ДомойНақди РасонаӣРасонаҳои Тоҷикистон дар бораи дин: иттилооти зиёд ва таҳлили кам

Расонаҳои Тоҷикистон дар бораи дин: иттилооти зиёд ва таҳлили кам

Дар Тоҷикистон, ки сатҳи диндории аҳолиаш баланд аст, расонаҳо ба мавзӯъи дин таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Расонаҳо атрофи мавзӯъҳое, ки бо дин алоқаманданд, чӣ ва чӣ гуна менависанд? Мунаққиди расонаҳо “Новый репортер” Ифтихор Миршакар маводҳои сайтҳои русзабони расонаҳои онлайниро тӯли чаҳор моҳ – аз 1-уми январ то 30 апрели ҳамин сол – таҳлил кард ва тамоюлҳои хосро ошкор намуд. Дар зимн, на танҳо матолиб бо таъкид бар дин, балки нашрияҳое баррасӣ шуданд, ки ба масъалаҳои динӣ дахл мекунанд, дар ҳоле ки дин мавзӯъи асосии матлаб нест.

Ҳарчанд мутобиқи Конститутсия Тоҷикистон давлати дунявист, бо вуҷуди ин, яке аз мактабҳои ҳуқуқии равияи суннии ислом “Ҳанафия” аз соли 2009 инҷониб дар Тоҷикистон ҳамчун равияи расмии мазҳабӣ эътироф шудааст.

Иттилооти расмӣ дар бораи шумораи пайравони динҳои гуногун дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дар худи кишвар ақидае ҳукмфармост, ки мусулмонон аз 96 то 99%-и сокинони маҳаллиро ташкил медиҳанд. Вале Комиссияи ИМА оид ба озодии байналмилалии дин (USCIRF) иттилооти дигарро пешниҳод мекунад, ки мувофиқи он: 90% аҳолиро— мусулмонон (86 % сунниҳо ва 4 % шиаҳо) ташкил медиҳанд, 10 % — пайравони динҳои дигар, асосан дини насронӣ, мебошанд.

Аксарияти расонаҳои онлайнӣ дар Тоҷикистон қисми назарраси маводҳоро ба масъалаҳое бахшидаанд, ки бо рӯзадорӣ дар моҳи барои мусулмонон муқаддаси Рамазон марбут мебошанд. Ба мавзӯъҳое монанди кушодани масҷидҳо пас аз бастани онҳо ба иллати бемории ҳамагир, нақзи ҳуқуқи диндорон, экстремизми мазҳабӣ, таъсири дин ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ғайра низ таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир шудааст.

Мутаассифона, дар сайтҳои расонаҳои онлайнӣ тӯли замони баррасишаванда, қиссаҳои инсонҳои илҳомбахш ва тарғибгари мавзӯъи мазҳабӣ кофӣ нестанд. Қиссаҳои ҷолиб ҳастанд, вале онҳо хеле каманд. Вазъият бо таҳлили амиқ – дақиқтараш, набудани он дар нашрияҳо – мояи таассуфи боз ҳам бештар аст. Ҳарчанд расонаҳо ба дин ва мавзӯъҳои бо он алоқаманд таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир намекунанд, рӯйдодҳо асосан бе таҳлили амиқи онҳо бозтоб мешаванд.

Бозтоби мавзӯъҳои мазҳабӣ дар расонаҳо

Дар сайти “Радиои Озодӣ” беш аз 70 мавод нашр шудааст, ки ба мавзӯъҳои мазҳабӣ дахл мекунанд. “Радиои Озодӣ” ба нақзи ҳуқуқи диндорон беш аз расонаҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст, ки тақрибан сӣ маводро дар бар мегирад. Нисфи ин маводҳо ба нақзи ҳуқуқи диндорон дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Махсусан, се паём аз таъқиб шудани аъзои созмони дар Тоҷикистон мамнӯъи “Шоҳидони Яҳуво” сухан мегӯянд. Ҳашт хабар аз нақзи ҳуқуқи мусулмонони уйғури муқими Чин паём мерасонанд. Як силсила хабарҳо ба шаҳрвандони алоҳидаи Тоҷикистон – мусулмонон ё аъзои созмони “Шоҳидони Яҳуво”, ки ба фаъолиятҳои дорои хусусияти экстремистӣ муттаҳам шудаанд – бахшида шудааст.

Дар мақолаи “Донишҷӯёни тоҷик баъд аз таҳсил дар Эрон дар бораи боздошт ва бозпурсӣ арз карданд” (25.02.2021) низ сухан дар бораи таъқиб меравад. Ҳамзамон, аз чӣ бошад, ки дар матн мазҳаби шиа, яке аз ду равияҳои асосии ислом, “фирқа” номида шудааст. Ин истилоҳ дар зеҳни мусулмонон тобиши манфӣ дорад.

Ба рӯйдодҳое, ки бо экстремизм вобастаанд, даҳҳо мавод бахшида шудаст. Дар аксарияти онҳо сухан дар бораи боздошти шахсоне меравад, ки дар робита бо созмонҳои экстремистӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар гумонбар шудаанд.

Дар тӯли давраи баррасишаванда, дар сайти “Радиои Озодӣ” танҳо як қисса нашр шудааст, ки бо мавзӯъи мазҳабӣ алоқаманд аст – “Зане дар Ашт аз ҳаҷ даст кашид ва аз маблағи андӯхтааш пул сохт”. Ин қисса дар бораи сокини ноҳияи Ашт Ҳуринисо Саидалиева нақл мекунад, ки нафақаи андӯхтаи худро ба сохтмони пул дар деҳаи худ сарф кард. Гуфта мешавад, ки ӯ дар хоҷагии деҳқонӣ беш аз 40 сол заҳмат кашид ва каме бештар аз 500 сомонӣ (тақрибан $50) нафақа мегирад. Ин зан ният дошт, ки ҳамроҳи шавҳараш ба Макка сафари ҳаҷ кунад, вале се сол пеш ҳамсараш фавтид. Баъдтар, дар мавод чунин изҳор шудааст: “Расонаҳои давлатӣ низ сокинонро таблиғ мекунанд, ки ба ҷойи рафтан ба ҳаҷ, ба ободкорӣ дар ватан даст зананд. Маълум нест, ки ин сокини ноҳияи Ашт аз пеши худ иқдоми сохтани пулро кардааст ё мақомот ӯро ба ин кор ташвиқ кардаанд”. Беҳтар мебуд, агар хабарнигор инро аз худи қаҳрамонзани қисса мепурсиду рафтори олиҳимматонаи ӯро зери шубҳа намегузошт.

Дар мусоҳибаи “Ба сараш бояд бензин рехту оташ зад!: адибаи тоҷик Шаҳзода Назарзодаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдид ба қатл карданд” мусоҳиб дар бораи эҷодиёти худ сухан мегӯяд. Махсусан, ӯ аз таҳдидҳое мегуяд, ки баъд аз интишори асарҳояш нисбати ӯ изҳор шудаанд. Яке аз саволҳои рӯзноманигор ба мавзӯъи дин дахл мекунад: “Як хонандаи сайти “Радиои Озодӣ” аз нашри мусоҳиба бо шумо изҳори норизоӣ намуд ва шумову ҳофиза Манижаро ба ғарбзадагӣ гунаҳкор кард. Ӯ чунин меҳисобад, ки шумо мағзшӯй шудаед ва шумову Манижаро зарур аст, ки бо тарғиби ислом ва пеш аз ҳама, мазҳаби суннӣ, машғул шавед. Шумо ба ӯ чӣ посух медиҳед?” Назарзода чунин посух медиҳад: “Баъзе тундгароён тарсро аз пешрафт ба таври гуногун ном мебаранд. Яке аз инҳо ҳамин истилоҳи ғарбзадагист. Эътиқоди динӣ интихоби шахсии ҳар як шаҳрванд аст. Аз чӣ бошад, ки баъзеҳо мубориза барои ҳуқуқи занонро наздик аст, ки мубориза бо ислом ҳисобанд. Ин гумроҳист…”

Беш аз 60 мавод бо инъикоси мавзӯъҳои динӣ дар сайти Sputnik.tj нашр шудааст. Дар муқоиса бо расонаҳои дигар “Sputnik Тоҷикистон” на танҳо ба ислом, балки ба дини насронии православӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Аз ҳисоби хонандагони русзабон, ки  ба мазҳаби насронии шарқӣ эътиқод доранд ва хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, маҳз маводҳои инъикоскунандаи чунин мавзӯъ боиси зиёд шудани боздид мегарданд.

Масалан, нашри маводи “Тухмҳоро дар иди пасха (писҳо) 2021 бо маҳлули гули каркадия ранг мекунем – тарзи осон ва зебо” беш аз 20 ҳазор маротиба боздид шудааст. Беш аз 9,7 ҳазор нафар мақолаи “Тухмҳоро дар иди пасха 2021 чӣ гуна ранг кунем: роҳҳои табиӣ ва содда бе омехтаҳои кимиёӣ” боздид кардаанд. Вале шумораи рекордии боздидҳоро (беш аз 82 ҳазор) маводи дигар ба даст овардааст – “Якшанбеи арафаи иди пасха 2021: анъанаҳо ва маънои асосии ҷашн”. Ин мавод дар бораи ҷашни православии “Якшанбеи арафаи иди пасха” ё “Вуруди Парвардигор ба Байтулмуқаддас” нақл мекунад.

Дар мақолаи “Марди рӯҳонӣ гуфт, ки диндорон дар Савми бузург (Великий пост) чиро фаромӯш мекунанд” мулоҳизаҳои декани факултаи таърихи Донишгоҳи гуманитарии православии Свято-Тихоновский, падари рӯҳонӣ Андрей оварда шудаанд. Махсусан, ӯ мегӯяд: “Зербинои калисо муҳаббат, муҳаббат ба Худо, муҳаббат ба одамонест, ки моро иҳота кардаанд. Рӯза доштан маъние надорад, агар одам андӯҳгин бошад, агар ӯ дар ғазаб шавад, агар ӯ ба ягон васваса дода шавад”.

Беш аз 17,7 ҳазор нафар мақолаи “Савми бузурги соли 2021 кай оғоз мешавад: рӯзҳо чӣ гуна дуруст бояд хӯрок хӯрд”-ро бознигарӣ кардаанд. Дар ин мавод марди рӯҳонӣ таъкид менамояд, ки ҳадафи Савми бузург – парҳез нест, балки ба сӯи тағйир додани ҳаёти маънавӣ бошуурона қадам пеш гузоштан аст. Сухани ӯ низ ҳамчун иқтибос оварда мешавад: “Масъала ин нест, ки гӯшти мурғро набояд хӯрд, балки бо дили пок пешвоз гирифтани иди пасха аст”.

Вале, бешубҳа, аксари маводҳои инъикосгари мавзӯъи мазҳабӣ ба ислом бахшида шудаанд.

Бо иқтибос аз Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар мақолаи “Абдулқодирзода атрофи муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба диндорон муроҷиат кард” зикр шудааст, ки “имрӯз дар ҳамаи масҷидҳои Тоҷикистон намози ҷумъа баргузор шуд, ки дар он диндорон ба ҳифзи саломатии сарбозону марзбононе дуо карданд, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон осеб дидаанд”. Вале охир на танҳо хидматчиёни низомӣ, балки шаҳрвандони осоишта низ осеб диданд. Суханони муфтӣ дар бораи ин, ки “бадхоҳон ҳамеша дар ҳамон кишварҳое ҳастанд ва хоҳанд буд, ки пеш мераванд ва тараққӣ мекунанд” низ дар матн омадааст. Вале шарҳ дода нашудааст, ки ин кадом кишварҳоянд ва чӣ гуна онҳо бо низоъ дар марз алоқаманданд.

Мавзӯъи “Рамазон” дар беш аз 10 маводи нашршуда баррасӣ шудааст. Зикр кардан зарур аст, ки дар маводҳои марбут ба ислом рӯҳониёни расмӣ дар аксари ҳолатҳо атрофи ойину маросимҳо сухан мегӯянд, вале на дар бораи асосҳои ахлоқии ин мазҳаби оламгир. Махсусан, дар нашрияи “Чӣ тавр “рӯзаро набояд шикаст”: тавсияҳои Шӯрои уламо дар Рамазон” чунин зикр шудааст: “Рӯҳониён шарҳ доданд, ки ҳар гуна оббозӣ, хоҳ дар дарёву кӯл ё хоҳ дар ҳавз бошад, равост, ба шарте, ки шахси рӯзадор ҳамаи тадбирҳои эҳтиётиро риояд кунад, то ки об ба воситаи ковокии даҳону бинӣ ворид нашавад”.

Сарлавҳаи хабари “Муфтии Тоҷикистон ба эътиқодмандон дар Рамазон тавсияҳои муҳим дод” умедбахш аст, ки сухан дар бораи маслиҳатҳои дорои хусусияти ахлоқӣ ва маънавӣ меравад. Ин хабар асосан дар бораи риоя кардани меъёрҳои санитарӣ дар масҷидҳо бахшида шудааст. Бешубҳа, инҳо тавсияҳои хеле муҳиманд, махсусан дар давраи бемории ҳамагир, вале чунин маслиҳатҳоро эпидемиологҳо низ метавонистанд диҳанд.

Дар баъзе хабарҳо мавзӯъи экстремизм (ифротгароӣ) баррасӣ мешавад. Ҳамзамон, дар як қатори онҳо истилоҳоти на чандон саҳеҳ истифода шудаанд. Масалан, дар мақолаи “Содироти ҷанг ва мубаллиғони мусаллаҳ: Толибон ба Тоҷикистон чӣ “тӯҳфа мекунанд” намояндагони ҷунбиши “Толибон”-ро “ҷиҳодиҳо” номидаанд. Дар воқеъ, мафҳуми “ҷиҳод” дар ислом на танҳо маънои ҷанг барои эмон, балки муборизаи ботинии як муъмин бо нуқсону васвасаҳои худро дорад. Аз ин рӯ, оё истифода бурдани ин калимаи бисёрмаънӣ дар мавриди гурӯҳи ифротгаро (экстремистӣ) ҷоиз аст?

Озмуни “Евровидение” бо дин чӣ робита дорад? Ба назар мерасад, ки ягон рабте надорад. Вале на ҳама чиз чунин содаву осон ба назар мерасад. Маълум мешавад, ки иштироки Манижа дар “Евровидение” ҳам рӯҳониёни мусулмон ва ҳам рӯҳониёни насронии Россияро бепарво нагузошт. Маводи “Имом ба Манижа маслиҳат дод, ки дар Евровидение-2021 суруди дигарро сарояд” аз он мегуяд, ки имом-муҳтасиби вилояти Маскав Довуд Муҳиддинов ба овозхон тавсия медиҳад, ки ба мӯҷиби фикру мулоҳизаҳои манфӣ сурудашро иваз кунад. Ҳамин тавр, Манижа Сангин тавонист таваҷҷӯҳи на танҳо сиёсатмадорон, балки рӯҳониёни мусулмону насрониро ба “Евровидение” ҷалб намояд.

Дар сайти Азия-Плюс тӯли давраи баррасишаванда атрофи мавзӯъҳои мазҳабӣ беш аз 50 мавод нашр шудааст. Мақолаи “Инҳо духтарони туянд, на аз ман” дар мисоли сарнавишти талхи як духтари Хуҷандӣ нақл мекунад, ки оилаҳои серфарзанди тоҷик, ки дар онҳо танҳо духтар таваллуд шудаанд, чӣ гуна умр ба сар мебаранд. Ин маводро беш аз 13,5 ҳазор нафар боздид кардаанд. Дар мавод атрофи шаъну эътибори духтарон аз нигоҳи ислом низ сухан меравад. Намояндаи Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳадисе меоварад, ки Худованд онҳоеро ба биҳишт роҳ медиҳад, ки духтар доранд, ба онҳо зиён намерасонанд, таҳқир намекунанд ва писарро бар онҳо тарҷеҳ намедиҳанд. Баъдтар, дар матн зикр мешавад, ки “ӯ аҳамияти нақши тарбияи духтаронро таъкид кард, чунки онҳо модарони ояндаанд, ки қаҳрамонон ва тақдирҷунбонҳои таърихро ба дунё меоранд”. Ин ҷо месазад танҳо илова кард, ки тавре таърих гувоҳ аст, занон ҳам метавонанд қаҳрамон ва тақдирҷурбони таърих бошанд.

Дар нашри мақолаи “Шумо чӣ хел мусулмонед?… Шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ба куштори сагҳои дайду дар Бохтар чӣ гуна аксуламал нишон доданд” тавзеҳоти корбарони Facebook оварда шудаанд. Дар аксари ин тавзеҳот сухан дар бораи имон меравад: “Баъд аз чунин аъмол шумо чӣ гуна мусулмонед, масҷид меравед, Қуръон мехонед, вале рафторҳои шумо гувоҳи ноодамгарӣ ва бераҳмии шумо мебошанд”. Тавре дар матн гуфта шудааст, “одамон аз Қуръон мисол оварда, таъкид мекарданд, ки ислом мазҳаби накӯкорист ва худи пайғомбар Муҳаммад (С) ба озор надодани ҷонварон даъват намудааст”.

Агар аз рӯи шумораи боздидҳо ҳукм кунем, метавон гуфт, ки либоси занона яке аз ҷолибтарин мавзӯъҳо барои хонандагон аст. Мақолаи “Ҳиҷоб ё кӯтоҳдоманӣ. Муҳоҷират ва симои нави занони Тоҷикистон”-ро наздики 41 ҳазор нафар боздид кардаанд. Ин мақола шакли аз ҷониби агентии иттилоотии “Фарғона” мутобиқшудаи яке аз бобҳои монографияи София Қосимова “Ҷанбаҳои гендерии равандҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон: мушкилоти замон ва гунаҳои интихоб” мебошад”. Махсусан, дар мақола сухан атрофи либоси мусулмонии занони тоҷик низ меравад. Тавре муаллиф таъкид менамояд: “Солҳои 2000-ум дар кӯчаҳои Душанбе рангорангии сабки мазҳабии либоси занона таҳранги ба худ хоси байналмилалии мусулмониро эҷод кард ва тамоми майлу рағбати идеологии олами муосири мусулмононро возеҳ нишон дод”.

Масъалаҳои мазҳабӣ дар чунин маводҳое низ вуҷуд доранд, ки мавзӯъи онҳо дур аз дин ба назар мерасад: матни “Чаро занони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ аҳён-аҳён издивоҷ мекунанд?” ва мақолаи “Модарии маснӯӣ дар Тоҷикистон: гуноҳ ё имкони охирин барои фарзандор шудан?”. Дар маводи охирӣ зикр шудааст, ки пеш аз ҳама, ходимони мазҳабӣ бар зидди модарии маснӯӣ мебароянд ва қонунҳои шариат муқаррар кардаанд, ки ин амали дар ислом нораво ва қатъиян мамнӯъ аст.

Тақрибан даҳ мавод ба мавзӯе бахшида шудааст, ки бо рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон рабт дорад. Дар онҳо тавсияҳои Шӯрои уламои Тоҷикистон оварда шудаанд, ки чӣ гуна баргузор кардани ифтор, чӣ гуна додани хайру садақа ва ғайраро шарҳ медиҳанд. Дар мақолаи “Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дод, ки дар Точикистон киҳо метавонанд аз доштани рӯза худдорӣ кунад” иқтибосҳо аз нутқи муборакбодии президент ба шарофати фарорасии моҳи Рамазон оварда шудаанд.

Мақолаи “10 амали хайр дар моҳи Рамазон, ки ҳар як нафар бояд анҷом диҳад” ба асоси ахлоқии рӯзадории мусулмонон таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Рӯзмарра ва муҳим будани ин мавод низ дар ҳамин инъикос меёбад. Махсусан, дар он ояте аз Қуръон оварда мешавад: «…Кӯшиш кунед, ки дар корҳои хайр аз якдигар пеш гузаред”.

Дар хабари “Дар Тоҷикистон дарсҳои ахлоқу маърифатомӯзиро, ки дар мактабҳои ВМКБ барои исмоилиҳо ҷорӣ шуда буданд, барҳам доданд” аз мусулмонони-исмоилии муосир ёдрас мешавад, ки аксарияти аҳолии ВМКБ-ро ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, ки минбаъд дарсҳои ахлоқ ва маърифатомӯзӣ на дар мактабҳо, балки дар хонаҳо ва ҷойҳое баргузор хоҳанд шуд, ки дар он ҷо эътиқодмандон намоз мехонанд.

Дар мақолаи бузурги таърихии “Чӣ гуна сафари табиби рус Регел кам монда буд, ки ба қатли оми помириҳо оварда расонад” низ сухан дар бораи он исмоилиҳое меравад, ки сад сол пеш мезистанд. Ин маводро беш аз ҳафт ҳазор нафар боздид карданд, ки нисбат ба матлаби дар боло оварда шуда ду баробар зиёд аст.

Дар мусоҳибаи “Мишел Тарран: “Ба Тоҷикистон лозим аст, ки сайёҳиро инкишоф диҳад ва Фаронса метавонад дар ин иштирок намояд” низ масъалаи мазҳабӣ бардошта мешавад. Ба саволи “Ҳамчун одами аврупоӣ оё шумо исломро барои арзишҳои Аврупо хатарнок меҳисобед?” Мишел Тарран, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, ҷавоби хеле мухтасару дипломатӣ медиҳад: “Не, ман ақидаи комилан баръакс дорам. Ислом ҳамчун дин барои ҳеҷ кас хатарнок нест. Хатар дар ҷанбае зоҳир мешавад, ки аз он чӣ гуна бо тафсирҳои гуногун сӯистеъмол мекунанд. Инро худи намояндагони ислом мегӯянд. Дини ислом дини сулҳ аст. Ислом аъмоли террористиро маҳкум менамояд ва онҳое, ки чунин амалҳоро аз номи мусулмонон анҷом медиҳанд, ин динро беобрӯ мекунанд”.

Дар паёми “Фақеҳи маъруфи тоҷик домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ даргузашт” бештар дар бораи хостаҳои сиёсии марҳум гуфта мешавад, вале на ақидаҳои мазҳабии ӯ. Масалан, дар мавод зикр шудааст: “Дар мусоҳибаи худ бо хабарнигорон соли 2014 домулло Ҳикматуллоҳ сухани бунёдгузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзамро иқтибос овард, ки гуфтааст: “Ба подшоҳ ва мартабаи ӯ эҳтиром гузор”. Ӯ  аз мусулмонони кишвар даъват намуд, ки баъд аз намоз барои Ҷаноби Олӣ – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуои нек кунанд”.

Хонандагони сайт ба омор таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд – тақрибан 12 ҳазор нафар аз мақолаи “Динҳои дунё: кадом дин чанд пайрав дорад?” боздид кардаанд.

Дар сайти агентии иттилоотии “Авесто” тақрибан 10 мавод нашр шудааст, ки бо имону эътиқод алоқаманданд. Дар мақолаи “Вакили парлумони Қирғизистон табобат кардани шаҳрвандеро пешниҳод намуд, ки худро Худо номидааст” сухан дар бораи собиқ номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Арстан Абдилаев меравад. Гуфта мешавад, ки тирамоҳи соли гузашта дар рафти конфронси матбуотӣ ӯ чунин изҳор кард: ӯ худост ва соли 2020 президенти олам мешавад. Баъдтар дар матн зикр шудааст, ки Абдилаев – пайрави дини тенгрианӣ (тенгрианӣ – дини қадимии кӯчманчиёни турку муғул) мебошад.

Чаҳор хабар ба мавзӯӯи рӯзадорӣ дар моҳи Рамазон бахшида шудаанд. Дар дутои ин хабар таваҷҷӯҳ ба масъалаи баландшавии нарх равона шудааст. Яке аз онҳо – мақолаи “Президент тоҷикистониёнро бо иди Рамазон табрик кард ва тоҷиронро даъват намуд, ки нархҳоро баланд набардоранд”. Мутаассифона, тоҷирон ба ин даъвати сарвари давлат аксуламали суст нишон доданд.

Аз хабари “Моҳи муқаддаси Рамазон дар Тоҷикистон 13 апрел фаро мерасад” метавон хулоса баровард, ки дар баъзе мавридҳо, ҳамоҳангии байни дин ва илм имконпазир аст. Матн паём мерасонад, ки қарори оғози рӯзаи мусулмонон, “тавре дар Шӯрои уламо шарҳ доданд, бар иттилоот ва шумориши Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон асос меёбад”.

Мақолае зери сарлавҳаи “Муфтии Тоҷикистон: экстремизм ва терроризм қувваи харобкунандаи хиради инсон аст”-ро фавқулодда муҳим метавон номид. Эҳтимол дар назар дошта шудааст, ки экстремизм ва терроризм қуввае мебошанд, ки хиради инсонро хароб мекунанд. Дар ин хабар, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода таъкид менамояд, ки “мубориза бо ин зуҳурот бе кори густурдаи фаҳмондадиҳӣ, ба табақаҳои васеъи ҷомеа, махсусан ба самъи ҷавонон расонидани арзишҳои ҳамсоягии дӯстона, таҳаммулпазирии мазҳабӣ, муколама ва ҳамкорӣ имконнопазир аст”.

Дар сайти расонаи Your.tj мавзӯъҳои мазҳабӣ дар тӯли давраи баррасикардаи мо тақрибан дар 10 мавод зикр мешаванд. Қиссае дар бораи як сокини Душанбе ҷолиб аст, ки пазируфтани ислом ба ӯ ёрӣ расонд аз одатҳои зиёновар раҳо шавад ва зиндагиашро ба самти беҳтар тағйир диҳад. Мақолаи “Чӣ гуна Санёк Абдураҳмон шуд. Қиссаи Александр Матвеев, ки исломро пазируфтааст” метавонад яке аз қиссаҳои беҳтарин дар мавзӯъи дин дар тӯли давраи баррасишаванда бошад.

Аз мақолаи “Дар куҷои Помир мазорҳои зардуштӣ ва дайрҳои буддоиро метавон пайдо кард?” ва матни “Хонаи вахонӣ: ҳам манзил, ҳам ибодатгоҳ. Хонаҳоро дар Помир чӣ гуна бино мекунанд?” хонандагон метавонанд дар бораи анъанаҳои қадимӣ ва муосири мазҳабиву фарҳангии сокинонии Кӯҳистони Бадахшон бисёр чизҳои наву ҷолибро омӯзанд.

Мақолаи “Аз ороиши ройгони мӯй то орди ройгон. Тоҷикистониён ба шарофати Рамазон чӣ гуна некӯкорӣ зоҳир мекунанд” таваҷҷӯҳро ба арзишҳои ахлоқии ислом равона менамояд.

Расонаҳо иттилоъ медиҳанд, вале маърифатро омӯзиш намедиҳанд

Мутаассифона, дар тӯли давраи баррасишуда дар сайтҳои расонаҳои онлайнӣ ба мо муяссар нашуд, ки дар мавзӯъи дин маводҳои босифату муҳими таҳлилиро ошкор кунем. Дар Тоҷикистон масъалаи радикализатсияи як қисми ҷавонон ва одамони на он қадар ҷавон, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, надоштани таҳсилоти комил, қурбонии тарғиботи созмонҳои экстремистии ба истилоҳ мазҳабӣ мешаванд, масъалаи рӯзмарра боқӣ мемонад. Дар ин бора далелҳои қаблан зикршудаи ба гурӯҳҳои радикалӣ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон пайвастани ҳазорҳо сокини Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳанд.

Дар расонаҳои онлайнии Тоҷикистон тӯли чаҳор моҳ ягон маводи таҳлилие нашр нашудааст, ки дар онҳо коршиносон сабабҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз паҳншавии идеяҳои радикалиро дар ҷомеа таҳлил карда бошанд. Возеҳ аст, ки мубориза бо сабабҳо, дар муқоиса бо пайомадҳои онҳо осонтар аст.

Нашрияҳое низ кам ҳастанд, ки дар онҳо ходимони мазҳабӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ атрофи таҳаммулпазирии мазҳабӣ, чандандешӣ (плюрализм) ва ҳамдигарфаҳмӣ мулоҳиза карда бошанд.

Мақолаҳое вуҷуд надоранд, ки аҳамияти муколама ва ҳамкории байнимазҳабиро таъкид кунанд ё дурӯғи экстремизми хушунатомези ба истилоҳ мазҳабиро фош намоянд. Ба ҷои ин, маводҳои зиёдеро метавон пайдо кард, ки ба баррасии масъалаҳое равона шудаанд, ки бо ойину маросимҳо алоқаманданд. Бешубҳа, зуҳуроти зоҳирии мазҳаб низ барои эътиқодмандон аҳамияти зиёд дорад, вале дин танҳо бо онҳо зиндаву поянда нест.

Арзишҳои умумии маънавӣ ва ахлоқӣ асоси анъанаҳои гуногуни мазҳабиро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ба сатҳи ҳамдигарфаҳмӣ, вале на ба сатҳи догматикӣ, расидани намояндагони мазҳабҳову равияҳои гуногун осонтар аст. Расонаҳо метавонистанд ба ин ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат кунанд, вале барои ин на танҳо расонидани иттилоот ба одамон, балки маърифатнок кардани онҳо зарур аст. Рисолати маърифатпарвариро ҳанӯз ҳеҷ кас бекор накардааст.

Ифтихор Миршакар
Ифтихор Миршакар
Независимый журналист. Живет и работает в городе Хорог (Памир).

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ