоҷ ду нафарӣ хизмат мекунанд?

Гузориши саввум аз ифтитоҳи корхонаи муосири истеҳсоли маводи тиббии “Ориё Медикал” пешкаш гардид. Хабар дода шуд, ки корхонаро соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев  сохтааст.

Яке аз камбудиҳои гузориш нодуруст истифода кардани суханони мусоҳибон аст, ки такрорӣ ҳам буданд. Масалан, агар технологи корхона Саймуддини Ҷумъа дар  бораи худи таҷҳизот гап зада бошад, пас аз вай  Ҳафиза Табарова, Идимоҳ Қодирова, Шаҳноза Юсуфова ном коргарон баромад намуда, шукрона аз фазои ороми ватану Истиқлолияти кишвар ва миннатдории хешро ба сарвари давлат баён намуданд. Беҳтар мебуд, ки дар гузориш ин корро аз номи ҳамаи кормандон як нафар анҷом медод.

Муаллифи гузориш  дар анҷоми гузоришаш ишора намуд, ки ин севвумин корхонаи сохтаи Файзали Ҳоҷиев аст, вале дар зимн ном гирифтани онҳоро фаромӯш кард. Бисёр хуб мешуд, ки ду корхонаи сохтаи соҳибкорро низ номбар мекарданд ва ё бо ӯ мусоҳиб мешуданду чеҳраи ӯро ба тамошобин мекушоданд, то мо қаҳрамонони миллатро аз наздик шиносем.

Баъд аз ин, доир ба баргузории ҷаласаи кории президенти давлат бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар сохторҳои давлатӣ гузориш пахш шуд.

Дар он оиди ҷараёни омодагиҳо ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт ба истифода супоридани иншоотҳои ҷашнӣ, ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистон иттилоъ дода шуд.

Сипас, барандаи барнома бе истифодаи наворҳо дар бораи оқибатҳои офати табиии чанд рӯзи охир ба амаломада ва  аз таъсиси ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои он иттилоъ дод. Инчунин, дар бобати ба ноҳияҳои зарардида равон намудани корвони мошинҳо бо кӯмаки президенти мамлакат баррасӣ шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши навбатӣ ба рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун бахшида шуда буд. Чун гузоришҳои ҳафтаи қаблӣ, ки мо камбудиашро номбар карда будем, муаллифи мавод боз ҳамон истилоҳоти соҳавиро, аз қабили “антерҳои БНА ва АРГ”-ро номбар мекард, ки барои тамошобини оддӣ номафҳум монд.

Ин шарҳ ё ба ном гузориш  пурра аз номбар намудани истилоҳоти соҳавӣ ва рақамҳо иборат буда, ягон мусоҳиб надошт ва дар охир қайд гардид, ки “Фардои дурахшони ҳар як фарди Тоҷикистон аз Роғун вобаста аст”. Мо ҳам, ба хотири ин фардо, ба такроран пахш шудани наворҳо аз сабаби зиёд будани матлаби пасикадрӣ чашм пӯшидем.

Ҳамасола сеюм шанбеи моҳи май бо ибтикори президенти кишвар Рӯзи дави миллӣ баргузор карда мешавад. Аз чунин чорабинӣ хабарнигори бахши варзишии барнома Раҳматшои Обид гузориш дод.   Камбудии гузориш дар қатор намудани мусоҳибон аст, ки тақрибан як гапро мегуфтанд. Масалан, дар оғоз Аҳмад Иззатов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Айнӣ баромад намуда, аз Ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани чунин чорабинии муҳими варзишӣ арзи сипос намуд. Баъди вай Ашӯр Ашӯрзода, омӯзгори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ баромад карда, тақрибан чунин гапҳоро гуфт.  Пас аз он Муҳсин Муродзода ва Ҳусниддин Саидов, сокинони Душанбе баромад намуда, афзуданд, ки имрӯз барои мо ид аст ва ҳама қишрҳои ҷомеа омодаанд, ки бидаванд ва ҳама ба ин хотир аст, ки мардуми тоҷик ба саломатӣ махсус аҳамият медиҳад.

Баъд аз он ғолиби дави миллӣ дар соли 2021 Зуҳуршои Наҷмиддин ва пас он дорандаи ҷои сеюм низ баромад намуда, аз ҳукуматдорон барои баргузории чунин чорабинӣ миннатдорӣ карданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Шарҳи иқтисодии барнома ба рушди иқтисоди кишвар дар шароити пандемияи коронавирус бахшида шуда буд. Омӯзгори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фируз Қодиров дар бораи суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гап зада, тазаккур кард, ки он боло рафтааст.

Дар анҷом гузоришгарони барнома рӯйдодҳои охири ҷаҳонро шарҳ дода, дар масъалаи терроризм ва ифротгароӣ фикрашонро баён намуданд. Як коршинос дар бораи ҳамлаи маргбор ба мактаби Кобул ва дар натиҷаи он қурбонӣ шудани 85 нафар духтаракҳои мактабхон ибрози назар карда, ин кирдори террористиро маҳкум намуд. Коршиноси дигар бошад, дар бораи ба наздикӣ дар яке аз мактабҳои Қазон кушта шудани 9 талаба баромад намуда, ин амалҳоро  ноҷавонмардона номид.  Муаллифи гузориш бо садои воҳимадор (ин овоз ҳангоми дар бораи хоинони миллат пахш намудани видеофилмҳо зиёд истифода мешавад), дар чунин ҳодисаҳои номатлуб шабакаи ҷаҳонии интернет ва бемасъулиятии падару модаронро гунаҳгор кард.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Оғози барнома аз пахши ахбори расмии дар боло зикршуда иборат буд, бо ин фарқ, ки аввал ҷаласаи Ҳукумат ва баъд ифтитоҳи се иншооти ҷашнӣ намоиш дода шуданд. Тавре дар боло қайд карда гузаштем, ҳамаи синхронҳо дар муқоиса бо шабакаи “Тоҷикистон” бо зернависашон омада буданд.

Яке аз гузоришҳои хуб ба мавзӯъи расонидани кӯмаки президенти кишвар ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки 6-7 май рух дод,  бахшида шуда буд. Дар наворҳо нишон доданд, ки чӣ тавр корвони мошинҳои боркаш бо лавозимоти сохтмону хӯрока ба ноҳия рафта расид. Инчунин, дар гузориш, бо истифода аз  мусоҳибаҳо бо намояндагони расмӣ ва зарардидагон, тарафҳои ҳодиса нишон дода шуданд.

Беш аз ҳама суханронии сокини ҷамоати “Ифтихор”-и  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шералӣ Олимов таъсирбахш ва самимӣ ба назар расид. Вай аз шаблони миннатдориҳо берун баромада, хеле оддӣ ва самимона иброз намуд, ки “ Ҷаноби олӣ шермарди асил аст, аз ҳамаи мушкилоти ба сараш омада намеҳаросад ва мардона истодагарӣ карда, доимо дар бари мост”.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аз намояндагони ҳукуматӣ Ҳабибулло Шамсов, корманди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Абдухолиқ Мусоев, муовини аввали раиси ноҳияи А. Ҷомӣ дар бораи кӯмаки пешниҳодшуда ва фаъолияти ситоди корӣ суханронӣ намуданд.

Баъдан, боз як гузориш аз шаҳри Кулоб пешнҳод гардид. Он ба корвони кӯмаки Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оилаҳои аз офати табии 11 май зарардида, бахшида шуда буд. Дар гузориш танҳо сокинони маҳаллӣ баромад намуда, аз иқдоми  раиси пойтахт шукргузорӣ намуданд.

Сипас, чун дар шабакаи “Тоҷикистон” дар бобати баргузор намудани дави миллӣ гузориш пахш шуд. Фарқияташ дар он буд, ки “сафиначиён” на танҳо аз Душанбе, балки аз Исфара, Норак, Темурмалик ва Рашт силсилагузоришҳо омода намуданд.  Аз наворҳои аз ноҳияи Темурмалик пешкашшуда  маълум гардид, ки дар дави миллӣ на танҳо варзишгарон, аз ҷумла,  ҷавонон, балки хизматчиёни давлатӣ низ иштирок намуданд. Дар яке аз наворҳо марде бо либоси расмӣ баробари варзишгарон медавид, ки ба назар аҷиб менамуд. Дар гузориши Рашт бошад,  духтаракони деҳотии мактабхон села-села бо либоси миллии тоҷикӣ медавиданд, ки он низ ғайричашмдошт буд.

Ҳафт рӯз” , ТВ Ҷаҳоннамо”

Дар ин шабака низ, аввал гузоришҳо аз ҷаласаву ифтитоҳи се иншооти ҷашнӣ дар пойтахт пешниҳод шуд.

Баъд, аз сафари расмии ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гузориш пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ва дар анҷом гузориши Таҳминаи Назрихуҷа аз ҷараёни баргузории дави миллӣ дар Душанбе пешкаш гардид. Ҷиҳати хуби гузориш дар он буд, ки мусоҳибон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа интихоб шуда буданд. Масалан, намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон ва як корманди пиронсоли мактаби мусиқӣ дар бораи иштирокашон дар чорабинӣ ва аҳамияти он гап заданд.  Аз камбудиҳо онро бояд зикр намоем, ки овози муаллифи гузориш дар стендап аз ҷои воқеа хеле паст буд ва номи мусоҳибон, аз ҷумла мутасаддиёни чорабинӣ бе зернавис (титр) пешниҳод гардид.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ