ДомойНақди РасонаӣМурғи модарӣ, Пикассо дар Рашт ва Хоруғи афсонавӣ. Шарҳи барномаҳои ҷамъбастии ҳафта...

Мурғи модарӣ, Пикассо дар Рашт ва Хоруғи афсонавӣ. Шарҳи барномаҳои ҷамъбастии ҳафта дар телевизионҳои Тоҷикистон аз 8 то 15 август

Ҳафтаи сипаришуда барои журналистони барномаҳои иттилотии шабакаҳои асосии кишвар бобарор буд: ахиран онҳо маводҳои гуногунранги худро пешниҳод намуданд, ки бо вуҷуди камбудиҳо, пешравиҳои назаррас низ доштанд. Чӣ тавр? —  мепурсед шумо. Барои ошно шудан бо муҳтавои барномаҳо мебояд онҳоро тамошо кард ё аз мониторинги ҳарҳафтаинаи мо истифода бурд.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Барнома аз шарҳи телевизонии Маъруф Назарзода оғоз гардид, ки ба 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай бахшида шуда, дар он асосан саҳми Тоҷикистон дар созмони мазкур тавсиф карда шуд. Камбудии асосии назаррас дар набудани суръати яксони  хониши матни хабарӣ ва хеле кунду оҳиста гап задани муаллиф ва ҳамсуҳбаташ — коршиноси масоили сиёсӣ  Раҳималӣ Нуриддинов буданд. То баргузор гардидани худи ҷашн, ки 18-20 сентябр дар Душанбе барпо мегардад, мо дар ин мавзуъ боз чандин гузориши дигарро тамошо хоҳем кард.

Шарҳи дигари телевизионӣ, ки муаллифаш Умед Мирализода буд, ба насли ҷавон ва ҷаҳонишавӣ бахшида шуд, ки мавзуъи хеле фарох аст. Барои ҳамин, дар шарҳ тасовири видеоӣ аз дигар шабакаҳои ҷаҳониро истифода намуда, муаллиф дар бораи технологияҳои навин, раванди ҷаҳонишавӣ, дигаршавии фарҳангҳою бархурди тамаддунҳо ва дар ин шароит нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ бисёр гап заду баъд аз чӣ бошад, онро ба иқтисодиёти рушдкарда рафта часпонд ва Тоҷикистонро кишвари рушднамуда ва бо мавқеи устувор сифат намуда, дар анҷоми шарҳаш гуфт, ки бояд тоҷикистониён бо дастовардҳои техникии худ ба раванди нави ҷаҳонишавӣ шомил гарданд.

Муаллиф чунон бисёр гап зад, ки барои пур намудани матн видеоряди дигар лозим шуду бисёр наворҳо ба мавзуъ ягон дахл надоштанд. Масалан, нишон додани моҳи пурраю нопурра дар нимашаб,  сайёра, роботҳо, пули мошингузари Лондон чӣ маъно дошт, номафҳум монд.

Дар маводи дигар, ки ба омодагиҳои вилояти Хатлон ба мавсими зимистонгузаронӣ бахшида шуд, муаллиф Таваралии Соҳибназар дар бораи фаъолияти ситоди махсус гуфта гузашту хабарнигори махсус дар ВМБК Тоҷиниссои Файзуллобек аз дастовардҳои беназири шаҳри Хоруғ дар 30 соли Истиқлолият нақл кард. Муаллиф онро шаҳри aфcонавӣ (се маротиба – дар оғоз, мобайн ва анҷоми матлабаш) ном гирифт. Дар тақвияти суханони пасикадрияш ҳамсуҳбатонаш низ ба таърифу тавсифи иқдомҳои Ҳукумати кишвар пардохтанд, ки ба гуфтаи онҳо баҳри рушди маркази вилоят дар давоми сӣ сол амалӣ карда шуд. Дар бораи ҳиссаи шарикони рушд дар ин иқдом, махсусан, Хазинаи Оғохон касе лаб во накард. Умумигуӣ дар гузориш хеле зиёд буд.

Гузориш аз вилояти Суғд ба рушди соҳаи паррандапарварӣ бахшида шуда, муаллиф Маҳмуд Аҳмадзода аз чӣ бошад, бори чандум масъалаи мазкурро дар нашрҳои дигари барнома такроран баррасӣ  карда, ҳиссаи ин соҳаро дар иқтисодиёти мамлакат таъкид намуд. Гузоришро танҳо наворҳои рангин аз корхонаҳои паррандапарварии вилоят, ки  шуморашон ба 17-то расид, ҷолиб карданд.

Аҷибаш он буд, ки мурғи куркро мурғи модарӣ номгузорӣ карданд.

Аз ҳама гузориши тулонӣ ва бенавор аз минтақаи Рашт пешкаш гардид, ки ба картошкапарварӣ бахшида шуда буд. Муаллиф Идигули Маҳмуд аз бузургии ҳаҷми матн наворҳоро танҳо бо намоиш додани майдонҳои картошка аз планҳои наздик ва дур ба анҷом расонда тавонист.

Агар муаллиф яке аз мусоҳибони худ, ягон деҳқонро ҳамчун қаҳрамон истифода намуда, бо нишон додани фаъолияташ проблемаи картошкапарваронро инъикос карда метавонист, беҳтарин гузориш ҳисоб мешуд. Чунки аз суҳбат бо онҳо маълум гардид, ки дар минтақа картошкаи навъи Пикассоро парвариш намуда, ба гуфтаи муаллиф “лаззати Истиқлолро мечашанд ва ҳосили хуб ба даст меоранд”. Дар омади гап, картошкаро ба фикрам  на истеҳсол, балки парвариш менамоянд.

Маҳмадалии Сафар, чуноне ки аз пешхабар маълум гардид, бояд дар бобати оғози ваксинатсия – эмгузаронӣ аз бемории коронавирус гузориш мекард, аммо аз чӣ бошад, дар наворҳо на раванди эмкунӣ дар байни сокинони маҳалҳо, балки шустани дурусти даст ва безараргардониро такрор ба такрор намоиш доданд.

Дар анҷом Нуриддини Қурбон аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» гузоришеро пешниҳод намуд, ки дар “Боғи Ирам”-и пойтахт баргузор гардид. Ин гузоришро танҳо наворҳои рангин ҷоннок намуданд.

Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ «Сафина»

Дар муқоиса бо гузориши “Тоҷикистон” мавзуъи иммунизатсияи аҳолӣ (эмгузаронӣ) бо ваксинаи зидди коронавирус дар ин барнома хубтар пешниҳод шуд. Дар оғоз аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сипас, аз ноҳияи Ховалинг гузоришҳо бевосита аз идораҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)-и ноҳияҳо ҳангоми эмгузаронӣ намоиш дода шуд ва эътимоди бинандаро ба ин раванд зиёд намуд.

Бояд зикр намуд, ки маъракаи эмгузаронии аҳолӣ сар то сари мамлакат ҳарчанд 28 июл оғоз гардида бошад ҳам, мавзуъи мазкур бори аввал ҳамин ҳафта дар телевизионҳо ба таври васеъ баррасӣ гардид. Ҳол он ки барои фарогирии сартосарии мардум бо ваксина чунин гузоришҳои ташвиқӣ хеле заруранд.

Мавзуъи дигар ба маросими ҷамъбастии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» бахшида шуд, ки дар филармонияи давлатии пойтахт баргузор гардид.

Қаҳрамони гузориши навбатии Хоҷа Назриев аз ноҳияи Восеъ деҳқони навовар Наврӯз Миралиев буд, ки дар шароити ивазшавии иқлим чанд тавсияҳои худро барои деҳқонон пешниҳод намуд. “Ноу-хау”-и фермер – шинонидани зироатҳо дар чиллаи тобистон дар гармхона аст, ки барои тамошобин шояд аҷиб намояд. Аммо деҳқони кордон фаҳмонд, ки дар шароити ҳозираи гарм омадани обу ҳаво бо чунин усул ҳосили хуб гирифтан мумкин аст, чунки нури офтоб баъд аз плёнка гузаштан зироатро намесӯзонад. Инчунин тавсия дода шуд, ки деҳқонон бо усули обмонии қатрагӣ метавонанд дар шароити хушксолӣ зироатро аз беобӣ ҳифз намоянд.

Яке аз гузоришҳои беҳтарини ҳафтаи сипаришударо Қурбоналӣ Қурбонов пешниҳод намуд, ки ба фаъолияти фурудгоҳи байналмилалии ш. Бохтар бахшида шуда буд. Бо истифода аз мусоҳибаҳо бо директори генералии корхона Фарҳод Абдурашидзода ва сардори ситоди фурудгоҳ Анвар Нуров маълум гардид, ки айни замон аз ин ҷо ба 12 самти Федератсияи Россия парвозҳо иҷро карда мешаванд ва дар назар аст, ки бо дароз кардани хати парвоз ба масофаи 165 метр барои тайёраҳои бузургтар шумораи хатсайрҳо  низ зиёд карда мешаванд. Стендапҳои муаллиф аз хати ҳавоӣ низ ҷолиб буданд, аммо пӯшидани либоси расмӣ дар наворҳо ноҷо ба назар расид.

Гузоришҳои навбатӣ аз шаҳрҳои Турсунзодаву Исфара ба таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар арафаи ҷашни Истиқлол ва аз Рашт бошад, ба омодагиҳо ба соли нави хониш дар мактабҳои ноҳия бахшида шуда буданд.

Дар анҷом гузориш аз ш. Хуҷанд пешниҳод гардид, ки ба мавзуъи аз нав барқарор намудани мактаби қадимаи кулолгарӣ бахшида шуда буд. Ҷолиб аст, ки барои ноил шудан ба мақсад ҳукуматдорон аз ноҳияи Риштони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо сафолгарони соҳибистеъдодаш дар ҷаҳон машҳур аст, як гурӯҳи устоҳоро даъват намуда, шогирдонро аз коллеҷу донишкадаҳои вилояти Суғд махсус тайёр мекунанд.

“Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо»

Раванди тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба кишварҳои ҷаҳон – чунин буд мавзуъи шарҳи телевизионии Фаррухи Кароматулло, ки дар оғози барнома пешниҳод гардид. Муаллиф дар умум дар бораи норасоии об ва иқдоми Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкилот суханронӣ намуда, дар наворҳо аз чӣ бошад,  заминҳои беоби Африқои Ҷанубиро чандин бор пайи ҳам намоиш доданд.

«Соле ба ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ 12 ҳазор метри кубӣ об рост меояд»- омори расмиро қайд намуд муаллиф. Агар дар атрофи  ин мавзуъ ӯ шарҳи хубе омода менамуду бо рақамҳо ва видеографика ба куҷо сарф шудани обро таҳқиқ мекард, беҳтарин матлаб ҳисоб мешуд.

Гузориши Сулаймони Саид аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба омодагиҳо ба ҷашни Истиқлол бахшида шуда, гузориши дигар аз фаъолияти коллеҷи тиббии ш. Бохтар нақл намуд. Камбудии асосӣ ба наворгиранда тааллуқ дорад: дар сужети мазкур мусоҳибонро нодуруст ба навор гирифтанд. Агар директори коллеҷро на дар сатҳи чашмонаш наворбардорӣ карда бошанд, рӯи директори литсей умуман ба дигар тараф, на ба тарафи тамошобин гардонда шуда буд, ки сифати гузоришро ба маротиб коста гардондааст.

Инчунин дар гузориши мазкур хулосабандӣ (ҷумлаи ҷамъбастӣ) карда нашуд ва он ба назар нотамом ба анҷом расид.

Мавзуъи гузориши Раҳматулло Мирзозода агар ба вазъи майдончаҳои варзишии назди биноҳои истиқоматӣ сохташуда бахшида шуда бошад, матлаби Ҳофизи Маҳмадалӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ атрофи рушди соҳаи моҳипарварӣ сурат гирифт, ки бо пешниҳоди наворҳои рангин ғолибан хуб ба назар расид.

Ва дар анҷом муаллиф Муҳаммадшарифи Темур гузориши ҷолиберо аз боғи хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-и ноҳияи Хуросон пешниҳод намуд ва тариқи стендапаш байни дарахтони себу олу гашта, раванди ҷамъоварии ҳосили меваҷотро дар хоҷагӣ  моҳирона нишон дода, маълумоти хубро пешкаш намуд, ки аз донистани хуби соҳаи боғдорӣ шаҳодат медиҳад.

Дар умум, мавзуъи гузоришҳои ҳафтаи сипаришуда нисбат ба пешина рангинтар ба назар расид. Маълум аст, ки дастандаркорони барномаҳо барои беҳтар намудани сифати онҳо кӯшиш карда  истодаанд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ