ДомойНақди РасонаӣТокаев дар Душанбе ва ҷавонони миллат. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Токаев дар Душанбе ва ҷавонони миллат. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 16 то 23 май

Хабари муҳимтарини ҳафта – баргузор гардидани сафари расмии президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон дар таърихи 19-20 май буд. Барои инъикоси мулоқотҳо бо ӯ ва ҳайати расмии Ҳукумати Қазоқистон се шабака 50-60% эфири худро ҷудо намуданд. Дар шабакаҳои телевизионии Қазоқистон бошад, атрофи  ин сафар ва дурнамои ҳамкориҳо бо Тоҷикистон се шабакаи асосии кишвар як сужетӣ тақдим намуданд, ки ҳамагӣ аз 9 то 12 дақиқа тул кашиданд. Ҳамкасбони қазоқистонӣ аз Тоҷикистон гузоришҳои ҷолиб омода намуданд, аммо мунаққидон бар онанд, ки дар он канселяризм зиёд буд. Ба фикрам, онҳо аз гузоришҳои барномаҳои итилоотӣ-таҳлилии мо дарак надоранд, чунки дар муқоиса бо онҳо, мо “сергаптарем”. Ҳафтаи гузашта чӣ гуфтанду нишон доданду хулоса карданд, — дар маводи омодакардаи мо бихонед.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Ин шабака блоки хабарҳои расмии худро аз рафти сафари расмии президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон оғоз намуд. Аввал, барандаи барнома Фахриддини Муҳаммадюсуф дар пешхабари  гузориш, ва баъд аз ӯ хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар гузориши муфассалаш дар  ин бора маълумот доданд. Дар наворҳо аз ҷониби худи сарвари давлат  дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтани меҳмони олиқадр  ва аз ҷониби духтаракони мактабхон бо забонҳои тоҷикиву қазоқӣ хайрамақдам гуфтанашон нишон дода шуд.

Аз гузориш маълум гардид, ки ба хотири меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуда, меҳмонон бо овози карнаю сурнай ва гулу парчамҳо пазироӣ шуданд. Ин гузориш нишонаи дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани президент Токаев буд.

Пас аз он дар наворҳо мулоқоти ду ҷонибро дар дараи зебоманзари Варзоб, ки дар қолаби “бе каровот” (без галстуков) баргузор гашт, нишон доданд. Тавре аз наворҳо аён шуд, мулоқоти ду президент дар қароргоҳи беруназшаҳрии сарвари давлатамон дар мавзеи Пугус сурат гирифтааст.  Гузоришгарон бар он назар буданд, ки ташрифи  меҳмон ба ин макон бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ  сурат гирифтааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар давоми силсилагузориш хабар дода шуд, ки 20 май маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар майдони Қасри миллат баргузор шуда, дар рафти он президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон президенти Қазоқистон  Қосим-Жомарт Токаевро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд. Дар наворҳо истиқболи меҳмон аз ҷониби қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб намоиш дода шуд.

Сипас бевосита аз мулоқоти як ба яки сарони ҳар ду давлат наворҳо пахш гардид. Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки Қазоқистон дар муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон мақоми дуввумро ишғол мекунад. Аммо ҷои аввал насиби кадом кишвар аст (эҳтимол меравад, ин Федератсияи Россия аст), дар гузориш ишора нашуд.

Дар навбати худ президенти Қазоқистон гуфт, ки сафари ӯ рамзист, зеро ин нахустин сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон ба ҳайси президент аст ва аввалин сафари берун аз кишвар кардааш баъди пандемияи коронавирус мебошад. Гузоришгарон ҷо-ҷо синхронҳои президентҳоро бо забони русӣ пешниҳод намуда, сипас бо садои барандаи барнома давоми гузориш хонда мешуд. Дар муқоиса бо ин гузориш, аз барномаи Арta-и шабакаи телевизионии QAZAQSTAN гузоришро аз ин сафар бо забони қазоқӣ тамошо кардам. Ҳарчанд ин забонро намедонам ва муҳтавои суханони муаллифи гузоришро нафаҳмидам, бароям мақбул буд, ки синхронҳои ҳар ду ҷонибро, ки бо яке аз забонҳои қабулшудаи расмӣ — забони русӣ сурат гирифт, ҳамкасбони қазоқистонӣ бо забони давлатиашон баргардон карданд. Ҳарчанд  гузоришгар овози занона дошт, суханони Токаев ва Раҳмон бо овозҳои гуногуни мардона садо доданд. Ин усул аз муносибати ҳирфаии хабарнигор ба маводи омодакардааш далолат мекунад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши дигар аз музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузури сарони давлатҳо бо маросими имзои 7 санади нави ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

Гуфта шуд, ки дар ҷараёни музокирот сарони давлатҳо  дурнамои равобити дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳоро муҳокима карданд, инчунин перомуни масъалаҳои минтақавӣ ва байналмиллалӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар гузориши шабакаҳои давлатии Тоҷикистон перомуни муҳокимаи вазъи баамаломада дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чизе гуфта нашуд. Дар муқоиса бо ин, журналистони қазоқистонӣ, ки  якҷоя бо ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон омада буданд, дар гузоришҳояшон доир ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон  ва аз ҷониби ду президент дар мулоқот дар ин бора гап заданашон хабар доданд. Се шабакаи давлатии Қазоқистон бо истифода аз бэкграундҳо наворҳои бойгониро аз даргириҳо дар марзи тоҷику қирғиз бори дигар намоиш доданд. Илова бар ин, шабакаи давлатии “Жети кун”-и Қазоқистон дар гузоришаш аз Душанбе бо вазири корҳои хориҷии кишварашон Мухтор Тлеуберди ҳамсуҳбат шуда, назари вайро доир ба вазъияти баамаломада дар  кишварҳои ҳамсарҳад гирифтанд. Шабакаи якуми Қазоқистон бошад, дар барномаи “Аналитика” на танҳо дар бораи сафари Тоҷикистон  гузориши муфассал, балки дар он гуфтугӯи сарони давлатҳо перомуни амният дар сарҳади ду кишвари ҳамсоя, бо истифода аз суханони коршиноси масоили байналхалқӣ аз Тоҷикистон Музаффар Олимов пешниҳод намуд, ки бо далелҳо аз ҷониби кӣ сар задани ин муноқишаро хуб арзёбӣ намуд.

Гузоришҳои шабакаи “Тоҷикистон” пурра аз канселяризмҳо, яъне аз ибора ва мафҳумҳои расмӣ иборат буданд. Масалан, гуфта шуд, ки “ҷонибҳо бо дарки амиқи масъулияти баланд баҳри ҳифзи робитаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, таъмини рушди пойдор ва шукуфоӣ дар тамоми минтақа азми қатъии худро барои минбаъд низ ҳаматарафа густариш додани муносибатҳои шарикии роҳбурдӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон таъйид намуданд”. Беҳтар набуд барои оммафаҳм намудани ин гузоришҳо, ки барои тамошобини оммавӣ, ҳамон деҳқону муҳоҷиру зани хонанишин, ки имкони васл намудани телевизиони кабелӣ ва тамошои  дигар шабакаҳоро надоранд, содда карда фаҳмонанд, ки “ҷонибҳо барои  давом додани  робитаҳои дӯстӣ ва таъмини амният дар тамоми минтақа минбаъд низ азму талош хоҳанд кард”? Охир, ҳар матни пасикадрии телевизион бояд хеле содда ва оммафаҳм карда шавад, то ки мардум аз ин дастгоҳи пурзури идеологӣ итилооти дуруст гиранд ва муҳимтарин нукта дар зеҳнашон шинад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузоришашон ҳамкасбони қазоқистонӣ ҳам дар бораи  мулоқотҳои расмии ду президент бо ҷо-ҷо истифода намудани баромадҳояшон  гузориш доданд, аммо илова бар ин, бо назардошти мавзӯъҳои баррасишаванда, аз қабили вазъият дар Афғонистон ва тақвияти ҳамкориҳо дар узвияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) аз намояндаи Қазоқистон дар ин созмон Жанибек Иманалиев ё дар  масъалаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика аз сардори ширкати трансформаторбарории кишвари худ Еркебулан Илясов ва дигар аъзои ҳайати расмӣ баъди ҳар мулоқот назарпурсӣ намуданд. Дар гузориши шабакаи QAZAQSTAN инчунин яке аз мансабдорҳои мо — раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода баромад намуда, дар бораи дурнамои муносибатҳои тиҷоратии ду кишвар ибрози ақида намуд.

Бо дарназардошти таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мумкин буд, ки дар гузоришҳои шабакаҳои мо намояндагони вазорати кишоварзӣ ва ё ҳатто худи фермерҳо дар робита ба ин сафар ва ҳамкориҳои айнию оянда фикри худро баён медоштанд. Аммо ҳамаи ин, мутаассифона, берун аз кадр монд.

Яке аз гузоришҳои навбатӣ ба мулоқоти президенти Тоҷикистон бо ҷавонони мамлакат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон бахшида шуда буд, ки 21 май дар кохи Борбад баргузор гардид.  Афсӯс, ки дар ин маврид низ суханони сарвари давлатро, ки дар он мулоқот садо доданд, ба таври синхрон пешниҳод накарда, баранда худаш хонда дод.

Умуман, гузориш ҳисоботи расмиеро мемонд, дар он дастовардҳои ҷавонон тули 30 соли Истиқлолият оварда шуда, факту арқоми пешниҳодгардида аз сабаби набудани  наворҳои марбута ба он мавзӯъ, тамоман бетаъсир монданд. Аз ҳама муҳим – гузориши мазкур қаҳрамони мушаххас надошт.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар наворҳо баромадкунандагони зиёди дар мулоқот иштирокдошта, нишон дода шуда, барандаи паси кадр кӣ будан ва чӣ вазифаву дар кадом соҳа муваффақ шуданашонро (ҷамъулҷамъ 15 нафарро)  муаррифӣ намуд. Дар қатори онҳо Раъно Насриддинзода, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” низ буд ва дар гузориши берун аз барнома (гузориши муфассал дар таърихи 21 май) президент суханони ӯро ҳангоми муаррифиаш бурида, гуфт, ки Раъно ниёз ба муаррифӣ надорад, чунки вай аллакай машҳур аст. Агар аққалан ин нафарро муаллифи гузориш ҳамчун қаҳрамон интихоб намуда, атрофи мушкилоти як ҷавондухтар, хонандаи мактаби деҳот гап мезад, беҳтарин гузориш мешуд. Дар он мушкилоти ҷавонон тамоман ном гирифта нашуд. Аз сатҳи баланди бекорӣ миёни ҷавонон, паст будани маоши кор дар деҳот ва аз ин сабаб тарки ватан кардаву ба муҳоҷират рафтани онҳо касе гап назад. Инчунин, дар бораи  ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ки дар баъзе ҳолат ба худкушии ҷавонзанон оварда мерасонад низ муаллифони гузориш хомуш буданд.

Гузоришҳои дигар ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, мушкилии истифодаи об, кашидани хатҳои оби ошомиданӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ, парвариши картошкаи барвақтӣ ва полезиҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солиму нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ бахшида шуда, аваллиҳо –ба тарзи шаблонӣ ба навор гирифта шуда, аз ибораҳои обшуставу канселяризмҳо  иборат буданд. Камбудии гузориши охир дар дастрас намудани наворҳои мувофиқ аст. Чунки барои бо навор пурра намудани матни пасикадрӣ асосан аз наворҳои бегона бо симоҳои аврупоӣ истифода шудааст, ки таъсираш барои тамошобин коҳиш меёбад.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Шабакаи мазкур аз рӯи принсипи тақвимӣ кор бурда, дар оғоз гузоришро аз  мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, баъдан аз силсилагузоришҳои марбут ба сафари расмии президенти Қазоқистон бахшид. Камбудии асосии гузоришҳои расмӣ ин такрор шудани матнҳо дар пешхабари барандаи барнома Зубайдуллои Убайдулло ва дар худи гузоришҳои аз ҷониби хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон пешкашгардида буданд.

Баъди гузориши расмӣ аз  мулоқоти президент бо ҷавонони кишвар, силсилагузоришҳои вобаста ба ин ҷашн пешниҳод шуданд. Дар аввал гузориш аз чорабинии идонаи «Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон» бо ибтикори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши тамошобинон гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориш гуфта шуд, ки масъулин (муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баромад намуд, аммо дар гузориш номаш зикр нашуд) ҷавонони пойтахтро аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон муборакбод намуд.

Инчунин, иброз гардид, ки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз чи бошад, исми ин нафарро низ нагирифтанд, исмаш Абдулло Раҳмонзода аст)  оид ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, фарҳангиву варзишӣ ва раванди созандагиву бунёдкории мамлакат баромад намуд.

Сужети дигар доир ба ин мавзӯъ аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон пешниҳод гардид, ки дар он раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҷавонон мулоқот доир намуда, дар баромадаш тибқи гуфтаи муаллиф, масъалаи нооромиҳо дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва офатҳои табиии рӯзҳои охир рухдодаро мисол оварда, саҳми ҷавононро дар бартараф намудани оқибатҳои он махсус таъкид кард.

Ҳамсуҳбатон, масалан, омӯзгори ҷавон Рустам Шарифов ва гирандаи стипендияи президентӣ Бахтиёр Гадоев бар он назар буданд, ки Ҳукумати кишвар ҷавононро доимо дастгирӣ менамояд ва мисоли равшанаш ба вазифаҳои пурмасъулияти вазорату идораҳо пешниҳод шудани мутахассисони ҷавон аст. Давоми гузоришро ба раҳпаймоии ҷавонони вилоят бахшиданд. Сипас, дар наворҳо консерти идона ва истироҳати бофароғати ҷавонон намоиш дода шуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баъди он аз Данғара, Турсунзода, Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин гузоришҳои идона пешниҳод гардиданд.

Беш аз ҳама гузориши аз ноҳияи Ҳамадонӣ пешниҳодгардида ба назар аҷиб намуд. Аввал сужетро аз дафтари кумитаи иҷрояи ноҳиявии Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон оғоз намуда, дар навор нишон доданд, ки масъулин 20 нафар ҷавонон — ятимони куллро ба  он ҷо даъват намуда, баъди мулоқот ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ месупоранд. Рӯи мизро аз чӣ бошад, бо пуфакҳои рангоранг оро дода буданд. Дар гузориш номи раиси кумитаи иҷроия  гирифта нашуд, ҳарчанд аз навор маълум гардид, ки вай зан аст.

Сониян, наворҳо аз мактаби 2-и ноҳия пешниҳод гардиданд, ки дар он боз ҳамон раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ баромад намуда, ба як қатор ҷавонон сипосномаҳо тақдим кард. Охири гузориш бо аксияи тақсими маводи итилоотӣ (буклетҳо) ба ҷавонони роҳгузар зери унвони “Пешвои миллат — ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” анҷом ёфт. Аз маводи пешниҳодшуда номафҳум монд, ки модоме масъули чорабиниҳо як ташкилот буд,  чаро ятимони куллро ба чорабинии идонае, ки барои ҳамагон баргузор шуд, даъват накарданд. Сабаби чунин ҷудоиандозӣ  дар чӣ буд?

Дар гузориш чандин бор “дар ноҳияи Ҳамадонӣ фалон чорабинӣ гузашт” гуён ишора карданд, ҳарчанд дар худи наворҳо геолокатсия – ноҳияи Ҳамадонӣ навишта шуда буд.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Шабакаи мазкур қарор дод, ки пурра нашри навбатии худро ба ахбори расмӣ бахшад. Дар эфир барандаи доимии барнома Сафархуҷа Ризозода аввал пешгуфтори ба ном мухтасар, сонӣ гузоришҳои хадамоти матбуоти президенти кишварро муфассал пешниҳод намуд. Аз рӯи нишондоди хронометражи сабти видеоии мо, танҳо давомнокии  гузоришҳои вобаста ба сафари президенти Қазоқистон  ба Тоҷикистон 26 дақиқаву 24 сонияро ташкил дод.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ