ДомойНақди РасонаӣКоронавирус, ҳамлаи толибон ва Ваҳдати миллӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Коронавирус, ҳамлаи толибон ва Ваҳдати миллӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 20 то 27 июн

Пахши барномаҳои ҷамъбастии ҳафтаи сипаришуда ба рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад. Аммо аз чӣ бошад, ки шабакаи асосии телевизионии кишвар “Тоҷикистон” дар ин бобат хомӯш буд, «Ҷаҳоннамо» перомуни ин мавзӯъ дар пешгуфтораш кӯтоҳ гуфта гузашт ва  «Сафина» ба он таваҷҷӯҳ намуду сеяки эфирашро бахшид. Аммо  гузоришҳо на  бо мақсади таҳлил намудани аҳамияти муҳими ин руйдоди таърихӣ омода шуданд, балки танҳо характери ҳисоботӣ доштанд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон”

Чун ҳарвақта баранда ва журналист Фахриддини Муҳаммадюсуф барномаро аз ахбори расмӣ оғоз намуд. Хабар дода шуд, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид ва президент Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳо мулоқот доир намуд.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки дар он вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон муҳокима гардид.

Баъд аз он, доир ба иштироки президенти кишвар дар иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, хабар доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши дигар ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон бахшида шуда, муаллифон кӯшиш намуданд, ки дар он сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳуриро, ки дар асоси принсипи “дарҳои боз” амалӣ мегардад, аз забони коршиносонаш муаррифӣ намоянд.

Корманди Маркази тадқиқоти стратегии мамлакат Ҳақназари Имомназар дар рафти сӯҳбат иброз дошт, ки Тоҷикистон дар ин ҷода дар се пояи устувор  меистад: манфиатпарвар, сулҳдӯстона ва сиёсати прагматикии воқеъбинона дошта. Ӯ сиёсати хориҷии Тоҷикистонро, ки дар асоси сиёсати бисёрсамтӣ ё ба истилоҳ, сиёсати дарҳои боз муаррифӣ мегардад, ситоиш намуда, гуфт, ки ин маънои онро дорад, ки давлати мо чун кишвари мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамоми кишварҳои дунё назари баробар дорад. Беҳтар мебуд агар  чунин нукта на яктарафа, балки бо истифодаи фикри ягон коршиноси назари мухолифдошта пешниҳод мегардид.

Сипас блоки сиёсат бо изҳороти Маркази матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба анҷом расид, ки худи ҳамон рӯзу соат тариқи ВАО-и давлатӣ расонаӣ шуд. Тавре баранда бе истифодаи наворҳо аз студия хабар дод, субҳи 27 июн гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» ба мавзеи сарҳадбонони Афғонистон дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ҳамла намуда, дар натиҷаи задухӯрд 17 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукумати афғон ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур намуданд ва сарҳадбонони мо аз рӯи принсипи меҳмондӯстӣ ва инсонпарастӣ рафтор намуда, барои вуруди эшон иҷозат доданд.

Шарҳи журналист Нуриддини Қурбон ба тағийрёбии иқлим бахшида шуда, дар он бори дигар дар бораи мушкилоти об ва ташаббуси ҷаҳонии даҳсолаи обу обшавии пиряхҳову хушксолӣ ва обхезиву ғайра гуфта гузаштанд.   Ҳарчанд коршиносони масоили об ва иқлим Анвар Ҳомидов ва Номвар Қурбонов  дар бораи тағйирёбии иқлиму ивазшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳову баландшавии  оби укёнусҳо ҳақиқати чандинсолаи ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ёдрас намуданд, муаллиф бароямон гуйё Амрикоро кашф намуда бошад, бори дигар таъкид намуд, ки “об барои инсоният неъмати бузурги бебаҳост”.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Устоди донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Таваккал Ҷабборов бошад, дар бораи мушкилоти об барои соҳаи кишоварзӣ ва бо он иртибот доштани норасоии озуқавориро то соли 2050 бори дигар таъкид намуд. Дар омади гап, гузориши ба ин монанд чанде пеш дар барномаи мазкур матраҳ шуда буд.

Дар байни маводи пешниҳодшуда гузориши Худойдоди Раҷабро дар бораи вазъи корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон махсус қайд намудан мумкин аст, чунки агар пеш аз ин дар барнома маводи танқидӣ атрофи корхонаҳою соҳаҳои алоҳида ҷо дошта бошад, ин дафъа на танҳо атрофи рақобати солими иқтисодӣ ва зиёд шудани шумораи корхонаҳои саноатӣ дар вилоят (625 ба шумораи умум) ва аз ин теъдод дар ҳолати ғайрифаъол қарор доштани 155 корхона (бо номбар намудани чандтои он) ишора карда шуд. Инчунин дар гузориш шахси масъул -сардори шӯъбаи саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шавкат Маҳмадалиев мавриди танқид қарор гирифт, чунки ба гуфтаи муаллиф барои ҳамсӯҳбат шудан бо журналистон ӯ аз чӣ бошад баҳонаҷӯӣ карда, сар печидааст. Муаллиф дар сурати набудани мутасаддӣ, бо сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии МИҲД Хатлон  Қурбоналӣ Қурбонзода ҳамсӯҳбат гардида, аз забони ӯ дар бораи вазъи корхонаҳои хусусӣ дар вилоят гуфта мегузарад. Шояд танқиди шахси воломақом дар барнома тайи чанд соли охир яке аз падидаҳои аввалин бошад, аммо ба ҳар ҳол, он аз тағйир ёфтани системаи шахшудаи гузоришҳои пешин дарак медиҳад.

Наворҳои пешниҳодшуда низ чун шоҳиди гуфтаҳои боло дорои аҳамияти таъсиррасон буд, зеро аксари иншоотҳои дар он номбаршуда, дар ҳақиқат аҳволи хароб доштанд: яке аз онҳо   ба чарогоҳи чорвои хурд табдил дода шуда, тамоман валангор буд.

Хуб аст, ки аз забони яке аз масъулони мақомот сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳо номбар гардид. Бино бар гуфтаи Қурбоналӣ Қурбонзода, надоштани нақшаи рушди корхона ва ҷалб карда натавонистани сармоягузорону ворид карда натавонистани технологияҳои нав аз ҷониби соҳибони корхона ба чунин ҳоли ҳузновар оварда расондааст. Пас саволе ба миён меояд: барои фурӯхтани иншооти давлатӣ ба чунин соҳибкорони бемасъулият кӣ гунаҳгор аст?

Гузоришҳои дигар ба системаи тақсимоти нерӯи барқ дар вилояти Суғд (Равзалӣ Амон),  баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва вазъи роҳҳо (Муҳаммадшарифи Ёрмуҳаммад), рушди соҳаи сайёҳӣ дар Бадахшон (бе унвон), пойтахти фарҳанги ИДМ эълон шудани Душанбе (Хуршедаи Наҷмиддин)  ва оқибатҳои фарбеҳшавӣ дар байни аҳолӣ (Оишаи Саттор) бахшида шуда буданд.  Дар гузориши аввал мушкилот дар интихоби мусоҳибон ба назар расид: аз 4 нафар баромадкунандагон яке чун масъул муаррифӣ гардид, дутои дигар чун сокин ишора шуданд, ҳарчанд аз суханонашон  бо соҳа хуб ошно будани онҳо маълум гардид ва чорӯмӣ тамоман бе зернавис (титр) баромад карду аз рафти сӯҳбат маълум шуд, ки кадом шахси масъул аст.  Гузориши дуюму сеюму чорӯм хеле суст пешниҳод шуданд ва дар охирин навор дар бораи фарбеҳӣ симоҳои мардуми кишварҳои аврупоӣ ва чиниро фаровон истифода бурданд, гуйё дар мо шахсони фарбеҳро ба навор гирифтан номумкин бошад. Аз падидаҳои мусбии гузориши мазкур истифода аз инструментҳои мультимедиа – телеграфикаро ном гирифтан мумкин аст.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Дар блоки хабарҳои расмӣ, ба ғайр аз гузоришҳои дар шабакаи “Тоҷикистон” пахшгардида, инчунин   дар бораи баргузории иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллӣ таҳти раёсати Раиси он Рустами Эмомалӣ, сипас ба ҳайси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатарро ба ҳузур пазируфтанаш хабар дода шуда, дар анҷом 23 июн ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои беҳдошт  ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо иштироки сохторҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, инчунин  роҳбарони бархе аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ  ҷаласаи корӣ доир кардани Рустами Эмомалӣ гузориш пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Чун барномаҳои ҷамъбастии ҳафта ба 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ мувофиқ омад, блоки гузоришҳои идона ба санаи мазкур бахшида шуд, ки дар Тоҷикистон васеъ ҷашн гирифта мешавад. Барои тамошобинон гузоришҳо аз Хоруғ, Бохтар, Ҳисор, Конибодом,Рашт Восеъ, Фархор, Шаҳринав, Муминобод, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг  пешниҳод гардиданд, аммо мутаассифона, чунин гузоришҳо на таҳлилӣ, балки характери ҳисоботӣ доштанд. Аҷиб аст, ки дар баррасии мавзӯъ касе аз ҳамсӯҳбатон дар бораи созишномаи истиқрори сулҳ ва ягонагии миллӣ ва дар баробари саҳми беандозаи сарвари давлат номи  тарафи дигар — Абдулло Нуриро нагирифт. Гуйё ном гирифтани чунин ашхос барои гузоришгарони телевизион ветто (мамнӯъ) бошад.

Гузориши ахири барнома ба ҷамъбасти озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» бахшида шуда, аз ҷониби  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар наворҳо нишон доданд, ки чорабинӣ дар Боғи Ирам бо иштироки меҳмонон, ки дар доираи рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар Душанбе ташриф оварданд, хеле хотирмон гузаронда шуд. Мутаассифона,  муаллифон аз сӯҳбати сайёҳону сокинони пойтахт истифода накарданд.

“Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”

Барномаро чун ҳарвақта журналист Ризохуҷа Сафарзода оғоз намуда, тамошобинонро бо иди Ваҳдати миллӣ табрик кард ва дар бораи арзишҳои он нақл намуд.

Ба ғайр аз хабарҳои расмии аз ҷониби ду шабакаи дар боло номбаршуда, муаллифони барнома инчунин дар бораи  мулоқоти Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода бо  вазири рушди иқтисоди Россия Максим Решетников хабар доданд, ки атрофи  сиёсати иқтисодии зиддибӯҳронӣ, дастгирии соҳибкорӣ, аз нав фаъол намудани сармоягузорӣ ва  рушди инноватсионии иқтисодиёт сӯҳбат намуданд.

Сипас аз вилояти Хатлон дар бораи аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба ифтихори омодагиҳо ба 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ ифтитоҳ намудани 19 иншооти ҷашнӣ (аз он ҷумла, варзишӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ) гузориш пешниҳод карда шуд.  Дар анҷом чун сухан аз кушодани роҳҳои автомобилгард баррасӣ гардид, лаҳзаи тулонӣ наворҳои роҳҳои гуногуни асфалтпӯши беодамро пахш намуданд, ки ҳусни маводи пешкашгардидаро батамом  коҳонд. Беҳтар мебуд, агар муаллифон аз сабаби набудани навор матни гузоришро кӯтоҳ мекарданд ё наворҳои мувофиқи матлабро дарёфт менамуданд.

Ва дар анҷоми барнома гузориши Илҳом Ализода пешкаш гардид, ки ба сохтмони биноҳои маскунии бисёрошёна дар пойтахт бахшида шудааст. Аз рӯи муҳтаво маълум буд, ки мақсади чунин мавод рекламаи пӯшидаи (скрытая реклама) ширкати сохтмонӣ аст. Ба ҳар ҳол, ба муаллиф кӯшиш кардан лозим аст, ки дар гузоришҳои ояндааш доир ба ин мавзӯъ аз сӯҳбати коршиносони соҳа фаровон истифода намояд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ