ДомойНақди РасонаӣЭҳсонкорон дар «Тоҷикистон» ва миннатдорон дар «Сафина». Шарҳи барномаҳои хабарии...

Эҳсонкорон дар «Тоҷикистон» ва миннатдорон дар «Сафина». Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 15 то 22 август

Ҳафтаи гузашта шабакаҳои асосии кишвар барномаҳои  ҷамъбастии худро ғолибан ба ахбори расмӣ бахшиданд. Агар гузоришҳои “Тоҷикистон” бештар характери ҳисоботӣ доштанд, аз “Сафина” муфассалтар, бо истифода аз суҳбати иштирокдорони руйдод пешниҳод гардиданд, аммо онҳо ҳам пурра ба талаботи жанр ҷавобгӯ набуданд. Чаро? Аз маводи омодакардаи мо бихонед.

Тоҷикистон, ТВ Тоҷикистон

Барнома дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни маросими тақдими ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, оғоз гардид.

Ҳангоми дар наворхо намоиш додани макони маросим, яъне толори Қасри миллат ва ширкаткунандагони он, гӯянда дар бораи  моҳияти истиқлол тулонӣ сухан ронда, дар анҷом қайд намуд, ки бештар аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсолот ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ (номи пурраи онҳо хонда шуд) қадрдонӣ шуданд.

Инчунин бори аввал дар таърихи кишвар 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарини фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ бо мукофоти махсуси давлатӣ сарфароз гардонида шуданд ва ному насаби ҳамаи онҳо дар эфир эълон гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пас аз он, журналист Муҳиддини Муҳаммаддовуд дар бораи маросими ифтитоҳи литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе гузориш дод. Он низ оҳанги расмӣ дошта, ҳамчун ҳисобот, бо номбар кардани ҷузъиёти дар бинои литсей ҷойдошта пешкаш гардид. Дар гузориш зикр шуд, ки иншооти таълимӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов — муассиси чамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена» бунёд шудааст.

Гузориши Самандар Искандарзода аз ифтитоҳи бинои нави гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ чунин буд: он бештар ҳисоботеро  мемонд, ки ба тамошобин дар бораи дар куҷо ва чӣ тавр сохтани бино маълумоти муфассалро пешкаш намуд.

Дар он таъкид гардид, ки муассисаи нави таълимӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» Акбар Ғуломов сохта, барои он 42 миллион сомонӣ  харҷ шудааст.

Сипас гузоришҳо аз кушодашавии расмии биноҳои нави Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе ва нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе пешкаш шуданд.

Пас аз он, маросими ба истифода додани бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд, ки ин гузориш  низ бо забони канселярӣ шунавонда шуда, дар наворҳо тарҳи бино ва дохили онро аз тарафҳои гуногун нишон доданд.

Гузориши Садриддини Сироҷиддин ва Аҳлиддини Карим ба ифтитоҳи меҳмонхонаи нави  «Сафо Душанбе» бо иштироки президенти кишвар ва раиси шаҳри Душанбе бахшида шуда, дар он низ матни расмии омоданамудаи хадамоти матбуоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон паси кадр хонда шуд.

Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти муҳими хизматрасонӣ дар пойтахт ба хотири дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонони хориҷӣ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва иҷлосияи ҷашнии он роҳандозӣ гардидааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар барнома инчунин гузоришҳоро аз ифтитоҳи бинои нави вазорати молияи кишвар ва пас аз маросим, бо кормандони соҳа баргузор шудани мулоқоти сарвари давлатро намоиш доданд.

Гузоришҳои дигар ғайрирасмӣ буда, яке ба низоми роҳсозӣ дар мамлакат ва дигаре ба сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Қушониён бахшида шуда буданд.

Дар гузориши аввал таъкид гардид, ки барои Тоҷикистонро ба мамлакати транзитӣ табдил додан мо бояд роҳҳои байналмилалии сифатнок дошта бошем. Аз ин сабаб, мавзуъи гузориш ба таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар бахшида шуда, дар он масъулини соҳа доир ба мавзуъ ибрози назар намуданд. Масалан, аз суҳбат бо муовини директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо Эраҷ Абдувоҳидзода маълум гардид, ки ба ғайр аз ба истифода додани роҳи автомобилгард, дар атрофи он инфрастурктураи ёридиҳанда низ сохта ба истифода дода мешавад: барои мисол, дар канори роҳ (километри муайяни шоҳроҳи мазкур) сохтани утоқи модару кӯдак ва барои гузаштани чорво  гузаргоҳҳои махсус ба назар гирифта шудааст.

Гузориши Худойдоди Раҷаб ба омодагии ноҳияи Қушониён ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар бахшида шуда, аз сохтану ба истифода додани иншооти гуногуни хоҷагии халқ хабар дод. Чунончи, гуфта шуд, ки соҳибкори маҳаллӣ Амиралӣ Сафаров бинои чоршоёнаеро сохта дод, ки чанд утоқи он барои ниёзмандони бехона тақдим гардид. Соҳибкор Илҳом Соҳибов бошад, барои сокинони маҳаллӣ  як бинои ҷамъиятиро ба истифода дод, ки аз маркази фарҳангӣ,  бунгоҳи тиббӣ ва китобхона иборат аст.

Соҳибкори навбатӣ Садриддин Холов бошад, дар ҷамоати Ориён филиали мактаби №71-ро сохта ба сокинон тақдим намуд. Иқдоми хуби дастандаркорони барнома дар нишон додану ҳамсуҳбат шудан бо ин соҳибкорон буд, ки солҳои пеш чунин иқдом бо баъзе сабабҳо роҳандозӣ карда намешуд.

“Ҷамъбасти ҳафта, ТВ Сафина

Ин шабака низ гузоришҳои расмии хадамоти матбуотии президенти кишварро пешниҳод намуд, аммо фарқаш аз “Тоҷикистон” дар он буд, ки дар сужетҳо аз ҳамсуҳбатон фаровон истифода карданд.

Масалан, дар гузориши шабакаи “Тоҷикистон” хабар доданд, ки иншооти литсеи №4 аз ҷониби муассиси ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Авитсена» Абдураззоқ Саидов сохта шудааст. Дар «Сафина» бошад, бештар аз суҳбатҳо истифода намуданд ва дар гузориш Абдураззоқ Саидов баромад намуда, иброз дошт, ки ин иншоот — туҳфаи ширкати онҳо ба бачагони болаёқати пойтахт дар арафаи ҷашни Истиқлол аст. Дар радифи ӯ, инчунин директори ҶСК «Авитсена» Комил Холиқов баромад намуда, суханони ба ин монандро такрор намуда, аз сарвари давлат ва мири шаҳр барои дастгирии соҳибкорон миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориш инчунин директор ва омузгорони литсей баромад намуда, ба президенти кишвар миннатдории хешро иброз намуданд. Ҷамъулҷамъ, 6 нафар дар як гузориш баромад намуданд, ки ба назари мо шумораашон аз ҳад зиёд буд. Қоидаи гузориши телевизионӣ тақозо мекунад, ки дар он барои тасдиқ ё тақвияти факту далел ва наворҳо назари як-ду мусоҳиб (иштирокчии воқеа ё коршиноси соҳа) истифода шаваду халос. Дар ин гузориш бошад, шаш нафар сухани якдигарро дар эфир такрор намуданд. Истифода аз ин теъдоди мусоҳибони якмаром ба вайрон намудани меъёри жанри мазкур оварда расонд.

Чунин вазъият дар гузориш аз ифтитоҳи гимназияи Исмоили Сомонӣ низ такрор ёфт. Дар оғоз намояндаи Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» баромад намуда, иқдоми пешгирифтаи ширкатро таърифу тавсиф намуд, пас аз он, директори гимназия, ду омӯзгор, ду хонанда ва дар анҷом — муҳандиси ширкати «Ғаюр» низ дар экран пайдо шуда, ҳар яке миннатдории хешро ба сарвари давлат ва мири шаҳр баён намуданд.

Дар гузориш аз кушодашавии бинои нави раёсати андоз бошад, чунин рафтор идома ёфта, ду корманди соҳаи андоз ва намояндаи ширкати сохтмонӣ, дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи “Сафо Душанбе” ва дар вазорати молия бошад, 4 нафари дигар баромад намуда, на дар бораи фаъолияти худ нақл намуданд, балки фақат миннатдории хешро ба роҳбарияти давлат иброз намуданд.

“Ҳафт рӯз, ТВ “Ҷаҳоннамо

Дар ин шабака низ гузоришҳои расмӣ аз ифтитоҳи биноҳои маъмурӣ ва хусусӣ пахш гардиданд, аммо хушбахтона ё мутаассифона, бе истифодаи суханони ҳамсӯҳбатон пешкаш шуданд. Фарқияти гузориши ин шабака аз мулоқоти президент бо кормандони соҳаи молия дар он буд, ки ин ҷо аз баромади президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон порчаҳои махсусан ҷолибро ба тарзи синхрон шунавонданд.

Дар анҷом бошад, дар бораи  бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода пас аз таъмири пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифтани бинои факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон гузориш пешниҳод гардид, ки он низ характери расмӣ дошт. Бояд таъкид намуд, ин ягона шабакаест, ки фаъолияти сарвазири кишварро доимо иникос менамояд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ