ДомойНақди РасонаӣМенеҷерҳои босавод, тавсифи нодаркор ва имтиёз ба лимупарварон. Шарҳи барномаҳои ҷамъбастии ҳафта...

Менеҷерҳои босавод, тавсифи нодаркор ва имтиёз ба лимупарварон. Шарҳи барномаҳои ҷамъбастии ҳафта аз 7 то 14 ноябр

Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои ҷамъбастии се шабакаи асосии телевизионии кишвар гузоришҳои зиёдеро пешниҳод намуданд. Дар  ТВ «Тоҷикистон» таҳлил, махсусан, дар  соҳаи иқтисод бештар буд ва ин падидаи хубест. Дар ТВ «Сафина» ин маротиба мавзуи кишоварзиро зиёдтар баррасӣ намуданд. ТВ «Ҷаҳоннамо» бошад, аз ҷиҳати гуногунии мавзуъ авлавият дошт.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Барнома аз гузориши расмии иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдони «Истиқлол» ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ оғоз ёфт. Дар ин мавод, ки аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар таҳия шудааст, зикр гардид, ки президент бо ҳамроҳии  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойяро шинониданд.

Дар наворҳо маъракаи ниҳолшинонии шахсони воломақоми давлатро чанд дақиқа намоиш доданд. Овози пасикадрӣ хабар дод, ки дар майдони бузургтарини кишвар аллакай беш аз 5 ҳазор дарахт шинонида шудааст.

Гузориши дигар, ки аз ҷониби журналист Абдуваҳҳоби Абдусаттор омода гардид, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар НОБ-и Роғун хабар дода, чун гузоришҳои қаблии чанд моҳ пеш нашргардида пешниҳод гардид. Танҳо факту рақамро нав карданду дигар ҳама як хел ба назар расид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ бояд афзоиши маҳсулоти ватанӣ ва рушди ҷойҳои нави кориро таъмин намоем. Дар ин бора шарҳи телевизионии Зоҳиршои Тағоймурод дар мавзуи “30 соли Истиқлол ва натиҷаҳои рушди соҳаи саноат” бо овардани факту далелҳо тариқи телеграфика пешниҳод гардид.  Аз он фаҳмидем, ки тули 30 сол дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи нави саноатӣ кушода шуда,  имсол нисбат ба соли гузашта 401 корхона бештар ба кор даромадааст.

Мавзуи гузориши журналист Зулфия Раҳимзода дар бобати саноатикунонии босуръати кишвар — ҳамрадифи мавзуи боло буд.  Бино бар гуфтаи мусоҳиб, коршинос Фируз Қодиров  дар Тоҷикистон тули солҳои охир шумораи  ҷойҳои нави корӣ  2,2 маротиба афзудааст.

Дар баробари ин, чун сухан атрофи мушкилоти саноатикунонӣ рафт, коршинос иброз дошт, ки муддати охир қатъ шудани фаъолияти бисёр корхонаҳои хусусӣ на ба иллати пандемияи коронавирус, балки  аз сабаби набудани менеҷерони баландихтисос  мебошад.

“Аксарияти роҳбарони корхонаҳо маълумоти иқтисодӣ надоранд, — афзуд Қодиров, — Корхонаҳои ширкатҳо аз номгузорӣ то интихоби тарзу фурӯши маҳсулот аз сабаби надоштани маркетинги хуб ва кифоя набудани саводи менеҷерҳояшон бой медиҳанд”.

Инчунин коршинос мавҷуд набудани ҳамкорӣ байни субъектҳои истеҳсолот ва корхонаҳои навтаъсисро пеш оварда, иброз дошт, ки агар зарурати ба кор шомил намудани мутахассисони соҳибмаълумот пайдо шавад,  хуб мебуд, ин корхонаҳо онҳоро ба ҳайси мушовир ба кор гиранд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузоришҳо аз минтақаҳо  дар бораи ба истифода додани маркази тиббӣ ва майдончаи варзишӣ дар деҳаҳои ноҳияи Ванҷи Бадахшони Куҳӣ  ва  маъракаи шинонидани зироат дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд хабар доданд.

Дар анҷоми барнома сироятшинос Назар Амонов дар бораи зарари сигоркашӣ баромад намуд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Гузоришҳо аз маъракаи ниҳолшинонии шахсони аввали кишвар дар боғи майдони “Истиқлол” ва пас аз он, аз ноҳияи Восеъ  пешниҳод гардиданд, ки ба Рӯзи президент бахшида шуда буд.

Инчунин, ба муносибати ин ҷашн дар вилояти Суғд баргузор шудани конфронси илмӣ, ки аз ҷониби кумитаи вилоятии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон матраҳ гардидааст, гузориш пешниҳод шуд.

Дар бораи барқарорсозии канали обёрии Додихудо дар шаҳри Хоруғ муаллиф Хосият Худоёрбекова хабар дод. Пас аз он дар деҳаҳои ноҳияи Тоҷикобод баъд аз ду моҳи оғози соли нави хониш ифтитоҳ гардидани се мактаб гузориш пешниҳод гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар блоки хабарҳои соҳаи кишоварзӣ гузоришҳо аз  вазъи парвариши лимӯ дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ноҳияи Кушониёну ҷамъоварии сабзӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  ва гармхонаи инноватсионии деҳотии ш. Конибодоми вилояти Суғд пешниҳод шуданд ва дар  маводи охир дар баробари тавсиф намудани гармхонаи лимупарварӣ, инчунин пешниҳод гардид, ки имтиёзҳое, ки Ҳукумат барои рушди соҳаи паррандапарварӣ додааст, инчунин барои деҳқонони гармхонадор андешида шавад.

Дар анҷоми барнома роҷеъ ба  фаъолияти корпоратсияи “Баракат” дар ҷамоати Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор гузориш пешниҳод гардид, ки ба коркарди ангур бахшида шудааст. Дар маводи мазкур хабар дода шуд, ки соҳибкорон дар вазъияти пандемия натавонистанд сари вақт ҳосили ангури ба даст омадаро ба хориҷа интиқол диҳанд ва иқдом гирифтанд, ки  коркарди ангурро ба кор андохта, аз он мавиз омода намоянду бо ин роҳ тиҷорати минбаъдаи худро ривоҷ диҳанд.

“Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”

Дар гузоришҳои расмии ин шабака низ дар бораи ширкати президент ва дигар шахсони воломақом дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва шинос шудани онҳо бо рафти сохтмон дар маҷмааи “Озодӣ ва Истиқлол”, инчунин, шиносоии гурӯҳи ҳукуматӣ бо зисту хизмати аскарон дар қисмҳои ҳарбӣ хабар дода шуд.

Сипас, гузориш аз маросими қабули ваксина дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешниҳод шуда,  хабар доданд, ки он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон  ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид  гардидааст. Файзалӣ Саидзода, директори Маркази иммунопрофилактикаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баромад намуда, қайд кард, ки ин бори панҷум аст, ки Ҷумҳурии Хитой барои кишвари мо ваксина мефиристад. Бино ба гуфтаи мутассадӣ,  ин маротиба кишвари дӯсту ҳамсоя ба мо 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» фиристодааст ва дар маҷмуъ, Тоҷикистон  дар чаҳорчӯби механизми Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кӯмакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон зиёда аз 5,5 миллион воя ваксинаи зидди коронавирусро қабул кардааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аз фурсати муносиб истифода бурда, Саидзода зарурияти гирифтани  ваксинаро тавсия намуд ва аз аҳолӣ даъват ба амал овард, ки аз маъракаи эмкунӣ зудтар гузаранд.

Дар гузориши дигар оид ба ҷамъбаст шудани даври вилоятии се озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», -«Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм- фурӯғи маърифат» дар ш. Бохтар хабар дода шуд.  Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур ҳанӯз 5 ноябр дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор гардида, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар чорчӯбаи чорабинӣ диплому мукофотҳои пулиро ба ғолибони даври вилоятӣ тақдим карда буд.

Муаллифи гузориш аҳамияти бузурги озмуни китобхониро таъкид намудан хоста, иброз дошт, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” “шабеҳи субҳе буд, ки бо фурӯғи равшании худ ҳаёти моро, хусусан, кӯдакони ҷумҳуриро мунаввар кард”.

Баромади яке аз мусоҳибон (агарчи ба синну сол хурд бошад ҳам), ки аз ҷумлаи ғолибони даври вилоятии озмун мебошад, низ хатогӣ дошт.  Масалан, духтарак иброз дошт, ки  “имрӯз таваҷҷуҳи аҳли башар, хоса президенти мамлакат ба ин ганҷинаи нодир (озмун дар назар аст – шарҳи муаллиф) басо зиёд гаштааст. Аз он меболам, ки ин озмун бо ибтикори президенти мамлакат баргузор мегардад ва тамоми хонандагони мактаб ва қишрҳои ҷомеаро ба шуру шарр овард”.

Вақте “аҳли башар” мегуем, тамоми инсониятро дар назар дорем ва ба ростӣ, ин аҳл аз озмуни ҷумҳуриявии мо гумон аст хабар дошта бошад.  Ман забоншинос нестам, аммо ба шуру шарр овардан ба фикри ман, тобиши манфӣ дорад ва дар ин маврид истифода бурдани истилоҳи “ба ваҷд овардан” муносибтар аст. Сониян, хонандагони мактаб низ намояндагони қишри ҷомеа ҳастанд. Мефаҳмам, ки духтарак ҳоло ҷавон аст ва фикррониаш пурра нест, аммо хуб мебуд гузоришгарон ҳангоми банаворгирӣ хатогиҳои мусоҳибро дар вақташ ислоҳ намоянд.

Аз манотиқи кишвар инчунин гузориши Нилуфари Маҳмуд дар бораи ба кор андохтани корхонаи истеҳсоли макарон дар ноҳияи Рашт, фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Фархор, ки ба кишти ғалладонагӣ пардохтааст ва коркарди ангур дар корпоратсияи “Баракат”-и ш. Ҳисор пешкаш гардиданд, ки мавзуяшон такрори гузоришҳои  пешниҳоднамудаи дигар шабакаҳо буд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ